Ҳисоботи вохӯрии солона
«Хӯроки саривақтӣ»
Якчанд ҳазор одамон, ки дар вохӯрии солонаи 128-уми Ҷамъияти Бурҷи дидбонӣ, Китоби Муқаддас ва рисолаҳо (Пенсилвания) ҷамъ шудаанд, ҳисоботи рӯҳбаландкунанда ва муҳокимаи Матто 24:45–47-ро гӯш карданд.
6-уми октябри соли 2012 қариб 5000 одам дар Толори анҷумани Шоҳидони Яҳува дар Ҷерси-Сити (иёлоти Ню-Ҷерси, ИМА) ҷамъ шуданд. Барномаи ин вохӯриро зиёда аз 10 000 кас дар Бруклин, Паттерсон ва Уолкилл (иёлоти Ню-Йорк) ва ҳамчунин дар филиали Канада тамошо карданд.
Аъзои Ҳайати роҳбарикунандаи Шоҳидони Яҳува Энтони Моррис ва барандаи вохӯрӣ дар бораи вохӯриҳои солонаи гузашта, ки рӯҳбаландкунандаю таърихӣ буданд, хотиррасон карданд. Шунавандагон медонистанд, ки барномаи ин вохӯрии солона низ рӯҳбаландкунанда мешавад. Оё ин вохӯрӣ низ таърихӣ мешуда бошад?
Дар ду видеофилми зерин ҳозирон диданд, ки чӣ тавр фаъолияти мо дар тамоми ҷаҳон пеш рафта истодааст.
Сохтмони Толорҳои Салтанат
Дар ин видеофилм нишон дода шуд, ки то чӣ андоза сохтмони Толори Салтанат дар мамлакатҳои иқтисодиёташон паст бо муваффақ ба анҷом расид. Дар 13 соли охир гурӯҳҳои сохтмончиён дар ин гуна давлатҳо 25 402 Толори Салтанат сохтанд, ки ба ҳисоби миёна дар як рӯз панҷ Толори Салтанат рост меояд. Ин Толорҳо аз ҳисоби хайрияҳои Шоҳидони Яҳува аз тамоми дунё сохта шудаанд. Ғайр аз ин баъд аз офатҳои табиӣ ин гурӯҳҳои сохтмончиён Толори Салтанат ва хонаҳои осебдидаро таъмир мекунанд ё аз нав месозанд.
Анҷуманҳои махсус
Соли 2012 Шоҳидони Яҳува якчанд анҷумани махсусро гузаронданд, ки дар он меҳмонон аз давлатҳои хориҷ даъват шуда буданд. Ин анҷуманҳо аз анҷуманҳои байналхалқие, ки солҳои пеш мегузаштанд, чӣ фарқ доранд?
Дар видеофилм фаҳмонда шудааст, ки дар ҳафтае, ки анҷуман мегузарад филиалҳо дар бораи меҳмонон ғамхорӣ мекарданд, на агентони сайёҳӣ. Филиалҳо бародарону хоҳаронро бо ҷойи зист, нақлиёт ва хӯроки нисфирӯзӣ таъмин мекарданд. Дар ҳар анҷуман қариб 1500 нафар бародарону хоҳарон аз давлатҳои дигар иштирок доштанд.
Бародарону хоҳарони маҳаллӣ имконият доштанд, ки бо меҳмонон на танҳо дар анҷуман, балки ҳангоми тамошои ҷойҳои таърихӣ, хӯрокхӯрӣ ва мавъиза шинос шаванд. Дар видеофилм гуфта шуд: «Дар ҳар анҷумани махсус муҳаббати бародарӣ ягонагиро дар байни бародарону хоҳарон мустаҳкам мегардонад».
Ҳозирон хеле хурсанд шуданд аз фаҳмидани он ки минбаъд Шоҳидони Яҳува ҳар сол анҷуманҳои махсусро дар шаҳрҳои гуногуни ҷаҳон мегузаронанд.
Дигар лаҳзаҳои хотирмони вохӯрии солона:
Мусоҳиба
Се аъзои Кумитаи филиал ва ҳамсаронашон, ки ҳамагӣ дар хизмати пурравақт 342 сол буданд, нақл карданд, ки чӣ тавр Яҳува онҳоро барои иҷро кардани супоришҳои гуногун таълим дод.
Аъзои Кумитаи филиали Олмон Ричард Келси гуфт, ки Мактаб барои аъзоёни Кумитаи филиалҳо ва ҳамсаронашон ба ӯ ёд дод, ки «ҳамеша аз рӯи дастуроти Яҳува амал» намояд. Яҳува Падари меҳрубон мебошад, ки ба мо танҳо некиро хоҳон аст. Бародар Келси гуфт: «Ӯ мехоҳад, ки мо то абад зиндагӣ кунем ва ҳаматарафа ба мо ғамхорӣ мекунад». Ин Мактаб ба аъзоёни Кумитаи филиал ёд дод, ки ба намунаи Яҳува пайравӣ кунанд.
Вақте соли 1958 Линда Йоханссонро ба Мактаби Ҷилъод даъват карданд, ӯ танҳо дуюним сол пеш таъмид гирифта ҳамагӣ як сол дар издивоҷ буд. Хоҳар Йоханссон мегӯяд: «Вақте ки ман дар Мактаб бародарону хоҳарони рӯҳан баркамолу ботаҷрибаро дидам, дар дилам гуфтам: “Ман дар ин ҷо чӣ кор мекунам?”».
Вале ба ин ҳиссиёташ нигоҳ накарда хоҳар Йоханссон дар дарсҳо фаъол буд ва баъди хатми Мактаб ӯро бо шавҳараш ба Малави чун миссионер таъйин карданд. Баъд аз он ки дар ин мамлакат солҳои дароз Шоҳидони Яҳуваро таъқиб мекарданд, хоҳар бо сиёсатмадоре, ки пештар зидди фаъолияти Шоҳидон буд, омӯзишро сар кард. Имрӯз ҳамсар, писар ва духтари ин мард ҳама Шоҳидони Яҳува мебошанд.
Мавъиза дар ҷойҳои ҷамъиятӣ
Чор хатмкунандаи Мактаби бар Навиштаҳо асосёфта барои ҷуфтони масеҳӣ ва нозирони сайёр дар Ню-Йорк воқеаеро нақл карданд, ки бо онҳо ҳангоми хизмат дар ҷойҳои ҷамъиятӣ рӯй дод.
Дар ҷойҳои серодам ходимони пурравақти Яҳува миз ва аробачаи адабиётдорро мегузоранд. Роҳгузарон бемалол метавонанд адабиётро гиранд, савол диҳанд ва омӯзиши Китоби Муқаддасро дархост намоянд.
Шоҳидони Яҳува дар дигар қисмҳои Ню-Йорк ҳамчунин дар Чикаго ва Лос-Анҷелес ин тарзи хизматро истифода мебаранд. Дар муддати як сол ба шарофати ин намуди хизмат тақрибан 2700 нафар омӯзиши Китоби Муқаддасро дархост карданд.
Дастаи сарояндагони хурдсол
Вақте ки 17 кӯдак суруди «Итоаткорӣ баракат меорад»-ро аз китоби «Ба Яҳува бисароед» (суруди № 120, рус.) сароиданд, қариб чашми ҳама пури об шуд.
Баъд бо нутқе, ки аз шаш қисм иборат буд, аъзоёни Ҳайати роҳбарикунанда бародар Ҷексон, Лёш, Пирс, Хёрд, Летт ва Сплейн баромад карданд. Онҳо маънои суханони Исоро, ки дар Матто 24:45–47 навишта шудааст, фаҳмонида муҳокима карданд. Исо гуфт:
«Пас он ғуломи мӯътамад ва доно кист, ки оғояш вайро бар хизматгорони худ таъин карда бошад, то ки ба онҳо дар сари вақт хӯрок диҳад? Хушо он ғуломе ки оғояш омада, вайро машғули ҳамин кор ёбад; Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки вайро бар тамоми дороии худ таъин хоҳад кард».
Дар силсилаи нутқҳо ҷавобҳо ба саволҳои зерин садо доданд:
Кай Исо «ғуломи мӯътамад ва доно»-ро бар аҳли хонаводаи худ таъйин кард?
Биёед контексти суханони Исоро, ки дар Матто боби 24 навишта шудааст, дида бароем. Ҳамаи оятҳои дар ин ҷо овардашуда бояд дар вақти ҳузури Масеҳ, дар «охирзамон» иҷро мешуданд (ояти 3).
«Мусибати он айём» (ояти 29).
«Ин насл» (ояти 34).
«Он рӯз ва соат» (ояти 36).
«Худованди шумо дар кадом соат меояд» (ояти 42).
«Дар соате ки гумон надоред, Писари Одам меояд» (ояти 44).
Аз ин рӯ ба чунин хулоса омадан аз рӯи мантиқ аст, ки «ғуломи мӯътамад ва доно» бояд баъд аз саршавии ҳузури Масеҳ соли 1914 пайдо мешуд.
Ғайр аз ин Исо гуфт, ки ин «ғулом» дар вақте пайдо мешавад, ки додани саволи «Он ғуломи мӯътамад ва доно кист?» бамаврид аст. Расулони Исо атои рӯҳи муқаддас буданд, барои ҳамин дар асри яки эраи мо барои чунин савол додан асос набуд (1 Қӯринтиён 14:12, 24, 25). Ҳарчанд шогирдон ва дигар масеҳиёни асри яки эраи мо бо рӯҳи муқаддас тадҳиншуда бошанд ҳам, онҳо он «ғуломи мӯътамад ва доно»-е набуданд, ки Исо дар борааш пешгӯӣ карда буд.
Барои ҳамин хулоса кардан дуруст аст, ки Исо «ғуломи мӯътамад ва доно»-ро бар «аҳли хонаводаи худ» дар вақти ҳузури худ, яъне дар «охирзамон» таъйин намуд.
«Ғуломи мӯътамад ва доно кист?»
Исо дар бораи «ғулом» на чун дар бораи одами алоҳида, балки дар бораи гурӯҳе гуфт, ки якҷоя мисли як тан ҳамкорӣ мекунанд. Исо қайд кард, ки ин ғулом 1) барои назорати «аҳли хонавода»-и оғо таъйин шудааст ва 2) ба аҳли хонавода «сари вақт хӯрок» медиҳад.
Аз соли 1919 сар карда дар идораи марказии Шоҳидони Яҳува ҳамеша гурӯҳи хурди масеҳиёни тадҳиншуда вуҷуд дошт. Онҳо кори мавъизаро дар тамоми ҷаҳон назорат карда бевосита дар тайёр ва паҳн намудани хӯроки рӯҳонӣ иштирок мекарданд. Солҳои охир ин гурӯҳ чун Ҳайати роҳбарикунандаи Шоҳидони Яҳува шинохта мешавад.
Далелҳо нишон медиҳанд, ки «ғуломи мӯътамад ва доно» соли 1919 бар аҳли хонаводаи Исо таъйин шуд. Ин «ғулом» гурӯҳи хурди бародарони тадҳиншудае мебошад, ки дар идораи марказӣ, ҳангоми ҳузури Исо хизмат мекунанд ва бевосита дар тайёр ва паҳн кардани хӯроки рӯҳонӣ иштирок менамоянд. Вақте ки аъзоёни ин гурӯҳ якҷоя чун Ҳайати роҳбарикунанда меҳнат мекунанд, онҳо чун «ғуломи мӯътамад ва доно» амал менамоянд.
«Аҳли хонавода» киҳоянд?
Исо гуфт, ки «аҳли хонавода»-и ӯ «сари вақт хӯрок» мегиранд. Ҳамаи пайравони ҳақиқии Исо хӯрокро аз «ғуломи мӯътамад ва доно» мегиранд. Барои ҳамин ҳама шогирдони Масеҳ хоҳ тадҳиншудагон дар алоҳидагӣ, хоҳ «гӯсфандони дигар», «аҳли хонавода»-ро ташкил медиҳанд (Юҳанно 10:16).
Вақте ки нотиқ ин қисми пешгӯии Исоро фаҳмонд дар Толор кафкӯбиҳои дуру дароз садо доданд. Баъдтар баъзе ҳозирон дар бораи он ки Исо онҳоро низ «аҳли хонавода»-аш меҳисобад, хурсандиашонро зоҳир карданд.
Кай Исо ғуломро «бар тамоми дороии худ таъин хоҳад кард»?
Исо гуфт, ки оғо «омада» ғуломро барои ғамхорӣ бар тамоми дороиаш таъйин мекунад. Оғо, яъне Исо кай меояд?
Калимаи «омада» аз калимаи юнонии э́рхомай гирифта шудааст. Дар боби 24 оятҳои 42 ва 44 э́рхомай чун «меояд» тарҷума шудааст. Дар ин оятҳо Исо дар бораи вақте мегӯяд, ки дар он ӯ чун Довар ҳангоми мусибати бузург меояд (Матто 24:30; 25:31, 32).
Барои ҳамин суханон дар бораи он ки Исо «ғулом»-ро «бар тамоми дороии худ» таъйин мекунад, бояд дар оянда иҷро мешуданд. Ин ҳангоми мусибати бузург рӯй хоҳад дод.
Ба «дороии» Исо чӣ дохил мешавад?
Исо гуфт: «Ба Ман тамоми қудрат дар осмон ва бар замин дода шудааст» (Матто 28:18). Барои ҳамин ба «дороии» Исо на танҳо дороии ӯ дар замин, балки Салтанати Масеҳоӣ низ дохил мешавад (Филиппиён 2:9–11).
Аз ин рӯ Исо вақте ки аъзои ғуломи мӯътамад ва доноро барои зиндагӣ дар осмон эҳё мекунад, бо ин ба онҳо ҳадия дода ҳокимиятро бар тамоми дороиаш чӣ дар замин ва чӣ дар осмон медиҳад. Ин ҳадия ба ҳамаи масеҳиёни тадҳиншудаи содиқ ваъда шуда буд (Луқо 22:28–30; Ваҳй 20:6).
Дар қисми охири силсилаи нутқҳо эълони махсусе карда шуд. Бародар Сплейн суханони Исоро аз Матто 28:20 хонда гуфт: «Мо боз як сабаби дигар барои боварӣ дорем. Ин сабаб дар матни солона барои соли 2013 оварда шудааст. Ин кадом сабаб аст? Дар Еҳушаъ ибни Нун 1:9 гуфта шудааст: “Қавӣ ва далер бош... Худованд Худои ту бо туст”».
Бародар Моррис дар охири суханони худ пурсид: «Соли оянда чӣ навигарӣ мешавад? Барномаи вохӯрии солонаи оянда 5-уми октябри соли 2013 мегузарад, ки онро дар Толорҳои Салтанати Иёлоти Муттаҳида ва дигар мамлакатҳои англисзабон тамошо кардан мумкин аст.
Ин барнома танҳо ба забони англисӣ пешкаш мегардад. Он ба дигар забон тарҷума намешавад.
Баъд аз ин барномаи рӯҳбаландкунанда ва таърихӣ ҳамаи ҳозирон аз таҳти дил суруди «Рӯшноӣ равшантар мегардад»-ро (суруди № 116) аз китоби «Ба Яҳува бисароед» сароиданд. Матни ин суруд хеле мувофиқ аст:
«Исо ғуломашро ба мо таъйин кард,
Ӯ сари вақт хӯрок медиҳад.
Рӯшноии ҳақиқат равшантар гардида,
Ба дилу ақли мо мерасад».