Гузаштан ба маводи асосӣ

КИТОБИ МУҚАДДАС ҲАЁТРО ДИГАРГУН МЕСОЗАД

«Варзишҳои ҷангӣ мақсади ҳаёти ман буд»

«Варзишҳои ҷангӣ мақсади ҳаёти ман буд»
  • Соли таваллуд: 1962

  • Ҷойи таваллуд: Иёлоти Муттаҳида

  • Дар гузашта: Бо варзиши ҷангӣ машғул буд

ҲАЁТИ ПЕШТАРААМ

Интизор набудам, ки ба ҳамроҳам чунин осеби сахт мерасонам. Ман нохост бо почаам ба биниаш задам. Баъд аз ин як савол маро доим ғам медод: оё ин намуди варзишро, ки бо зӯроварӣ алоқаманд аст, давом диҳам ё не? Медонед, барои чӣ баъд аз ин воқеа ман нисбати варзише, ки дӯст медоштаму солҳои зиёди ҳаётамро ба он бахшида будам, шубҳа пайдо кардам? Биёед аввал нақл кунам, ки чӣ хел ба ин намуди варзиш машғул шудам.

Ман дар шаҳри Буфалло (иёлоти Ню-Йорк, ИМА) калон шудам. Волидони ман одамони сулҳҷӯ, худотарс ва пайрави дини католикӣ буданд. Ман дар мактаби католикӣ таҳсил мекардам ва дар вақти ибодат ба коҳин ёрдам медодам. Волидонам мехостанд, ки ману апаам дар ҳаёт муваффақ гардем. Барои ҳамин онҳо иҷозат доданд, ки бо варзиш машғул шавам ё каме пул кор кунам, албатта, агар ин корҳо ба дарсҳоям халал нарасонанд. Ин ба ман ёрдам дод, ки аз хурдсолӣ ба реҷа даровардани корҳоямро ёд гирам.

Дар синни 17 солагӣ ман ба варзиши ҷангӣ машғул шудам. Ман солҳои зиёд дар як ҳафта шаш бор сесоатӣ машқ мекардам. Ғайр аз ин, ҳар ҳафта соатҳои зиёд дар бораи чӣ гуна истифода бурдани ҳаракату усулҳои гуногун фикр карда, барои беҳтар намудани маҳорати худ бисёр видеоҳоро тамошо мекардам. Ба ман бо чашмони пӯшида машқ кардан маъқул буд ва ман инро ҳатто бо силоҳ мекардам. Бо як зарбаи даст ман метавонистам, тахта ё хиштро шиканам. Дар натиҷа ман яке аз варзишгарони беҳтарин шудам ва дар мусобиқаҳо соҳиби ҷоизаҳо гаштам. Чунин намуди варзиш дар ҳаётам чизи аз ҳама муҳим шуд.

Фикр мекардам, ки дар ҳаёт муваффақ гаштам, зеро донишгоҳро бо сари баланд хатм кардам. Ман дар як ширкати номдор инженери соҳаи компютер шуда кор мекардам. Корам зӯр буд, ба ман мукофотпулӣ медоданд. Ғайр аз ин, ман хонаи шахсӣ доштам ва бо духтаре вомехӯрдам. Дар назари дигарон ҳаёти ман зӯр метофт, вале баъзе саволҳое буданд, ки маро ғам медоданд.

КИТОБИ МУҚАДДАС ҲАЁТАМРО ДИГАРГУН КАРД

Барои ба саволҳоям ҷавоб ёфтан ман дар як ҳафта ду бор ба калисо мерафтам ва дар дуо аз Худо кумак мепурсидам. Лекин як суҳбат бо дӯстам ҳама чизро дигар кард. Рӯзе ман аз ӯ пурсидам: «Мақсади ҳаёт дар чист? Ҷаҳон аз душвориву беадолатӣ пур шудааст!» Дӯстам гуфт, ки чунин саволҳо ӯро низ ба ташвиш меоварданд ва ҷавоби онҳоро аз Китоби Муқаддас ёфт. Ӯ ба ман китоби «Ту метавонӣ дар биҳишт абадӣ зиндагӣ кунӣ» a-ро дод ва гуфт, ки бо Шоҳидони Яҳува Китоби Муқаддасро меомӯзад. Дар аввал ман ин китобро нахондам, чунки фикр мекардам, ки хондани адабиёти дини дигар нодуруст аст. Лекин хоҳиши сахти ба саволҳоям ҷавоб ёфтан маро водор кард, то фаҳмам, ки оё таълимоти Шоҳидони Яҳува аз рӯйи мантиқ аст ё не.

Чизҳое, ки аз Китоби Муқаддас мефаҳмидам, маро дар ҳайрат мемонданд. Аз он ман фаҳмидам, ки Худо мехоҳад одамон дар биҳишти рӯйи замин то абад зиндагӣ кунанд ва ин нияташ то ҳол дигар нашудааст (1 Мӯсо 1:28). Вақте дар Китоби Муқаддаси худам номи Яҳуваро дидам, ҳайрон шудам, ин ҳамон номе будааст, ки Исо дар дуои намунавияш гуфта буду ман ҳам онро дар дуоҳоям ба забон мегирифтам (Забур 83:18; Матто 6:9). Ғайр аз ин, ман фаҳмидам, ки чаро Худо ба ранҷу азоби одамон роҳ медиҳад. Ҳар он чизе, ки меомӯхтам, аз рӯйи мантиқ буд. Ин маро сахт хурсанд мекард.

Аввалин бор ба вохӯрии Шоҳидони Яҳува рафтанам ҳеҷ гоҳ аз ёдам намебарояд. Дар он ҷо ҳама меҳрубону дилкушод буданд ва бо ман шинос шудан мехостанд. Он рӯз нутқ дар бораи дуо буд, аниқтараш дар бораи он ки Худо кадом дуоҳоро мешунаваду ҷавоб медиҳад. Ин мавзуъ барои ман шавқовар буд, чунки доимо ба Худо дуо гуфта кумак мепурсидам. Баъдтар ман дар Шоми ёдбуди Ҳазрати Исо иштирок кардам. Дар он вохӯрӣ ман аҳамият додам, ки ҳатто кӯдакон Китоби Муқаддасро кушода мехонанд. Пеш ман оятҳоро аз Китоби Муқаддас ёфта наметонистам, лекин Шоҳидони Яҳува ба ман кумак карда чӣ тавр истифода бурдани Китоби Муқаддасро ёд доданд.

Чи қадаре ки бештар дар ин вохӯриҳо иштирок мекардам, ҳамон қадар аз сифати таълими Шоҳидони Яҳува ба ҳайрат меомадам. Дар ҳар вохӯрӣ ман як чизи навро мефаҳмидам ва ҳама вақт аз он ҷо хурсанду рӯҳбаланд шуда мерафтам. Баъдтар ба ман омӯзиши Китоби Муқаддасро пешниҳод карданд.

Чизе, ки дар байни Шоҳидони Яҳува медидам, аз он чизе, ки дар калисо буд, тамоман фарқ дошт. Ман медидам, ки Шоҳидони Яҳува одамони боинсофу самимӣ буда дар ягонагӣ зиндагӣ мекарданд. Чизи аз ҳама муҳим барои онҳо ба Худо писанд омадан буд. Дар байни онҳо ҳамон муҳаббате дида мешуд, ки Масеҳ дар борааш гуфта буд (Юҳанно 13:35).

Ман омӯзишро давом медодам ва ҳаракат мекардам, ки мувофиқи меъёрҳои Худо зиндагӣ кунам, лекин ба ҳар ҳол ҳис мекардам, ки ҳеҷ гоҳ варзиши ҷангиро партофта наметонам. Машқ ва мусобиқа карданро нағз медидам. Вақте дар ин бора ба Шоҳиди Яҳува, ки ҳамроҳам омӯзиш мекард, гап задам, ӯ меҳрубонона чунин гуфт: «Омӯзиш карданро давом деҳ ва ман бовар дорам, ки ту қарори дуруст мебарорӣ». Ин маслиҳати беҳтарин буд. Ҳар қадаре ки омӯзиш мекардам, ҳамон қадар мехостам, ки дили Худоро хурсанд кунам.

Қатраи охирин ҳамон ҳодисае шуд, ки ман дар боло нақл карда будам, вақте ки нохост бо почаам ба бинии ҳамроҳам задам. Баъди он ман фикр кардам, ки, агар варзиши ҷангиро давом диҳам, оё маро пайрави сулҳҷӯйи Масеҳ гуфтан мумкин аст?! Дар Ишаъё 2:3, 4 пешгӯйӣ шудааст, ки касоне, ки мувофиқи дастури Яҳува зиндагӣ мекунанд, дигар ҷангро таълим намегиранд. Исо пайравонашро таълим медод, ки ҳатто дигарон бо онҳо беадолатона муносибат кунанд ҳам, ба зӯроварӣ даст назананд (Матто 26:52). Барои ҳамин ман варзишеро, ки ин қадар дӯсташ медоштам, партофтам.

Ман аз рӯйи маслиҳати зерини Китоби Муқаддас амал кардам: «худотарсиро мақсади худ сохта худро машқ деҳ» (1 Тимотиюс 4:7). Ҳозир тамоми вақту қувватеро, ки барои беҳтар кардани маҳоратам дар варзиши ҷангӣ сарф мекардам, ба шинохтани Худо ва хизмати Ӯ сарф мекунам. Дӯстдоштаам бо он чизе, ки ман аз Китоби Муқаддас мефаҳмидам, розӣ набуд ва мо ҷудо шудем. Ман 24 январи соли 1987 таъмид гирифта Шоҳиди Яҳува шудам. Чанде пас ман хизмати пурравақтро сар кардам ва вақтамро бештар барои таълим додани ҳақиқати Китоби Муқаддас сарф мекардам. Аз он вақт инҷониб ман пурравақт хизмат мекунам ва ҳатто имконият доштам, ки чанде дар идораи марказии Шоҳидони Яҳува (Ню-Йорк, ИМА) хизмат кунам.

БАРАКАТҲОЕ, КИ СОҲИБ ШУДАМ

Ҳозир ҳақиқатро дар бораи Худо дониста мефаҳмам, ки ба ман чӣ намерасид. Ман дигар ҳис намекунам, ки ҳаётам бефоида гузашта истодааст. Ҳозир ҳаётам пурмаъно аст, ман нисбати оянда умед пайдо кардам ва дар ҳақиқат хушбахт ҳастам. Ман ҳоло ҳам машқ мекунам, лекин машқи ҷисмонӣ барои ман дигар чизи аз ҳама муҳим нест. Ҳозир тамоми ҳаёти ман ба хизмати Яҳува бахшида шудааст.

Вақте ки бо варзиш машғул мешудам, доимо дар бораи одамони гирду атрофам фикр мекардам, ки, агар онҳо ба ман ҳамла кунанд, чӣ хел ҳимоя кардани худро донам. Имрӯз низ ман дар бораи одамони гирду атрофам фикр мекунам, лекин бо дигар мақсад, бо мақсади ба онҳо кумак кардан. Китоби Муқаддас ба ман ёрдам дод, ки барои дигарон зиндагӣ кунам ва барои ҳамсари азизам Бренда шавҳари хуб бошам.

Варзиш мақсади ҳаётам буд, лекин ман чизи беҳтареро ёфтам. Дар ин бора дар Китоби Муқаддас чунин гуфта шудааст: «Машқи ҷисмонӣ андак фоида дорад, худотарсӣ бошад, аз ҳар ҷиҳат фоиданок аст, чунки ваъдаи ҳаёти ҳозираву ояндаро дар бар мегирад» (1 Тимотиюс 4:8).

a Нашриёти Шоҳидони Яҳува, вале ҳоло чоп намешавад.