Сад соли ҳукмронии Салтанат!
«Худои осоиштагӣ... бигзор шуморо дар ҳар кори нек барои иҷрои иродаи Ӯ комил гардонад» (ИБР. 13:20, 21).
1. Кори мавъиза барои Исо то чӣ андоза муҳим буд? Фаҳмонед.
ИСО дар бораи Салтанат гап заданро дӯст медошт. Дар Китоби Муқаддас ӯ дар ин бора зиёда аз сад бор, яъне бештар аз дигар мавзӯъҳо гап задааст. Ин нишон медиҳад, ки мавзӯи Салтанат барои Исо хеле азиз аст. (Матто 12:34-ро бихонед.)
2. Амри Исоро, ки дар Матто 28:19, 20 навишта шудааст, эҳтимол чанд нафар шунид?
2 Чанде пас аз эҳёшавиаш Исо бо зиёда аз 500 нафар вохӯрд (1 Қӯр. 15:6). Шояд маҳз ҳамон вақт ӯ ба онҳо амр дод, ки ба «ҳамаи халқҳо» хабари Салтанатро расонанд. Ин супориши хеле душворе буд *. Исо пешгӯӣ кард, ки ин кор то «охирзамон» давом мекунад ва ҳамин тавр ҳам шуд. Шояд шумо ҳам дар иҷрошавии ин пешгӯӣ иштирок карда истодаед (Мат. 28:19, 20).
3. Кадом се чиз ба мо дар мавъизаи хушхабар кӯмак расонд?
3 Баъд аз он ки Исо ба шогирдонаш супориши мавъиза карданро дод, ӯ ба онҳо гуфт: «Ман... бо шумо ҳастам» (Мат. 28:20). Ҳамин тавр Исо ваъда дод, ки кори мавъизаро роҳбарӣ мекунад ва ба онҳо кӯмак мерасонад, ки ба ҳамаи халқҳо шаҳодат диҳанд. Дар ин кор Яҳува низ бо мост. Худоямон моро барои иҷрои иродаи худ бо ҳар чизи лозима таъмин мекунад (Ибр. 13:20, 21). Дар ин мақола мо се чизеро дида мебароем, ки дар иҷрои хости Худо ба мо кӯмак расонида буданд: 1) асбобҳо, 2) усулҳо ва 3) таълим. Биёед аввал асбобҳоеро дида бароем, ки тӯли сад соли охир истифода мебурдем.
АСБОБҲО
4. Чаро мо дар кори мавъиза асбобҳои гуногунро истифода мебурдем?
4 Исо хабари Салтанатро ба тухме ки дар замини гуногун кошта шудааст, монанд кард (Мат. 13:18, 19). Барои тайёр кардани замин деҳқон асбобҳои гуногунро истифода мебарад. Монанди ин Подшоҳамон ба мо асбобҳои гуногунро дод, то ки дилҳои одамонро барои қабул кардани хушхабар тайёр кунем. Баъзе асбобҳо муддати кӯтоҳе фоида оварданд, дигаронашон бошанд, то ҳол истифода бурда мешаванд. Ҳамаи онҳо ба мо кӯмак карданд, ки қобилияти мавъизакунии худро беҳтар гардонем.
5. Варақаи шаҳодатдиҳӣ чист ва онро чӣ тавр истифода мебурданд?
5 Соли 1933 воизон варақаи шаҳодатдиҳиро истифода бурдан гирифтанд. Он ба бисёриҳо дар сар кардани мавъиза кӯмак мерасонд. Дар ин варақи хурд хабари сода ва кӯтоҳе дар асоси Китоби Муқаддас навишта шуда буд. Баъзан варақаи наве аз чоп мебаромад, ки дар он матни нав навишта шуда буд. Вақте бародарамон Эрленмейер якум бор чунин варақаро истифода бурд, ҳамагӣ даҳсола буд. Ӯ нақл мекунад: «Одатан мо гапро чунин сар мекардем: “Лутфан, чизи дар ин варақа навиштаро бихонед”. Баъд аз он ки соҳибхона онро мехонд, мо ба ӯ адабиётро пешкаш мекардем ва баъд аз пешаш мерафтем».
6. Чӣ тавр варақаи шаҳодатдиҳӣ фоидабахш буд?
6 Варақаи шаҳодатдиҳӣ дар мавридҳои гуногун кӯмак мекард. Гарчанде ки бисёри воизон хоҳиши сахти мавъиза карданро доштанд, онҳо аз сабаби шармгинӣ чӣ гуфтанашонро намедонистанд. Баъзеи дигар бошанд, сергап буданд. Онҳо дар якчанд дақиқа ҳама чизи медонистагиашонро ба соҳибхона мегуфтанд, аммо пешниҳоди онҳо на ҳамеша боадабона буд. Дар варақа бошад, ин хабар бо якчанд сухани кӯтоҳу равшан фаҳмонда шуда буд. Ҳамин тавр варақа ба ҷои воизон «мавъиза мекард».
7. Баъзеҳо ҳангоми истифодаи варақа бо чӣ гуна душвориҳо рӯ ба рӯ мешуданд?
7 Ин шакли мавъиза душвориҳои худро низ дошт. Хоҳарамон Грейс Истеп мегӯяд: «Баъзан одамон аз мо мепурсиданд: “Дар ин ҷо чӣ гуфта шудааст? Инро бо суханони худ гуфта метавонед?”» Баъзеҳо бошанд, он чизеро ки дар варақа навишта шуда буд, хонда наметавонистанд. Дигарон фикр мекарданд, ки мо варақаро тӯҳфа кардем, барои ҳамин онро гирифта дарашонро мепӯшиданд. Баъзеи дигар аз қаҳру ғазаб варақаро пора-пора мекарданд. Ба ин душвориҳо нигоҳ накарда варақа ба Шоҳидон кӯмак мекард, ки ба одамон мавъиза кунанд ва чун воизони Салтанат шинохта шаванд.
8. Фонографҳои хурд чӣ тавр истифода бурда мешуданд? (Ба расми аввали мақола нигаред.)
8 Як асбоби дигаре ки дар солҳои 1930-юм ва аввали 1940-ум истифода мешуд, фонографи хурд буд. Баъзе бародарон онро Ҳорун номида буданд, Хуруҷ 4:14–16-ро бихонед.) Бо иҷозати соҳибхона воиз сабти овозиеро мегузошт, ки дар он ягон мавзӯи Китоби Муқаддас дар муддати чору ним дақиқа муҳокима мешуд. Баъд аз гӯш кардани сабт ба соҳибхона ягон адабиёт пешкаш мекарданд. Баъзан барои гӯш кардани чунин сабтҳо ҳатто якчанд оила якҷоя ҷамъ меомаданд! Соли 1934 Ҷамъияти Бурҷи дидбонӣ махсус барои кори мавъиза фонографҳои хурд баровардан гирифт. Ҳамагӣ ташкилоти мо дар 92 мавзӯи Китоби Муқаддас сабти овозӣ бароварда буд.
чунки фонограф ба ҷои воизон сухан мегуфт. (9. Истифодаи фонограф чӣ фоида овард?
9 Боре воизе ба як мард, ки номаш Ҳилари Гослин буд, сабти яке аз нутқҳои фонографро монд. Он чизе ки Ҳилари шунид, ба вай чунон маъқул шуд, ки хост ба дигарон ҳам нақл кунад. Ӯ аз воиз хоҳиш кард, то ба муддати як ҳафта фонографро ба ӯ диҳад, то ҳамсоягонашро бо хушхабари Салтанат шинос кунад. Воиз розӣ шуд. Вақте ӯ ба назди Ҳилари баргашт, дид, ки якчанд шавқманди дигар ӯро интизоранд. Бо гузашти вақт баъзеи онҳо ҳақиқатро қабул карданду таъмид гирифтанд. Ду духтари бародар Ҳилари баъди чандин сол дар Мактаби Ҷилъод хонданд ва миссионер таъин гардиданд. Ба монанди варақаи шаҳодатдиҳӣ фонограф ба бисёриҳо дар мавъизаи хушхабар кӯмак мерасонд. Баъдтар бошад, Исо ба воситаи Мактаби таълими мавъиза ба ходимонаш тарзи дурусти шаҳодатдиҳиро меомӯзонд.
УСУЛҲО
10, 11. Чӣ тавр барои мавъизаи хушхабар аз рӯзнома ва радио истифода бурдем ва чаро ин усулҳо самаранок буданд?
10 Зери роҳбарии Подшоҳамон мо усулҳои гуногунеро истифода бурдем, то хушхабарро ба шумораи ҳар чи зиёди одамон расонем. Ин усулҳо бароямон кӯмаки саривақт буданд. Онҳо хусусан вақти кам будани воизони Салтанат кӯмак расонданд. (Матто 9:37-ро бихонед.) Дар аввали асри 20 барои паҳн кардани хушхабар дар ҷойҳое ки воизони Салтанат кам буданд, рӯзномаҳоро истифода мебурданд. Ҳар ҳафта Чарлз Тейз Рассел нутқи худро ба муассисаи иттилоотӣ мефиристод. Муассиса бошад, нутқи ӯро ба рӯзномаҳои ИМА, Канада ва Аврупо равон мекард. Соли 1913 нутқҳои бародар Рассел дар 2000 рӯзнома паҳн мешуд ва онҳоро 15 000 000 одам хонда метавонист!
11 Дар паҳн кардани хушхабар радио низ нақши хеле муҳимро бозидааст. Шонздаҳуми апрели соли 1922 бародар Рутерфорд бо яке аз нутқҳои аввалини худ дар радио баромад кард ва 50 000 нафар ин барномаро гӯш мекарданд. Дере нагузашта радиостансияи ташкилотамон ба кор даромад (WBBR). Барномаи аввали он 24-уми феврали соли 1924 пахш гардид. Дар бораи ин усули паҳн кардани хушхабар дар «Бурҷи дидбонӣ» (англ.) аз 1-уми декабри соли 1924 чунин гуфта шуд: «Ба фикри мо, аз байни он воситаҳое ки то ин дам барои паҳн кардани ҳақиқат истифода мебурдем, аз ҳама камхароҷот ва самаранок радио мебошад». Ба монанди рӯзнома радио кӯмак мекард, ки одамони зиёд дар ҷойҳое ки воизон кам буданд, хушхабарро шунаванд.
12. а) Кадом тарзи хизмат дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ба шумо бештар маъқул аст? б) Чӣ ба мо кӯмак мерасонад, ки тарсамонро бартараф карда, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ мавъиза кунем?
12 Як тарзи хуби дигар, ки мо имрӯз барои ба одамон расондани хушхабар истифода мебарем, шаҳодатдиҳӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ мебошад. Бо ин роҳ мо ба одамоне ки дар истгоҳи автобусҳо ва роҳи оҳан, истгоҳи мошинҳо, хиёбонҳо 2 Қӯринтиён 12:9, 10-ро бихонед.)
ва бозорҳо мебошанд, мавъиза карда метавонем. Оё шумо аз хизмат дар ҷойҳои ҷамъиятӣ метарсед? Пас, дуо гӯед ва дар бораи суханони бародар Анҷелу Марена, ки солҳои зиёд нозири ноҳиявӣ буд, мулоҳиза ронед: «Мо ба ҳар тарзи нави хизмат чун ба имконияти наве менигаристем, ки ба Яҳува хизмат кунем, вафодориамонро ба Ӯ нишон диҳем ва беайбиамонро нигоҳ дорем. Барои ҳамин мо тайёр будем, ки дар куҷое Яҳува хоҳад, хизмат кунем». Вақте мо бо омодагӣ бо тарзи нави хизмат машғул мешавем, ҳатто, агар он ба мо он қадар маъқул набошад ҳам, имонамон ба Яҳува мустаҳкам мегардад ва мо ба Ӯ боз ҳам наздиктар мешавем. (13. Чаро истифодаи вебсайтамон дар мавъиза самаранок аст? Аз таҷрибаи худ ягон воқеа нақл кунед.
13 Бисёр воизон суроғаи сайтамонро ба одамон медиҳанд, ки дар он ҷо маълумоти бар Китоби Муқаддас асосёфтаро ба 700 забон хондан ва гирифтан мумкин аст. Ҳар рӯз қариб 1,6 миллион нафар ба сайти мо медарояд. Солҳои пеш хушхабар ба воситаи радио ба одамоне ки дар ҷойҳои дурдаст зиндагӣ мекарданд, расонида мешуд. Имрӯз бошад, ин кор ба воситаи вебсайтамон карда мешавад.
ТАЪЛИМ
14. Ба воизон чӣ гуна таълим даркор буд ва кадом мактаб ба онҳо дар ин кӯмак кард?
14 Мо якчанд усулро дида баромадем, ки дар паҳн кардани хушхабар ба мо кӯмак расонданд. Аммо ба воизон таълими махсус лозим буд. Масалан, агар соҳибхона варақаро хонда норозигӣ баён менамуд ва ё шавқ зоҳир мекард, воиз бояд чӣ мегуфт? Воизон бояд боадабона ба норозигиҳо ҷавоб гуфта метавонистанд ва одамонро моҳирона таълим медоданд. Бо боварӣ гуфтан мумкин аст, ки рӯҳи муқаддас ба бародар Норр кӯмак кард, ки диққаташро ба таълими воизон равона кунад, то аз онҳо омӯзгорони хуб тайёр кунад. Лекин ба воситаи чӣ онҳоро таълим додан мумкин буд? Ба воситаи Мактаби таълими мавъиза, ки дар ҷамъомадҳо бори аввал соли 1943 ташкил шуд. Ин мактаб ба ҳама воизон кӯмак мекард, ки муаллимони бомаҳорат шаванд.
15. а) Ҳангоми баромад кардан дар Мактаби таълими мавъиза баъзеҳо чӣ гуна душвориҳоро паси сар мекарданд? б) Чӣ тавр шумо ҳақ будани ваъдаи Яҳуваро, ки дар Забур 31:8 навишта шудааст, дар ҳаёти худ ҳис кардед?
15 Барои бисёри бародарон дар пеши одамон баромад кардан душвор буд. Забур 31:8-ро бихонед.)
Бародар Ҳулио Раму нутқи аввалини худро, ки соли 1944 гуфта буд, ба хотир меорад. Нутқ дар бораи марде бо номи Дӯаг буд, ки дар борааш танҳо дар чор ояти Китоби Муқаддас гуфта шудааст. Бародар Раму мегӯяд: «Дасту поям меларзид. Ларзида-ларзида ман нутқамро... ба поён расондам. Ин бори аввал буд, ки ман дар саҳна баромад кардам. Аммо ба тарсу ҳаяҷон нигоҳ накарда ман нутқ гуфтанро бас накардам». Кӯдакон низ худро дар Мактаб менависонданд, ҳарчанд барояшон нутқ гуфтан осон набуд. Бародар Анҷелу Манера, ки дар боло зикр гардида буд, ба хотир меорад, ки вақте як писарак нутқи аввалинашро гуфт, чӣ рӯй дод: «Ӯ чунон ба ҳаяҷон омада буд, ки фиқ-фиқ карда гиря кард. Лекин, азбаски ӯ мехост баромадашро тамом кунад, гирякунон то охир нутқашро гуфт». Шояд шумо аз шарм ё дигар сабаб дар ҷамъомадҳо иштирок намекунед ё шарҳ намедиҳед. Агар ин хел бошад, аз Яҳува кӯмак пурсед ва Ӯ, чуноне ки ба он омӯзандагони аввали Мактаби таълими мавъиза ёрдам кард, ба шумо низ ёрдам мекунад. (16. Дар гузашта ба Мактаби Ҷилъод кӣ даъват мешуд? Имрӯз чӣ?
16 Ба ғайр аз Мактаби таълими мавъиза дар ташкилоти мо дигар мактабҳо ҳам ҳастанд, масалан Мактаби Ҷилъод. Яке аз мақсадҳои ин мактаб зиёд кардани хоҳиши мавъизакунӣ дар таҳсилкунандагон мебошад. Мактаби Ҷилъод соли 1943 кушода шуд ва аз он замон инҷониб 8500 нафар дар он таълим гирифтанд ва ба 170 мамлакат таъин гардиданд. Аз соли 2011 сар карда ба ин мактаб пешравони махсус, нозирони ноҳиявӣ, ходимони Байт-Ил ва миссионерҳое ки ҳанӯз дар ин мактаб нахондаанд, даъват мешаванд.
17. Таълими Мактаби Ҷилъод чӣ фоида овард?
17 Оё таълими Мактаби Ҷилъод фоида овард? Бале. Мисоли Ҷопон инро хуб нишон медиҳад. Моҳи августи соли 1949 дар Ҷопон ҳатто даҳ воиз ҳам набуд. Дар охири ҳамон сол 13 миссионер, ки дар Мактаби Ҷилъод таълим гирифта буданд, дар он ҷо мавъиза мекарданд. Имрӯз бошад, дар Ҷопон тақрибан 216 000 воиз бо кори мавъиза банд мебошанд, ки қариб нисфашон пешраванд.
18. Дар ташкилоти мо боз кадом мактабҳо вуҷуд доранд?
18 Мо мактабҳои дигар низ дорем, ба монанди Мактаби хизмат ба Салтанати Худо, Мактаби пешравон, Мактаб барои воизони Салтанат, Мактаб барои нозирони ноҳиявӣ ва ҳамсаронашон, Мактаб барои аъзоёни Кумитаи филиалҳо ва ҳамсаронашон. Ба туфайли ин мактабҳо бародару хоҳарон таълими лозима гирифтанд ва имони онҳо қавӣ гашт. Равшан аст, ки Подшоҳамон тобеонашро таълим дода истодааст.
19. Бародар Рассел дар бораи кори мавъиза чӣ гуфт ва чӣ тавр суханони ӯ рост баромаданд?
19 Салтанати Худо аллакай сад сол ҳукмронӣ карда истодааст. Подшоҳи мо — Исои Масеҳ тӯли ин солҳо кори мавъизаро роҳбарӣ мекард. Соли 1916, каме пеш аз марги худ, Чарлз Тейз Рассел умед зоҳир кард, ки хушхабар дар тамоми олам паҳн мешавад. Ӯ гуфт: «Суръати кори мавъиза торафт бештар шуда истодааст ва минбаъд низ паҳн шудан мегирад, чунки “Инҷили Малакут” бояд дар тамоми дунё мавъиза шавад» («Мубориза барои имон» (англ.), А. Ҳ. Макмиллан, саҳ. 69). Суханони бародар Рассел рост баромаданд! Мо аз Яҳува, Худои осоиштагӣ миннатдорем, ки ба мо ҳар чизи лозимаро медиҳад, то хости Ӯро ба ҷо оварем!
^ сарх. 2 Аз афташ, аксари он одамон масеҳӣ гаштанд. Дар номаи худ Павлус онҳоро «панҷсад нафар бародарон» меномад. Ӯ боз илова мекунад: «Қисми зиёди онҳо то ҳол зиндаанд, вале баъзе вафот кардаанд». Аз ин бармеояд, ки Павлус ва дигар масеҳиёни асри як бо одамоне ки амри мавъиза карданро аз даҳони Исо шунида буданд, шинос буданд.