Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

«Шуморо сабр лозим аст»

«Шуморо сабр лозим аст»

БАЪДИ он ки Анита * таъмид гирифт, шавҳараш ба ӯ муқобилияти сахт нишон дод. Анита нақл мекунад: «Ӯ намемонд, ки ман ба вохӯриҳо равам ва ҳатто ба забон овардани номи Худоро манъ карда буд. Ҳар гоҳе ки ман номи Яҳуваро ба забон меовардам, ӯ сахт дарғазаб мешуд».

Илова бар ин, шавҳари Анита намехост, ки ӯ ба кӯдакон дар бораи Яҳува таълим диҳад ва онҳоро ба ҷамъомад барад. Вазъият дар хонаи онҳо хеле душвор буд, чунки ӯ кӯшиш мекард, ки фарзандонашро пинҳонӣ аз шавҳараш таълим диҳад.

Чи хеле ки аз мисоли Анита дидем, баъзан аъзоёни оила кӯшиш мекунанд, ки моро аз хизмати Яҳува боздоранд. Лекин душвориҳои дигаре низ ҳастанд, ки беайбии моро зери озмоиш мегузоранд. Масалан, бемории дурудароз, марги фарзанд ё ҳамсар ва аз Яҳува дур шудани аъзои оила. Чӣ ба масеҳиён кӯмак карда метавонад, ки дар чунин вазъиятҳо ба Яҳува содиқ бимонанд?

Агар шумо бо чунин душвориҳо рӯ ба рӯ шавед, чӣ кор карда метавонед? Павлуси ҳавворӣ гуфт: «Шуморо сабр лозим аст» (Ибр. 10:36). Лекин чӣ ба шумо кӯмак мекунад, ки дар чунин ҳолатҳо сабру тоқатро аз даст надиҳед?

ДАР ДУО АЗ ЯҲУВА КӮМАК ПУРСЕД

Дар хотир доред, ки барои тоб овардан ба душвориҳо шумо ба кӯмаки Яҳува мӯҳтоҷед. Дар дуо аз Ӯ кӯмак пурсед. Биёед мисолеро дида бароем. Ҳангоми нисфирӯзии рӯзи душанбе ба сари Ана як нохушие омад. Баъди 30 соли оиладориашон шавҳари ӯ аз ҷои кораш ба хона барнагашт. Хоҳар дар бораи марги бармаҳали шавҳараш мегӯяд: «Ӯ ҳанӯз 52-сола буд».

Ана ба озмоиш чӣ гуна тоб овард? Ӯ аз нав ба ҷои кораш баргашт. Ва ин ба ӯ кӯмак кард, ки дарду аламашро фаромӯш кунад. Ӯ мегӯяд: «Ман диламро ба Яҳува холӣ мекардам ва аз Ӯ илтиҷо менамудам, ки барои тоб овардан ба ин рӯзи сахт қувват диҳад». Оё Яҳува ба дуоҳои ӯ ҷавоб дод? Хоҳар ба ин ҳеҷ шубҳае надорад. Ӯ мегӯяд: «Оромие ки Худо ба ман дод, дили маро таскин бахшид ва ақли маро солим нигоҳ дошт. Ман боварии комил дорам, ки Яҳува шавҳарамро эҳё мекунад» (Флп. 4:6, 7).

Яҳува ба хизматгоронаш ваъда медиҳад, ки дуоҳои онҳоро гӯш мекунад (Заб. 64:3). Ва Ӯ ба онҳо ҳама чизи барояшон лозимаро медиҳад, то ба Ӯ хизмат карданро давом диҳанд. Яҳува ба шумо кӯмак мекунад, ки ҳатто дар вазъиятҳои душвортарин ба Ӯ содиқ бимонед.

БО БАРОДАРОНУ ХОҲАРОН БОШЕД

Яҳува халқашро ба воситаи ҷамъомадҳои масеҳӣ дастгирӣ мекунад. Масалан, вақте ки ҷамъомади Таслӯникӣ бо таъқиботи сахт дучор шуд, Павлуси ҳавворӣ масеҳиёнро ташвиқ кард: «Ҳамдигарро тасаллӣ диҳед ва якдигарро обод кунед, чунон ки низ мекунед» (1 Тас. 2:14; 5:11). Танҳо бо кӯмаки якдигар масеҳиёни Таслӯникӣ тавонистанд ба ин озмоиш тоб оранд. Мо чӣ кор карда метавонем, то ҳангоми душвориҳо ба Худо содиқ бимонем?

Мо бояд пайвандҳои дӯстиро бо аъзоёни ҷамъомад мустаҳкамтар кунем ва якдигарро рӯҳбаланд созем, хусусан ҳангоми душвориҳои сахт (Рум. 14:19). Худи Павлус азобу уқубатҳои зиёдеро аз сар гузаронда буд, лекин Яҳува ба ӯ қувват медод, ки ба онҳо тоб орад. Баъзан Яҳува ӯро ба воситаи ҳамимонон рӯҳбаланд мекард. Масалан, як бор, вақте Павлус ба аъзоёни ҷамъомади Қӯлассо салом мерасонд, дар бораи онҳо гуфт: «Онҳо... сабаби тасаллои ман шуданд» (Қӯл. 4:10, 11). Бале, ин масеҳиён Павлусро дӯст медоштанд. Барои ҳамин вақте ӯ ба кӯмак мӯҳтоҷ буд, онҳо ӯро рӯҳбаланд карданд ва тасаллӣ бахшиданд. Шояд аъзоёни ҷамъомадатон ба шумо низ чунин кӯмак расонда бошанд.

АЗ ПИРОН КӮМАК ПУРСЕД

Яҳува ҳамчунин моро ба воситаи пирони ҷамъомад дастгирӣ мекунад. Ин мардони рӯҳан баркамол моро рӯҳбаланд карда, маслиҳати хубе аз Каломи Худо дода метавонанд. Китоби Муқаддас мегӯяд, ки онҳо «мисли паноҳгоҳе аз бод ва ниҳонгоҳе аз тӯфон, мисли ҷӯйҳои об дар саҳрои хушк, мисли сояи кӯҳпораи бузург дар замини бемаҷол» мебошанд (Иш. 32:2). Мо хеле хушҳолем, ки ин бародарон тайёранд ба мо дасти ёрӣ дароз кунанд. Аз ин рӯ ҳар гоҳ ки шумо ба рӯҳбаландӣ ниёз дошта бошед, ба назди пирон равед. Онҳо ба шумо кӯмак карда метавонанд, ки хизмати худро ба Яҳува содиқона давом диҳед.

Албатта, пирон ҳама душвориҳои шуморо ҳал карда наметавонанд. Онҳо низ мисли ҳама одамон нокомиланд (Аъм. 14:15). Лекин ба ҳар ҳол агар шумо барои кӯмак ба пирон муроҷиат кунед ва онҳо дар ҳаққи шумо ба Яҳува дуо гӯянд, ин бори шуморо сабук карда метавонад (Яъқ. 5:14, 15). Бародаре аз Итолиё, ки солҳои дароз аз бемории ҷиддие азоб мекашид, чунин мегӯяд: «Меҳру муҳаббати бародарон ва он ки онҳо тез-тез маро хабар мегирифтанд, ба ман кӯмак мекард, ки сабру тоқат кунам». Яҳува мехоҳад, ки ҳангоми рӯ ба рӯ шудан бо душвориҳо мо аз пирон кӯмак пурсем.

БО ХИЗМАТИ ЯҲУВА БАНД БОШЕД

Вақте мо диққати худро ба хизмати Яҳува равона месозем, мо мебинем, ки чӣ тавр Ӯ ба мо кӯмак мерасонад. Мисоли бародареро бо номи Ҷон дида мебароем. Дар синни 39-солагиаш ӯ фаҳмид, гирифтори як навъ бемории саратон аст. Бародар мегӯяд: «Ба ин бовариам намеомад, чунки ман ҳанӯз ҷавон будам». Ӯ дар бораи ҳамсараш ва писари сесолааш фикр мекард. Ҷон илова мекунад: «Акнун ба ҳамсарам лозим буд, ки на танҳо нисбати кӯдакчаамон ғамхорӣ кунад, балки ҳамчунин маро низ нигоҳубин кунад ва ҳар замон маро гирифта назди духтур барад». Аз сабаби табобатҳои тиббӣ ӯ худро хеле хаста ҳис мекард ва меъдааш дард мекард. Лекин бар болои ҳамаи ин падари Ҷон ба касалии табобатнашавандае гирифтор шуд ва ӯ ба ғамхориву нигоҳубин мӯҳтоҷ буд.

Чӣ тавр Ҷон ва оилааш ба ин вазъияти душвор тоб оварда тавонистанд? Нигоҳ накарда ба он ки Ҷон тез-тез хаста мешуд, ӯ ва оилааш бо хизмати Яҳува банд буданд. Ӯ мегӯяд: «Мо ба ҳамаи вохӯриҳо ташриф меовардем, ҳар ҳафта дар хизмат иштирок мекардем ва ҳатто дар ҳолатҳои душвор мунтазам ибодати оилавӣ мегузаронидем». Ҷон фаҳмид, ки нигоҳ доштани муносибатҳои наздик бо Яҳува хеле муҳим аст. Ҳарчанд дар аввал Ҷон ғаму ташвиш мехӯрд, лекин баъдтар ӯ оромӣ ҳис кард. Ӯ медонад, ки Яҳува ӯро дӯст медорад ва барояш қуввати лозима медиҳад. Яҳува дар вазъиятҳое ки шуморо ба ташвиш меоранд, ба шумо кӯмак мекунад. Ҷон мегӯяд: «Яҳува дар вазъияти душвор ба ман қувват бахшид ва Ӯ метавонад шуморо низ дастгирӣ кунад».

Бешубҳа, бо кӯмаки Яҳува мо метавонем ҳам ҳоло ва ҳам дар оянда ба ҳар гуна душвориҳо тоб орем. Биёед дар дуо аз Яҳува кӯмак пурсем, муносибатамонро бо ҳамимононамон наздиктар кунем, аз пирони ҷамъомад кӯмак пурсем ва бо хизмати Яҳува банд бошем. Ҳамин тавр мо мувофиқи суханони зерини Павлус амал мекунем: «Шуморо сабр лозим аст».

^ сарх. 2 Баъзе номҳо иваз шудаанд.