МАВЗӮИ АСОСИИ МАҶАЛЛА | ЧӢ ТАВР АЗ ХОНИШИ КИТОБИ МУҚАДДАС ФОИДАИ БЕШТАР ГИРЕМ?
Чӣ хонишро шавқовар мегардонад?
Шавқовар ё дилгиркунанда будани хониши Китоби Муқаддас ба он вобаста аст, ки шумо чӣ тавр онро мехонед. Биёед фаҳмем, ки чӣ хел шавқу ҳавасро ба хониши Калом зиёд кардан мумкин аст.
Тарҷумаи дақиқ ва муосирро интихоб кунед. Агар шумо маводеро хонед, ки пур аз калимаҳои куҳна ва душворфаҳм мебошад, эҳтимоли зиёд аст, ки аз хониш ҳаловат намебаред. Бинобар ин Китоби Муқаддасеро интихоб кунед, ки забонаш содаю фаҳмо бошаду ба дилатон таъсир расонда тавонад. Ва ҳамзамон тарҷумаи он бояд дақиқ ва боваринок бошад a.
Таҷҳизоти замонавиро истифода баред. Имрӯз на танҳо намудҳои гуногуни чопӣ, балки электронии Китоби Муқаддас низ дастрас аст. Баъзе нашрҳоро дар интернет хондан мумкин ё метавонед онро дар компютер, планшет ва телефони мобилӣ боргирӣ кунед. Дар баъзе нашрҳои электронии Китоби Муқаддас шахс имконият дорад, ки дар бораи як мавзӯъ якчанд оятро ба осонӣ бинад ё ҳатто тарҷумаҳои гуногунро муқоиса кунад. Агар аз хондан дида ба шумо гӯш кардан бештар маъқул бошад, метавонед сабти Китоби Муқаддасро боргирӣ кунед. Бисёр одамон дар нақлиёт, ҳангоми ҷомашӯӣ ё ягон кори дигар сабти овозиро гӯш мекунанд. Ба шумо кадом роҳи хониш маъқул?
Аз мавод барои омӯзиши Китоби Муқаддас истифода баред. Ин мавод хонишатонро боз ҳам манфиатовар карда метавонад. Масалан, дар вақти таҳқиқ шумо аз харитаҳои ҷуғрофии Китоби Муқаддас истифода бурда метавонед. Ин харитаҳо кумак мекунанд, ки минтақаҳоеро, ки дар бораашон хонда истодаед, ёфта муқоиса кунед. Мақолаҳое, ки дар ин маҷалла ё дар бахши «Таълимоти Китоби Муқаддас» дар сомонаи jw.org оварда шудаанд, кумак мекунанд, ки маънои бисёр порчаҳои Каломи Худоро фаҳмед.
Ҳар гуна усулро ба кор баред. Агар пурра хондани Китоби Муқаддас воҳиманок тобад, метавонед порчаеро хонед, ки ба шумо бештар маъқул аст. Масалан, агар дар бораи қаҳрамонҳои машҳури Китоби Муқаддас маълумот гирифтан хоҳед, фақат ҳамон порчаҳоеро хонед, ки дар бораи онҳо навишта шудааст. Барои намуна метавонед ба чорчӯбаи «Бо қаҳрамонҳои Китоби Муқаддас шинос шавед» нигаред. Ё шояд бароятон Китоби Муқаддасро аз рӯйи мавзӯъ ё пайдарпайии воқеаҳо хондан шавқовар бошад. Чи хеле мебинед, усулҳои хониш бисёранд. Кадомаш ба шумо бештар маъқул аст?
a Бисёр одамон «Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав»-ро дақиқ, боваринок ва осонфаҳм меҳисобанд. Онро Шоҳидони Яҳува ба зиёда аз 130 забон нашр кардаанд. Нусхаи ин тарҷумаро аз сомонаи jw.org ё барномаи JW Library боргирӣ карда метавонед. Ё, агар зид набошед, Шоҳидони Яҳува нусхаи чопии онро ба хонаатон оварда метавонанд.