Саволҳои хонандагон
Ҷуҷ аз замини Моҷуҷ, ки дар борааш дар китоби Ҳизқиёл гуфта шудааст, кист?
Солҳои зиёд дар адабиёти мо гуфта мешуд, ки Ҷуҷ аз замини Моҷуҷ ин номи Шайтон мебошад, ки ба вай баъд аз осмон партофта шуданаш дода шуд. Чаро чунин хулоса бароварда мешуд? Чунки вақте дар китоби Ваҳй дар бораи ҳамлаи тамоми қавмҳо ба халқи Яҳува гуфта мешавад, Шайтон чун сарвари онҳо тасвир мешавад (Ваҳй 12:1–17). Барои ҳамин мо чунин ақида доштем, ки Ҷуҷ ин як номи дигари Шайтон мебошад.
Лекин агар фарз кунем, ки Ҷуҷ ин Шайтон аст, якчанд савол пайдо шуда метавонад. Масалан, ба замони мағлуб шудани Ҷуҷ ишора карда Яҳува мегӯяд: «Туро ба ҳар навъ мурғони соҳибчангол ва ҳайвонҳои саҳро барои хӯрок хоҳам дод» (Ҳиз. 39:4). Яҳува боз илова мекунад: «Мавзее дар он ҷо барои қабр дар Исроил... ба Ҷуҷ хоҳам дод... ва дар он ҷо Ҷуҷ ва тамоми анбӯҳи ӯро дафн хоҳад намуд» (Ҳиз. 39:11). Лекин оё офаридаи рӯҳиро «мурғони соҳибчангол ва ҳайвонҳои саҳро» хӯрда метавонанд? Чӣ тавр ба Шайтон дар замин қабр дода мешавад, дар ҳолате ки мувофиқи Китоби Муқаддас ӯро бояд ба муддати 1000 сол ба варта партоянд? (Ваҳй 20:1, 2).
Дар китоби Ваҳй гуфта мешавад, ки баъд аз ҳазор сол, Шайтон аз варта озод карда мешавад ва «берун хоҳад омад, то халқҳоеро, ки дар чор гӯшаи замин ҳастанд, яъне Ҷуҷ ва Моҷуҷро фиреб кунад, ва онҳоро барои ҷанг ҷамъ оварад» (Ваҳй 20:8). Аммо чӣ тавр Шайтон Ҷуҷро фиреб карда метавонад, агар худаш Ҷуҷ бошад? Аз ин ҷо бармеояд, ки «Ҷуҷ» гуфта ҳам китоби Ваҳй ва ҳам Ҳизқиёл ба Шайтон ишора намекунанд.
Пас, Ҷуҷ аз Моҷуҷ кист? Барои ба ин савол ҷавоб додан, биёед фаҳмем, ки мувофиқи Навиштаҳо кӣ ба халқи Яҳува ҳамла мекунад. Китоби Муқаддас на танҳо дар бораи ҳамлаи Ҷуҷ аз замини Моҷуҷ нақл мекунад, балки дар бораи ҳамлаи «подшоҳи шимол» ва «подшоҳони замин» (Ҳиз. 38:2, 10–13; Дон. 11:40, 44, 45; Ваҳй 17:14; 19:19). Оё дар ҳар як маврид ҳамлаи алоҳида дар назар дошта шудааст? Аз афташ, не. Ин ҷо бешубҳа гап дар бораи як ҳамла меравад, лекин ба он номҳои гуногун дода шудааст. Чаро чунин хулоса баровардан мумкин аст? Зеро Навиштаҳо ба мо мегӯянд, ки ҳангоми ин ҳамлаи охирин ҳама халқҳои рӯи замин иштирок хоҳанд кард ва ин ба саршавии Ҳармиҷидӯн оварда мерасонад (Ваҳй 16:14, 16).
Вақте ки мо ҳамаи оятҳои Навиштаҳоро дар бораи ҳуҷуми охирин ба халқи Худо муқоиса мекунем, аён мегардад, ки Ҷуҷ аз замини Моҷуҷ ин на Шайтон, балки иттиҳоди халқҳо мебошад. Оё ин иттиҳодро ҳангоми ба халқи Худо ҳамла карданаш ҳамон «подшоҳи Шимол» роҳбарӣ мекунад? Гарчанд мо аниқ гуфта наметавонем, лекин аз афташ ояти зерин ин фикрро тасдиқ мекунад: «Аз макони худ, аз ақсои шимол хоҳӣ омад,— ту ва қавмҳои бисёр ҳамроҳи ту, ки ҳамаашон аспсавор, ҷамоати бузург ва лашкари сершумор мебошанд» (Ҳиз. 38:6, 15).
Дониёли набӣ низ, ки ҳамзамони пайғамбар Ҳизқиёл буд, дар бораи подшоҳи шимол чунин навишт: «Овозаҳо аз шарқ ва шимол ӯро ба ҳарос хоҳад андохт, ва ӯ бо хашми азиме берун омада, бисёреро несту нобуд хоҳад кард. Ва хаймаҳои шоҳонаи худро дар миёни баҳр ва кӯҳи қудси дилпазир барпо хоҳад намуд, вале ба заволи худ хоҳад расид, ва касе нахоҳад буд, ки ӯро дастгирӣ намояд» (Дон. 11:44, 45). Ин пешгӯӣ бо суханони Дониёл оиди Ҷуҷ ва корҳои ӯ мувофиқ аст (Ҳиз. 38:8–12, 16).
Баъд аз ин ҳамлаи охирин чӣ рӯй медиҳад? Дониёл мегӯяд: «Дар он замон Микоил [Исои Масеҳ], ин малаки бузурге ки [аз соли 1914] ба муҳофизати писарони қавми ту истодааст, [дар Ҳармиҷидӯн] хоҳад бархост; ва чунон замони тангӣ хоҳад буд [мусибати бузург], ки аз вақти пайдоиши халқе то ин вақт мисли он дида нашуда бошад; ва дар он замон қавми ту, ҳамаи онҳое ки дар дафтар навишта шуда бошанд, халосӣ хоҳанд ёфт» (Дон. 12:1). Ин амали Исо дар китоби Ваҳй боби 19 низ тасвир шудааст (Ваҳй 19:11–21).
Лекин оиди «Ҷуҷ ва Моҷуҷ», ки дар бораашон дар китоби Ваҳй 20:8 навишта шудааст, чӣ гуфтан мумкин аст? Онҳо киро тасвир мекунанд? Ҳангоми озмоиши охирин, дар охири Ҳукмронии ҳазорсола баъзе касон бар зидди Яҳува исён мебардоранд. Онҳо қасди куштани халқи Худоро мекунанд. Рӯҳияи онҳо ба монанди рӯҳияи «Ҷуҷ аз замини Моҷуҷ» хоҳад буд, ки дар охири мусибати бузург ба халқи Худо ҳамла меорад. Оқибати ҳар дуи онҳо як хоҳад буд. Онҳо ба сурати абадӣ нест хоҳанд шуд! (Ваҳй 19:20, 21; 20:9). Пас, аз рӯи мантиқ аст, ки он исёнкорон «Ҷуҷ ва Моҷуҷ» номида шудаанд.
Чун омӯзандагоне ки Китоби Муқаддасро бо завқ мутолиа мекунанд, мо интизори онем, ки кӣ будани подшоҳи шимолро фаҳмем. Лекин гарчанд кӣ будани ӯ ба мо ҳоло маълум нест, ду чизро аниқ гуфтан мумкин аст: 1) Ҷуҷ аз Моҷуҷ ҳамроҳи лашкараш нобуд хоҳад шуд; 2) Подшоҳи мо, Исои Масеҳ, халқи Худоро наҷот дода, онҳоро ба дунёи наву бехатар роҳнамоӣ хоҳад кард (Ваҳй 7:14–17).