ФАРЗАНДОНИ ХУДРО ТАЪЛИМ ДИҲЕД
Дурӯғи Петрус ва Ҳанониё. Мо аз ин чӣ дарс гирифта метавонем?
Чӣ хеле ки ту медонӣ, дурӯғ ин гуфтани гапест, ки рост нест. Оё ту ягон бор дурӯғ гуфта будӣ? ~ * Ҳатто баъзе одамони калонсоле, ки Худоро дӯст медоштанд, дурӯғ гуфта буданд. Ту мумкин аз Китоби Муқаддас дар бораи шахсе, ки дурӯғ гуфта буд, медонӣ. Номи ӯ Петрус аст. Петрус яке аз 12 ҳаввории Исо буд. Биё фаҳмем, ки чаро ӯ якчанд бор дурӯғ гуфт.
Исоро шабона дастгир карда ба хонаи саркоҳин мебаранд. Петрус аз қафои ӯ ба ҳавлии хонаи саркоҳин медарояд ва дар аввал ягон кас вайро намешиносад. Лекин, дар равшании алов як канизаки саркоҳин Петрусро дида мегӯяд: «Ту ҳам бо Исо будӣ». Петрус бошад, тарсида не мегӯяд.
Баъдтар ӯро канизаки дигаре дида мегӯяд: «Ин мард ҳамроҳи Исо буд». Ин дафъа ҳам, Петрус мегӯяд, ки Исоро намешиносад. Каме баъдтар шахсони дигар назди Петрус омада хитоб мекунанд: «Ту ҳам яке аз онҳо ҳастӣ!»
Петрус сахт метарсад. Барои ҳамин, бори сеюм ҳам вай дурӯғ мегӯяд: «Ман ин одамро намешиносам!» Ва ин дам садои бонги хурӯс мебарояд. Чашми Петрус ба Исо меафтад ва ӯ гапҳои якчанд соат пештар гуфтаи устодашро ба ёд меорад: «Пеш аз он ки хурӯс ҷеғ занад, ту се бор маро рад мекунӣ». Петрус бисёр зиқ мешавад ва гиря мекунад. Ӯ сахт пушаймон аст!
Оё бо ту низ чунин шуда метавонад? ~ Мумкин дар мактаб ҳамсинфонат байни худ дар бораи Шоҳидони Яҳува гап мезананд. Яке аз онҳо мегӯяд: «Шоҳидони Яҳува суруди миллӣ намехонанд». Дуюмаш илова мекунад: «Онҳо галстуки мактабӣ намебанданд». Сеюмаш бошад, чунин мегӯяд: «Онҳо ягон идро қайд намекунанд». Баъд якеаш ба ту нигоҳ карда мепурсад: «Ту ҳам Шоҳиди Яҳува ҳастӣ?» Ту дар ҷавоб чӣ мегуфтӣ? ~
Барои додани ҷавоби дуруст ту бояд пешакӣ тайёрӣ бинӣ. Петрус тайёр набуд, барои ҳамин дар вақти бо душворӣ рӯ ба рӯ шуданаш вай дурӯғ гуфт. Лекин Петрус аз кори кардааш сахт пушаймон шуд ва Худо ӯро бахшид.
Як шогирди дигари Исо, ки дурӯғ гуфт, Ҳанониё буд. Лекин Худо ӯ ва занаш — Сафираро, ки ба дурӯғгӯии вай ҳамроҳ шуда буд, набахшид. Биё бинем, ки барои чӣ.
Баъд аз даҳ рӯзи ба осмон баргаштани Исо, қариб 3 000 нафар одамон дар Ерусалим таъмид гирифтанд. Бисёриҳо барои ҷашн гирифтани иди Пантикост аз ҷойҳои дур омада буданд. Баъди шогирди Исо шуданашон онҳо мехостанд, ки бисёртар дар Ерусалим монанд ва дар бораи имони навашон зиёдтар фаҳманд. Барои ҳамин, шогирдони Исо пулҳои худашонро истифода бурданд, то ба ин шахсон ғамхорӣ кунанд.
Ҳанониё ва занаш низ баъзе чизҳояшонро фурӯхтанд, то ба онҳое, ки нав таъмид гирифта буданд, ёрдам кунанд. Пулҳоро ба ҳаввориён оварда Ҳанониё гуфт, ки ин тамоми пулест, ки вай аз фурӯши чизҳояш ба даст овард. Лекин Ҳанониё гапи дурӯғ гуфт, зеро ӯ як қисми пулро ба худаш гирифта буд. Худо чунин кард, ки Петрус дурӯғи Ҳанониёро фаҳмида гуфт: «Ту на ба одамон, балки ба Худо дурӯғ гуфтӣ». Инро шунида Ҳанониё ба замин афтид ва мурд! Қариб баъди се соат зани вай ба назди ҳаввориён омад. Ӯ низ ба ҳаввориён дурӯғ гуфт ва дар натиҷа мисли шавҳараш ба замин афтода мурд.
Мо аз ин нақл чӣ гуна дарси муҳим мегирем?— Мо бояд ҳама вақт гапи ростро гӯем. Рост аст, ки ҳамаи мо хато мекунем, махсусан вақте ки ҷавонем. Оё ту хурсанд нестӣ, ки Яҳува туро нағз мебинад ва мисли Петрус туро ҳам мебахшад? ~ Фаромӯш накун: мо бояд ҳамеша ростгӯй бошем. Ва ҳатто агар ба дурӯғгӯӣ роҳ диҳем ҳам, мо бояд ба Худо дуо гуфта илтимосу илтиҷо кунем, ки моро бахшад. Мумкин Петрус ҳам ҳамин хел рафтор кард ва Худо ӯро бахшид. Агар мо сахт кӯшиш кунем, ки дигар ҳеҷ гоҳ дурӯғ нагӯем, Худо моро низ мебахшад!
Ин оятҳоро хон:
^ сарх. 3 Агар шумо инро бо кӯдаке хонда истода бошед, аломати тилда (~) хотиррасон мекунад, ки дар ин ҷо каме истода кӯдакро ба ҷавобдиҳӣ барангезед.