Ягонагӣ — аломати фарқкунандаи ибодати ҳақиқӣ аст
Ягонагӣ — аломати фарқкунандаи ибодати ҳақиқӣ аст
«Онҳоро мисли гӯсфандони дохили қӯра якҷоя хоҳам гузошт» (МИК. 2:12).
1. Чӣ тавр офаридаҳои Худо аз хиради Ӯ шаҳодат медиҳанд?
ЗАБУРНАВИС хитоб кард: «Чӣ бисёр аст аъмоли Ту, эй Худованд! Ҳамаро аз рӯи ҳикмат ба вуҷуд овардаӣ; замин аз офаридаҳои Ту пур аст» (Заб. 103:24). «Ҳикмат» ё хиради Худоро дар он дидан мумкин аст, ки чӣ тавр миллионҳо намуди бактерияҳо, ҳашаротҳо, ҳайвонот ва растаниҳои гуногуни рӯи замин байни ҳам вобаста мебошанд. Ҳамчунин дар бадани мо миллионҳо системаҳои гуногун — аз узвҳои калон сар карда то қисмҳои хурдтарини ҳуҷайра — дар ягонагӣ амал мекунанд, то ки ҷисми мо солиму бутун бошад.
2. Чаро ягонагиеро, ки байни масеҳиёни асри як вуҷуд дошт, мӯъҷиза номидан мумкин буд?
2 Яҳува инсониятро тавре офарид, ки ҳамаи одамон аз якдигар вобаста бошанд. Насли инсоният аз одамони гуногун, ки аз ҳамдигар бо чеҳраву қиёфа, хислатҳои шахсӣ ва қобилиятҳояшон фарқ мекунанд, иборат аст. Беш аз ин, Худо инсонҳои аввалинро бо хусусиятҳое, ки худаш доро аст, офарида буд, то онҳо бо якдигар ҳамкорӣ кунанд ва аз ҳамдигар вобаста бошанд (Ҳас. 1:27; 2:18). Бо вуҷуди ин ҳоло инсоният дар кулли худ аз Худо бегона аст ва дар тӯли таърих он ҳеҷ гоҳ қодир набуд, ки дар ягонагӣ амал кунад (1 Юҳ. 5:19). Аз ин рӯ, ягонагиеро, ки дар ҷамъомади масеҳии асри як вуҷуд дошт, бешубҳа мӯъҷиза номидан мумкин буд, зеро он аз одамони гуногун — ғуломони эфсӯсӣ, ашрофзанони юнонӣ, яҳудиёни соҳибмаълумот, шахсони дар гузашта бутпараст — иборат буд (Аъм. 13:1; 17:4; 1 Тас. 1:9; 1 Тим. 6:1).
3. Китоби Муқаддас ягонагии масеҳиро чӣ тавр тасвир мекунад ва дар ин мақола кадом саволҳо муҳокима хоҳанд шуд?
3 Ба туфайли ибодати ҳақиқӣ одамон метавонанд чун аъзоёни бадан дар ягонагӣ амал кунанд. (1 Қӯринтиён 12:12, 13–ро бихонед.) Дар мақолаи мазкур мо саволҳои зеринро дида мебароем: Чӣ тавр ибодати ҳақиқӣ одамонро муттаҳид месозад? Чаро танҳо Яҳува қодир аст миллионҳо одамони гуногунмиллатро дар ягонагӣ бипайвандад? Ба ягонагӣ чӣ халал мерасонад ва чӣ тавр Яҳува барои бартараф кардани ин монеа кӯмак мекунад? Дар мавриди ягонагӣ, масеҳиёни ҳақиқӣ аз ҷаҳони масеҳият бо чӣ фарқ мекунанд?
Чӣ тавр ибодати ҳақиқӣ одамонро муттаҳид месозад?
4. Чӣ тавр ибодати ҳақиқӣ одамонро муттаҳид месозад?
4 Хизматгорони ҳақиқии Худо эътироф мекунанд, ки Яҳува Ҳокими комилҳуқуқи Даҳр аст, зеро Ӯ ҳама чизро офаридааст (Ваҳй 4:11). Ва ҳарчанд масеҳиёни ҳақиқӣ дар мамлакатҳои гуногун зиндагӣ мекунанду зери вазъиятҳои гуногун қарор доранд, ҳамаи онҳо ба ҳамон як қонунҳои Худо итоат мекунанд ва мувофиқи ҳамон як принсипҳои Китоби Муқаддас зиндагӣ менамоянд. Ҳамаи ходимони ҳақиқӣ барҳақ Яҳуваро «Падар» меноманд (Иш. 64:8; Мат. 6:9). Аз ин рӯ, ҳамаи онҳо бародарону хоҳарони рӯҳониянд ва аз ягонагии аҷиб баҳра бурда метавонанд. Ин гуна ягонагиро забурнавис бо суханони зерин ифода менамояд: «Чӣ хуш ва чӣ дилпазир аст, агар бародарон якҷоя дар ягонагӣ зиндагӣ кунанд!» (Заб. 133:1, ТДН [132:1]).
5. Кадом хусусият ба ягонагии ходимони ҳақиқии Худо мусоидат мекунад?
5 Ҳарчанд масеҳиёни ҳақиқӣ нокомиланд, онҳо Худоро дар ягонагӣ ибодат мекунанд, зеро ба якдигар муҳаббат зоҳир карданро ёд гирифтаанд. Ба онҳо дӯст доштанро Яҳува таълим медиҳад ва касе ба Ӯ дар ин кор баробар шуда наметавонад. (1 Юҳанно 4:7, 8–ро бихонед.) Каломи Ӯ мегӯяд: «Ба якдигар меҳрубон ва дилсӯз бошед ва якдигарро афв намоед, чунон ки Худо низ моро дар Масеҳ афв намудааст» (Эфс. 4:32). Ғайр аз ин Каломи Худо бармеангезад, ки муҳаббатро дар бар кунем, зеро он «пайванди комили ягонагӣ аст» (Қӯл. 3:14, ТДН). Ин пайванди комили ягонагӣ — муҳаббат — хусусияти асосии фарқкунандаи масеҳиёни ҳақиқӣ мебошад. Оё шумо шахсан итминон ҳосил кардед, ки ин ягонагӣ хусусияти фарқкунандаи ибодати ҳақиқӣ аст? (Юҳ. 13:35).
6. Чӣ тавр умед ба Салтанат кӯмак мекунад, ки мо ягонагиро нигоҳ дорем?
6 Сабаби дигари ягонагии ходимони ҳақиқии Худо ин аст, ки онҳо Салтанати Худоро ягона умеди инсоният меҳисобанд. Онҳо медонанд, ки ба наздикӣ ба ҷои ҳокимиятҳои инсонӣ Салтанати Худо меояд ва ба одамони итоаткор сулҳи ҳақиқиву пойдор меорад (Иш. 11:4–9; Дон. 2:44). Бинобар ин, масеҳиён суханонеро, ки Исо дар бораи пайравонаш гуфта буд, дар ёд доранд: «Онҳо аз ҷаҳон нестанд, чунон ки Ман аз ҷаҳон нестам» (Юҳ. 17:16). Масеҳиёни ҳақиқӣ дар ҷангу низоъҳои ин ҷаҳон мавқеи бетарафиро ишғол мекунанд. Аз ин рӯ, бо вуҷуди он ки дар гирду атроф ҷангу низоъҳо ба амал меоянд, онҳо аз ягонагӣ баҳраваранд.
Ягона манбаи роҳнамоии рӯҳонӣ
7, 8. Чӣ тавр дастуроти бар Китоби Муқаддас асосёфта ба ягонагии мо мусоидат мекунад?
7 Масеҳиёни асри як аз ягонагӣ баҳравар буданд, зеро ҳамаи онҳо аз як манбаъ дастуру роҳнамоӣ мегирифтанд. Онҳо эътироф мекарданд, ки Исо ҷамъомадро тавассути ҳайати роҳбарикунанда таълим ва роҳнамоӣ медиҳад; он аз расулон ва пирони Ерусалим иборат буд. Ин мардони содиқ дар асоси Каломи Худо қарор қабул мекарданд ва нозирони сайёр дастуру роҳнамоии онҳоро ба ҷамъомадҳои мамлакатҳои бисёр мерасонданд. Дар бораи баъзе чунин нозирон Китоби Муқаддас мегӯяд: «Онҳо дар ҳар шаҳре ки мегаштанд, дастурҳоеро, ки ҳаввориён ва пирон дар Ерусалим қарор дода буданд, ба онҳо месупурданд, то ки аз рӯи он дастурҳо амал кунанд» (Аъм. 15:6, 19–22; 16:4).
8 Ба ҳамин монанд, имрӯз Ҳайати Роҳбарикунанда, ки аз масеҳиёни бо рӯҳ тадҳиншуда иборат аст, ба ягонагии ҷамъомади умумиҷаҳонӣ мусоидат мекунанд. Ҳайати Роҳбарикунанда адабиёти рӯҳониро ба забонҳои зиёд нашр менамояд. Ин ғизои рӯҳонӣ бар Каломи Худо асос ёфтааст. Пас, он чи ки онҳо таълим медиҳанд, на аз одамон, балки аз Яҳува сарчашма мегирад (Иш. 54:13).
9. Чӣ тавр коре, ки Худо ба мо супоридааст, ба ягонагӣ мусоидат мекунад?
9 Нозирони масеҳӣ низ бо он ки роҳбарии кори мавъизаро ба ӯҳда мегиранд, ба ягонагӣ мусоидат мекунанд. Онҳоеро, ки якҷоя ба Худо хизмат мекунанд, рӯҳияи ҳамкорӣ ба ҳам муттаҳид месозад, лекин байни одамони ин ҷаҳон, ки бо ҳам фақат муошират мекунанд, чунин рӯҳияи пурзӯр вуҷуд надорад. Мақсади ташкил додани ҷамъомади масеҳӣ — ин барпо кардани ҷамъият барои муошират набуд, балки мақсади он — ҷалол додани номи Яҳува, иҷрои кори умумӣ, яъне мавъизаи хушхабар, шогирдсозӣ ва обод кардани ҷамъомад буд (Рум. 1:11, 12; 1 Тас. 5:11; Ибр. 10:24, 25). Аз ин рӯ, Павлуси расул ба масеҳиён гуфта метавонист: «Шумо дар як рӯҳ қоим буда, якдилона барои имони Инҷил ҷидду ҷаҳд менамоед» (Фил. 1:27).
10. Моро чун ходимони Худо чиҳо муттаҳид месозанд?
10 Инак, чун халқи Яҳува мо муттаҳидем, зеро ҳокимияти Яҳуваро эътироф менамоем, ҳамимононамонро дӯст медорем, ба Салтанати Худо умед мебандем ва онҳоеро, ки дар ҷамъомад сарвариро ба ӯҳда доранд, эҳтиром мекунем. Лекин баъзе хислатҳо, ки мо онҳоро аз нокомилӣ зоҳир мекунем ба ягонагӣ халал расонида метавонанд ва Яҳува ба мо кӯмак менамояд, ки бо онҳо мубориза барем (Рум. 12:2).
Бо ҳавобаландӣ ва ҳасад мубориза баред
11. Чаро ҳавобаландӣ байни одамон ҷудоӣ меандозад ва чӣ тавр Яҳува дар мубориза бо ин хислат ба мо кӯмак мекунад?
11 Ҳавобаландӣ байни одамон ҷудоӣ меандозад. Одами ҳавобаланд худро аз дигарон боло меҳисобад. Одатан ба чунин шахс лоф задан маъқул аст. Аммо ин гуна рафтор аксар вақт ягонагиро зери хатар мегузорад, чунки лофзании касе дар дигарон ҳасад бедор карда метавонад. Яъқуби шогирд ошкоро мегӯяд: «Ба сабаби ҳавобаландии худ, лоф мезанед: ҳар лофи монанди ин бад аст» (Яъқ. 4:16). Худро аз дигарон боло гирифтан нишонаи муҳаббат нест. Тасаввур кунед, ки Яҳува дар муносибат бо мо, одамони нокомил, чӣ фурӯтание зоҳир мекунад! Довуд навиштааст: «Фурӯтании Ту [Худо] маро сарафроз мегардонад» (2 Подш. 22:36, ТДН). Каломи Худо ба мо кӯмак мекунад, ки бо ҳавобаландӣ мубориза барем ва ёд медиҳад, ки дар бораи худ ба таври дуруст фикр кунем. Зери илҳоми илоҳӣ Павлус мепурсад: «Кист, ки туро бартарӣ додааст? Ва чӣ чизе дорӣ, ки нагирифта бошӣ? Ва агар гирифта бошӣ, чаро фахр мекунӣ, ки гӯё нагирифта бошӣ?» (1 Қӯр. 4:7).
12, 13. а) Чаро ҳасадхӯр шудан осон аст? б) Ба дигарон бо назари Яҳува нигаристан чӣ натиҷа меорад?
12 Боз як хусусияте, ки ба ягонагӣ халал мерасонад, ҳасад мебошад. Азбаски ҳамаи мо нокомилем, мо ба рашку ҳасад майл дорем. Ҳатто масеҳиёне, ки солҳои дароз ба Худо хизмат мекунанд, ба вазъият, чизу чора, имтиёз ва қобилиятҳои дигарон шояд баъзан ҳасад баранд (Воиз 4:4). Масалан, бародари оиладор шояд ба бародаре, ки пурравақт хизмат мекунад, ҳасад барад ва ҳамзамон пай набарад, ки он бародари муҷаррад ба ӯ каме ҳасад мебарад. Чӣ бояд кард, то чунин ҳиссиёти нодуруст ягонагии моро вайрон накунад?
13 Барои мубориза бо рашку ҳасад ба хотир оред, ки Китоби Муқаддас аъзоёни тадҳиншудаи ҷамъомади масеҳиро ба узвҳои бадани инсон ташбеҳ медиҳад. (1 Қӯринтиён 12:14–18-ро бихонед.) Масалан, ҳарчанд чашмон назар ба дил дар ҷои намоёни бадан ҷойгир шудаанд, оё ин маънои онро дорад, ки яке аз дигаре азизтар аст? Албатта не! Айнан ҳамин тавр Яҳува ҳар аъзои ҷамъомадро азиз медонад, ҳатто агар баъзеҳо нисбат ба дигарон гоҳ–гоҳ намоёнтар бошанд ҳам. Биёед ба бародарон бо назари Яҳува нигоҳ кунем. Ба ҷои рашку ҳасад мо метавонем нисбати дигарон ғамхорӣ ва таваҷҷӯҳи шахсӣ зоҳир намоем. Бо чунин рафтор мо чун масеҳиёни ҳақиқӣ аз масеҳиёни ҷаҳони масеҳият хубтар фарқ хоҳем кард.
Вазъияти ҷаҳони масеҳият
14, 15. Чӣ тавр масеҳияти осӣ дар ҳолати номуттаҳидӣ қарор гирифт?
14 Ягонагии масеҳиёни ҳақиқӣ аз
рақобате, ки байни калисоҳои ҷаҳони масеҳият вуҷуд дорад, фарқ мекунад. Дар асри чорум масеҳияти осӣ чунон паҳн шуда буд, ки сарвариро бар он императори бутпарасти румӣ ба дасти худ гирифт ва бо ин ба пайдо шудани ҷаҳони масеҳият мусоидат кард. Сипас, давлатҳои зиёд аз империяи Рум ҷудо шуданд ва калисоҳои давлатии худро барпо карданд.15 Бисёри он давлатҳо бар зидди якдигар асрҳои зиёд меҷангиданд. Дар тӯли асрҳои XVII ва XVIII шаҳрвандони Британияи Кабир, Франсия ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар худ ҳисси ғурури миллиро мепарвариданд, ки дар натиҷа миллатпарастӣ чун як намуди дин гашт. Дар асрҳои XIX−XX миллатпарастӣ дар тафаккури аксарияти одамон ҳукмфармо гашт. Рафта–рафта калисоҳои ҷаҳони масеҳият ба сектаҳои бешумор тақсим шуданд ва аксарияти онҳо миллатпарастиро раво меҳисобиданд. Пайравони як калисо ҳатто бар зидди ҳамимонони худ, ки аз дигар миллат буданд, меҷангиданд. Имрӯз дар ҷаҳони масеҳият аз сабаби ҷой доштани ақидаҳои гуногуни динӣ ва миллатпарастӣ ягонагӣ вуҷуд надорад.
16. Аз кадом сабабҳо дар ҷаҳони масеҳият ҷудоӣ ба амал меояд?
16 Дар асри XX бо ташаббуси садҳо равияҳои ҷаҳони масеҳият ҳаракати умумиҷаҳонии муттаҳидкунии калисоҳо ба вуҷуд омад. Лекин қатъи назар аз он ки тӯли даҳсолаҳои зиёд саъю кӯшиш ба харҷ дода шуд, ҳамагӣ танҳо чанд калисо бо ҳам муттаҳид шуданд, вале то ба ҳол байни пайравони онҳо оиди чунин саволҳо ба монанди эволютсия, исқоти ҳамл (аборт), ҳомосексуализм ва рутбаи рӯҳонӣ гирифтани занон ҳамфикрӣ дида намешавад. Дар баъзе равияҳои ҷаҳони масеҳият сарварони калисо аҳамияти ин ё он таълимотеро, ки сабаби ҷудоӣ буд, кам мегардонанд ва бо ин роҳ мекӯшанд, ки пайравони мазҳабҳои гуногунро бо ҳам муттаҳид созанд. Аммо камаҳамият гардондани ин ё он таълимот ба сустшавии имони одамон оварда мерасонад ва албатта калисоҳои ҷаҳони масеҳиятро ба ҳам муттаҳид намекунад.
Дар ибодати ҳақиқӣ барои миллатпарастӣ ҷой нест
17. Чӣ тавр мувофиқи пешгӯӣ ибодати ҳақиқӣ бояд одамонро «дар айёми охир» муттаҳид месохт?
17 Ҳарчанд имрӯз инсоният беш аз пеш дар ҳолати номуттаҳидӣ қарор дорад, ходимони ҳақиқии Худо бо ягонагӣ фарқ мекунанд. Худо тавассути Мико–пайғамбар гуфт: «Онҳоро мисли гӯсфандони дохили қӯра якҷоя хоҳам гузошт» (Мик. 2:12). Мико пешгӯӣ кард, ки ибодати ҳақиқӣ бар ҳамаи дигар намудҳои ибодат, хоҳ ба худоҳои дурӯғ бошад, хоҳ ба давлат чун ба худо, баланд хоҳад шуд. Ӯ навишт: «Дар айёми охир чунин воқеъ хоҳад шуд, ки кӯҳи хонаи Худованд бар сари кӯҳҳо барқарор хоҳад гардид ва аз пуштаҳо баланд хоҳад шуд ва қавмҳо сӯи он равона хоҳанд шуд. Зеро ки ҳамаи қавмҳо ҳар яке ба исми худои худ равона мешаванд, вале мо ба исми Худованд Худои худ [«Яҳува», ТДН] то абад равона хоҳем шуд» (Мик. 4:1, 5).
18. Ба туфайли ибодати ҳақиқӣ мо чӣ кор карда тавонистем?
18 Мико ҳамчунин пешгӯӣ намуд, ки чӣ тавр ибодати ҳақиқӣ шахсони ба ҳам душманбударо муттаҳид хоҳад сохт. Ӯ гуфт: «Халқҳои бисёр роҳсипор шуда, хоҳанд гуфт: “Биёед, ба кӯҳи Худованд, ва ба хонаи Худои Яъқуб бароем, то ки Ӯ тариқҳои Худро ба мо таълим диҳад, ва мо бо роҳҳои Ӯ равона шавем”... ва онҳо шамшерҳои худро барои позаҳо ва найзаҳои худро барои досколаҳо хоҳанд шикаст; ва халқе бар халқе шамшер нахоҳад кашид, ва ҷангро дигар таълим нахоҳанд гирифт» (Мик. 4:2, 3). Онҳое, ки ибодати худоҳои бо дасти одамон сохташудаву миллатпарастиро тарк мекунанд ва ба ибодат кардани Яҳува ҳамроҳ мешаванд, аз ягонагии умумиҷаҳонӣ баҳра мебаранд. Худо ба онҳо роҳҳои муҳаббатро таълим медиҳад.
19. Ягонагии умумиҷаҳонии масеҳиёни ҳақиқӣ аз чӣ шаҳодат медиҳад?
19 Ягонагии умумиҷаҳонии масеҳиёни ҳақиқӣ имрӯз як чизи бемислу монанд аст ва ба таври аниқ шаҳодат медиҳад, ки Яҳува халқашро то ба ҳол тавассути рӯҳулқудси худ роҳнамоӣ мекунад. Ба туфайли ибодати ҳақиқӣ имрӯз одамони алоҳида аз ҳамаи халқу миллатҳо ба дараҷае муттаҳид гашта истодаанд, ки чунин ягонагиро таърихи инсоният аз ин пеш надида буд. Ҳамин тавр, пешгӯӣ аз Ваҳй 7:9, 14 ба таври аҷоиб иҷро шуда истодааст ва ин нишон медиҳад, ки ба наздикӣ фариштагони Худо «бод»-еро, ки тартиботи ҳозираи шарирро несту нобуд мекунад, сар медиҳанд. (Ваҳй 7:1–4, 9, 10, 14-ро бихонед.) Чӣ шарафест қисми бародарияти умумиҷаҳонӣ будан! Чӣ тавр ҳар яки мо ба ягонагии ин бародарият мусоидат карда метавонем? Ин савол дар мақолаи навбатӣ муҳокима хоҳад шуд.
Шумо чӣ тавр ҷавоб медиҳед?
• Чӣ тавр ибодати ҳақиқӣ одамонро муттаҳид месозад?
• Чӣ кор кунем, то рашку ҳасад ягонагии моро вайрон накунад?
• Чаро миллатпарастӣ байни масеҳиёни ҳақиқӣ ҷудоӣ андохта наметавонад?
[Саволҳо барои омӯзиш]