Онҳо иҷрои ваъдаҳоро медиданд
«Ҳамаи инҳо дар имон мурданд ва ба муроди иҷрои ваъдаҳо нарасиданд, балки фақат аз дур онҳоро дида, шод шуданд» (ИБР. 11:13).
1. Чаро тасаввур кардани чизҳое ки пеш онҳоро надидаем, фоиданок буда метавонад? (Ба расми аввали мақола нигаред.)
ЯҲУВА ба мо атои бебаҳое додааст. Мо чизҳоеро тасаввур карда метавонем, ки пеш онҳоро надида будем. Ин ба мо кӯмак мекунад, ки зиндагиамонро ба нақша гирем ва ба оянда бо умед нигарем. Яҳува ояндаро пешгӯӣ мекунад ва мегӯяд, ки ба наздикӣ чӣ бояд рӯй диҳад. Мо бошем, қобилият дорем, ки чизҳои дар пеш бударо тасаввур кунем ва ин қобилият ба мо ёрдам мекунад, ки ба амалӣ гаштани пешгӯиҳои Яҳува бовар кунем (2 Қӯр. 4:18).
2, 3. а) Чӣ тавр бакорбарии тасаввуротамон ба мо манфиат оварда метавонад? б) Дар ин мақола мо кадом саволҳоро дида мебароем?
2 Албатта, баъзан он чизҳое ки мо тасаввур мекунем, ҷуз хаёл чизи дигаре нест. Масалан, духтарчае тасаввур мекунад, ки дар болои шапалак парвоз мекунад. Лекин ин ғайриимкон аст. Модари Самуил — Ҳано бошад, дар бораи чизҳои воқеӣ мулоҳиза мекард. Ӯ дар бораи он фикр мекард, ки чӣ тавр писарашро ба маъбад назди коҳинон мебарад. Ин фақат фикру хаёл набуд. Ҳано худаш чунин қарор карда буд ва дар бораи қарораш фикр кардан ба ӯ кӯмак мекард, ки ба ваъдааш вафо кунад (1 Подш. 1:22). Агар иҷрошавии ваъдаҳои Яҳуваро тасаввур кунем, мо дар бораи чизҳои воқеӣ фикр мекунем, зеро ҳар он чи Худо гуфтааст, ҳатман ба амал меояд (2 Пет. 1:19–21).
3 Бисёри ходимони Яҳува дар замонҳои қадим чизҳоеро ки Яҳува ваъда дода буд, ба пеши чашми худ меоварданд. Ин тавр ба кор бурдани хаёлоти худ ба онҳо чӣ тавр кӯмак мекард? Ва чӣ тавр мо аз тасаввур кардани ояндаи худ, ҳангоми иҷро шудани ваъдаҳои Худо манфиат гирифта метавонем?
АЗ ТАСАВВУР КАРДАНИ ОЯНДА ИМОНАШОН ҚАВӢ МЕШУД
4. Аз кадом сабаб Ҳобил метавонист ояндаи беҳтареро тасаввур кунад?
4 Ҳобил аввалин шахсе буд, ки ба иҷрошавии ваъдаҳои Яҳува имон дошт. Ӯ медонист, ки Яҳува ба мор баъди гуноҳ кардани Одаму Ҳавво чӣ гуфт: «Дар миёни ту ва зан ва дар миёни насли ту ва насли вай адоват меандозам: вай сари туро хоҳад кӯфт ва ту пошнаи варо хоҳӣ кӯфт» (Ҳас. 3:14, 15). Ҳобил аниқ намедонист, ки ин чӣ тавр ба амал меояд, лекин, аз афташ, ӯ дар бораи суханони Худо бисёр фикр мекард. Ӯ шояд аз худ мепурсид: «Он касе ки Шайтон пошнаи ӯро мекӯбад ва инсониятро ба комилият мерасонад, кист?» Ҳобил боварӣ дошт, ки ҳар он чи Яҳува ваъда медиҳад, ҳатман ба амал меояд. Барои ҳамин вақте ӯ ба Худо ҳадия овард, Яҳува бо розигӣ онро қабул кард. (Ҳастӣ 4:3–5 ва Ибриён 11:4-ро бихонед.)
5. Чаро тасаввур кардани оянда Ҳанӯхро рӯҳбаланд карда метавонист?
5 Як марди дигаре ки ба Худо имони қавӣ дошт, Ҳанӯх буд. Ӯ дар байни одамоне зиндагӣ мекард, ки дар ҳаққи Худо суханони бад мегуфтанд. Зери илҳоми илоҳӣ Ҳанӯх пешгӯӣ карда буд, ки Яҳува ба наздикӣ хоҳад омад, то ки «бар ҳама доварӣ кунад ва ҳамаи осиёнро маҳкум намояд дар тамоми аъмоле ки маъсияташон содир кардааст ва дар ҳамаи суханони густохонае ки дар ҳаққи Ӯ гуноҳкорони осӣ ба забон рондаанд» (Яҳ. 14, 15). Бо боварӣ гуфтан мумкин аст, ки Ҳанӯх, чун шахси имондор, пайваста ҷаҳонеро тасаввур мекард, ки дар он ҳама ба Яҳува хизмат мекунанд. (Ибриён 11:5, 6-ро бихонед.)
6. Баъди Тӯфон Нӯҳ, эҳтимол, дар бораи чӣ фикр кард?
6 Ба туфайли имонаш Нӯҳ дар Тӯфон наҷот ёфт (Ибр. 11:7). Баъди Тӯфон ӯ бо имон ба Яҳува қурбониҳои сӯхтанӣ пешкаш кард (Ҳас. 8:20). Мисли Ҳобил ӯ имон дошт, ки одамизод як рӯз не як рӯз аз банди гуноҳу марг озод мешавад. Баъди Тӯфон ҷаҳон аз нав фосид шуд. Он замон Нимрӯд ҳукмронӣ мекард ва мехост, ки одамон ба муқобили Яҳува исён бардоранд (Ҳас. 10:8–12). Нӯҳ бошад, ҳанӯз ба Яҳува имони қавӣ дошт. Мисли Ҳобил ӯ дилпур буд, ки рӯзе Худо гуноҳу маргро нест мекунад. Ҳамчунин ӯ шояд дар бораи он замоне фикр мекард, ки дигар ҳокимони бераҳм нахоҳанд буд. Мо низ метавонем он замони олиҷанобро ба таври зинда тасаввур кунем. Ва он замон хеле наздик аст (Рум. 6:23).
ОНҲО ИҶРОШАВИИ ВАЪДАҲОИ ЯҲУВАРО ТАСАВВУР МЕКАРДАНД
7. Иброҳим, Исҳоқ ва Яъқуб кадом ояндаро тасаввур карда метавонистанд?
7 Иброҳим, Исҳоқ ва Яъқуб метавонистанд ояндаи олиҷаноби худро тасаввур кунанд. Яҳува ба онҳо ваъда дода буд, ки ба воситаи «насл»-е ки аз онҳо ба вуҷуд меояд, тамоми халқҳоро баракат медиҳад (Ҳас. 22:18; 26:4; 28:14). Ҳамчунин, Худо ба онҳо пешгӯӣ карда буд, ки насли онҳо сершумор гардида, дар Замини ваъдашуда зиндагӣ хоҳад кард (Ҳас. 15:5–7). Азбаски онҳо ба гуфтаҳои Яҳува боварии пурра доштанд, барояшон тасаввур кардани он ки наслашон аллакай дар он замин зиндагӣ мекунад, душвор набуд. Ва Яҳува аз замоне ки одамон комилияти худро аз даст доданд, ходимони содиқи худро доимо боварӣ мебахшид, ки он баракатҳое ки Одам аз даст дод, боз хоҳанд омад.
8. Чӣ ба Иброҳим кӯмак кард, ки имони қавӣ дошта, итоаткор бошад?
8 Азбаски Иброҳим имони қавӣ дошт, ӯ ҳатто дар вазъиятҳои душвор ба Яҳува итоат мекард. Дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад, ки Иброҳим ва дигар ходимони содиқи Худо «ба муроди иҷрои ваъдаҳо нарасиданд, балки фақат аз дур онҳоро дида, шод шуданд». (Ибриён 11:8–13-ро бихонед.) Иброҳим медонист, ки Яҳува дар гузашта ҳама ваъдаҳои худро иҷро кардааст, барои ҳамин ӯ ба иҷрошавии гуфтаҳои Яҳува дар оянда чунон боварӣ дошт, ки гӯё онҳоро бо чашмони худ медид!
9. Чӣ тавр он ки Иброҳим ба иҷрошавии ваъдаҳои Худо боварии пурра дошт, ба ӯ кӯмак кард?
9 Имони Иброҳим ба ӯ кӯмак мекард, ки бо азми қавӣ гуфтаҳои Яҳуваро иҷро намояд. Бо имон амал карда ӯ шаҳри Урро тарк кард ва нахост, ки дар яке аз шаҳрҳои Канъон сокини доимӣ шавад. Ӯ медонист, ки азбаски ҳокимони ин шаҳрҳо ба Яҳува итоат намекунанд, ҳукмронии онҳо дер давом нахоҳад кард (Еҳ. 24:2). То охири ҳаёти худ «ӯ мунтазири шаҳре буд, ки таҳкурсии мустаҳкаме дорад ва меъмору бинокори он Худост» (Ибр. 11:10). Иброҳим худро дар маконе тасаввур мекард, ки ҳокими он Яҳува буд. Ҳобил, Ҳанӯх, Иброҳим ва дигарон ба зиндашавӣ боварӣ доштанд ва умед доштанд, ки дар зери ҳокимияти Салтанати Худо дар «шаҳр»-е зиндагӣ мекунанд, ки «таҳкурсии мустаҳкаме дорад». Дар бораи чунин чизҳо мулоҳиза рондан имони онҳоро қавӣ мегардонд. (Ибриён 11:15, 16-ро бихонед.)
10. Дар бораи оянда фикр кардан ба Соро чӣ манфиат оварда метавонист?
10 Дар бораи завҷаи Иброҳим — Соро фикр кунед. Ҳарчанд ӯ навадсола буду фарзанде надошт, тасаввур кардани оянда ба ӯ кӯмак кард, ки бо имон амал кунад. Соро ҳатто тасаввур мекард, ки чӣ тавр фарзандони ӯ аллакай ба халқи бузурге табдил ёфтаанд (Ибр. 11:11, 12). Чаро ӯ ин қадар дилпур буд? Яҳува дар бораи ӯ ба Иброҳим чунин гуфта буд: «Ман варо баракат хоҳам дод ва писаре низ аз вай ба ту хоҳам бахшид; варо баракат хоҳам дод ва халқҳо аз вай ба вуҷуд оянд ва подшоҳони халқҳо аз вай пайдо шаванд» (Ҳас. 17:16). Ва, чи хеле ки мо медонем, гуфтаи Яҳува иҷро шуду Соро Исҳоқро таваллуд кард. Ин мӯъҷиза Сороро боварӣ бахшид, ки дигар ваъдаҳои Яҳува низ иҷро мешаванд. Мо низ метавонем чизҳои аҷоиберо ки Яҳува ваъда додааст, тасаввур кунем ва бо ин имони худро мустаҳкам кунем.
Ӯ ПАЙВАСТА БА МУКОФОТ МЕНИГАРИСТ
11, 12. Чӣ тавр Мусо муҳаббаташро нисбати Яҳува инкишоф медод?
11 Мусо низ ба Худо имони қавӣ дошт ва нисбати Яҳува муҳаббаташро инкишоф медод. Мусо дар дарбори фиръавн ба воя расида буд, барои ҳамин ӯ ба осонӣ метавонист ба боигарӣ дилбастагӣ пайдо кунад. Лекин ӯ аз афташ аз волидони аслии худ шунида буд, ки чӣ тавр Яҳува исроилиёнро аз ғуломӣ озод мекунад ва онҳоро ба Замини ваъдашуда мебарад (Ҳас. 13:14, 15; Хур. 2:5–10). Азбаски ӯ дар бораи ваъдаҳои Худо бештар фикр мекард, дар дили ӯ муҳаббат ба Яҳува зиёдтар мешуд, на ба пулу мол.
12 Дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад, ки Мусо пайваста дар бораи чӣ фикр мекард: «Бо имон Мусо, чун калонсол шуд, нахост, ки писари духтари Ибр. 11:24–26).
фиръавн хонда шавад ва бо қавми Худо уқубат кашиданро афзал донист аз он ки аз гуноҳ ҳаловати муваққатӣ дошта бошад ва хории Масеҳро сарвати бузургтар аз ганҷҳои Миср ҳисоб кард; зеро ки ба мукофот назар медӯхт» (13. Аз мулоҳиза дар бораи ваъдаҳои Худо Мусо чӣ манфиат гирифт?
13 Эҳтимол, Мусо дар бораи ваъдаи Яҳува, бисёр фикр мекард. Шояд ӯ дар хотир дошт, ки Худо халқи Исроилро аз ғуломӣ раҳо мекунад. Ба монанди дигар ходимони Худо ӯ медонист, ки Яҳува ҳамаи инсониятро аз марг озод мекунад (Айюб 14:14, 15; Ибр. 11:17–19). Ин нишон медод, ки Яҳува то чӣ андоза инсониятро дӯст медорад. Дар бораи ин мулоҳиза ронда, муҳаббат ва имони Мусо ба Яҳува зиёдтар мешуд. Ин ба ӯ қувват мебахшид, ки тамоми умр ба Яҳува хизмат кунад (Такр. Ш. 6:4, 5). Ҳатто вақте ки фиръавн мехост ӯро кушад, Мусо натарсид. Ӯ медонист, ки Яҳува дар оянда мукофоташро хоҳад дод (Хур. 10:28, 29).
ТАСАВВУР КУНЕД, КИ САЛТАНАТИ ХУДО ЧӢ КОР ХОҲАД КАРД
14. Баъзеҳо ояндаро чӣ гуна тасаввур мекунанд?
14 Аксар вақт, вақте одамон дар бораи оянда фикр мекунанд, онҳо чизҳои имконнопазирро тасаввур мекунанд. Масалан, баъзе одамони камбағал орзу мекунанд, ки бою бадавлат шаванд ва зиндагии комилан осуда дошта бошанд, гарчанде ҳоло дунё пур аз ғаму ташвиш аст (Заб. 89:10). Баъзеҳо умедворанд, ки ягон ҳокимияти инсонӣ тамоми проблемаҳои ҷаҳонро ҳал мекунад. Аммо Навиштаҳо мегӯянд, ки танҳо ҳокимияти Худо инро карда метавонад (Дон. 2:44). Бисёри одамон фикр мекунанд, ки ин ҷаҳон то абад боқӣ мемонад. Лекин Навиштаҳо мегӯянд, ки Худо ҷаҳони шарирро несту нобуд хоҳад кард (Саф. 1:18; 1 Юҳ. 2:15–17). Чунин фикру мулоҳизаҳо дар бораи оянда, ки мувофиқи хости Яҳува нестанд, танҳо орзуву хаёлҳои хоманду халос.
15. а) Чаро тасаввур кардани ояндае ки Яҳува ваъда додааст, бароямон фоидабахш мебошад? б) Баъзе чизҳое ки шумо дар дунёи нав интизоред, кадоманд?
15 Яҳува ба мо ояндаи олиҷанобе ваъда додааст. Вақте мо дар бораи он замон фикр мекунем, ин ба мо хурсандӣ мебахшад ва қувват медиҳад, ки дар хизмати Ӯ бимонем. Оё шумо, новобаста аз он ки чӣ гуна умед доред, худро дар дунёи ваъдакардаи Яҳува тасаввур карда метавонед? Агар шумо умеди заминӣ дошта бошед, тасаввур кунед, ки ҳамроҳи дӯстонатон меҳнат карда, рӯи заминро ба боғи зебое мубаддал мегардонед. Шумо аз кори худ ҳаловат мебаред, чунки онҳое ки ин корро роҳбарӣ мекунанд, ғами шуморо мехӯранд. Ҳама ҳамсоягонатон мисли шумо Яҳуваро дӯст медоранд. Шумо бардаму бақувватед ва ба оянда бо чашми умед менигаред. Ва шумо хушҳолед аз он ки қобилияту маҳорати худро бар фоидаи дигарон ва барои ҷалол додани Яҳува истифода мебаред. Масалан, шумо ба шахсони эҳёшуда кӯмак менамоед, ки дар бораи Яҳува дониш гиранд (Юҳ. 17:3; Аъм. 24:15). Албатта, ин хаёли хушку холӣ нест. Ин суханон ҳаққанд, чунки инро худи Яҳува ваъда додааст (Иш. 11:9; 25:8; 33:24; 35:5–7; 65:22).
ЧАРО ДАР БОРАИ УМЕДИ ОЯНДААМОН ГАП ЗАДАН ФОИДАНОК АСТ?
16, 17. Чаро дар бораи оянда фикр кардан манфиатбахш аст?
16 Вақте ки мо бо бародарону хоҳарон дар бораи орзуву мақсадҳои худ оиди дунёи нав гап мезанем, ин оянда бароямон воқеитар мегардад. Албатта, Рум. 1:11, 12).
мо намедонем, ки ҳар яки мо дар дунёи нав бо чӣ кор машғул мешавем. Аммо агар пайваста ояндаро тасаввур кунем, бо ин нишон медиҳем, ки ба иҷрошавии ваъдаҳои Яҳува имон дорем. Ҳамин тавр мо чун Павлус ва масеҳиёни Рум якдигарро бармеангезем, то дар ин рӯзҳои душвор устувор бимонем (17 Ҳамчунин вақте дар бораи оянда фикр мекунем, ин ба мо кӯмак мекунад, ки ба душвориҳоямон камтар диққат диҳем. Боре Петруси ҳавворӣ хавотир шуда аз Исо пурсид: «Инак, мо ҳама чизро тарк карда, Туро пайравӣ намудаем; подоши мо чӣ хоҳад буд?» Исо мехост, ки Петрус ва дигар шогирдон ҳамроҳи ӯ дар бораи чизҳои олиҷанобе ки бояд дар оянда рӯй медоданд, фикр кунанд. Аз ин рӯ ӯ гуфт: «Вақте ки Писари Одам бар тахти ҷалоли Худ биншинад, шумо низ бар дувоздаҳ тахт нишаста, бар дувоздаҳ сибти Исроил доварӣ хоҳед кард; ва ҳар кӣ аз баҳри исми Ман хонаҳо, ё бародарон, ё хоҳарон, ё падар, ё модар, ё зан, ё фарзандон, ё амлокро тарк кунад, сад чандон хоҳад ёфт ва вориси ҳаёти ҷовидонӣ хоҳад шуд» (Мат. 19:27–29). Петрус ва дигар шогирдон метавонистанд ин суханонро дар хотир дошта тасаввур кунанд, ки чӣ тавр ҳамроҳи Исо дар осмон ҳукмронӣ менамоянд ва инсонияти итоаткорро ба комилият мерасонанд.
18. Чаро тасаввур кардани замоне, ки ваъдаҳои Яҳува иҷро мешаванд, манфиатбахш аст?
18 Аз ин мақола мо фаҳмидем, ки ба туфайли чӣ хизматгорони Яҳува имонашонро қавӣ нигоҳ дошта метавонистанд. Азбаски Ҳобил ваъдаҳои олиҷаноби Яҳуваро тасаввур мекард ва ба онҳо имон дошт, ӯ дар назари Яҳува писанд буд. Иброҳим замонеро тасаввур мекард, ки ваъдаи Яҳува оиди насл иҷро мешавад, аз ин рӯ ҳатто дар лаҳзаҳои душвортарин ӯ ба Яҳува итоат кард (Ҳас. 3:15). Мусо ба мукофоте ки Яҳува ваъда дода буд, бо имон менигарист. Ин ба ӯ кӯмак мекард, то муҳаббати худро ба Яҳува зиёд кунад ва содиқ бимонад (Ибр. 11:26). Вақте мо иҷрошавии ваъдаҳои Яҳуваро тасаввур мекунем, имон ва муҳаббати мо ба Ӯ зиёдтар мешавад. Аз мақолаи оянда мо мефаҳмем, ки боз чӣ тавр тасаввуротамонро ба кор бурда метавонем.