Оё шумо медонед?
Оё рост аст, ки дар Исроили қадим ҷангалҳои зиёд буданд?
ДАР Китоби Муқаддас гуфта мешавад, ки баъзе ҷойҳои Замини ваъдашуда ҷангалзор буд ва дарахтони зиёд дошт (Еҳ. 17:15, 18; 3 Подш. 10:27). Аммо имрӯз он ҳама дарахту дарахтзор нест шудааст. Барои ҳамин баъзе одамон шубҳа доранд, ки оё дар ҳақиқат дар Исроили қадим ҷангалҳои зиёд мавҷуд буд ё не.
Дар як китоби таърихӣ гуфта мешавад, ки «дар Исроили қадим нисбат ба замони ҳозира ҷангалҳои бештар вуҷуд доштанд» (Life in Biblical Israel). Теппаҳо аз санавбарони ерусалимӣ (Pinus halepensis), булути ҳамешасабз (Quercus calliprinos) ва як навъ пистаи ёбоӣ (Pistacia palaestina) пур буданд. Дар Шефило дар доманаи кӯҳҳои байни қаторкӯҳҳои марказӣ ва соҳили баҳри Миёназамин дарахтони ҷумиз зиёд мерӯид.
Дар китобе бо номи «Растаниҳои Китоби Муқаддас» гуфта мешавад, ки дар баъзе маҳаллҳои Исроил дар рӯзҳои мо қариб ки дарахтзор намондааст (Plants of the Bible). Сабабаш чист? Дар ин китоб гуфта мешавад, ки одамон барои ҳезум ва масолеҳи сохтмонӣ дарахтҳоро мебуриданд. Барои ниёзҳои хоҷагии қишлоқ ва чарогоҳҳои худ онҳо ҷангалҳоро нест кардан гирифтанд ва бо гузашти вақт аксарияти онҳо аз байн рафт.