Ин мероси рӯҳонии мост
«Ин аст насиба [«мерос», ТДН]-и бандагони Худованд» (ИШ. 54:17).
1. Яҳува бар манфиати инсоният чиро нигоҳ дошт?
ЯҲУВА ХУДО «зинда аст ва то абад боқист». Ӯ дар Каломи худ хабари ҳаётбахшеро додааст, ки он ҳеҷ гоҳ дигар нахоҳад шуд. Китоби Муқаддас мегӯяд: «Каломи Худованд то абад боқист» (1 Пет. 1:23–25). То чӣ андоза миннатдорем мо, ки Яҳува аз рӯи муҳаббат Каломи худ ва маълумоти муҳими дар он навишташударо барои мо нигоҳ дошт!
2. Худо дар Каломаш чиро нигоҳ дошт, то халқаш онро истифода барад?
2 Дар Каломи худ, Худо номи шахсиашро нигоҳ дошт, то халқаш онро истифода барад. Дар Навиштаҳо номи Худо аввалин маротиба дар алоқамандӣ бо офариниши осмону замин меояд. Он ҷо мо мехонем: «Ин аст пайдоиши осмонҳо ва замин, дар ҳини офариниши онҳо, дар рӯзе ки Яҳува Худо замин ва осмонҳоро бисохт» (Ҳас. 2:4, ТФ). Дар лавҳаҳои сангине, ки Даҳ аҳкомро дар бар мегирифтанд, номи Худо якчанд бор вомехӯрд. Масалан, аҳкоми аввалин бо суханони зерин сар мешавад: «Ман ҳастам Яҳува Худои ту» (Хур. 20:1–17, ТФ). Нигоҳ накарда ба тамоми кӯшишҳое, ки Шайтон ба харҷ дод, Ҳокими Олӣ — Яҳува нагузошт, ки Калом ва номи Ӯ несту нобуд шавад.
3. Сарфи назар аз паҳншавии таълимоти бардурӯғи динӣ Худо чиро нигоҳ дошт?
3 Дар Каломи худ Яҳува ҳамчунин «ростӣ», яъне ҳақиқатро нигоҳ дошт. То чӣ андоза миннатдорем мо, ки Худо нигоҳ накарда ба таълимоти бардурӯғи динӣ, ки дар тамоми ҷаҳон паҳн шудааст, ба мо нур ва ростии рӯҳонӣ медиҳад! (Забур 42:3, 4-ро бихонед.) Дар сурате ки аксарияти одамон дар зулмот қарор доранд, мо хурсандона дар нури рӯҳонӣ, ки Худо ба мо додааст, роҳ меравем (1 Юҳ. 1:6, 7).
МО МЕРОСИ ПУРАРЗИШ ДОРЕМ
4, 5. Аз соли 1931 инҷониб мо чӣ гуна имтиёзро соҳиб шудем?
4 Чун масеҳиён мо мероси пурарзише дорем. Дар «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» калимаи «мерос» чун «ёдгориҳои маданӣ, адабӣ, меъморӣ ва ғ., ки аз гузаштагон ба наслҳои оянда расидаанд», шарҳ дода шудааст. Ба мероси рӯҳонии мо чунин баракатҳо мисли дониши дақиқи Каломи Худо ва фаҳмиши равшани ҳақиқат дар бораи Ӯ ва ниятҳояш дохил мешаванд. Он ҳамчунин як имтиёзи дигареро дар бар мегирад.
5 Ин имконияти пуршараф соли 1931 дар анҷумане, ки дар шаҳри Колумбус (иёлоти Огайо, ИМА) баргузор гашта буд, қисми мероси рӯҳонии мо гашт. Дар варақаҳое, ки барномаи анҷуман чоп шуда буд, ҳарфҳои «JW» (ШЯ) тасвир шуда буданд. Хоҳаре мегӯяд: «Ҳама оиди он фикр мекарданд, ки ин ихтисор чӣ маъно дошта бошад». Пештар мо Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас ном доштем, лекин рӯзи якшанбе, 26-уми июли соли 1931, мо бо як овоз «бале» гуфта номи Шоҳидони Яҳуваро қабул кардем. Он гоҳ маълум шуд, ки ин ду ҳарф чӣ маъно дорад. Гирифтани номи бар Китоби Муқаддас асосёфта хеле ҳаяҷонбахш буд. (Ишаъё 43:12-ро бихонед.) Як бародарамон ба хотир меорад: «Ман он садои баланди ҳозирон ва кафкӯбиҳоро, ки тамоми майдонро ба ларза овард, ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунам». Ягон гурӯҳи динӣ дар ҷаҳон ин номро бар худ доштан намехост, лекин Худо моро дар истифода бурдани ин ном баракат дод ва зиёда аз ҳаштод сол аст, ки мо онро бар худ дорем. Чӣ имтиёзи бузургест Шоҳиди Яҳува будан!
6. Мероси рӯҳонии мо кадом маълумоти дақиқро дар бар мегирад?
6 Мероси рӯҳонии мо ҳамчунин маълумоти дақиқу пурарзишро дар бораи ходимони пешини Худо дар бар мегирад. Масалан, оиди Иброҳим, Исҳоқ ва Яъқуб мулоҳиза ронед. Эҳтимол ин сарварони оила бо аҳли хонаводаашон бисёр вақт дар бораи тарзи ҳаёте, ки ба Яҳува писанд аст, сӯҳбат мекарданд. Аз афташ маҳз чунин сӯҳбатҳо ба Юсуф кӯмак карданд, ки пешниҳоди зани Фӯтифарро рад кунад, то «дар назди Худо гуноҳкор» нашавад (Ҳас. 39:7–9). Урфу одатҳои масеҳӣ низ даҳонакӣ ё бо овардани намунаҳо ба дигарон расонда мешуданд. Масалан, Павлуси ҳавворӣ ба ҷамъомадҳои масеҳӣ дар бораи тарзи гузаронидани Шоми ёдбуди марги Масеҳ нақл карда буд (1 Қӯр. 11:2, 23). Имрӯз маълумоте, ки барои дар «рӯҳ ва ростӣ» ибодат кардани Худо лозим аст, қисми Каломи навишташудаи Ӯ мебошад. (Юҳанно 4:23, 24-ро бихонед.) Китоби Муқаддас барои тамоми инсоният манфиатбахш аст, лекин мо, чун халқи Яҳува, бояд онро бахусус қадр кунем.
7. Кадом ваъда қисми мероси рӯҳонии мо мебошад?
7 Мероси рӯҳонии моро ҳамчунин воқеаҳои дар адабиётҳоямон чопшуда ташкил медиҳанд. Онҳо исбот мекунанд, ки Яҳува дар тарафи мо аст (Заб. 117:7). Донистани ин ба мо кӯмак мекунад, ки ҳатто ҳангоми зери озмоиш қарор доштанамон худро дар бехатарӣ ҳис кунем. Дар Каломи Худо чунин ваъдаи рӯҳбаландкунанда навишта шудааст: «“Ҳар олате ки бар зидди ту сохта шавад, муваффақият нахоҳад ёфт; ва ҳар забонеро, ки бар зидди ту ба мурофиа бархезад, айбдор хоҳӣ кард. Ин аст насиба [«мерос», ТДН]-и бандагони Худованд, ва сафед кардани онҳо аз ҷониби Ман аст”,— мегӯяд Худованд» (Иш. 54:17). Бале, ҳеҷ яке аз яроқҳои Шайтон ба мо зарари бартарафнашаванда расонида наметавонад!
8. Дар ин мақола ва мақолаи навбатӣ мо чиро дида мебароем?
8 Шайтон кӯшиш мекард, ки Каломи Худоро несту нобуд созад ва номи Яҳува ва ҳақиқатро аз одамон пинҳон кунад. Лекин ин кӯшишҳои вай барор нагирифтанд. Дар ин мақола ва мақолаи навбатӣ мо се чизро дида мебароем: 1) Чӣ тавр Худо Каломашро нигоҳ дошт? 2) Чӣ тавр Яҳува ғамхорӣ намуд, то номаш ба одамон маълум бошад? 3) Ба кадом маъно Падари осмонии мо Сарчашма ва Нигаҳдорандаи ҳақиқат мебошад?
ЯҲУВА КАЛОМАШРО НИГОҲ ДОШТ
9–11. Кадом мисолҳо нишон медиҳанд, ки Китоби Муқаддас сарфи назар аз муқобилиятҳои гуногун нигоҳ дошта шуд?
9 Қатъи назар аз ҳар гуна монеаҳо Яҳува Каломашро нигоҳ дошт. Дар энсиклопедияи католикӣ гуфта шудааст, ки соли 1229 шӯрои калисо дар шаҳри Тулуз ба одамони оддӣ истифода бурдани тарҷумаҳои Китоби Муқаддасро манъ кард. Соли 1234 шӯрои калисо дар шаҳри Таррагона (Испания), зери роҳбарии Яъқуби I фармони ба ин монанде баровард. Ва соли 1559 рӯҳониёни калони Рум ба ин масъала ҳамроҳ шуданд. Он сол папа Павлуси IV индексеро баровард, ки мувофиқи он бе иҷозати рӯҳониён чоп кардан ва доштани тарҷумаҳои Китоби Муқаддас манъ шуда буд.
10 Ҳарчанд одамон мекӯшиданд, ки Китоби Муқаддасро несту нобуд созанд, Яҳува онро нигоҳ дошт. Тақрибан соли 1382 Ҷон Уиклиф ва ҳамроҳонаш аввалин тарҷумаи Китоби Муқаддасро ба забони англисӣ дастраси одамон гардонданд. Тарҷумони дигари Китоби Муқаддас Уилям Тиндал буд, ки соли 1536 ба қатл расонида шуд. Пеш аз маргаш, вақте ки ӯро дар ғӯлачӯб бастанд, Тиндал чунин гуфт: «Худовандо, чашми подшоҳи Англияро кушо». Баъд аз ин, ӯро буғӣ карданд ва ҷасадашро сӯзонданд.
11 Нигоҳ накарда ба ин муқобилиятҳо Китоби Муқаддас то рӯзҳои мо нигоҳ дошта шуд. Масалан, соли 1535 Майлз Ковердейл тарҷумаи Китоби Муқаддасро ба забони англисӣ ба анҷом расонд. Қисми ин тарҷумаро тарҷумаи Тиндал ташкил медод, ки ба он «Аҳди Ҷадид» пурра ва «Аҳди Қадим» аз «Ҳастӣ» то «Вақоеънома» дохил мешуд. Қисмҳои боқимондаро бошад, худи Ковердейл аз забони лотинӣ ва аз Китоби Муқаддаси Мартин Лютер, ки ба забони олмонӣ буд, тарҷума кард. Имрӯз «Навиштаҳои Муқаддас — Тарҷумаи дунёи нав» барои фаҳмо, дақиқ ва дар хизмат муфид буданаш хеле пурарзиш мебошад. Мо хурсандем, ки на одамон ва на девҳо, Каломи Яҳуваро несту нобуд карда натавонистанд.
ЯҲУВА НОМИ ХУДРО НИГОҲ ДОШТ
12. Чӣ тавр «Навиштаҳои Муқаддас — Тарҷумаи дунёи нав» ба одамон барои фаҳмидани номи Худо кӯмак мекунад?
12 Яҳува Худо ғамхорӣ намуд, ки номи Ӯ дар Каломаш нигоҳ дошта шавад. «Навиштаҳои Муқаддас — Тарҷумаи дунёи нав» исботи равшани ин аст. Дар пешгуфтори ин тарҷумаи Китоби Муқаддас чунин гуфта шудааст: «Яке аз хусусиятҳои муҳими ин тарҷума дар он аст, ки номи Худо дар матн ҷои аслии худро ишғол мекунад. Дар ин тарҷума исми Худо — «Яҳува» дар Навиштаҳои Ибронӣ 6 973 маротиба ва дар Навиштаҳои Юнонӣ 237 маротиба истифода бурда шудааст». Ҳоло «Навиштаҳои Муқаддас — Тарҷумаи дунёи нав» пурра ё қисман ба зиёда аз 116 забон тарҷума шуда аз он беш аз 178 545 862 нусха ба чоп баромадааст.
13. Чаро гуфтан мумкин аст, ки одамон аз аввали таърихи инсоният номи Худоро медонистанд?
13 Аз аввали таърихи инсоният одамон номи Худоро медонистанд. Одаму Ҳавво бо ин ном шинос буданд ва талаффузи аниқи онро медонистанд. Масалан, Ҳавво гуфта буд: «Ман бо ёрдами Яҳува инсонеро ба дунё овардам» (Ҳас. 4:1, ТДН). Вақте ки баъди Тӯфон писари Нӯҳ, Ҳом, нисбати падараш беҳурматӣ зоҳир кард, Нӯҳ чунин гуфт: «Мутаборак бод Яҳува Худои Сом! Ва Канъон [писари Ҳом] бандаи ӯ бошад» (Ҳас. 9:26, ТФ). Худи Худо ҳангоми бо одамон сухан рондан номи шахсиашро истифода мебурд: «Ман Яҳува ҳастам ва исми Ман ҳамин аст. Ва ҷалоли худро ба каси дигар ва ситоиши хешро ба бутҳои тарошида нахоҳам дод». Худо ҳамчунин гуфт: «Ман Яҳува ҳастам ва дигаре нест ва ғайр аз Ман худое [нест]» (Иш. 42:8; 45:5, ТФ). Яҳува ғамхорӣ кард, ки номаш нигоҳ дошта шавад ва тамоми инсоният онро донад. Чӣ имконияти пуршарафест истифода бурдани номи Яҳува ва хизмат кардан чун Шоҳидони Ӯ! Ин дар ҳақиқат исми Худоро болобардор мекунад (Заб. 19:6).
14. Ғайр аз Китоби Муқаддас номи Худо боз дар куҷо вомехӯрад?
14 Номи Худоро на фақат дар Китоби Муқаддас дидан мумкин аст. Масалан, дар деҳаи Дибан (Дибӯн), ки аз тарафи шарқии Баҳри Мурда 21 километр дуртар ҷойгир аст, санге ёфт шуд, ки ҳоло чун санги Мӯоб шинос аст. Дар ин санг подшоҳи Исроил — Омрӣ зикр мешавад ва суханони подшоҳи Мӯоб, Мешаъ оиди исёни бар зидди исроилиён бардоштааш оварда шудаанд (3 Подш. 16:28; 4 Подш. 1:1; 3:4, 5). Лекин санги Мӯоб барои он ҷолиби диққат аст, ки дар он номи Худо дар шакли тетраграмматон (чор ҳарфи ибронӣ) вомехӯрад. Ин чор ҳарфи ибронӣ ҳамчунин дар номаҳои лохишӣ — сафолпораҳое, ки дар Исроил ёфта шуда буданд, борҳои зиёд вомехӯрад.
15. «Септуагинта» чист ва чаро ба он ниёз пайдо шуд?
15 Шахсоне, ки зиёда аз 2 000 сол пеш Китоби Муқаддасро тарҷума карда буданд, дар нигоҳ доштани номи Худо саҳми худро гузоштанд. Бисёри яҳудиён баъди озод шудан аз асирии Бобил (аз соли 607 то 537-и то эраи мо) ба Яҳудо ва Исроил барнагаштанд. Тақрибан дар асри сеюми то эраи мо шумораи зиёди исроилиён дар шаҳри Искандарияи Миср зиндагӣ мекарданд. Он ҷо одамон ба забони юнонӣ, ки он вақт забони байналхалқӣ ба ҳисоб мерафт, гап мезаданд. Аз ин рӯ эҳтиёҷ пайдо шуд, ки барои яҳудиён Навиштаҳои Ибронӣ ба ин забон тарҷума карда шавад. Ин тарҷума тақрибан дар асри дуюми то эраи мо ба анҷом расид ва он «Септуагинта» (тарҷумаи юнонии Навиштаҳои Ибронӣ) ном дошт. Дар баъзе нусхаҳои ин тарҷума номи Яҳува дар шакли ибронии он вомехӯрад.
16. Фаҳмонед, ки чӣ тавр номи Худо дар аввалин адабиёте, ки соли 1640 ба чоп баромад, истифода бурда шуд.
16 Якумин китоби дар Америка нашршуда тарҷумаи китоби Забур буд, ки дар он номи Худо вомехӯрд. Он аз забони ибронӣ ба англисӣ тарҷума шуда буд ва аввалин бор соли 1640 нашр гашт. Яке аз ҷойҳое, ки дар он номи Худо истифода бурда мешавад, Забур 1:1, 2 мебошад. Дар он гуфта шудааст, ки «хушбахт аст» шахсе, ки ба шарирон ҳамроҳ намешавад ва «дар қонуни Яҳува хурсандӣ меёбад» («Bay Psalm Book»). Барои гирифтани маълумоти бештар оиди номи Худо ба Замимаи китоби «Таълимоти Китоби Муқаддас», саҳ. 195–197 нигаред.
ЯҲУВА ҲАҚИҚАТИ РӮҲОНИРО НИГОҲ ДОШТ
17, 18. а) Калимаи «ростӣ»-ро шумо чӣ тавр шарҳ медодед? б) «Ростии Инҷил» чиро дар бар мегирад?
17 Мо хурсандона ба «Худои ростӣ» хизмат мекунем (Заб. 30:6). Ростӣ чист? «Фарҳанги забони тоҷикӣ» калимаи «ростӣ»-ро чун «росткорӣ, ҳаққоният... дурустӣ» шарҳ медиҳад. Калимае, ки аз забони ибронии қадим бисёр вақт чун «ростӣ» тарҷума мешавад, ба ҳаққонӣ, боваринок, дуруст ва асоснок будани ягон чиз ишора мекунад. Калимае, ки аз забони юнонӣ чун «ростӣ» тарҷума шудааст, ба чизи дуруст ё ба далелҳо мувофиқ ишора мекунад.
18 Яҳува ҳақиқати рӯҳониро нигоҳ дошт ва ғамхорӣ кард, ки дониши ростӣ, ки торафт афзуда истодааст, ба мо дастрас бошад (2 Юҳ. 1, 2). Фаҳмиши мо оиди ҳақиқат рӯз ба рӯз равшантар мегардад ва ин исботи суханони зерин мебошад: «Тариқи одилон мисли нури саҳар аст, ки то нимирӯзӣ торафт бештар медурахшад» (Мас. 4:18). Мо бо суханони зерини Исо, ки дар дуо ба Худо гуфта буд, пурра розием: «Каломи Ту ростист» (Юҳ. 17:17). Китоби Муқаддас «ростии Инҷил», яъне хушхабарро дар бар мегирад, ки он аз тамоми таълимотҳои масеҳӣ иборат аст (Ғал. 2:14). Ҳақиқат оиди номи Яҳува, ҳуқуқи Ҳокими Даҳр будани Ӯ, қурбонии фидияи Исо, эҳёшавӣ ва Салтанат қисми «ростии Инҷил» мебошанд. Биёед дида бароем, ки чӣ тавр Худо нигоҳ накарда ба кӯшишҳои Шайтон «ростӣ»-ро нигоҳ дошт.
ЯҲУВА НАГУЗОШТ, КИ ҲАҚИҚАТ НЕСТУ НОБУД ШАВАД
19, 20. Нимрӯд кӣ буд ва дар рӯзҳои вай одамон ба кадом мақсадашон расида натавонистанд?
19 Баъди Тӯфон дар рӯи замин Нимрӯд ном шахсе зиндагӣ мекард, ки сайёди пурзӯре буд ва ба Яҳува муқобилият менамуд (Ҳас. 10:9). Чун шахсе, ки ба Яҳува мухолифат мекард, Нимрӯд дар асл ба Шайтон пайравӣ мекард ва ба мухолифони Исо монанд буд. Исо ба онҳо муроҷиат карда гуфт: «Падари шумо иблис аст ва шумо мехоҳед орзуҳои падари худро ба амал оваред, вай... дар ростӣ собит намонд» (Юҳ. 8:44).
20 Нимрӯд бар Бобил ва дигар шаҳрҳое, ки дар ҳудуди дарёҳои Ҳиддақил ва Фурот ҷойгир буданд, ҳукмронӣ мекард (Ҳас. 10:10). Эҳтимол зери роҳбарии ӯ, тақрибан соли 2269-и то эраи мо, сохтмони Бобил ва бурҷи он оғоз ёфт. Яҳува ният дошт, ки одамон дар тамоми рӯи замин паҳн шаванд, лекин шахсоне, ки дар сохтмони Бобил ва бурҷ иштирок мекарданд, чунин мегуфтанд: «Биёед, шаҳре барои худ бино кунем, ва бурҷе ки сараш ба осмон бирасад; ва номе барои худ пайдо кунем, мабодо бар рӯи тамоми замин пароканда шавем». Аммо ин мақсади бинокорон барор нагирифт, зеро Худо «забони тамоми заминро» омехт ва онҳоро пароканда кард (Ҳас. 11:1–4, 8, 9). Шайтон мехост, ки ибодати покро несту нобуд кунад, то ки ҳама вайро парастиш намоянд. Лекин Яҳува ибодати покро муҳофизат кард ва имрӯз он гул–гул шукуфта истодааст.
21, 22. а) Чаро гуфтан мумкин аст, ки дини дурӯғин ба ибодати ҳақиқӣ зарари ҷиддӣ расонида натавонист? б) Дар мақолаи навбатӣ мо чиро дида мебароем?
21 Ба дини дурӯғин ягон вақт муяссар нашуд, ки ба ибодати ҳақиқӣ зарари ҷиддӣ расонад. Чаро чунин гуфтан мумкин аст? Зеро Муаллими бузурги мо, Яҳува, ғамхорӣ менамуд, то Китоби Муқаддас нигоҳ дошта шавад, номаш ба одамон шинос бошад ва ҳақиқати рӯҳонӣ ҳамеша дастрас бошад (Иш. 30:20, 21). Вақте ки мо Худоро дар ростӣ ибодат мекунем, ин ба мо хурсандӣ меорад. Лекин барои ин мо бояд аз ҷиҳати рӯҳонӣ ҳушёр бимонем, яъне пурра ба Яҳува такя кунем ва мувофиқи роҳнамоии рӯҳулқудсаш амал намоем.
22 Дар мақолаи навбатӣ мо дида мебароем, ки чӣ тавр баъзе таълимотҳои бардурӯғ инкишоф ёфтанд. Ҳамчунин мо мефаҳмем, ки Навиштаҳо ин таълимотҳоро дастгирӣ намекунанд. Беш аз ин, мо мефаҳмем, ки таълимоти ҳақиқӣ, ки мо онро чун қисми мероси рӯҳонии худ қадр мекунем, баракати Нигоҳдорандаи ҳақиқат — Яҳува мебошад.