Оё Шоҳидони Яҳува Китоби Муқаддаси худро доранд?
Шоҳидони Яҳува барои омӯзиши Китоби Муқаддас якчанд тарҷумаҳои Китоби Муқаддасро истифода мебаранд. Мо «Навиштаҳои Муқаддас — Тарҷумаи дунёи нав»-ро хеле қадр мекунем, зеро он ҷо номи Худо оварда шудааст, ғайр аз ин он аниқ ва фаҳмо тарҷума шудааст.
Истифода шудани номи Худо. Баъзе нашркунандагони Китоби Муқаддас нисбати муаллифи он беҳурматӣ нишон медиҳанд. Масалан, дар яке аз тарҷумаҳои Китоби Муқаддас номи беш аз 70 нафар, ки дар он саҳми худро гузошта буданд, ёдрас шудааст, вале номи муаллифи он, Яҳува Худо навишта нашудааст.
Дар «Навиштаҳои Муқаддас — Тарҷумаи дунёи нав» бошад, номи Худо дар ҳама ҷойҳое, ки дар матни аслӣ вомехӯрд, барқарор шудааст. Лекин дар он номҳои шахсоне, ки онро тарҷума кардаанд, оварда нашудааст.
Тарҷумаи аниқ. На ҳамаи тарҷумаҳои Китоби Муқаддас маънои матни аслиро аниқ медиҳанд. Масалан, Ибриён 12:2 дар яке аз тарҷумаҳои Китоби Муқаддас чунин омадааст: «Ба Сарвар ва Комилкунандаи имони мо, яъне Исо, назар дӯзем, ки Ӯ ба ҷои шодие ки Ӯро дар пеш буд, ба хорӣ беэътиноӣ намуда, ба салиб тоб овард». Ҳарчанд дар матни аслӣ на «салиб», балки «сутун» омадааст. Шояд тарҷумонон бовар доштанд, ки Исо дар салиб мурдааст, барои ҳамин ин калимаро истифода бурдаанд. Лекин ин таълимот дар асоси Китоби Муқаддас нест. Ин оят дар «Тарҷумаи дунёи нав» чунин омадааст: «Ба Роҳнамо ва Комилкунандаи имонамон, яъне Исо, назар дӯзем. Ӯ ба хотири хурсандие, ки дар пеш буд, ба шармандагӣ аҳамият надода, ба марг дар сутуни азобу шиканҷа тоб овард».
Тарҷумаи фаҳмо. Тарҷумаи хуб на фақат аниқ, балки бояд равшан ва фаҳмо бошад. Масалан, дар Матто 5:3 Исо ибораеро истифода мебарад, ки маънояш «хушо мискинони рӯҳ» мебошад. Барои ба забони ҳозираи тоҷик фаҳмо шудани ин ибора дар «Тарҷумаи дунёи нав» ин оят чунин омадааст: «Хушбахтанд онҳое, ки мӯҳтоҷи Худо буданашонро медонанд».
Дар «Тарҷумаи дунёи нав» номи Худо истифода шудааст ва он аниқу фаҳмо мебошад. Илова бар ин, он бепул паҳн карда мешавад. Аз ин рӯ миллионҳо одамон имконият доранд, то Китоби Муқаддасро ба забони модарии худ хонанд, хусусан онҳое, ки имконияти харидани онро надоранд.