Тарҷумаи Китоби Муқаддас ба забони содаву фаҳмо
Нашри «Тарҷумаи дунёи нав» — Навиштаҳои Юнонӣ
«АГАР шумо боварӣ доред, ки Китоби Муқаддас ин сухани Худо ба одамизод аст, шумо дарк мекунед, ки Худо бо мо гап мезанад... Агар аз рӯйи эътиқоди динии худ зиндагӣ кардан бароятон чизи муҳим бошад, пас, Китоби Муқаддас, ки онро мехонед, бояд ба шумо фаҳмо бошад». Ин суханон аз китоби «Тарҷумаҳои Китоби Муқаддас. Кадоме аз онҳоро интихоб кунем?» гирифта шудаанд, ки онро яке аз тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас Алан Дати навиштааст («Bible Translations and How to Choose Between Them»).
Касоне, ки Каломи Худо барояшон азиз аст, бо суханони ин олим розианд. Онҳо боварии комил доранд, ки «тамоми Навиштаҳои Муқаддас аз тарафи Худо илҳом бахшида шудаанд ва барои таълим, нишон додани айбу хато, ислоҳ ва барои тарбия кардан дар роҳи рост фоиданоканд» (2 Тимотиюс 3:16). Китоби Муқаддас китоби қадимӣ бошад ҳам, то ҳол «зинда ва таъсирбахш аст», зеро беҳтарин роҳи ҳал кардани душвориҳои зиндагиро нишон медиҳад (Ибриён 4:12). Лекин барои фаҳмидан ва ба кор будани ин китоби илоҳӣ забони он бояд фаҳмо бошад, одамони одӣ онро хонда ва фаҳмида тавонанд.
Аз ин рӯ онҳое, ки Каломи Худоро дӯст медоранд, аз нашр шудани Навиштаҳои Юнонии «Китоби Муқаддас — Тарҷумаи дунёи нав» ба забони тоҷикӣ хеле хурсанданд. Шоҳидони Яҳува нашр шудани ин тарҷумаро 30-юми сентябри соли 2017 эълон карданд. Ин тарҷума хеле аниқ мебошад. Он имкон медиҳад, ки хонандаи тоҷик Каломи Худоро нағзтар фаҳмад. Барои ҳамин он аз дигар тарҷумаҳое, ки ба забони тоҷикӣ буданд, фарқ мекунад. Вале савол ба миён меояд, ки ин тарҷумаи хубу фаҳморо кӣ кардааст.
Тарҷумононе, ки Худоро ҷалол доданд
Гарчанд Навиштаҳои Юнонии «Китоби Муқаддас — Тарҷумаи дунёи нав» ба забони тоҷикӣ ба қарибӣ нашр шуд, он бори аввал соли 1950 ба забони англисӣ аз чоп баромад. Ин корро Ҷамъияти Бурҷи дидбонӣ, Китоби Муқаддас ва рисолаҳо ба анҷом расонид, ки солҳои зиёд Китоби Муқаддасро чоп мекунад. Дар «Бурҷи дидбонӣ» аз 15-уми сентябри соли 1950 гуфта шуда буд: «Онҳое, ки дар ҳайати кумитаи тарҷумаи Китоби Муқаддас мебошанд, хостанд, ки номашон махфӣ монад. Ин тарҷумонон намехоҳанд, ки, чи ҳангоми дар қайди ҳаёт будани онҳо ва чи баъди марг, номашон дар Китоби Муқаддас нашр гардад, зеро мақсад аз ин тарҷума ҷалол додани номи Худои зинда аст».
«Китоби Муқаддас — Тарҷумаи дунёи нав» (англ.) ба пуррагӣ дар як ҷилд соли 1961 нашр шуд. Номи тарҷумонҳои он то ба имрӯз маълум нест, вале мо шубҳа надорем, ки онҳо нияти пок доштанд ва ба Худо содиқ буданд. Баъдтар «Китоби Муқаддас — Тарҷумаи дунёи нав» (англ.) аз нав дида баромада шуд ва соли 2013 нашр гашт. Дар пешгуфтори он чунин омадааст: «Муҳим будани хабари Китоби Муқаддас ва эҳтироми чуқур ба он моро барангехт, ки матни “Тарҷумаи дунёи нав”-ро аз сар дида бароем. Мо пурра дарк мекунем, ки хабари Китоби Муқаддас бояд дуруст ва аниқ расонда шавад... Мақсади мо на танҳо аниқ тарҷума кардани матни аслӣ, балки фаҳмо ва одӣ кардани он аст».
То имрӯз дар тамоми ҷаҳон зиёда аз 222 152 000 нусхаи «Китоби Муқаддас — Тарҷумаи дунёи нав» қисман ё пурра ба 153 забон нашр шудааст. Хонандагон бо ин тарҷума шинос шуда, чӣ фаҳмиданд?
Тарҷумае, ки номи Худоро муқаддас мекунад
Исо шогирдонашро таълим дода буд, ки чунин дуо гӯянд: «Эй Падари мо, ки дар осмонӣ, бигзор номи Ту муқаддас гардад» (Матто 6:9). Дар Китоби Муқаддас номи Худо оварда шудааст, ки Яҳува мебошад. Он тахминан 7000 бор вомехӯрад (Хуруҷ 3:15; Забур 82:18). Ҳамчунин баъд аз марги расулони Исо ба ҷамъомади масеҳӣ ақидаи нодурусти бисёр яҳудиён, ки истифодаи номи Худоро нодуруст меҳисобиданд, таъсир кард (Аъмол 20:29, 30; 1 Тимотиюс 4:1). Аз он вақт сар карда нусхабардорони Навиштаҳои Юнонӣ номи Худо, Яҳуваро, бо калимаҳои «Худованд» ва «Худо» иваз карданд.
Кумитаи Тарҷумаи дунёи нави Китоби Муқаддас номи Худоро дар 237 ҷойи Навиштаҳои Юнонӣ * барқарор намуд. Аъзоёни кумита ин амалро на аз пеши худ, балки пас аз гузарондани тадқиқоти чуқур ба ҷо оварданд. Масалан, дар Луқо 4:18 суханони Ишаъё 61:1 оварда шудааст. Дар матни аслии ин ояти китоби Ишаъё, ки ба забони ибрӣ мебошад, номи Яҳува омадааст. Барои ҳамин дар «Китоби Муқаддас — Тарҷумаи дунёи нав» ояти Луқо 4:18 чунин тарҷума шудааст: «Рӯҳи Яҳува бар ман аст, зеро Ӯ маро тадҳин намудааст, то хабари хушро ба камбағалон расонам».
Барқарор кардани номи Худо ба хонандагон кӯмак мекунад, ки Навиштаҳоро хубтар фаҳманд, зеро дар баъзе ҷойҳои Китоби Муқаддас муайян кардан душвор буд, ки сухан дар бораи Яҳува меравад ё Исои Масеҳ. Масалан, дар бисёр тарҷумаҳо ояти Матто 22:44 чунин мебошад: «Худованд ба Худованди ман гуфт». Дар ин ҷо нофаҳмост, ки гап дар бораи кӣ меравад, ҳол он ки дар ин оят аз Забур 109:1 иқтибос оварда шудааст, ки дар матни аслии ибриаш номи Худо зикр ёфтааст. Аз ин сабаб дар «Тарҷумаи дунёи нав» Матто 22:44 чунин садо медиҳад: «Яҳува ба Сарвари ман гуфт». Фарқи байни Яҳува Худо ва Исои Масеҳ фақат як маълумоти илмӣ нест (Марқӯс 13:32; Юҳанно 8:17, 18; 14:28). Донистани ин барои наҷот ёфтани ҳар як шахс хеле муҳим аст. Инро суханони дар Аъмол 2:21 навишташуда тасдиқ мекунанд: «Ҳар кӣ номи Яҳуваро гирифта ба Ӯ муроҷиат кунад, наҷот меёбад».
Тарҷумаи аниқ ва фаҳмо
Тарҷумонон заҳмати бисёр кашиданд, то ки матни аслии юнониро аниқ ва ба қадри имкон ба забони содаи ҳозира тарҷума кунанд. Масалан, дар «Тарҷумаи дунёи нав» то ҳадди имкон тобишҳои маъноии феълҳои юнонӣ дода шудаанд. Дар бисёр забонҳои ҳозиразамон асосан се замони феъл истифода бурда мешавад: гузашта, ҳозира ва оянда. Дар забони юнонӣ ҳам феълҳо нишон медиҳанд, ки гап дар бораи кадом амал меравад — амали яккарата, гузашта ё давомдор. Суханони Исоро аз Матто 6:33 мисол меорем. Феъли юнонии «ҷустан» дар ин ҷо маънои амали давомдорро дорад. Барои суханони Исоро аниқ маънидод кардан, онро чунин тарҷума кардан дуруст аст: «Ҳама вақт аввал Подшоҳии Худоро ҷӯед ва он чиро, ки дар назари Худо дуруст аст, ба ҷо оред, он гоҳ ҳамаи ин чизҳо ба шумо ба таври илова дода хоҳад шуд».
Каломи Худо ба ҳамаи одамон дастрас мегардад
Нашр шудани Навиштаҳои Юнонӣ ба забони тоҷикӣ танҳо оғози кор аст. Ният ҳаст, ки тамоми Китоби Муқаддас дар вақти муайян ба ин забон дастрас гардад. Лекин оё хонанда дилпур буда метавонад, ки тарҷумаи Китоби Муқаддас ба забони тоҷикӣ чун тарҷумаи англисӣ аниқ ва фаҳмо мешавад?
Бале, ба ин боварӣ доштан мумкин аст, чунки кори тарҷумаи Китоби Муқаддасро Ҳайати роҳбарикунандаи Шоҳидони Яҳува назорат мекунад. Ҳамчунин қарор карда шуд, ки Китоби Муқаддасро на як кас, балки гурӯҳи иборат аз якчанд нафар тарҷума кунад (Масалҳо 11:14). Барои ҳамин дар тамоми ҷаҳон барои тарҷумаи Китоби Муқаддас гурӯҳҳо ташкил дода шуданд. Дар Идораи марказии Шоҳидони Яҳува Шӯъбаи хизматрасонӣ ба тарҷумонон таъсис дода шуд. Ин шӯъба кори гурӯҳҳои тарҷумониро дастгирӣ менамояд, ба саволҳо оид ба тарҷумаи Китоби Муқаддас ҷавоб медиҳад ва назорат мекунад, то мазмуни «Китоби Муқаддас — Тарҷумаи дунёи нав» дар забонҳои гуногун як бошад. Ғайр аз ин, Ҷамъияти Бурҷи дидбонӣ барои кӯмак ба тарҷумонони Китоби Муқаддас барномаи махсуси компютериро омода кардааст. Ин барномаи компютерӣ нишон медиҳад, ки ҳар як калимаи иброниву юнонӣ ба забони англисӣ чӣ тавр тарҷума шудааст. Ин дар навбати худ ба тарҷумонон ёрӣ медиҳад, ки калимаҳои ба забони худ мувофиқро интихоб кунанд. Албатта, ин барнома кори тарҷумониро иҷро намекунад. Он танҳо кӯмак мекунад, ки тарҷумонон ба мақсади на он қадар осони худ бирасанд, яъне «Китоби Муқаддас — Тарҷумаи дунёи нав»-ро ба забони худ чун матни англисӣ аниқ ва фаҳмо тарҷума кунанд.
Мо шуморо даъват мекунем, ки бо Навиштаҳои Юнонии «Китоби Муқаддас — Тарҷумаи дунёи нав» ба забони тоҷикӣ шинос шавед. Шумо онро онлайн ё аз барномаи «JW Library» хонда метавонед ё намуди чопиашро аз ҷамъомади маҳаллии Шоҳидони Яҳува гирифта метавонед. Якчанд хусусиятҳои ин тарҷума дар поён оварда шудаанд, ки ба шумо, бешубҳа, маъқул хоҳанд шуд. Инчунин китобчаи «Маълумотнома барои омӯзиши Каломи Худо», ки пештар алоҳида чоп шуда буд, барои шумо манфиатовар хоҳад буд. Дар ин китобча харитаҳои батафсил ва маълумоти иловагии шавқовар оварда шудааст. Аз ҳама муҳимаш, «Китоби Муқаддас — Тарҷумаи дунёи нав»-ро хонда, шумо боварӣ дошта метавонед, ки дар он суханони Худо аниқ, сода ва фаҳмо тарҷума шудаанд.
Хусусиятҳои «Китоби Муқаддас — Тарҷумаи дунёи нав»
Шарҳи мухтасар: Он дар аввали ҳар як китоб оварда шудааст, ки ёфтани оятҳои шиносро осон мекунад.
Тарҷумаи аниқ: Барои матни аслии юнониро аниқ ва ба қадри имкон ба забони содаи ҳозира тарҷума кардан меҳнати бисёр сарф шуд.
Барои хондан қулай аст: Намуди ҳарфҳое истифода шудааст, ки хонданаш осон мебошад.
Оятҳо дар сархат гурӯҳбандӣ шудаанд: Ба ҷойи он ки ҳар як оят аз сатри нав ояд, дар як сархатҳо ҷамъбандӣ шудаанд. Ин ба хонанда кӯмак мекунад, ки пайвастагии фикри нависандаи Китоби Муқаддасро бинад.
Эзоҳҳо: Дар ин ҷо маънои дигари калима, тарҷумаи калима ба калима ва маълумоти таърихӣ оварда шудаанд.
Рӯйхати калимаҳо: Дар ин ҷо калимаҳое, ки дар Китоби Муқаддас вомехӯранд ва дар кадом оят омадани онҳо оварда шудааст.
Луғати калимаю ибораҳо: Дар ин ҷо баъзе калимаю ибораҳои Китоби Муқаддас мухтасар фаҳмонда шудаанд.
^ сарх. 12 Онро одатан Аҳди Ҷадид ҳам меноманд.