Саволҳои хонандагон
Саволҳои хонандагон
Вақте ки доир ба чизи аз Китоби Муқаддас хондаам саволе пайдо мешавад ё барои ҳалли проблемаи шахсиам ба ман маслиҳат даркор мешавад, ман бояд чӣ кор кунам?
Масалҳо 2:1–5 ҳар яки моро ташвиқ мекунад, ки дониш ва хирадро «мисли ганҷҳо ҷустуҷӯ» намоем. Ин нишон медиҳад, ки барои ҷавоб ёфтан ба саволҳои аз Китоби Муқаддас пайдо кардаамон ва ёфтани ҳалли проблемаҳои шахсӣ мо бояд саъю кӯшиш ба харҷ дода таҳқиқ гузаронем. Инро чӣ тавр кардан мумкин аст?
Дар китоби «Мактаби таълими мавъиза» (рус.) саҳифаҳои 33–38 мавзӯи «Чӣ тавр таҳқиқ гузарондан мумкин аст?» оварда шудааст. Он мефаҳмонад, ки чӣ тавр мо бо ёрии воситаҳое, ки «ғуломи мӯътамад ва доно» пешкаш мекунад, таҳқиқ гузаронида метавонем (Мат. 24:45). Саҳифаи 36–и ҳамон китоб чӣ тавр истифода бурдани «Индекси адабиётҳои ҷамъияти Бурҷи дидбонӣ»–ро мефаҳмонад. Ин индекс аз ду қисм иборат аст — индекси мавзӯъҳо ва индекси оятҳо. Шумо метавонед аз рӯйхати мавзӯъҳо ё рӯйхати оятҳо мавзӯи даркориро ёбед ва бо кӯмаки адабиёти овардашуда таҳқиқ гузаронед. Ҳамчунин, шумо метавонед аз индекси мавзӯии «Бурҷи дидбонӣ», ки ҳар сол моҳи декабр дар нашри омӯзишӣ чоп мешавад, истифода баред. Дар вақти кофтани ҷавоби аниқ ё роҳнамоии ба шумо даркорӣ босабр бошед. Дар ёд доред, ки шумо «ганҷҳо»–ро ҷустуҷӯ доред ва ин бешубҳа вақту кӯшиш талаб мекунад.
Албатта, дар адабиётамон на ҳама мавзӯъҳову оятҳо муҳокима шудаанд. Ва ҳатто агар дар бораи ягон оят чизе навишта шуда бошад ҳам, маҳз ба ҳамон саволе, ки шумо доред, шояд ҷавоб набошад. Ҳамчунин, баъди хондани баъзе воқеаҳои Китоби Муқаддас саволҳо пайдо мешаванд, зеро ҳар як ҷониби ин ё он воқеа дар Навиштаҳо равшан фаҳмонда нашудаанд. Барои ҳамин, мо ба ҳар як саволе, ки пайдо мешавад зуд ҷавоб ёфта наметавонем. Дар чунин ҳолатҳо мо набояд назарияҳои шахсии худро фикр карда бароем, зеро чунин «чизҳо на ба ободии хонаи Худо, ки дар имон аст, балки бештар ба мубоҳисот оварда мерасонад» (1 Тим. 1:4; 2 Тим. 2:23; Тит. 3:9). Филиалҳо ва идораи марказӣ имконият надоранд, ки ҳар як саволи дар адабиёти мо муҳокима нашударо таҳлил кунанд ва ба он ҷавоб диҳанд. Мо хурсанд буда метавонем, ки Китоби Муқаддас барои роҳнамоии ҳаёти мо маълумоти кофӣ медиҳад. Ҳамчунин мо метавонем шод бошем, ки он на ҳама мавридҳоро равшан месозад ва ҳамин тавр ба мо имконият медиҳад, ки ба Муаллифи он — Худо имони мустаҳкам доштанамонро нишон диҳем. (Нигаред ба китоби «Ба Яҳува наздик шавед» (рус.), саҳифаҳои 185, 186.)
Чӣ бояд кард, агар шумо барои ёфтани маслиҳат оиди проблемаи шахсиатон бисёр таҳқиқ гузарондеду, лекин ба ҳар ҳол роҳнамоӣ ё роҳи ҳалли даркориро наёфтед? Ба ҳамимонони рӯҳан баркамол, масалан ба пирон муроҷиат кунед ва аз ин шарм надоред. Дониши онҳо дар бораи Китоби Муқаддас кам нест ва ҳамчунин онҳо чун масеҳиён таҷрибаи бои ҳаётӣ доранд. Онҳо шумо ва вазъияти шуморо нағз медонанд, барои ҳамин кӯмаки оқилонаи онҳо хусусан вақте ки шумо оиди ягон проблема ё қарори шахсиатон ба маслиҳат мӯҳтоҷед, бамаврид хоҳад буд. Ва ҳеҷ гоҳ фаромӯш накунед, ки маҳз дар бораи ин ташвишҳоятон ба Яҳува дуо гӯед. Аз Ӯ пурсед, ки тарзи фикррониатонро ба воситаи рӯҳулқудсаш роҳнамоӣ кунад, «зеро ки Худованд ҳикмат мебахшад: дониш ва хирад аз даҳони Ӯст» (Мас. 2:6; Луқ. 11:13).