Оё шумо дар хотир доред?
Оё шумораҳои охирини «Бурҷи дидбонӣ»-ро бодиққат хонда будед? Пас, худро санҷед, ки ба саволҳои зерин ҷавоб дода метавонед ё не:
Барои ба муҳаббати Худо пайравӣ кардан мо бояд бо дигарон чӣ гуна муносибат кунем?
Мо бояд худро ба ҷои ҳамимонамон гузорем ва аз худ бипурсем: «Агар ман ба ҷои каси дигар мебудам, чӣ гуна рафторро аз дигарон интизор мешудам?» (15.5 [bw558], саҳ. 25).
Ҷуҷ аз замини Моҷуҷ, ки дар борааш дар китоби Ҳизқиёл гуфта шудааст, кист?
Ҷуҷ аз замини Моҷуҷ ин на Шайтон, балки иттиҳоди халқҳо мебошад, ки баъди саршавии мусибати бузург қасди куштани халқи Худоро мекунад (15.5 [bw558], саҳ. 29, 30).
Чӣ тавр ҳангоми душвориҳо мо мувофиқи Ибриён 10:36 амал карда метавонем?
Дар дуо аз Яҳува кӯмак пурсем, муносибатамонро бо ҳамимононамон наздиктар кунем, аз пирони ҷамъомад кӯмак пурсем ва бо хизмати Яҳува банд бошем (15.6 [bw559], саҳ. 30, 31).
Мӯъҷизаҳои Исо чиро нишон медоданд?
Ҳангоми тӯй дар шаҳри Қонои Ҷалил Исо тахминан 380 литр обро ба шароб табдил дод. Бори дигар ӯ зиёда аз панҷ ҳазор нафарро сер кард (Мат. 14:14–21; Юҳ. 2:6–11). Дар ҳар ду маврид ӯ ба саховатмандии Падараш пайравӣ намуд (15.6 [bw559], саҳ. 4, 5).
Чӣ тавр шумо дар айёми пиронсолӣ ҳам ба Яҳува хизмат карда метавонед?
Ба туфайли дуогӯӣ, омӯзиши Каломи Худо ва ба вохӯриҳои ҷамъомад рафтан имони худро мустаҳкам нигоҳ дошта метавонед. Дар бораи имкониятҳое ки барои шаҳодатдиҳӣ доред, фикр кунед (15.7 [bw560], саҳ. 12, 13).
Оё ҳангоми нест шудани Бобили бузург ҳама пайравони динҳои дурӯғ нобуд карда мешаванд?
Аз афташ, не. Аз Закарё 13:4–6 маълум мешавад, ки ҳатто баъзе пешвоёни динӣ инкор карда хоҳанд гуфт, ки ҳеҷ гоҳ ба дини дурӯғ тааллуқ надоштанд (15.7 [bw560], саҳ. 15, 16).
Масеҳиён дар бораи чӣ мулоҳиза ронда метавонанд?
Баъзе чизҳо ин офаридаҳои Яҳува, арзиши Каломи илҳомбахшидаи Ӯ, имконияти пуршарафи дуо гуфтан ва фидия мебошад (15.8 [bw561], саҳ. 10–13).
Чӣ тавр дар мавриди мулоқоту шиносоӣ мо бояд аз «ёрони бад» дурӣ ҷӯем?
Мо мехоҳем бо шахсоне ки ҳамимонамон нестанд, меҳрубону хушмуомила бошем. Лекин агар бо шахсе мулоқот кунем, ки ҳаёташро ба Худо набахшидаасту мувофиқи меъёрҳои Ӯ зиндагӣ намекунад, принсипи Худоро вайрон мекунем (1 Қӯр. 15:33) (15.8 [bw561], саҳ. 25).
Чӣ тавр имони Петрус суст шуд?
Петрус дар рӯи об роҳ гашта назди Исо рафт (Мат. 14:24–32). Лекин вақте ба боди шадид нигоҳ кард, ӯ ба тарсу ҳарос дода шуд. Сипас Петрус диққаташро аз нав ба Исо равона сохт ва ёрдами ӯро қабул кард (15.9 [bw562], саҳ. 16, 17).
Аз кадом ҷиҳат Марто барои мо намунаи огоҳкунанда аст?
Боре Марто дар бораи тайёр кардани хӯрок аз ҳад зиёд ташвиш мекашид. Исо ба ӯ гуфт, ки хоҳараш кори дуруст кардааст, чунки таълими ӯро гӯш мекунад. Мо набояд гузорем, ки чизҳои камаҳамият диққатамонро аз хизмати Яҳува дур созанд (15.10 [bw563], саҳ. 18–20).
Ҳангоми фиристодани ягон маълумот ба воситаи Интернет чӣ тавр амал кардан лозим аст?
Мо бояд маълумотеро, ки ба мо зуд-зуд равона мекунанд, тафтиш кунем. Санҷида баромадани он ки ин ё он хабар рост аст ё не, вақтро мегирад. Барои ҳамин хуб мебуд, ки ҳангоми паҳн кардани ягон хабар ба воситаи Интернет аз рӯи чунин маслиҳат рафтор кунем: «Аниқ надонӣ, нафирист!» (15.10 [bw563], саҳ. 30–32).