Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

3. Вабоҳо

3. Вабоҳо

3. Вабоҳо

«Вабоҳо сар мезананд» (ЛУҚО 21:11).

● Дар яке аз давлатҳои Африқо ҳангоми ҷанги шаҳрвандӣ шахтиёрон ба вируси марговари Марбург * гирифтор шуданд. Барои табобати онҳо як корманди соҳаи тиб бо номи Бонзали ҳар кори аз дасташ меомадаро мекард. Ӯ ба ҳукуматдорони як шаҳри калон муроҷиат намуда кумак пурсид, вале касе ба додаш намерасид. Ниҳоят чор моҳ пас барои кумаки ӯ мутахассисонро фиристоданд, лекин аллакай дер шуда буд. Зеро Бонзали худаш ба бемории Марбург гирифтор шуда, аз олам гузашт.

ДАЛЕЛ: Танҳо соли 2004-ум бемориҳои роҳи нафас (масалан илтиҳоби шуш), бемориҳои дарунравӣ, вируси норасоии масунияти бадан (ВИЧ/СПИД), бемории сил ва табларза ҷони беш аз 10,7 миллион нафарро рабуданд. Дигар хел карда гӯем, дар давоми як сол, ҳар се сония, тақрибан як нафар ҷонашро аз даст медод.

НОРОЗИГӢ: Азбаски аҳолии рӯйи замин торафт меафзояд, шумораи беморон зиёд шуда, сироятшавӣ низ бештар дида мешавад.

ОЁ ИН НОРОЗИГӢ АСОС ДОРАД? Аҳолии ҷаҳон бисёр шуда истодааст. Лекин одамон низ дар ташхис, пешгирӣ ва табобати бемориҳо хело тараққӣ кардаанд. Агар ин тавр бошад, пас беморӣ ва таъсири он ҳам бояд камтар шавад, ҳамин хел не? Лекин чи хеле мебинед, бемориҳо баръакс зиёдтар шуда истодаанд.

ШУМО ЧӢ ФИКР МЕКУНЕД? Мувофиқи пешгӯйии Китоби Муқаддас магар ҳоло одамон аз бемориҳои вазнин азоб намекашанд?

Аз сабаби заминҷунбӣ, гуруснагӣ ва беморӣ миллионҳо нафар ҷонашонро аз даст доданд. Лекин одамони аз ин ҳам зиёд аз дасти шахсони наздикашон, ки дар асл бояд онҳоро муҳофизат кунанд, азоб мекашанд. Аҳамият диҳед, ки дар ин хусус дар Китоби Муқаддас чӣ пешгӯйӣ шудааст.

[Эзоҳ]

^ сарх. 3 Вараҷаи геморрагии Марбург ба вируси Эбола монанд аст.

[Тасвир дар саҳифаи 6]

«Ба чанголи шер ё ягон дарранда афтодан даҳшат аст. Ба ин монанд, вақте ба чанголи бемории мудҳиш меафтӣ ва мебинӣ, ки дигарон низ мисли ту азият мекашанд, дарди ҷонкоҳ мекашӣ». (МАЙКЛ ОСТЕРХОЛМ, ЭПИДЕМИОЛОГ).

[Маънбаи маълумот дар саҳифаи 6]

© William Daniels/​Panos Pictures