Чаро аз ҷамъомад хориҷ шудани шахс аз ғамхории меҳрубононаи Яҳува шаҳодат медиҳад?
«ВАҚТЕ эълон карданд, ки писарам аз ҷамъомад хориҷ шудааст, дунё дар назарам тираву торик гашт,–– мегӯяд Хулиан.–– Ӯ фарзанди калонии ман буд. Мо ба якдигар хеле наздик будем ва ҳама чизро якҷоя мекардем. Ӯ ҳамеша рафтори намунавӣ дошт, лекин ногаҳон ба кори нодуруст даст задан гирифт. Завҷаам рӯзу шаб гиря мекарду ман намедонистам, ки чӣ тавр ӯро тасаллӣ диҳам. Мо гаштаву баргашта аз худ мепурсидем, ки дар тарбияи ӯ ба кадом хато роҳ додаем».
Чуноне ки дидем, аз ҷамъомад хориҷ шудани масеҳӣ барои наздикони ӯ дардовар аст. Пас, чаро гуфтан мумкин аст, ки ин чораи ислоҳкунанда аз рӯи муҳаббат мебошад? Аз кадом ду сабаби бар Навиштаҳо асосёфта шахсро аз ҷамъомад хориҷ мекунанд? Чӣ ба он оварда мерасонад, ки шахс аз ҷамъомад хориҷ карда мешавад?
ДУ ОМИЛ БАРОИ АЗ ҶАМЪОМАД ХОРИҶ ШУДАНИ ШАХС
Барои аз ҷамъомад хориҷ кардани Шоҳиди таъмидёфта бояд ду омил вуҷуд дошта бошад. Якум, агар он шахс гуноҳи ҷиддӣ содир кунад. Дуюм, агар аз гуноҳи кардааш тавба накунад.
Албатта, Яҳува аз мо комилиятро талаб намекунад. Лекин Ӯ интизор аст, ки хизматгоронаш мувофиқи меъёрҳои поки Ӯ зиндагӣ кунанд. Масалан, Ӯ аз мо талаб мекунад, ки аз чунин гуноҳҳои ҷиддӣ мисли бадахлоқии ҷинсӣ, бутпарастӣ, дуздӣ, ҳаромризқӣ, куштор ва сеҳру ҷоду дурӣ ҷӯем (1 Қӯр. 6:9, 10; Ваҳй 21:8).
Оё шумо розиед, ки меъёрҳои поки Яҳува аз рӯи хираданд ва барои муҳофизати мо хизмат мекунанд? Кӣ намехоҳад, ки дар байни шахсони сулҳҷӯ ва ростқавлу боваринок зиндагӣ кунад? Ҳамаи мо аз вақти таъмид гирифтанамон ба Яҳува ваъда медиҳем, ки аз рӯи талаботҳои Ӯ зиндагӣ мекунем. Ҳамин тавр мо имконият пайдо мекунем, ки дар байни чунин шахсон бошем.
Лекин агар масеҳии таъмидёфта ба васваса дода шуда гуноҳи ҷиддие содир кунад-чӣ? Ходимони вафодори Яҳува дар гузашта ба чунин хатогиҳо роҳ медоданд, лекин Яҳува аз онҳо ба таври ҳамешагӣ рӯй намегардонд. Мисоли подшоҳ Довуд инро хуб нишон медиҳад. Довуд ду гуноҳи ҷиддӣ содир кард: зино ва куштор. Лекин пайғамбар Нотон ба ӯ гуфт: «Худованд... аз гуноҳат гузароӣ кардааст» (2 Подш. 12:13).
Худо гуноҳи Довудро бахшид, чунки ӯ аз таҳти дил тавба кард (Заб. 31:1–5). Имрӯзҳо низ фақат он масеҳиеро аз ҷамъомад хориҷ мекунанд, ки аз таҳти дил тавба намекунад ё кардани кори бадро давом медиҳад (Аъм. 3:19; 26:20). Агар аз рафтори худ пушаймон будани шахси гуноҳкарда аён набошад, пироне ки дар ҳайати ҳуқуқӣ иштирок мекунанд, бояд ӯро аз ҷамъомад хориҷ намоянд.
Дар аввал ба назари мо шояд чунин тобад, ки аз ҷамъомад хориҷ кардани шахс ҷазои аз ҳад
сахтгирона ва номеҳрубонона аст, хусусан агар он шахс дӯст ё наздики мо бошад. Аммо Китоби Муқаддас моро боварӣ мебахшад, ки чунин қарор аз рӯи муҳаббат ба шахси гуноҳкарда бароварда мешавад.АЗ КАДОМ ҶИҲАТ ИН ЧОРАБИНӢ ФОИДА МЕОРАД?
Исо гуфта буд, ки «ҳақ будани ҳикмат... аз натиҷаҳояш маълум мегардад» (Мат. 11:19, Хушхабар). Қарори бохирадонаи хориҷ кардани гунаҳкори тавбанакарда натиҷаҳои хуб меорад. Биёед сетояшро дида бароем.
Хориҷ кардани шахси гуноҳкарда ба номи Яҳува ҷалол меорад. Азбаски мо Шоҳидони Яҳува ҳастему номи Худоро бар худ дорем, тарзи рафтори мо метавонад номи Ӯро шарафманд ё доғдор кунад (Иш. 43:10). Чи тавре ки рафтори фарзанд ба обрӯи падараш таъсир расонда метавонад, ҳамин тавр одамон ба андозае Яҳуваро аз рафтори халқаш мешиносанд. Номи Худо дар пеши одамон ҷалол меёбад, агар ходимони ҳақиқии Ӯ аз рӯи меъёрҳову талаботҳои ахлоқии Ӯ зиндагӣ кунанд. Дар замонҳои пайғамбар Ҳизқиёл низ вазъият ба ин монанд буд. Одамони гирду атроф Яҳуваро чун Худои яҳудиён мешинохтанд (Ҳиз. 36:19–23).
Агар рафтори мо бадахлоқона бошад, ба номи поки Яҳува нанг меорем. Петруси ҳавворӣ ба масеҳиён чунин насиҳат дод: «Ҳамчун бачагони фармонбардор, ба ҳавасҳои пештарае ки дар вақти нодонии худ доштед, мувофиқат накунед, балки, чунон ки Даъваткунандаи шумо муқаддас аст, худатон низ дар тамоми рафторатон муқаддас бошед, зеро ки навишта шудааст: “Муқаддас бошед, чунки Ман муқаддас ҳастам”» (1 Пет. 1:14–16). Рафтори пок ба номи Яҳува ҷалол меорад.
Агар Шоҳиди Яҳува тарзи ҳаёти бадахлоқона бурдан гирад, як рӯз не як рӯз ёру наздикони ӯ аз ин хабардор мешаванд. Хориҷкунӣ нишон медиҳад, ки халқи Яҳува кӯшиш мекунад, то аз рӯи дастуроти Китоби Муқаддас зиндагӣ карда покии худро нигоҳ дорад. Боре як мард дар Швейтсария ба Толори Салтанат омада, гуфт, ки мехоҳад аъзои ҷамъомад шавад. Сабаб дар он буд, ки хоҳари ӯро барои бадахлоқиаш аз ҷамъомад хориҷ карда буданд. Ӯ мехост, ки аъзои ташкилоте бошад, ки «ба қонуншикании аъзоёнаш чашм намепӯшад».
Хориҷкунӣ ҷамъомади масеҳиро пок нигоҳ медорад. Павлуси ҳавворӣ масеҳиёни Қӯринтро огоҳ кард, ки онҳо набояд гузоранд, ки касе дар байнашон дидаву дониста гуноҳ карданро давом диҳад. Ӯ таъсири бади чунин касонро ба хамиртуруш монанд карда гуфт: «Андак хамиртуруш тамоми хамирро метуршонад». Баъд ба онҳо чунин насиҳати ҷиддӣ дод: «Он шахси шарирро аз миёни худ берун кунед» (1 Қӯр. 5:6, 11, 12; 13, ТҶФ).
Аз афташ, «шахси шарир»-е ки Павлус дар борааш гуфт, бешармона бо бадахлоқӣ машғул буд. Дигар аъзоёни ҷамъомад бошанд, рафтори ӯро ҳатто сафед мекарданд (1 Қӯр. 5:1, 2). Агар масеҳиён дар ҷамъомад ба чунин рафтор тоқат мекарданд, ин ба онҳо таъсири бад мерасонд ва дар натиҷа онҳо ба бадахлоқии одамони гирду атрофашон пайравӣ кардан мегирифтанд. Чунин рафтор ба дигарон таъсири бад мерасонад ва муносибати онҳо ба принсипҳои Худо оҳиста-оҳиста хунукназарона мешавад (Воиз 8:11). Гунаҳкорони тавбанакарда «ҳамчун сахраҳои махфӣ ва хатарнок» метавонанд сабаби ғарқ шудани киштии имони масеҳиёни дигар шаванд (Яҳ. 4, 12, ТҶФ).
Хориҷкунӣ шахси гуноҳкардаро барангехта метавонад, то ба худ ояд. Боре Исо дар бораи ҷавоне нақл кард, ки хонаи падарашро тарк мекунад ва аз пайи айшу ишрат шуда тамоми мероси худро барбод медиҳад. Чанде пас писари саркаш мефаҳмад, ки зиндагонии сахти берун аз хонаи падар бемаъно ва бераҳмона аст. Оқибат ин писар ба худ меояд, аз карда пушаймон мешавад ва қарор медиҳад, ки ба назди аҳли оилааш бармегардад (Луқ. 15:11–24). Дар ин масали Исо падар аз баргаштани писараш хурсандӣ мекунад. Рафтори ин падари пурмуҳаббат ба мо барои фаҳмидани ҳиссиёти Яҳува кӯмак мекунад. Ӯ ба мо дилпурӣ мебахшад: «Ман мурдани шарирро хоҳон нестам, балки онро, ки шарир аз роҳи худ тавба карда, зинда монад» (Ҳиз. 33:11).
Мисли ин шахсони аз ҷамъомад хориҷшуда, ки дигар аъзои ҷамъомади масеҳӣ — оилаи рӯҳониашон нестанд, шояд дарк мекунанд, ки чиро аз даст додаанд. Оқибати талхи ҳаёти гунаҳкорона ва ҳамчунин хотироти ширине ки аз замони бо Яҳува ва халқи Ӯ буданашон мондааст, метавонад онҳоро ба худ орад.
Заб. 140:5). Барои мисол, сайёҳеро тасаввур кунед, ки дар яке аз рӯзҳои хунуки зимистон тамоман хаставу бемадор мешавад. Ӯ аз ҳарорати пасти бадан азоб мекашад ва ғанабаш бурдан мегирад. Ва агар дар рӯи барф хобаш барад, ӯ мемирад. Барои ҳамин то омадани наҷотдиҳандагон ҳамроҳаш ҳар замон ба рӯйи ӯ шапалоқ мезанад, то ҳушёру бедор бимонад. Шапалоқ метавонад дардовар бошад, лекин ба туфайли ин ҳаёти ӯ нигоҳ дошта мешавад. Мисли ин Довуд дарк мекард, ки шахси одил метавонад ба таври дардовар ӯро ислоҳ кунад, зеро ин бар фоидаи худаш аст.
Барои ба даст овардани натиҷаи дилхоҳ муҳаббат ва устуворӣ дар талаб аст. Довуди таронасаро гуфта буд: «Одил маро бизанад — эҳсон аст; ва маро мазаммат намояд — равған аст барои сарам» (Дар бисёр мавридҳо хориҷ кардани шахс аз ҷамъомад ба фоидаи ӯ меанҷомад. Писари Хулиан, ки дар аввали мақола дар борааш гуфтем, корҳои нопоки худро гузошта, ба ҷамъомад баргашт. Ҳозир ӯ чун пири ҷамъомад хизмат мекунад. Ӯ мегӯяд: «Ҳангоми аз ҷамъомад хориҷ буданам ман оқибати тарзи ҳаётамро чашидам... Ба ман чунин ислоҳкунӣ лозим буд» (Ибр. 12:7–11).
ЧӢ ТАВР БА ХОРИҶШУДАГОН МУҲАББАТИ ХУДРО НИШОН ДИҲЕМ?
Дар ҳақиқат, хориҷ шудан аз ҷамъомад ин шикасти рӯҳонӣ аст, аммо онро чун шикасти пурраи шахс набояд ҳисобид. Ҳар яки мо метавонем ба он мусоидат кунем, ки ин чораи ислоҳкунанда бар фоидаи он шахс бошад.
Пирон, ки вазифаи душвори муошират бо хориҷшударо бар дӯш доранд, кӯшиш мекунанд, ки ба муҳаббати Яҳува пайравӣ кунанд. Вақте онҳо ба шахс дар бораи хориҷ шуданаш хабар медиҳанд, онҳо ба таври аниқу равшан ва бо меҳрубонӣ ба ӯ мефаҳмонанд, ки барои барқарор шудан ба ӯ кадом қадамҳоро мондан лозим аст. Барои он ки ба хориҷшудагон хотиррасон кунанд, ки барои ба назди Яҳува баргаштан чӣ кор бояд кунанд, пирон вақт аз вақт онҳоеро ки дар тарзи ҳаёташон дигаргунӣ дохил мекунанд, хабар мегиранд *.
Аъзоёни оила муҳаббати худро нисбат ба ҷамъомад ва шахси гуноҳкарда он гоҳ нишон медиҳанд, агар нисбати қарори пирон эҳтиром зоҳир кунанд. Хулиан дар бораи писараш мегӯяд: «Ӯ ҳанӯз писари ман буд, лекин тарзи ҳаёти ӯ байни мо девор гузошт».
Ҳама аъзоёни ҷамъомад метавонанд муҳаббати худро бо он нишон диҳанд, агар аз муошират бо хориҷшуда дурӣ ҷӯянд (1 Қӯр. 5:11; 2 Юҳ. 10, 11). Онҳо бо ин рафторашон мазамматеро ки пирон ба ӯ додаанд, дастгирӣ мекунанд. Ҳамчунин онҳо метавонанд ба наздикони шахси хориҷшуда, ки аз ин воқеа азоб мекашанд, муҳаббати бештар зоҳир кунанд, то ки онҳо худашонро низ аз муоширати ҳамимонон маҳрумшуда ҳис накунанд (Рум. 12:13, 15).
Хулиан чунин хулоса мебарорад: «Хориҷкунӣ ин чорабиниест, ки ба мо кӯмак мерасонад, то мувофиқи меъёрҳои Яҳува зиндагӣ кунем. Гарчанд ин хеле дардовар аст, натиҷааш хуб буда метавонад. Агар ман он вақт ба рафтори бади писарам чашм мепӯшидам, ӯ ҳеҷ гоҳ барқарор намешуд».
^ сарх. 24 Ба «Бурҷи дидбонӣ» (рус.) аз 15 апрели соли 1991, саҳ. 21–23 нигаред.