Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ТАРҶУМАИ ҲОЛ

Ман бо Яҳува ва модарам сулҳро нигоҳ доштам

Ман бо Яҳува ва модарам сулҳро нигоҳ доштам

«ОХИР барои чӣ ту гузаштагони худро ибодат кардан намехоҳӣ? Магар намефаҳмӣ, ки онҳо ба ту ҳаёт додаанд? Наход миннатдории худро ба онҳо нишон надиҳӣ? Оё мехоҳӣ расму оини меросии худро зери по кунӣ? Бо чунин рафторат ту нишон медиҳӣ, ки гӯё ибодати мо аҳмақона аст». Модарам бо алам ин суханонро гуфту гиря кард.

Одатан модарам ин хел гап намезад. Аҷоибаш ин ки худи модарам ба Шоҳидон пешниҳод карда буд, ки бо ман омӯзиш гузаронанд. Лекин ӯ ин корро барои он кард, то худаш омӯзиш накунад. Азбаски ман духтари гапгир будам, ин дафъа ба ӯ гӯш надодан бароям хеле душвор буд. Лекин ман мехостам, ки дили Яҳуваро шод гардонам, барои ҳамин ба гапи модарам гӯш надодам. Бе ёрдами Яҳува ман ҳеҷ гоҳ ин корро карда наметавонистам.

БО ЯҲУВА ШИНОС МЕШАВАМ

Оилаи мо мисли аксари одамони Ҷопон пайрави дини буддоӣ буд. Лекин баъд аз ду моҳи омӯзиш бо Шоҳидон ман боварӣ ҳосил кардам, ки Китоби Муқаддас ҳақиқат аст. Вақте ман фаҳмидам, ки Падари осмонӣ дорам, дар ман хоҳиш пайдо шуд, ки дар бораи Ӯ бештар фаҳмам. Дар аввал ману модарам оиди чизҳои фаҳмидаам бо як хурсандӣ сӯҳбат мекардем. Ман рӯзҳои якшанбе ба вохӯриҳо мерафтам. Вақте ки донишам зиёд шудан гирифт, ман ба модарам гуфтам, ки дигар дар маросимҳои буддоӣ иштирок кардан намехоҳам. Афсӯс ки муносибати модарам дигар шуд. Модарам гуфт: «Шахсе ки гузаштагонашро дӯст намедорад, оилаи худро шарманда мекунад». Ӯ аз ман талаб кард, ки омӯзишро бас кунам ва ба вохӯриҳо дигар наравам. Ман аз модарам ин гуна суханонро тамоман интизор набудам! Гӯё ин суханонро модарам неву шахси дигар мегуфт.

Падарам низ тарафдори модарам шуд. Ман аз боби шашуми Эфсӯсиён хонда будам, ки Яҳува мехоҳад ман ба падару модарам итоат кунам. Дар аввал ман фикр мекардам, ки агар онҳоро гӯш кунам, онҳо низ маро гӯш мекунанд. Ман боварӣ доштам, ки бо ин корам дар оилаамон осоиштагиро нигоҳ медорам. Он вақт ман ба имтиҳонҳоям тайёрӣ медидам ва ба волидонам гуфтам, ки се моҳ ба ҷамъомадҳо намеравам. Лекин ман ба Яҳува ваъда додам, ки баъди се моҳ аз нав ба вохӯриҳо рафтанро сар мекунам.

Ин қарорам аз ду ҷиҳат нодуруст буд. Якум, ман фикр мекардам, ки бо гузашти вақт азми ман суст намешавад. Лекин дере нагузашта ман рӯҳан суст шудам ва аз Яҳува дур шудан гирифтам. Дуюм, ман фикр мекардам, ки агар ин хел кунам, падару модарам ором мешаванду маро ба ҳоли худ мегузоранд. Аммо дар асл вазъият боз ҳам бадтар шуд. Волидонам маро маҷбур карданд, ки аз ҳар чизе ки бо ибодати Яҳува алоқаманд аст, даст кашам.

КӮМАК ВА МУҚОБИЛИЯТ

Дар Толори Салтанат ман бо бисёр Шоҳидоне вохӯрдам, ки аъзои оилаашон ба онҳо муқобилият карда буданд. Онҳо гуфтанд, ки Яҳува маро дастгирӣ мекунад (Мат. 10:34–37). Онҳо ба ман фаҳмонданд, ки агар ман ба Яҳува содиқ монам, он вақт падару модарам метавонанд ба ҳақиқат биёянд. Ман мехостам, ки ба Яҳува такя кунам, барои ҳамин ба Ӯ гарму самимӣ дуо гуфтан гирифтам.

Волидонам бо роҳҳои гуногун муқобилат мекарданд. Модарам зориву илтиҷо мекард, ки дигар омӯзиш накунам ва маро ташвиқ менамуд, то аз ин роҳ гардам. Бисёр вақт ман хап мешиштам. Вақте ман чизе мегуфтам, одатан ҳар дуямон асабонӣ мешудем ва кӯшиш мекардем, ки ҳақ будани худро исбот кунем. Акнун ман дарк мекунам, ки агар он вақт нисбати ҳиссиёт ва эътиқоди модарам ҳурмату эҳтироми бештар нишон медодам, он гоҳ вазъият дар хонаамон оромтар мешуд. Падару модарам ба ман корҳои бисёр месупурданд, то ман аз хона баромада натавонам. Баъзан бошад, онҳо дари хонаро қулф мекарданд, то ман даромада натавонам ва бароям ягон чизи хӯрданӣ намемонданд.

Модарам барои аз роҳ гардондани ман аз дигарон ёрдам мепурсид. Ӯ бо муаллими ман гап зад, лекин ӯ ҳеҷ кадоми моро тарафгирӣ накард. Боз ӯ маро гирифта назди раисаш бурд, то ӯ ба ман исбот кунад, ки ҳамаи динҳо бефоидаанд. Модарам ба бисёре аз хешу табор занг мезад ва нолаву зорӣ мекард, ки ба ӯ ёрдам кунанд. Ман аз ин хеле зиқ мешудам. Лекин пирони ҷамъомад маро ором карда мегуфтанд, ки модарат худаш надониста ба одамони зиёд шаҳодат дода истодааст.

Ман боз бо як душворӣ рӯ ба рӯ шудам. Падару модарам мехостанд, ки ман ба донишгоҳ дохил шавам, то дар оянда ҷойи кори хуб ёбам. Онҳо фикр мекарданд, ки ин ба ман кӯмак мерасонад. Вақте мо дар ин бора сӯҳбат мекардем, асабонӣ мешудем, барои ҳамин ман ба волидонам якчанд мактуб навиштам ва мақсадҳои худро фаҳмондам. Падарам ба қаҳр омада ба ман гуфт: «Агар фикр кунӣ, ки ту ҷойи кор ёфта метавонӣ, худи пагоҳ ин корро кун. Агар натавонӣ, аз хона баромада рав». Ман дар ин бора ба Яҳува дуо гуфтам. Рӯзи дигар, вақте ман дар хизмат будам, ду хоҳар ба ман гуфтанд, ки мехоҳанд, то ман ба фарзандонашон дарс диҳам. Падарам аз ин хурсанд набуд. Ӯ бо ман қаҳрӣ шуд ва бо ман дигар гап намезад. Модарам гуфт, ки беҳтараш ман ҷинояткор мешудам, на Шоҳиди Яҳува.

Ба туфайли кӯмаки Яҳува ман чӣ кор карданамро медонистам

Баъзан ман фикр мекардам, ки шояд Яҳува мехоҳад, то ман хоҳишҳои падару модарамро бештар ба назар гирам. Барои ҳамин ман ба Яҳува бисёр дуо мегуфтам ва аз Китоби Муқаддас дар бораи муҳаббати Ӯ хонда мулоҳиза мерондам. Ба туфайли ин ман дарк кардам, ки сабаби ин муқобилат ғамхории самимии онҳост ва акнун ман медонистам, ки чӣ кор кунам. Ҳамчунин ман дар хизмат бисёртар иштирок кардан гирифтам ва аз ин хурсандии бештар ҳис мекардам. Муҳаббати ман нисбати хизмат бештар шуд ва ман хостам, ки пешрав шавам.

ЧУН ПЕШРАВ ХИЗМАТ МЕКУНАМ

Вақте баъзе хоҳарон фаҳмиданд, ки ман пешрав шуданиям, ба ман маслиҳат доданд, ки саросема нашавам. Ба фикри онҳо, хуб мешуд, ки аввал падару модарам каме ором шаванд, баъд ман пешрав шавам. Ман аз Яҳува хирад мепурсидам, тадқиқот мегузарондам, ниятҳоямро тафтиш мекардам ва бо хоҳару бародарони рӯҳан баркамол сӯҳбат мекардам. Баъд ман дарк кардам, ки мехоҳам пеш аз ҳама дили Яҳуваро шод кунам. Ҳамчунин ман мефаҳмидам, ки ҳатто агар хизмати пешравиро каме ба қафо партоям ҳам, муқобилияти волидонам камтар намешавад.

Соли охири таҳсил дар мактаб ман пешрав шудам. Ман каме хизмат кардам ва хостам ба ҷое кӯчам, ки он ҷо ба воизон ниёзи бештар аст. Лекин модару падарам намехостанд, ки ман аз хона равам. Барои ҳамин ман то синни бистсолагӣ интизор шудам. Барои хотирҷамъии модарам ман аз филиал хоҳиш кардам, ки маро ба ҷануби Ҷопон таъин кунанд, чунки дар он ҷо хешу таборамон зиндагӣ мекарданд.

Дар он ҷо якчанд касе ки ман бо онҳо омӯзиш кардам, таъмид гирифтанд. Ҳамзамон ман барои васеъ кардани доираи хизматам забони англисиро омӯхтам. Дар ҷамъомади мо ду бародаре буданд, ки чун пешрави махсус хизмат мекарданд. Ман медидам, ки чӣ тавр онҳо хизмат мекунанд ва аъзоёни ҷамъомадро дастгирӣ менамоянд. Ғайрати онҳоро дида ҳавасам меомад. Ҳамин тавр дар дилам хоҳиш пайдо шуд, ки пешрави махсус шавам. Дар давоми ин вақт модарам ду бор сахт касал шуд. Ҳар ду дафъа ҳам, ман ба хона баргаштам ва ӯро нигоҳубин кардам. Ин рафторам ба ӯ сахт таъсир кард ва муносибаташ камакак мулоим шуд.

БАРАКАТ БОЛОИ БАРАКАТ

Дар боло ман дар бораи ду пешрави махсусе гуфта будам, ки дар ҷамъомади мо хизмат мекарданд. Баъди ҳафт сол ба ман яке аз онҳо, ки Атсуши ном дошт, мактуб фиристод. Ӯ оиладор шудан мехост ва аз ман пурсид, ки ман дар бораи оиладоршавӣ чӣ фикр дорам. Ман нисбати ӯ ягон ҳиссиёт надоштам ва боварӣ доштам, ки ӯ ҳам нисбати ман ҳиссиёт надорад. Баъди як моҳ ман ба ӯ мактуб навиштам ва гуфтам, ки мехостам бо ӯ аз наздик шинос шавам. Мо фаҳмидем, ки мақсадҳои якхела дорем. Мо мехостем дар хизмати пурравақт монем ва дар куҷое ки лозим бошад, хизмат кунем. Баъд мо оиладор шудем. Ман хеле хурсанд будам, ки падару модарам ва дигар хешовандонам ба тӯямон омаданд.

Непал

Мо ҳар дуямон чун пешрави доимӣ хизмат мекардем. Дере нагузашта Атсуширо ҷонишини нозири ноҳиявӣ таъин карданд. Баъдтар мо соҳиби баракатҳои дигар шудем. Ҳар дуи моро пешрави махсус таъин карданд, баъдтар бошад, Атсуши нозири ноҳиявӣ таъин шуд. Вақте мо тамоми ҷамъомадҳои маҳалламонро хабар гирифтем, аз филиал ба мо занг заданд. Онҳо пурсиданд, ки оё мо тайёрем, ки хизмати худро дар Непал давом диҳем.

Дар мамлакатҳои гуногун хизмат карда ман дар бораи Яҳува чизҳои бисёреро омӯхтам

Ман хавотир будам, ки волидонам нисбати ба Непал кӯчидани ман чӣ гуна муносибат мекунанд. Ман ба онҳо занг задам ва падарам чунин гуфт: «Шумо ба ҷойи нағз меравед». Як ҳафта пеш рафиқаш ба ӯ китоберо дар бораи Непал тӯҳфа карда будааст ва он ба ӯ маъқул шудааст. Падарам фикр кардааст, ки Непал барои сафар ҷойи хуб аст.

Ба мо дар байни одамони меҳрубони Непал хизмат кардан маъқул буд. Лекин ин охирон баракат набуд. Моро вазифадор карданд, ки на танҳо ҷамъомадҳои Непал, балки Бангладешро низ хабар гирем. Ҳарчанд Бангладеш ба Непал наздик буд, онҳо аз якдигар сахт фарқ мекарданд. Хизмат дар он ҷо рангорангу шавқовар буд. Баъди панҷ соли хизмат моро боз ба Ҷопон таъин карданд.

Дар Ҷопон, Непал ва Бангладеш хизмат карда дар бораи Яҳува чизҳои бисёреро омӯхтам. Ҳар як мамлакат фарҳангу маданият ва урфу одатҳои худро дорад ва ҳар яки онҳо ба таври худ нотакроранд. Ва дар ҳар мамлакат одамон аз якдигар фарқ мекунанд ва ҳар яки онҳо беҳамтоянд. Ман бо чашмони худ медидам, ки Яҳува ғами ҳар як одамро мехӯрад, ҳамаи онҳоро қабул мекунад ва баракат медиҳад.

Яҳува дар ҳақиқат ба ман баракатҳои зиёде ато кардааст. Ӯ ба ман ҳақиқатро кушод, имконият дод, ки ба Ӯ хизмат кунам ва соҳиби шавҳари хуб шавам. Яҳува роҳбарӣ мекард, ки ман қарорҳои дуруст қабул кунам ва ба туфайли ин ман бо Ӯ ва оилаам муносибати хуб дорам. Ман аз Яҳува миннатдорам, ки бо модарам аз нав дӯст шудем. Ман хеле хурсандам, ки бо Яҳува ва модарам сулҳро нигоҳ доштам.

Ману шавҳарам аз хизмати худ хурсандии бисёр мегирифтем