Суруди 139
Ёрӣ ба шогирдони нав
Боргирӣ:
-
Бо шодӣ Каломро омӯзем
Ба касони самимӣ.
Гар дар дил ростиро ҷой диҳанд,
Бо Худо ёбанд дӯстӣ.
(НАҚАРОТ)
Эй Худованди меҳрубон,
Бишав онҳоро нигаҳбон.
То роҳ раванд дар адолат, бидеҳ қувват,
Бо рӯҳат кун муҳофизат.
-
Дар тангӣ ва ҳар як озмоиш
Ҳастем мо дар барашон.
Бо дуо, таълим ва тасаллӣ
Мебошем ғамхорашон.
(НАҚАРОТ)
Эй Худованди меҳрубон,
Бишав онҳоро нигаҳбон.
То роҳ раванд дар адолат, бидеҳ қувват,
Бо рӯҳат кун муҳофизат.
-
Бигузор имону сабрашон
Рӯз аз рӯз гардад комил,
Биёбанд ҳаёти ҷовидон,
Бикунанд мурод ҳосил.
(НАҚАРОТ)
Эй Худованди меҳрубон,
Бишав онҳоро нигаҳбон.
То роҳ раванд дар адолат, бидеҳ қувват,
Бо рӯҳат кун муҳофизат.
(Ҳамчунин нигаред ба Луқ. 6:48; Аъм. 5:42; Флп. 4:1.)