Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

АЗ ХАЗИНАИ МО

Онҳо дар «соати озмоиш» устувор монданд

Онҳо дар «соати озмоиш» устувор монданд

СОЛИ 1914, вақте ки Ҷанги Якуми Ҷаҳонӣ сар шуд, мавқеи бетарафии Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас диққати ҷаҳониёнро ба худ ҷалб кард (Иш. 2:2–4; Юҳ. 18:36; Эфс. 6:12). Он вақт ходимони Худо дар Бритониё бо чӣ рӯ ба рӯ шуданд?

Генри Гудзон

Қонуне, ки соли 1916 оиди хизмати ҳарбӣ дар Бритониё баромад, талаб мекард, ки мардони муҷарради синни аз 18 то 40-сола ба аскарӣ раванд. Ин қонун пешбинӣ мекард, ки касоне, ки мавқеашон дар асл ба «эътиқоди динӣ ва ахлоқӣ» асос ёфтааст, аз хизмати ҳарбӣ озод буда метавонанд. Давлат муайян менамуд, ки кадом шахсон аз хизмати ҳарбӣ пурра ё қисман озод карда шаванд.

Ҳарчанд чунин қонун баромада буд, баъзе Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддасро аз хизмати ҳарбӣ озод накарданд ва дар муддати кӯтоҳ тақрибан 40 нафар ба ҳабсхонаҳои ҳарбӣ афтоданд ва 8 кас ба Фаронса, ба ҷанг, фиристода шуданд. Ин амали беадолатона бародарони бритониро водор кард, ки ба номи Сарвазир Герберт Асквит мактуб навишта, оиди ҳабсшавӣ норозигӣ баён кунанд ва инчунин 5 500 нафар ариза навишта онро имзо карданд.

Сипас хабар расид, ки ба ҳашт нафаре, ки ба Фаронса фиристода шуда буданд, барои дар ҷанг иштирок накарданашон ҳукми паррон дода шуд. Аммо вақте ки бародаронро барои паррондан қатор карданд, ҳукм иваз карда шуд. Онҳо ба мӯҳлати 10 сол ба меҳнати пуразоб маҳкум шуданд ва барои гузаронидани ин мӯҳлат ба ҳабсхонаҳои Англия баргардонида шуданд.

Ҷеймс Фредерик Скотт

Вақте ки ҷанг тӯл кашид, мардони оиладорро низ ба хизмати ҳарбӣ мебурдагӣ шуданд. Давлат мекӯшид, ки кори судиеро, ки дар шаҳри Манчестер (Англия) мегузашт, барои дигар ҳолатҳо чун асоси қонунӣ истифода барад. Дар он суд ҷавобгар Генри Гудзон ба ҳисоб мерафт, ки вай духтур ва Тадқиқотчии Китоби Муқаддас буд. 3 августи соли 1916, суд ӯро барои саркашӣ аз хизмати ҳарбӣ айбдор кард, аз ӯ ҷарима ситонд ва ӯро ба дасти ҳарбиён супорид. Дар ҳамон вақт, дар Эдинбург (Шотландия) кори судии дигаре мерафт. Ҷеймс Фредерик Скотти 25-сола, ки паҳнкунандаи китоб буд, беайб дониста шуд. Ҳокимият талаб кард, ки ин қарори суд аз нав дида баромада шавад, лекин аз сабаби боз як кори судии дигар дар Лондон, ин корро боздоштанд. Дар он ҷо бародар Герберт Киппсро айбдор донистанд, аз ӯ ҷарима ситониданд ва ба дасти ҳарбиён супориданд.

Тахминан моҳи сентябри соли 1916 ҳамагӣ 264 нафар бародарон ариза доданд, ки онҳоро аз хизмати ҳарбӣ озод кунанд. Аз онҳо 5 нафарро озод карданд, 154 касро ба манфиати давлат ба корҳои вазнин, мисли роҳсозиву кӯҳканӣ фиристоданд; 23 нафарро ба корҳои ғайриҷангии фронт ва 82 каси дигарро ба ҳарбӣ фиристоданд ва аз байни онҳо баъзеяшон барои беитоатӣ аз тарафи суди ҳарбӣ ҳабс шуданд. Халқ нисбати бераҳмие, ки бо ин шахсон мекарданд, эътироз баён намуд, аз ин рӯ, ҳукумат онҳоро аз ҳабсхонаҳои ҳарбӣ ба лагерҳои меҳнатии шаҳрвандӣ фиристод.

Прайс Хюз

Эдгар Клэй ва Прайс Хюз, ки баъдтар чун нозири асосии филиали Бритониё хизмат намуданд, он солҳо дар Уэлс, дар сарбанд (дамба) кор мекарданд. Аз дигар тараф, Герберт Синёр, яке аз ҳашт бародароне, ки аз Фаронса баргаштанд, танҳо́ ба ҳабсхонаи Уэйкфилд (Йоркшир) фиристода шуд. Бародарони дигар дар ҳабсхонаи Дартмур, ки шароити тоқатшикан дошт, кори вазнин мекарданд. Дар ин ҷо нисбат ба дигар ҳабсхонаҳо шумораи касоне, ки бо эътиқоди диниашон аз ҷанг даст кашида буданд, зиёдтар буд.

Тадқиқотчии Китоби Муқаддас Франк Платт, ки ба корҳои ғайриҷангии фронт розӣ буд, барои дар худи ҷанг иштирок накарданаш ба таъқиботи дурударози бераҳмона дучор шуд. Аткинсон Падҷет ном шахс пас аз ба аскарӣ рафтанаш, дере нагузашта ҳақиқатро фаҳмид ва аз сабаби дар ҷанг иштирок накарданаш ӯ низ аз муносибати бераҳмонаи сардорони ҳарбӣ азоб кашид.

Герберт Синёр

Ҳарчанд мавқеи бетарафии мо чун масеҳиён, қариб сад сол пеш ба бародаронамон пурра фаҳмо набуд, аммо онҳо кӯшиш мекарданд, ки илтифоти Яҳува Худоро ба даст оранд. Шахсоне, ки дар ин мақола номбар шудаанд, мавқеи бетарафиро нигоҳ дошта, дар «соати озмоиш»-ҳои душвор устувор монданд (Ваҳй 3:10). Чӣ намунаи олиҷанобанд онҳо барои мо! (Аз хазинаи мо дар Бритониё).