Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

КИТОБИ МУҚАДДАС ҲАЁТРО ДИГАРГУН МЕСОЗАД

Ҳақиқати Китоби Муқаддас ниёзи маро қонеъ кард

Ҳақиқати Китоби Муқаддас ниёзи маро қонеъ кард
  • СОЛИ ТАВАЛЛУД: 1987

  • МАМЛАКАТ: ОЗАРБОЙҶОН

  • ДАР ГУЗАШТА: ДАР ОИЛАИ МУСУЛМОН ВА ЯҲУДӢ КАЛОН ШУДААСТ

ТАРҶУМАИ ҲОЛ.

Ман дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон ба дунё омадам ва дар оила фарзанди дуюм будам. Падарам мусулмон буд, модарам бошад, пайрави дини яҳудӣ. Волидонам ҳамдигарро дӯст медоштанд ва дину эътиқоди якдигарро ҳурмат мекарданд. Вақте ки падарам дар моҳи Рамазон рӯза мегирифт, модарам ӯро дастгирӣ мекард. Вақте модарам иди Фисҳи яҳудиёнро қайд мекард, падарам ӯро дастгирӣ менамуд. Дар хонаи мо китоби Қуръон, Таврот ва Инҷил буд.

Ман худро мусулмон меҳисобидам. Гарчанд ман ба вуҷуд доштани Худо шубҳа намекардам, якчанд саволе буд, ки ҳеҷ оромам намемонд. Масалан, ман аз худ мепурсидам: «Барои чӣ Худо одамонро офарид? Наход ки шахс тамоми умр азоб кашаду баъд боз дар дӯзах абадан ба шиканҷа гирифтор шавад?» Азбаски одамон мегӯянд, ки ҳама чиз хости Худо аст, ман ба ҳайрат меомадам: «Магар Худо лӯхтакбоз аст, ки бо тақдири одамон бозӣ карда аз тамошои азоби онҳо лаззат мебарад?»

Вақте 12-сола будам, ман намозхониро сар кардам ва ҳар рӯз панҷ вақт ба Худо дуо мехондам. Ҳамон вақт падарам ману апаамро ба мактаби яҳудӣ бурд. Дар он ҷо ба мо расму анъанаҳои Таврот ва забони иброниро ёд медоданд. Пеш аз саршавии дарс мо мувофиқи урфу одати яҳудиён дуо мегуфтем. Ҳамин тавр, ман саҳарӣ дар хона намози мусулмонӣ мехондам, баъдтар бошад, дар мактаб ба дуои яҳудиён ҳамроҳ мешудам.

Ман ташнаи он будам, ки ба саволҳоям ҷавобҳои мантиқӣ пайдо кунам. Ман гаштаву баргашта аз кашиш мепурсидам: «Барои чӣ Худо одамонро офарид? Худо ба падари ман, ки мусулмон аст, чӣ гуна менигарад? Охир, ӯ инсони хуб аст, пас, барои чӣ нопок ҳисобида мешавад? Агар ӯ нопок бошад, чаро Худо ӯро офарид?» Ду-се ҷавоби бемантиқу подарҳавое, ки ман шунидам, қонеам накарданд.

КИТОБИ МУҚАДДАС ҲАЁТАМРО ДИГАРГУН КАРД.

Соли 2002 ман имонамро ба Худо гум кардам. Мо нав ба Олмон кӯчида будем ки, танҳо баъди як ҳафтааш падарам ба касалии сактаи мағзи сар гирифтор шуда ба кома афтод. Дар давоми солҳо ман дар дуо аз Худо барои аҳли оилаам саломатӣ ва осудагиву оромӣ мепурсидам. Ман боварии комил доштам, ки ҳам марг ва ҳам ҳаёти одамон дар дасти Худои Қодир аст. Ман фикр мекардам: «Наход ки барои Худо иҷро кардани хоҳиши дили як духтарча душвор бошад?» Ман боварӣ доштам, Худо дуои маро мешунавад. Лекин баъди чанде падарам вафот кард.

Ба назарам чунин намуд, ки Худо нисбати ғаму андӯҳи ман парвое надорад. Ин воқеа маро дилшикаста кард. Ман фикр карда чунин мегуфтам: «Ё ман нодуруст дуо мегӯям ё ин ки Худо вуҷуд надорад». Ман чунон ғамзада шуда будам, ки дигар намоз хонда наметавонистам. Азбаски ман ба динҳои дигар бовариву эътиқод надоштам, ба хулосае омадам, ки Худо вуҷуд надорад.

Шаш моҳ пас аз ин воқеа ба дари хонаамон Шоҳидони Яҳува занг заданд. Азбаски мо боварӣ доштем, ки масеҳиён дар ақидаҳои худ хато мекунанд, ман ва апаам хостем, ки боэҳтиромона ба онҳо хатоҳояшонро нишон диҳем. Мо аз онҳо пурсидем: «Чаро масеҳиён ба Исо, салиб, Марям ва бутҳо саҷда мекунанд, дар сурате ки ин бар зидди Даҳ аҳкоми Мусо аст?» Онҳо Навиштаҳоро кушода нишон доданд, ки дар асл масеҳиёни ҳақиқӣ набояд ба бутҳо саҷда кунанд. Онҳо ҳамчунин нишон доданд, ки мо фақат ба Худо бояд дуо гӯем. Ман аз ин ҷавобҳои онҳо ба ҳайрат афтодам.

Баъд мо пурсидем: «Дар бораи Сегона чӣ мегӯед? Агар Исо Худо бошад, пас чӣ тавр ӯ дар рӯи замин зиндагӣ кард ва аз тарафи одамон кушта шуд?» Ин дафъа ҳам онҳо аз Китоби Муқаддас ҷавоб дода гуфтанд, ки Исо на Худо асту на ба Ӯ баробар. Шоҳидон гуфтанд, ки маҳз барои ҳамин онҳо ба Сегона боварӣ надоранд. Ман аз ҷавобҳои онҳо ҳайрон шуда ба худ гуфтам: «Онҳо масеҳиёни “аҷоиб” будаанд».

Лекин ман ҳанӯз мехостам бидонам, ки чаро одамон мемиранду барои чӣ Худо ба ранҷу азоб роҳ медиҳад. Шоҳидон ба ман китоберо бо номи «Донише, ки роҳнамои ҳаёти ҷовидонист» * нишон доданд. Дар он китоб барои ҳар як саволи ман як боби пурра бахшида шуда буд. Онҳо дарҳол бо ман омӯзиши Китоби Муқаддасро сар карданд.

Дар давоми ҳар як омӯзиш ман ба саволҳоям аз Китоби Муқаддас ҷавобҳои мантиқӣ меёфтам. Ман фаҳмидам, ки номи Худо Яҳува аст (Заб. 82:19). Хислати асосии Ӯ муҳаббати поку беғараз мебошад (1 Юҳ. 4:8). Ӯ одамонро аз рӯи муҳаббат офарид, зеро мехост, ки онҳо аз ҳаёт лаззат баранд. Ман дарк кардам, ки ҳарчанд Худо ба беадолатӣ роҳ медиҳад, ӯ аз он нафрат дорад ва ба қарибӣ онро ба пуррагӣ несту нобуд мекунад. Китоби Муқаддас мегӯяд, ки сабаби нохушиҳои ҳама одамони рӯи замин ин исёни Одаму Ҳавво мебошад (Рум. 5:12). Ман фаҳмидам, ки сабаби марги наздиконамон, аз он ҷумла марги падарам маҳз ҳамин аст. Аммо дар ояндаи наздик, дар дунёи нав Худо тамоми зарари ба инсоният расидаро бартараф мекунад ва мурдагонро зинда мегардонад (Аъм. 24:15).

Ба туфайли ҳақиқати Китоби Муқаддас ташнагии ман нисбати саволҳо қонеъ карда шуд. Ман аз нав нисбати Худо боварӣ пайдо кардам. Вақте ман бо Шоҳидони Яҳува беҳтар шинос шудам, ман фаҳмидам, ки онҳо бародарияти умумиҷаҳонӣ мебошанд. Ягонагӣ ва муҳаббате ки байни онҳо ҳукмфармо аст, ба ман сахт таъсир кард (Юҳ. 13:34, 35). Дониши дар бораи Яҳува гирифтаам дар дили ман хоҳиши ба Ӯ хизмат карданро бедор кард ва ман 8-уми январи с. 2005 ҳамчун Шоҳидони Яҳува таъмид гирифтам.

ҲАЁТИ МАН БЕҲТАР ГАШТ.

Ҷавобҳои бомантиқи Китоби Муқаддас назари маро ба ҳаёт беҳтар кард. Суханони боварибахше ки ман аз Каломи Худо фаҳмидам, ба ман оромии ботинӣ бахшиданд. Умеди эҳёшавӣ, ки дар Каломи Худо навишта шудааст, ба ман хурсандиву тасаллӣ мебахшад. Ман шодам, ки падарамро боз мебинам (Юҳ. 5:28, 29).

Шаш сол мешавад, ки ман бо шавҳари худотарсам — Ҷонатан оиладорам. Мо фаҳмидем, ки ҳақиқати Худо содда, фаҳмо ва аз рӯи мантиқ аст. Мо онро мисли ганҷи бебаҳо қадр мекунем. Аз ин рӯ мо боғайратона бо дигарон дар бораи имон ва умеди олиҷаноби худ гап мезанем. Акнун ман медонам, ки Шоҳидони Яҳува одамони «аҷоиб» нестанд, балки масеҳиёни ҳақиқианд.

^ сарх. 15 Аз тарафи Шоҳидони Яҳува нашр шудааст, лекин ҳоло дигар чоп намешавад.