Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Sean Gladwell/Moment via Getty Images

ҲУШЁРУ БЕДОР БОШЕД!

Дар дунё барои яроқу аслиҳа зиёда аз ду триллион доллар сарф карда шуд. Китоби Муқаддас дар ин бора чӣ мегӯяд?

Дар дунё барои яроқу аслиҳа зиёда аз ду триллион доллар сарф карда шуд. Китоби Муқаддас дар ин бора чӣ мегӯяд?

 Дар давоми соли 2022 ҳукуматдорон дар саросари дунё 2,24 триллион долларро барои яроқу аслиҳа сарф карданд, ки ин шумораи баландтарин мебошад. Сабабгори чунин хароҷоти зиёд ба Украина зада даромадани Русия мебошад. Дар поён ҳисоботи Институти байналмилалии тадқиқоти сулҳ дар Стокголм аз моҳи апрели соли 2023, барои соли 2022 оварда шудааст.

  •   Дар Аврупо хароҷот барои артиш дар давоми як сол 13 фоиз зиёд шуд, ки ин баъди солҳои 1991 калонтарин хароҷоти солона мебошад».

  •   «Хароҷоти Русия... тақрибан 9,2 фоиз афзуд. Дар рӯйхати давлатҳое, ки барои артиш маблағи зиёд сарф мекунанд, онҳо пеш ҷойи панҷумро ишғол мекарданд, ҳоло бошад, ҷойи сеюмро ишғол мекунанд».

  •   Иёлоти Муттаҳида чун ҳарвақта дар ин рӯйхат ҷойи якумро ишғол мекунад, чунки онҳо аз маблағи умумӣ сеякашро барои қавӣ сохтани артиши худ сарф мекунанд».

 «Солҳои охир афзудани хароҷоти низомӣ нишонаи он аст, ки мо дар ҷаҳоне, ки торафт хатарнок шуда истодааст зиндагӣ дорем» — гуфт ҳаммуалифи гузориш доктор Нан Тиан (Институти байналмилалии тадқиқоти сулҳ дар Стокголм).

 Дар Китоби Муқаддас дар бораи афзоиши муноқишаҳо байни давлатҳои абарқудрати ҷаҳони имрӯза пешгӯйӣ шуда буд ва дар он ҳамчунин гуфта мешавад ягона умед барои сулҳу осоиштагӣ чист.

Афзоиши муноқишаҳои низомӣ пешгӯйӣ шуда буд

  •   Китоби Муқаддас замонеро, ки мо дар он зиндагӣ дорем, «вақти... охир» меномад (Дониёл 8:19).

  •   Дар китоби Дониёл пешгӯйӣ шуда буд, ки дар давоми ин вақт империяҳои ҷаҳонӣ бо ҳам рақобат мекунанд. Онҳо «шохзанӣ» карда барои ҳокимият мубориза мебаранд. Ин муборизаи ҳарбӣ сабаби сарф кардани «ганҷҳо» ё худ захираҳои молиявӣ мегардад (Дониёл 11:40, 42, 43).

 Агар дар бораи ин пешгӯйӣ бисёртар фаҳмидан хоҳед, видеонавори «Пешгӯйие, ки иҷро шуд — Дониёл боби 11»-ро тамошо кунед.

Чӣ тавр сулҳи ҳақиқӣ ба даст оварда мешавад?

  •   Китоби Муқаддас мегӯяд, ки Худо ҳукумати инсониро аз байн мебарад. Ӯ «подшоҳие барпо мекунад, ки ҳеҷ гоҳ барҳам намехӯрад. Ин подшоҳӣ ба халқи дигаре дода намешавад. Он ҳамаи ин подшоҳиҳоро несту нобуд месозад ва аз байн мебарад, худаш бошад, то абад мемонад» (Дониёл 2:44).

  •   Ба наздикӣ Яҳува a он корҳоеро мекунад, ки одамизод аз дасташ намеояд, яъне дар рӯйи замин сулҳу осоиштагии ҳақиқӣ ва бардавом меорад. Чӣ тавр? Ба воситаи Подшоҳии осмониаш Худо тамоми яроқу аслиҳаро нест мекунад ва ба ҷангу зӯровариҳо хотима мебахшад (Забур 46:8, 9).

 Барои фаҳмидани он ки Подшоҳии Худо дар оянда боз кадом корҳоро мекунад, мақолаи «Подшоҳии Худо сулҳу осоиштагӣ меорад»-ро хонед.

a Яҳува номи Худо мебошад (Забур 83:18).