Оё Китоби Муқаддас ба касоне, ки касалии куҳна доранд, кумак карда метавонад?
Ҷавоб аз Китоби Муқаддас
Бале, кумак карда метавонад. Худо ба хизматгорони бемораш ҳатман ғамхорӣ мекунад. Дар Китоби Муқаддас дар бораи хизматгори бовафо чунин гуфта шудааст: «Яҳува ӯро дар бистари беморӣ дастгирӣ хоҳад кард» (Забур 41:3). Агар шумо бемории куҳна дошта бошед, се чизи зерин ба шумо қувват мебахшад:
Дуо гӯед, ки тоб оред. Чунин карда, шумо осоиштагии Худоро меёбед, «ки аз ҳар фикр болотар аст». Ин осоиштагӣ ғамҳоятонро камтар мекунад ва шуморо дастгирӣ менамояд (Филиппиён 4:6, 7).
Некбин бошед. Дар Каломи Худо гуфта шудааст: «Дили шод давои дард аст, вале рӯҳи ғамгин қувватро ҷаббида мегирад» (Панднома 17:22). Шӯхӣ карданро ёд гиред. Хандаву шӯхӣ на танҳо дар рӯзҳои душвор кумак карда метавонад, балки ҳамчунин ба саломатии шумо фоида дорад. Беҳуда нагуфтаанд, ки «ханда умри одамро дароз мекунад».
Ба оянда умед бандед. Умедвории оқилона ба кас ёрдам медиҳад, ки нигоҳ накарда ба касалӣ хурсандиро нигоҳ дорад (Румиён 12:12). Дар Китоби Муқаддас замоне пешгӯйӣ шудааст, ки «ҳеҷ кас намегӯяд: “Ман касалам”» (Ишаъё 33:24). Он вақт Худо ҳар дарду бемории бедаворо шифо мебахшад. Ҳамчунин мувофиқи Китоби Муқаддас дар оянда одамон рӯз аз рӯз пир неву ҷавон мешаванд. Дар он гуфта шудааст: «Бигзор баданаш аз бадани кӯдак солимтар шавад ва ҷӯшу хурӯши наврасӣ ба вай баргардад”» (Айюб 33:25).
Қайд: Шоҳидони Яҳува ёрдаму дастгирии Худоро хеле қадр мекунанд, лекин онҳо ҳамчунин барои табобат ба духтур муроҷиат менамоянд (Марқус 2:17). Мо ягон намуди табобатро таблиғу тарғиб намекунем, чунки дар мавриди табобат кас бояд худаш қарор кунад.