Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

CreativeDesignArt/DigitalVision Vectors via Getty Images

ҲУШЁРУ БЕДОР БОШЕД!

Магар аз як гиребон сар баровардани одамони гуногуннажод хаёли хом аст? Китоби Муқаддас дар ин бора чӣ мегӯяд?

Магар аз як гиребон сар баровардани одамони гуногуннажод хаёли хом аст? Китоби Муқаддас дар ин бора чӣ мегӯяд?

 Барои бисёр одамон баробарии нажодӣ орзуест, ки ҳеҷ гоҳ ҷомаи амал намепӯшад.

  •   «Нажодпарастӣ тамоми ҷомеа ва ҳаёти ҳаррӯзаи мардумро заҳролуд месозад. Миллатпарастӣ то ҳол яке аз сабабҳоест, ки байни одамон ҷудоӣ меандозад» (Антониу Гутерриш, котиби генералии СММ).

 Оё замоне мерасад, ки одамони тамоми миллату нажод аз як гиребон сар бароранд? Китоби Муқаддас дар ин бора чӣ мегӯяд?

Назари Худо ба баробарии нажодӣ

 Китоби Муқаддас мефаҳмонад, ки Худо ба одамони миллату нажодашон гуногун чӣ гуна назар дорад.

  •   «Ҳамаи халқҳоро ӯ [Худо] аз як одам ба вуҷуд овардааст, то ки бар тамоми замин сокин шаванд» (Корнома 17:26).

  •   «Худо ҳамаро бо як чашм мебинад, ва ҳар кӣ аз ӯ тарсаду дуруст рафтор кунад, аз кадом халқе набошад, ба ӯ маъқул аст» (Корнома 10:34, 35).

 Ин оятҳои Китоби Муқаддас нишон медиҳанд, ки тамоми одамизод узви як оила аст ва Худо одамони ҳар миллату нажодро дӯст медорад.

Баробарии нажодӣ имконпазир аст!

 Танҳо зери ҳукмронии Подшоҳии Худо ягонагӣ байни одамони ҳар миллату нажод ба даст оварда мешавад. Ин ҳукумати осмонӣ одамонро таълим медиҳад, ки ба якдигар эҳтиромона муносибат кунанд. Ба туфайли ин таълим одамон ҳар гуна тухми миллатпарастиро аз дилашон решакан месозанд.

  •   «Сокинони он [замин] росткориро ёд мегиранд» (Ишаъё 26:9).

  •   «Росткорӣ сулҳ ба бор меорад, самари росткорӣ тинҷиву амонии бардавом хоҳад буд» (Ишаъё 32:17).

 Имрӯз миллионҳо одамон аз Китоби Муқаддас ёд мегиранд, ки чӣ тавр дигаронро ҳурмату иззат кунанд.