Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Саволҳои хонандагон

Саволҳои хонандагон

Саволҳои хонандагон

Рақамҳои ҳисоботи ҳарсолаи умумиҷаҳониро чӣ тавр фаҳмидан мумкин аст?

Ҳар сол мо ҳисоботи солонаи хизматиро, ки дар «Хизмат ба Салтанати Худо» чоп мешавад, интизор мешавем. Дидани он хурсандиовар аст, ки чӣ тавр халқи Яҳува дар якҷоягӣ дар кори мавъизаи умумиҷаҳонӣ ва шогирдсозӣ муваффақиятҳо ба даст меорад. Вале барои аз ин ҳисобот манфиати бештар гирифтан, ба мо лозим аст, ки калимаҳову рақамҳои бо ҷадвал алоқамандро дуруст фаҳмем. Ҳоло якчанд мисолро дида мебароем.

Соли хизматӣ. Ин аз моҳи сентябри як сол то моҳи августи соли навбатӣ давом меёбад. «Хизмат ба Салтанати Худо» ҳисоботи соли гузаштаи хизматиро дар бар мегирад. Масалан, дар «Хизмат ба Салтанати Худо» аз моҳи феврали соли 2011, ҳисоботи соли хизматии 2010 оварда шудааст, ки он аз 1–уми сентябри соли 2009 то 31–уми августи соли 2010 давом ёфтааст.

Адади баландтарини воизон ва адади миёнаи воизон. Ба «воизон» ҳамаи Шоҳидони таъмидёфтаи Яҳува ва ҳамчунин шахсони таъмиднаёфтае, ки ба мавъиза кардан мувофиқ дониста шудаанд, дохил мешаванд. «Адади баландтарини воизон» — ин шумораи калонтарини воизони ҳисоботдода аст. Яъне аз 12 моҳи соли хизматӣ шумораи калонтарини ҳисоботдодагон гирифта мешавад. Он метавонад ҳисоботҳоеро дар бар гирад, ки аз сабаби дер супорида шуданашон ба моҳи лозима неву ба моҳи дигар дохил шудаанд. Аз ҳамин ҳисоб баъзе воизон метавонанд ду бор ҳисоб шаванд. Аз тарафи дигар, баъзе воизоне, ки дар хизмат иштирок карданду ҳисоботашонро саривақт насупориданд, метавонанд ҳисоб нашаванд. Ин муҳиммияти онро нишон медиҳад, ки ҳар як воиз бояд ҳисоботашро ҳар моҳ сари вақт супорад. «Адади миёнаи воизон»–ро чунин ҳисоб мекунанд: ҷамъи ҳамаи ҳисоботҳои 12 моҳ супоридаи воизонро ба 12 тақсим мекунанд.

Ҳамагӣ соат. Мувофиқи ҳисоботе, ки дар «Хизмат ба Салтанати Худо» аз моҳи феврали соли 2011 оварда шудааст, Шоҳидони Яҳува соли хизматии 2010, дар хизмати мавъиза беш аз 1,6 миллиард соат сарф намуданд. Лекин ин адад ҳамаи он соатҳоеро, ки мо дар ибодати худ сарф мекунем нишон намедиҳад, барои он ки вақтеро ки мо мунтазам дар чунин корҳо — дар иҷрои вазифаи чӯпонӣ, ташрифорӣ ба ҷамъомадҳо ва омӯзиши шахсии Китоби Муқаддас ва мулоҳиза сарф мекунем, дар бар намегирад.

Пулҳои сарфшуда. Дар давоми соли 2010-и хизматӣ, Шоҳидони Яҳува зиёда аз 155 миллион доллари амрикоӣ сарф карданд, то ки пешравони махсус, миссионерон ва нозирони сайёрро дар вазифаҳои бо хизмати мавъиза алоқамандашон дастгирӣ намоянд. Лекин ин рақам хароҷотҳоеро, ки бо чопи адабиётҳои бар Китоби Муқаддас асосёфта алоқаманданд ва ҳамчунин маблағеро, ки барои дастгирӣ кардани беш аз 20 000 ихтиёриёни Байт–Ил сарф шудаанд, дар бар намегирад.

Иштирокчиёни Шоми ёдбуд. Ин шумораи шахсони таъмидёфта мебошанд, ки дар тамоми ҷаҳон аз рамзҳои Шоми ёдбуд қабул кардаанд. Оё ин шумораи аслии тадҳиншудагонро дар рӯи замин нишон медиҳад? Шояд не. Барои он ки якчанд сабабҳо вуҷуд доранд. Масалан, баъзеҳо аз ақидаҳои динии пештара ё ҳатто аз сабаби проблемаҳои ақлӣ ва эҳсосӣ доштанашон шояд гумон кунанд, ки онҳо умеди осмонӣ доранд. Барои ҳамин, мо фаҳмида наметавонем, ки дар рӯи замин аниқ чанд нафар тадҳиншудагон ҳастанд ва инро донистан шарт ҳам нест. Ҳайати Роҳбарикунанда рӯйхати ҳамаи иштирокчиёни Шоми ёдбудро надорад, зеро бо ҳар як тадҳиншудагони рӯи замин алоқаи бевосита надорад *.

Он чизе ки мо медонем ин аст, ки баъзе бандагони тадҳиншудаи Худо дар вақти сар дода шудани бодҳои харобкунандаи мусибати бузург дар замин хоҳанд буд (Ваҳй 7:1–3). То он дам, тадҳиншудагон ба кори мавъиза ва таълимдиҳӣ, ки кори бузургтарин дар таърихи инсоният мебошад, роҳбарӣ хоҳанд кард. Ва натиҷаҳои ин корро мо ҳар сол дар ҳисоботи умумиҷаҳонӣ мебинем.

[Эзоҳ]

^ сарх. 8 Ба «Бурҷи дидбонӣ» аз 15–уми июни соли 2009, мақолаи «Идоракунандаи мӯътамад ва Ҳайати Роҳбарикунандаи он», сархати 16 нигоҳ кунед.