Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

id-work/DigitalVision Vectors via Getty Images

ҲУШЁРУ БЕДОР БОШЕД!

Чаро дунё пур аз нафрат аст? Китоби Муқаддас дар ин бора чӣ мегӯяд?

Чаро дунё пур аз нафрат аст? Китоби Муқаддас дар ин бора чӣ мегӯяд?

 Имрӯз мо мунтазам дар ахбор ва расонаҳои хабарӣ мешунавем, ки ҷиноят, миллатпарастӣ, зӯроварӣ ва ҷанг, ки олудаи нафрат аст, дар ҳама ҷо авҷ гирифтааст.

  •   «Вақтҳои охир аз сабаби ҷанги Ғаззаву Исроил ва одамони нафратофарин шабакаҳои иҷтимоӣ саршори суханони нафратомез шудааст, ки то ин дам чунин набуд» («The New York Times», 15 ноябри 2023).

  •   «Аз 7-уми октябр инҷониб ногаҳон дар тамоми дунё рафтору гуфтори нафратомез аз ҳад зиёд шуд, ки ин боиси хавотирист» (Дэннис Фрэнсис, президенти Ассамблеяи генералии Созмони Миллали Муттаҳид, 3 ноябри 2023).

 Албатта суханони нафратангез, зӯроварӣ ва ҷанг чизи нав нестанд. Мувофиқи Китоби Муқаддас, дар гузашта одамоне буданд, ки «суханони талхро мисли тир равона [мекарданд]» ва ба зӯроварӣ даст зада дар ҷангҳо иштирок менамуданд (Забур 63:3; 120:7; 140:1). Китоби Муқаддас мегӯяд, ки нафрат имрӯз ба авҷи худ расидааст.

Нафрат — хусусияти замони мо

 Китоби Муқаддас мефаҳмонад, ки чаро дар замони мо ин қадар нафрат вуҷуд дорад.

  1.  1. Дар Каломи Худо пешгӯйӣ шуда буд, ки дар замонҳои охир, «муҳаббати бисёриҳо сард мегардад» (Матто 24:12). Барои ҳамин имрӯз одамон бештар хислатҳои нафратангезро зоҳир мекунанд (2 Тимотиюс 3:1–5).

  2.  2. Мувофиқи гуфтаҳои Китоби Муқаддас «тамоми ҷаҳон дар таги дасти Иблис аст». Барои ҳамин дунё пур аз нафрату бадбинӣ мебошад (1 Юҳанно 5:19; Ошкорсозӣ 12:9, 12).

 Аммо дар Каломи Худо ҳамчунин навишта шудааст, ки ба наздикӣ Худо ин ду решаи нафратро меканад. Ғайр аз ин, ӯ тамоми ранҷу азоберо, ки нафрату бадбинӣ ба одамон мерасонанд, аз байн мебарад. Дар Китоби Муқаддас чунин ваъда дода шудааст:

  •   Худо «ҳар ашкро аз чашмони онҳо пок мекунад ва марг дигар намешавад, гиря, фиғон ва дард дигар намешавад. Он чӣ пештар буд, гузашт» (Ошкорсозӣ 21:4).