Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Нақши рӯҳулқудс дар офариниш

Нақши рӯҳулқудс дар офариниш

Нақши рӯҳулқудс дар офариниш

«Бо каломи Худованд осмонҳо офарида шудааст, ва бо дами [«рӯҳи», ТДН] даҳони Ӯ ҳамаи лашкарҳои онҳо» (ЗАБ. 32:6).

1, 2. а) Чӣ гуна бо гузашти вақт дониши инсон оиди осмон ва замин зиёд шуд? б) Ба кадом савол бояд ҷавоб дод?

ДАР аввали асри 20 Алберт Эйнштейн ва дигар олимони зиёд фикр мекарданд, ки Олам танҳо аз як галактикаи Роҳи Каҳкашон иборат асту халос. То чӣ андоза онҳо ҳаҷми Оламро хурд мешумурданд! Имрӯз чунин меҳисобанд, ки дар осмон зиёда аз 100 миллиард галактика мавҷуд аст, ки баъзеашон аз миллиардҳо ситораҳо иборатанд. Чӣ қадаре ки телескопҳои пурзӯрро истифода бурда, онҳоро бар замин ё дар кайҳон нагузоранд, ҳар дафъа шумораи бештару бештари галактикаҳое, ки ба мо маълум набуданд, дида мешаванд.

2 Ҳамон тавре ки дар аввали асри 20 дониши олимон дар бораи осмон кам буд, нисбати замин низ донишашон кам буд. Рост аст, ки дониши одамоне, ки як аср пеш зиндагӣ мекарданд назар ба дониши аҷдодонашон зиёдтар буд. Аммо имрӯз зебогиву мураккабии ҳаёт ва экологияи замин, ки ҳаётро нигоҳ медорад, назар ба сад сол пеш хеле беҳтар омӯхта шудааст. Дар оянда бошад, мо бешубҳа дар бораи замин ва осмон боз ҳам бисёртар хоҳем фаҳмид. Вале пурсидани саволи зерин бамаврид аст: дар аввал ҳамаи ин чӣ тавр ба вуҷуд омад? Ҷавоби ин савол танҳо барои он маълум аст, ки Офаридгор онро тавассути Навиштаҳои Муқаддас кушодааст.

Офариниш — мӯъҷиза аст

3, 4. Чӣ тавр Худо Оламро офарид ва чӣ тавр корҳояш Ӯро ҷалол медиҳанд?

3 Дар суханони аввалини Китоби Муқаддас фаҳмонда мешавад, ки Олам чӣ гуна пайдо шудааст: «Дар ибтидо Худо осмон ва заминро офарид» (Ҳас. 1:1). Вақте ки ягон чизи ҷисмонӣ ҳоло вуҷуд надошт, Яҳува тавассути рӯҳулқудс — қувваи фаъоли бузургаш — осмон, замин ва ҳар он чизе ки дар Олам аст, офарид. Ҳар усто барои ягон чиз сохтан дастони худ ва асбобҳоро истифода мебарад, аммо Яҳува барои иҷро кардани корҳои бузургаш рӯҳулқудси худро мефиристад.

4 Дар Навиштаҳо рӯҳулқудс рамзан «ангушти Худо» номида шудааст (Луқ. 11:20; Мат. 12:28). «Амали дастҳои Ӯ» — он чизҳое ки Яҳува тавассути рӯҳулқудсаш сохтааст — Ӯро ҷалол медиҳанд. Довуди забурнавис мегӯяд: «Осмонҳо ҷалоли Худоро эълон мекунанд, ва фалак аз амали дастҳои Ӯ хабар медиҳад» (Заб. 18:2). Дар ҳақиқат, офаридаҳои ҷисмӣ аз қудрати бузурги рӯҳулқудси Худо шаҳодат медиҳанд (Рум. 1:20). Вале офаридаҳо чӣ тавр шаҳодат медиҳанд?

Қудрати беканори Худо

5. Бо мисол қудрати офарандаи рӯҳулқудси Яҳуваро нишон диҳед.

5 Олами бузурги тасаввурнопазири мо аз он шаҳодат медиҳад, ки қудрат ва энергияи Яҳува тамомнашаванда аст. (Ишаъё 40:26–ро бихонед.) Ба илми имрӯза маълум мебошад, ки материяро * ба энергия ва энергияро ба материя табдил додан мумкин аст. Масалан, офтоб ситораест, ки материяро ба энергия табдил медиҳад. Ҳар як сония офтоб қариб чор миллион тон материяро ба нури офтоб ва ба дигар намудҳои энергияи равшанӣ табдил медиҳад. Зарраҳои хурди ин энергия, ки ба замин мерасанд, барои дар рӯи замин вуҷуд доштани ҳаёт кифоя мебошанд. Равшан аст, ки барои офаридани офтоб ва ҳамчунин миллиардҳо ситораҳои дигар қудрату энергияи бузурге даркор буд. Яҳува ин энергияи лозимаро дорад ва Ӯ қудрату тавоноии аз ин ҳам зиёдтарро соҳиб аст.

6, 7. а) Чӣ нишон медиҳад, ки протсесси офариниш ботартиб буд? б) Чӣ нишон медиҳад, ки Олам тасодуфан пайдо нашудааст?

6 Чизҳои дар гирду атрофи мо вуҷуддошта исбот мекунанд, ки Худо рӯҳулқудси худро бо тартиби хеле хуб истифода бурдааст. Инро бо мисоле нишон медиҳем. Тасаввур кунед, ки шумо қуттие доред, ки дар он тӯбчаҳои рангоранг ҳастанд. Шумо тӯбчаҳои дар қуттибударо аралаш мекунед, сипас онҳоро якбора ба замин мерезед. Оё шумо интизор мешавед, ки тӯбчаҳои рехта аз рӯи рангҳояшон ҷамъ мешаванд, масалан, тӯбчаҳои кабуд ба як тараф, зардаш алоҳида ба дигар тараф ва ғайра? Албатта не! Натиҷаи амалҳои идоранашаванда бетартибӣ аст. Ин ҳақиқат чун қонуни раднопазири табиат қабул гардидааст *.

7 Аммо вақте ки мо бо чашмони худ ё бо телескоп сӯи осмон менигарем, мо чиро мебинем? Мо системаи галактикаҳо, ситораҳо ва сайёраҳои бузургу хеле хуб ба тартиб даровардашударо мебинем, ки ҳамаашон хеле дақиқ ҳаракат мекунанд. Ҳамаи ин тасодуфан ё худ аз худ дар натиҷаи таркиши идоранашаванда дар коинот пайдо шуда наметавонист. Пас саволе ба миён меояд, ки кадом қувва дар аввал истифода шуда буд, то ки Олам бо тартиби олӣ сохта шавад? Мо ин қувваро ба воситаи тадқиқоти илмӣ ва санҷишҳо муайян карда наметавонем. Китоби Муқаддас бошад, мефаҳмонад, ки ин қувва рӯҳулқудси Худо мебошад ва он тавонотарин қувва дар Олам аст. Забурнавис месароид: «Бо каломи Худованд осмонҳо офарида шудааст, ва бо дами [«рӯҳи», ТДН] даҳони Ӯ ҳамаи лашкарҳои онҳо» (Заб. 32:6). Вақте ки шабона сӯи осмон менигарем, мо танҳо қисми хеле хурди ин «лашкар»-и ситораҳоро мебинем.

Рӯҳулқудс ва Замин

8. Мо дар бораи корҳои Яҳува дар асл чӣ қадар дониш дорем?

8 Ҳар он чизеро ки мо имрӯз дар бораи табиат медонем, ин зарраест аз ҳама чизе ки онро донистан мумкин аст. Оиди сатҳи донише, ки мо дар бораи корҳои офариниши Худо дорем, марди содиқ, Айюб, чунин хулоса кард: «Инак, инҳо ҳиссаест аз роҳҳои Ӯ; ва чӣ сухани андаке дар ҳаққи Ӯ шунидаем!» (Айюб 26:14). Асрҳо пас, шоҳи хирадманд, Сулаймон, дар бораи офаридаҳои Яҳува чунин гуфт: «Ҳама чизро Ӯ [Худо] дар вақташ ба хубӣ ба вуҷуд овардааст; ҳамчунин фикри абадиятро дар дили одамизод ҷо додааст, ба тавре ки онҳо кореро, ки Худо кардааст, аз ибтидо ва то интиҳо наметавонанд дарёбанд» (Воиз 3:11; 8:17).

9, 10. Худо ҳангоми офаридани замин кадом қувваро истифода бурд ва баъзе воқеаҳое, ки дар се рӯзи аввали офариниш рӯй доданд, кадоманд?

9 Вале Яҳува дар бораи корҳояш ба мо маълумоти муҳимро ошкор намудааст. Масалан, Навиштаҳо ба мо маълум месозанд, ки рӯҳи Худо миллиардҳо сол пеш, дар рӯи замин фаъолият дошт. (Ҳастӣ 1:2–ро бихонед.) Он вақт дар рӯи замин на хушкӣ, на рӯшноӣ буд ва шояд барои нафаскашӣ ҳаво низ набуд.

10 Китоби Муқаддас давом дода мефаҳмонад, ки Худо дар тӯли як чанд рӯзи офариниш кадом корҳоро анҷом дода буд. Ин рӯзҳои офариниш на рӯзҳои 24-соата, балки давраҳои муайяне буданд. Дар рӯзи аввали офариниш Яҳува чунин кард, ки бар рӯи замин рӯшноӣ пайдо шудан гирифт. Ин протсесс он вақт хотима ёфт, вақте ки аз замин офтобу моҳ намоён шуданд (Ҳас. 1:3, 14). Дар рӯзи дуюм бошад, пайдошавии атмосфера сар шуд (Ҳас. 1:6). Он вақт дар замин об, рӯшноӣ ва ҳаво буд, вале хушкӣ ҳоло набуд. Дар аввали рӯзи сеюми офариниш Худо ба воситаи рӯҳулқудси худ хушкиро ба вуҷуд овард. Ӯ мумкин қувваҳои бузурги геологиро истифода бурда, аз уқёнуси ҷаҳонӣ қитъаҳоро берун баровард (Ҳас. 1:9). Дар рӯзи сеюм ва давраҳои навбатии офариниш дигар корҳои аҷоиб низ ба амал омаданд.

Рӯҳулқудс ва офаридаҳои зинда

11. Мураккабӣ, мувофиқатии шакл ва зебоии офаридаҳои зинда чиро нишон медиҳанд?

11 Рӯҳулқудси Худо ҳамчунин дар соҳаи биология офаридаҳои зиндаро бо тартиби олӣ ба вуҷуд овард. Худо тавассути рӯҳулқудсаш аз рӯзи сеюм то шашуми офариниш, растанӣ ва ҳайвоноти гуногуну аҷибро офарид (Ҳас. 1:11, 20–25). Ҳамин тавр, дар офаридаҳои зинда дараҷаи олии мураккабӣ, зебоӣ, мувофиқативу баробарӣ дар сохту шакл дида мешавад.

12. а) Вазифаи КДН аз чӣ иборат аст? б) Он ки КДН то ҳол бомуваффақият корашро давом дода истодааст, чиро исбот мекунад?

12 Биёед КДН (ба забони русӣ ДНК)-ро дида бароем. КДН яке аз роҳҳоест, ки барои аз насл ба насл гузаштани хусусиятҳои организмҳои зинда хизмат мекунад. Тамоми офаридаҳои зиндаи замин — микробҳо, алафҳо, филҳо, китҳои кабуд ва одамон — ба воситаи КДН организмҳои ба худ монандро ба вуҷуд меоваранд. Гарчанд офаридаҳои заминӣ аз ҳамдигар хеле фарқ мекунанд, коде, ки хусусиятҳои зиёди аз насл ба насл мегузаштаро идора мекунад, хеле устувор аст. Ин код таи асрҳо барои нигоҳ доштани фарқият байни намудҳои асосии офаридаҳо хизмат кардааст. Аз ин рӯ, мувофиқи мақсади Яҳува Худо организмҳои гуногуни замин иҷрои вазифаи худро дар олами мураккаби мавҷудоти зинда давом медиҳанд (Заб. 138:16). Ин сохтори ҳамоҳангу ботартиб боз ҳам исбот менамояд, ки офариниш кори «ангушти Худо» ё рӯҳулқудси Ӯ мебошад.

Олитарин офаридаи замин

13. Худо одамро чӣ тавр офарид?

13 Баъд аз миллиардҳо сол, вақте ки Худо шумораи беҳисоби офаридаҳои зинда ва ғайризиндаро ба вуҷуд овард, замин дигар «дар ҳолати ҳарҷумарҷ» набуд. Аммо Яҳува истифодаи рӯҳи худро барои офариниш ҳоло ба охир нарасонида буд. Ӯ олитарин офаридаи заминиашро ба вуҷуд оварданӣ буд. Дар охири рӯзи шашуми офариниш Худо одамро офарид. Худо ӯро чӣ тавр офарид? Ба воситаи рӯҳулқудс ва элементҳои замин (Ҳас. 2:7).

14. Аз кадом ҷиҳати муҳим одамон аз ҳайвонҳо фарқ мекунанд?

14 Дар Ҳастӣ 1:27 гуфта мешавад: «Худо одамро ба сурати Худ офарид, ӯро ба сурати Худо офарид; онҳоро марду зан офарид». Ба сурати Худо офарида шудани одам маънои онро дорад, ки Яҳува моро бо қобилияти зоҳир намудани муҳаббат, доштани озодии ирода ва ҳатто пайдо кардани муносибати шахсӣ бо Ӯ офаридааст. Аз ин рӯ, мағзи сари мо аз мағзи сари ҳайвонҳо фарқи калон дорад. Масалан, Яҳува мағзи сари инсонро тавре сохтааст, ки мо бо хурсандӣ дар бораи Ӯ ва корҳояш абадан дониш гирифта метавонем.

15. Ба Одаму Ҳавво кадом имконият дода шуда буд?

15 Дар аввали ҳаёти инсоният Худо ба Одам ва зани ӯ, Ҳавво, замин ва ҳамаи чизҳои аҷиби онро дод, ки онҳо ҳаловат баранд ва бо офаридаҳо хубтар шинос шаванд (Ҳас. 1:28). Яҳува Одаму Ҳавворо бо хӯроки фаровон ва хонаи биҳиштӣ таъмин карда буд. Онҳо имконият доштанд, ки абадан зиндагӣ кунанд ва волидони дӯстдоштаи миллиардҳо одамони комил гарданд. Лекин ин тавр нашуд.

Эътироф кардани нақши рӯҳулқудс

16. Нигоҳ накарда ба он ки одамони нахустин зидди Худо баромаданд, мо чӣ умеде дорем?

16 Ба ҷои он ки Одаму Ҳавво бо ҳисси миннатдорӣ ба Офаридгори худ итоат кунанд, онҳо худписандона зидди Ӯ баромаданд. Дар натиҷа тамоми насли онҳо ба ранҷу азоб гирифтор шуд. Лекин Китоби Муқаддас мефаҳмонад, ки Худо чӣ тавр оқибати гуноҳи Одаму Ҳавворо бартараф хоҳад кард. Навиштаҳо инчунин нишон медиҳанд, ки Яҳува мақсади аввалини худро амалӣ мегардонад. Замин ба биҳишт мубаддал гашта, аз одамони хушбахту солим, ки Худо онҳоро бо зиндагии абадӣ баракат медиҳад, пур хоҳад шуд (Ҳас. 3:15). Барои нигоҳ доштани имон ба ин имконияти дилписанд кӯмаки рӯҳулқудси Худо лозим аст.

17. Мо бояд аз чӣ гуна фикрронӣ канорагирӣ намоем?

17 Ба мо зарур аст, ки дар дуо аз Яҳува рӯҳулқудс пурсем (Луқ. 11:13). Ин ба мо кӯмак мерасонад, то бовариамон ба он ки офариниш амали дастони Худо аст, мустаҳкам гардад. Имрӯз афзоиши ногаҳонии ақидаҳои атеистӣ ва эволютсионистӣ, ки бар фикрҳои ғалату бедалел асос ёфтаанд, паҳн шуда истодаанд. Мо набояд роҳ диҳем, ки чунин фикрронии ғалату нодуруст моро гумроҳ созанд ё тарсонанд. Ҳамаи масеҳиён бояд тайёр шаванд, ки ба ин гуна ҳамла ва фишори ҳамсолон, ки бо чунин ақидаҳо вобастаанд, муқобилат кунанд. (Қӯлассиён 2:8–ро бихонед.)

18. Ҳангоми дида баромадани пайдоиши Олам ва инсоният, чаро рад кардани Офаридгори соҳибақл бехирадона мебуд?

18 Агар мо ростқавлона далели онро, ки ҳама чиз офарида шуда буд тадқиқ кунем, имонамон ба Китоби Муқаддас ва Худо ҳатман мустаҳкам мегардад. Бисёр одамон дар бораи пайдоиши Олам ва инсон фикр карда, таъсири ҳар гуна қувваеро, ки берун аз Олами ҷисмонӣ аст, рад мекунанд. Агар мо чунин нуқтаи назар медоштем, мо низ ҳамаи далелҳоро ба инобат намегирифтем. Зиёда аз ин, мо вуҷудияти аёни офаридаҳои ботартибу мақсаднокро, ки «сону шумор надорад», рад мекардем (Айюб 9:10; Заб. 103:25). Мо масеҳиён боварӣ дорем, ки қувваи фаъол, ки дар офариниш истифода шуда буд, ин рӯҳулқудс буд, ки зери роҳбарии бохирадонаи Яҳува қарор дошт.

Рӯҳулқудс ва имони мо ба Худо

19. Чӣ ба ҳар як хизматгори Худо исбот мекунад, ки Худо вуҷуд дорад ва рӯҳулқудси Ӯ амал мекунад?

19 Барои ба Худо имон ва муҳаббату эҳтиром доштан, ба мо дар бораи офариниш ҳама чизро донистан шарт нест. Инро ба дӯстии байни одамон монанд кардан мумкин аст. Танҳо дар бораи касе чизеро донистан моро бо ӯ дӯст намегардонад. Вале барои он ки муносибат байни дӯстон мустаҳкам шавад, ба онҳо муҳим аст, ки якдигарро хубтар шиносанд. Дар бораи ба Худо имон доштанамон низ чунин гуфтан мумкин аст. Чӣ қадаре ки мо дар бораи Худо бисёртар фаҳмем, ҳамон қадар имони мо ба Ӯ зиёд мешавад. Дар ҳақиқат, вақте ки Худо ба дуоҳои мо ҷавоб медиҳад ва мо натиҷаи хуби бакорбарии принсипҳои Ӯро мебинем, ҳамаи ин вуҷуд доштани Худоро ба мо тасдиқ мекунад. Вақте ки мо исботи онро мебинем, ки Худо қадамҳои моро роҳнамоӣ мекунад, моро муҳофизат менамояд, дар хизмат кӯшишҳоямонро баракат медиҳад ва ниёзҳои моро қонеъ мегардонад, мо ба Худо боз ҳам наздиктар мешавем. Ҳамаи ин вуҷудияти Худо ва таъсири рӯҳулқудси Ӯро баръало тасдиқ мекунад.

20. а) Чӣ Худоро барангехт, ки Оламу одамро офарад? б) Агар мо аз рӯи роҳнамоии рӯҳулқудс амал карданро давом диҳем, чӣ натиҷаро ба даст меорем?

20 Навишта шудани Китоби Муқаддас яке аз барҷастатарин намунаи истифодабарии қувваи фаъоли Яҳува мебошад, зеро нависандагони он аз ҷониби Худо «бо таҳрики Рӯҳулқудс, онро ба забон рондаанд» (2 Пет. 1:21). Омӯзиши бодиққати Навиштаҳо имони моро ба Худое, ки ҳама чизро офаридааст қавӣ мегардонад (Ваҳй 4:11). Хислати олиҷаноби Яҳува, муҳаббат, Ӯро барангехт, ки Офаридгори ҳама чиз шавад (1 Юҳ. 4:8). Аз ин рӯ, биёед тамоми кӯшишамонро ба харҷ дода, ба дигарон ёрӣ диҳем, ки бо Падари осмонии меҳрубон ва Дӯсти мо шинос шаванд. Агар мо низ иҷозат диҳем, ки рӯҳулқудси Худо моро минбаъд низ роҳнамоӣ кунад, мо имконияти дар бораи Ӯ абадан дониш гирифтанро пайдо хоҳем кард (Ғал. 5:16, 25). Бигзор ҳар яки мо дар бораи Яҳува ва корҳои бузурги Ӯ таълим гирифтанро давом диҳем ва муҳаббати бепоёнашро, ки Ӯ дар офариниши осмон, замин ва инсоният нишон дода буд, дар ҳаётамон инъикос намоем.

[Эзоҳҳо]

^ сарх. 5 Ҳамаи он ашёеро, ки дар Олам мавҷуд аст, масалан, растанӣ, ҳайвонот, сайёраҳо, Моҳ, Офтоб, ситораҳоро материя меноманд.

^ сарх. 6 Ба китоби «Оё Офаридгори ғамхор вуҷуд дорад?» (рус.), саҳифаҳои 24, 25 нигаред.

Оё фаҳмонда метавонед?

• Аз мавҷудияти осмону замин мо дар бораи он ки чӣ тавр Худо рӯҳулқудсашро истифода мебарад, чиро мефаҳмем?

• Азбаски мо ба сурати Худо офарида шудаем, мо кадом имкониятҳоро дорем?

• Чаро ба мо зарур аст, ки далелҳои офарида шудани Оламро тадқиқ кунем?

• Бо кадом роҳҳо муносибатамон бо Яҳува наздик шуда метавонад?

[Саволҳо барои омӯзиш]

[Tасвир дар саҳифаи 7]

Тартибе, ки дар Олам дида мешавад ба мо дар бораи офариниш чиро исбот менамояд?

[Маънбаи маълумот дар саҳифаи 7]

Stars: Anglo-Australian Observatory/David Malin Images

[Tасвир дар саҳифаи 8]

Чӣ гуна КДН ба ҳамаи ин мавҷудот дахл дорад?

[Tасвир дар саҳифаи 10]

Оё шумо барои муҳофизат кардани имонатон тайёред?