Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

КАЛИДҲОИ ХУШБАХТИИ ОИЛА

Бо фарзанди наврасатон бе баҳсу мунозира сӯҳбат кунед

Бо фарзанди наврасатон бе баҳсу мунозира сӯҳбат кунед

«Вақте ки духтарам 14-сола шуд, ӯ гапгардониро сар кард. Вақте ман ба ӯ мегуфтам, ки вақти хӯрокхӯрӣ расид, ӯ мегуфт: “Ман кай хоҳам, ҳамон вақт хӯрок мехӯрам”. Ё агар пурсам, ки корубори хонаро кардӣ, ӯ бо дуруштӣ ҷавоб медод: “Ба ман кордор нашавед”» (МАКИ, ҶОПОН *).

Агар шумо фарзанди наврас дошта бошед, қобилияти тарбиякунӣ ва пурсабриатон зери озмоиш қарор гирифта метавонад. «Вақте ки духтарам гапи маро намегирад ва нисбати ман беҳурматӣ мекунад, хун ба сарам мезанад,— мегӯяд Мариа, модаре аз Бразилия, ки духтари 14-сола дорад.— Мо ҳарду чунон ба ғазаб меоем, ки ба якдигар дод мезанем». Кармела аз Италия низ чунин душвориро аз сар мегузаронад. «Баҳсу мунозираҳо бо писарам ҳамеша хашму ғазабро бедор мекунанд,— мегӯяд ӯ.— Муноқишаҳои мо бо он меанҷоманд, ки вай ба хонааш даромада, дарро аз пасаш мепӯшад».

Чаро ба назар чунин метобад, ки баъзе наврасон баҳс карданро дӯст медоранд? Оё ба онҳо ҳамсолонашон таъсир мекунанд? Шояд. Китоби Муқаддас мегӯяд, ки атрофиён метавонанд таъсири хуб ё бад расонанд (Мас. 13:20; 1 Қӯр. 15:33). Ғайр аз ин, бисёр вақтхушиҳое, ки ба наврасон пешкаш карда мешаванд, беитоатӣ ва беҳурматиро чун як чизи муқаррарие тасвир менамоянд.

Аммо омилҳои дигарро низ ба назар гирифтан даркор аст. Агар фаҳмед, ки чӣ тавр ин омилҳо ба фарзанди наврасатон таъсир карда метавонанд, ба кор бурдани чораҳои лозима ба шумо осонтар хоҳад буд. Биёед баъзе мисолҳоро дида бароем.

ИНКИШОФЁБИИ ҚОБИЛИЯТИ ФИКРРОНӢ

Павлуси ҳавворӣ навишта буд: «Вақте ки кӯдак будам, кӯдаквор гап мезадам, кӯдаквор фикр мекардам, кӯдаквор муҳокима мерондам; аммо вақте ки мард шудам, кӯдакиро тарк кардам» (1 Қӯр. 13:11). Чӣ хеле ки суханони Павлус нишон медиҳанд, кӯдакон ва калонсолон ба таври гуногун фикр меронанд. Чӣ тавр?

Кӯдакон ба таври оддӣ фикр меронанд, яъне ҳар як чизро ё сафед мешуморанд, ё сиёҳ. Калонсолон бошанд, баръакси онҳо аксар вақт масъалаҳои на он қадар равшанро нағзтар мефаҳманд ва ҳангоми хулоса баровардану қарор қабул намудан чуқуртар андеша меронанд. Масалан, калонсолон одатан ба ҷиҳатҳои ахлоқии масъала бештар аҳамият медиҳанд ва дар бораи он фикр мекунанд, ки корҳои онҳо ба дигарон чӣ тавр таъсир мерасонанд. Онҳо шояд ба чунин тарзи фикрронӣ одат кардаанд, наврасон бошанд инро нав меомӯзанд.

Китоби Муқаддас ҷавононро даъват мекунад, ки қобилияти фикррониашонро инкишоф диҳанд (Мас. 1:4). Бояд гуфт, ки Китоби Муқаддас ҳамаи масеҳиёнро бармеангезад, ки чунин қобилияташонро ба кор баранд (Рум. 12:1, 2; Ибр. 5:14). Лекин баъзан тарзи фикрронии фарзанди наврасатон сабаби бо шумо баҳс кардани ӯ мегардад, ҳатто оиди чизҳое ки ҷиддӣ наметобанд. Ё ӯ метавонад чунин фикреро гӯяд, ки тамоман нодуруст аст (Мас. 14:12). Дар чунин маврид ба ҷои баҳс кардан чӣ тавр шумо метавонед бо ӯ мулоҳиза ронед?

ИНРО САНҶИДА БИНЕД. Ба назар гиред, ки чунин рафтор шояд аз он шаҳодат медиҳад, ки фарзанди наврасатон бо тарзи дигар мулоҳиза ронданро ёд гирифта истодааст ва фикрашро гуфтани ӯ маънои онро надорад, ки вай ба ақидааш устувор аст. Бо мақсади ӯро хубтар фаҳмидан аввал барои фикру мулоҳиза ронданаш ӯро таъриф кунед. («Ба ман маъқул аст, ки чӣ тавр ту фикру андеша мекунӣ, гарчанде ман на бо ҳама хулосаҳои баровардаат розиам».) Баъд ба ӯ ёрӣ диҳед, то фикрҳояшро таҳлил намояд. («Ба фикри ту, он чизеро ки нав гуфтӣ, дар ҳама маврид ба кор бурдан мумкин аст?») Шумо метавонед ба ҳайрат оед, ки чӣ тавр фарзандатон ақидаашро аз нав дида баромада, хулосаи дурусттар мебарорад.

Як чизро бояд ба назар гирифт: вақте ки бо фарзанди наврасатон мулоҳиза меронед, фикр накунед, ки шумо бояд ҳатман ҳақ будани худро исбот кунед. Ҳатто агар ба назаратон чунин тобад, ки гапи шумо ба гӯши фарзандатон намедарояд, эҳтимоли зиёд аст, ки ӯ аз сӯҳбат бештар аз оне ки гумон доред, фоида мегирад, ҳатто агар ба ин иқрор нашавад ҳам. Ҳайрон нашавед, агар баъд аз якчанд рӯз ӯ ақидаи шуморо қабул кунад ва ҳатто гӯяд, ки ин фикри худаш аст.

«Баъзан ману писарам дар бораи чизҳои на он қадар ҷиддӣ, масалан, оиди сарфакор будан ё дар бораи хоҳарчаашро масхара накардан, баҳс мекардем. Аммо дар бисёр мавридҳо ба назар чунин менамуд, ки ӯ мехост ман фикрашро пурсам, ӯро то андозае фаҳмам ва чунин гӯям: “Вазъият чунин будааст–ку” ё “Акнун фикру нияти туро фаҳмидам”. Ба гузашта нигариста ман мефаҳмам, ки агар чизе ба монанди ин мегуфтам, мо шояд ин қадар бисёр баҳс намекардем» (Кенҷи, Ҷопон).

ТАШАККУЛ ДОДАНИ АҚИДАИ ШАХСӢ

Давраи наврасӣ шахсро ба он тайёр мекунад, ки ӯ рӯзе хонаи волидонашро тарк карда, чун шахси мустақил зиндагӣ кунад (Ҳас. 2:24). Ин давра ҳамчунин ташаккул ёфтани шахсиятро дар бар мегирад, яъне пайдо кардани хусусиятҳо, ақидаҳо ва арзишҳое, ки ӯро чун шахсият муайян мекунанд. Вақте наврас медонад, ки чӣ гуна шахс будан мехоҳад, вай ҳангоми муқобилат кардан ба онҳое, ки ӯро ба кори бад тела медиҳанд, дар бораи оқибати кор андеша мекунад. Ба ғайр аз ин ӯ ба худ чунин саволҳо медиҳад: «Ман чӣ гуна шахс ҳастам? Аз рӯи кадом меъёрҳову арзишҳо зиндагӣ кардан мехоҳам? Инро ба назар гирифта, дар ин маврид чӣ гуна рафтор кардан дуруст мебуд?» (2 Пет. 3:11).

Дар Китоби Муқаддас оиди Юсуф — ҷавоне ки барои худ қарор карда буд, ки чӣ гуна шахс будан мехоҳад, нақл карда мешавад. Масалан, вақте ки зани Фӯтифар Юсуфро водор мекард, ки бо ӯ ҳамхоба шавад, вай чунин гуфт: «Чӣ гуна ин бадкирдории бузургро содир кунам ва дар назди Худо гуноҳкор шавам?» (Ҳас. 39:9). Гарчанд дар он вақт қонун дар бораи манъи зино ба исроилиён дода нашуда буд, Юсуф нуқтаи назари Худоро оиди ин масъала дарк мекард. Беш аз ин, суханони «чӣ гуна ин бадкирдории бузургро содир кунам» аз он шаҳодат медиҳанд, ки ӯ фикру ақидаи Худоро аз они худ сохта буд (Эфс. 5:1).

Фарзанди навраси шумо низ шахсияти худро ташаккул дода истодааст. Ин хеле хуб аст, зеро ақидаи устувор доштан ба вай ёрӣ медиҳад, ки ба фишори ҳамсолонаш тоб оварад ва худро ҳимоя кунад (Мас. 1:10–15). Аз тарафи дигар, доштани ақидаи шахсӣ ӯро ба он барангехта метавонад, ки зидди фикри шумо барояд. Агар ин тавр шавад, шумо чӣ кор карда метавонед?

ИНРО САНҶИДА БИНЕД. Ба ҷои баҳсу мунозираро сар кардан, хуб мебуд, ки фикри баёнкардаи ӯро аз нав гуфта диҳед. («Мехоҳам боварӣ ҳосил кунам, ки фикри туро дуруст фаҳмидам. Ту гуфтӣ, ки...») Сипас саволҳо диҳед. («Чаро ту ин хел фикр мекунӣ?» ё «Барои чӣ ту ба чунин хулоса омадӣ?») Фарзандатонро ба сӯҳбат кардан ҷалб намоед. Гузоред, ки ӯ фикру ақидаи худро баён кунад. Агар фикрҳои шумо танҳо бо сабаби хоҳишҳои шахсиатон фарқ кунанд, ба вай нишон диҳед, ки нуқтаи назарашро эҳтиром мекунед, ҳатто агар бо ӯ пурра розӣ набошед ҳам.

Ташаккул додани шахсият, аз он ҷумла фикру ақидаҳои худ, на танҳо табиӣ, балки фоидаовар низ ҳаст. Беш аз ин, дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад, ки масеҳиён набояд чун кӯдаконе бошанд, ки «бо боди ҳар таълим калавонида ва ронда мешаванд» (Эфс. 4:14). Бинобар ин ба фарзанди наврасатон имкон диҳед ва ҳатто ӯро барангезед, ки шахсияти худро инкишоф диҳад ва ақидаҳои устувори шахсӣ пайдо кунад.

«Вақте ки бо омодагӣ гапи духтаронамро гӯш мекунам, онҳо ба мулоҳиза кардан оиди нуқтаи назари ман бештар моил мегарданд, ҳатто фикрҳоямон гуногун бошанд ҳам. Ман кӯшиш мекунам, ки онҳоро ба қабул кардани ақидаам маҷбур накунам, балки имкон диҳам, ки фикру ақидаи худашонро инкишоф диҳанд» (Ивана, Ҷумҳурии Чехия).

УСТУВОР ВА ҲАМЗАМОН ОҚИЛ БОШЕД

Баъзе наврасон ба мисли кӯдакон чунин корро ёд гирифтаанд, ки падару модари худро безор карда, гапи худро мегузаронанд. Агар ин дар оилаи шумо тез–тез рӯй диҳад, эҳтиёт шавед. Гарчанде ба гапи ӯ розӣ шудан сабукии муваққатӣ меорад, навраси шумо мефаҳмад, ки ба воситаи баҳс ба мақсадаш расида метавонад. Чӣ чора андешидан мумкин аст? Маслиҳати зерини Исоро ба кор баред: «Сухани шумо: “оре, оре” ва “не, не” бошад» (Мат. 5:37). Вақте наврасон медонанд, ки шумо мувофиқи суханатон амал мекунед, онҳо камтар баҳсу мунозира мекунанд.

Вале дар баробари ин оқил бошед. Бигзор навраси шумо фаҳмонад, ки масалан, барои чӣ вай мехоҳад, ки ба хона дертар биёяд. Дар чунин маврид шумо на ин ки ба фишори ӯ таслим мешавед, балки мувофиқи маслиҳати зерини Китоби Муқаддас амал мекунед: «Бигзор оқилии шумо... маълум бошад» (Фил. 4:5, ТДН).

ИНРО САНҶИДА БИНЕД. Аъзоёни оилаатонро ҷамъ оварда, қоидаҳоро дар оила муҳокима намоед, масалан, онро ки фарзандонатон аз ҳама дер соати чанд бояд дар хона бошанд. Нишон диҳед, ки пеш аз қарор баровардан омодаед, ки дигаронро гӯш кунед ва ҳамаи ҷиҳатҳои ба масъала дахлдорро дида бароед. Роберту, падаре аз Бразилия, чунин маслиҳат медиҳад: «Наврасон бояд донанд, ки падару модарашон ба қабул кардани хоҳиши онҳо тайёранд, ба шарте ки он принсипи Китоби Муқаддасро вайрон накунад».

Албатта, волидон комил нестанд. Дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад: «Ҳамаи мо бисёр пешпо мехӯрем» (Яъқ. 3:2). Агар шумо фаҳмед, ки каме ҳам бошад, сабабгори сар задани баҳсу муноқиша гаштед, шарм надошта, аз фарзанди наврасатон бахшиш пурсед. Хатои худро ба гардан гирифта, шумо дар фурӯтан будан намуна мегузоред ва он гоҳ ба фарзандатон осонтар мешавад, ки чунин амал кунад.

«Боре пас аз муноқиша кардан ман ором шуда, аз писарам барои он ки ба ғазаб омада будам, бахшиш пурсидам. Ин ёрӣ дод, ки ӯ низ ором гардад ва пас аз ин ба гапи ман гӯш додан ба вай осонтар шуд» (Кенҷи, Ҷопон).

^ сарх. 3 Номҳо иваз карда шудаанд.

АЗ ХУД ПУРСЕД...

  • Чӣ тавр ман сабаби сар задани баҳсу мунозира бо фарзандам шуда метавонам?

  • Чӣ тавр ман маслиҳатҳои дар ин мақола овардашударо ба кор бурда метавонам, то фарзандамро беҳтар фаҳмам?

  • Чӣ кор карда метавонам, то бо фарзанди наврасам бе баҳсу мунозира сӯҳбат кунам?