Бигзор дар гуфтори шумо меҳрубонӣ ва муҳаббат инъикос ёбанд
Бигзор дар гуфтори шумо меҳрубонӣ ва муҳаббат инъикос ёбанд
«Ӯ даҳони худро бо ҳикмат мекушояд ва ҳамеша бо меҳрубонии муҳаббатомез сухан мегӯяд» (МАС. 31:26, ТДН).
1, 2. а) Ходимони Яҳува бояд кадом хислатро дар худ инкишоф диҳанд? б) Дар ин мақола чӣ муҳокима карда мешавад?
СУХАНОНЕ, КИ бо онҳо шоҳи Исроили қадим, Лемуилро, модараш таълим медод, хусусиятҳои муҳими зани оқиларо дар бар мегирифтанд (Мас. 31:1, 10). Масалан, дар он ҷо гуфта шудааст: «Ӯ даҳони худро бо ҳикмат мекушояд ва ҳамеша бо меҳрубонии муҳаббатомез сухан мегӯяд» (Мас. 31:26, ТДН) *. Меҳрубонии муҳаббатомез ё эҳсон хусусияти хубест, ки нутқи зани оқила ва умуман нутқи ҳар касеро, ки писанди Яҳува будан мехоҳад, зебо мегардонад. (Масалҳо 19:22−ро бихонед.) Ин хислат бояд дар нутқи ҳамаи масеҳиёни ҳақиқӣ инъикос ёбад.
2 Меҳрубонии муҳаббатомез чиро дар бар мегирад? Нисбати кӣ мо бояд онро зоҳир намоем? Чӣ ба мо кӯмак мекунад, ки «бо меҳрубонии муҳаббатомез сухан» гӯем? Чӣ тавр ин ба муоширати мо бо аъзоёни оила ва ҳамимонон таъсир мекунад?
Меҳрубонӣ аз муҳаббати садоқатмандона
3, 4. а) Меҳрубонии муҳаббатомез чиро дар бар мегирад? б) Меҳрубонии муҳаббатомез аз меҳрубонӣ ё худ одамдӯстӣ бо чӣ фарқ мекунад?
3 Худи ибораи «меҳрубонии муҳаббатомез» нишон медиҳад, ки ин хусусият меҳрубонӣ ва муҳаббатро дар бар мегирад. Меҳрубонӣ дар таваҷҷӯҳи шахсӣ ва ғамхорӣ нисбати дигарон, дар корҳои нек ва суханони боандеша
зоҳир мешавад. Азбаски муҳаббат низ қисми таркибии он хусусият аст, мо аз муҳаббат дар бораи беҳбудии дигарон фикр мекунем. Аммо калимаи ибронии «хесед» на танҳо меҳрубонии бар муҳаббат асосёфтаро дар бар мегирад. Меҳрубонии муҳаббатомез — ин меҳрубониест, ки нисбати ягон кас то расидан ба мақсади муайян содиқона ва бо омодагӣ зоҳир карда мешавад.4 Меҳрубонии муҳаббатомез аз меҳрубонӣ боз аз як ҷиҳат фарқ мекунад. Меҳрубонӣ ё худ одамдӯстӣ ҳатто нисбати шахсони ношинос зоҳир карда мешавад. Масалан, сокинони ҷазираи Малит (Малта) ба одамони барои онҳо ношинос — ба Павлуси расул ва 275 нафар одамоне, ки ҳамроҳаш бо нобудшавии киштӣ дучор шуданд — чунин меҳрубонӣ зоҳир намуданд (Аъм. 27:37–28:2). Меҳрубонии муҳаббатомез бошад, бо садоқатмандӣ алоқаманд аст ва байни шахсоне, ки аллакай бо ҳамдигар муносибатҳои наздик инкишоф додаанд, зоҳир мешавад *. Маҳз чунин хусусиятро шоҳ Довуд ба Мефибӯшет, писари дӯсташ Йӯнотон, зоҳир намуд (2 Подш. 9:7).
Муҳиммияти дуо ва мулоҳиза
5. Чӣ ба мо кӯмак мекунад, ки лаҷоми забонамонро кашем?
5 Дар гуфтор меҳрубонии муҳаббатомез зоҳир кардан на ҳама вақт осон аст. Дар мавриди забон Яъқуби шогирд навишта буд: «Забонро ҳеҷ кас аз одамон ром карда наметавонад: он — шароратест боздоштанашаванда ва пур аз заҳри марговар» (Яъқ. 3:8). Чӣ ба мо кӯмак мекунад, ки лаҷоми ин узвамонро, ки идора карданаш хеле душвор аст, бикашем? Исо ба сарварони динии замони худ гуфта буд: «Забон аз пурии дил сухан мегӯяд» (Мат. 12:34). Пас, агар хоҳем, ки меҳрубонии муҳаббатомез дар нутқи мо зоҳир гардад, мо бояд ин хусусиятро дар дили худ, яъне дар ботини худ, инкишоф диҳем. Дар ин кор ба мо дуо ва мулоҳиза кӯмак карда метавонад. Биёед бубинем, ки чӣ тавр.
6. Чаро мо бояд бо миннатдорӣ дар бораи аъмоли Яҳува, ки аз меҳрубонии муҳаббатомез шаҳодат медиҳад, мулоҳиза кунем?
6 Дар Китоби Муқаддас гуфта Хур. 34:6). «Аз эҳсони Ту, эй Худованд, замин пур аст»,— месарояд забурнавис (Заб. 118:64). Дар Навиштаҳо маротибаҳои зиёд гуфта шудааст, ки чӣ тавр Яҳува ба ходимонаш «эҳсон», яъне меҳрубонии муҳаббатомез, зоҳир мекард. Вақт ҷудо намуда, дар бораи аъмоли Худованд бо миннатдорӣ мулоҳиза кунед. Ба туфайли ин, дар шумо хоҳиши инкишоф додани меҳрубонии муҳаббатомез, ки хусусияти ба Яҳува мақбул аст, пайдо мешавад. (Забур 76:13−ро бихонед.)
шудааст, ки Яҳува Худо «пур аз эҳсону вафо» мебошад (7, 8. а) Чӣ тавр Яҳува ба Лут ва оилаи ӯ «эҳсон» ё меҳрубонии муҳаббатомез зоҳир намуд? б) Вақте ки Яҳува ба Довуд меҳрубонии муҳаббатомезашро зоҳир намуд, ӯ чӣ эҳсос кард?
7 Масалан, ба хотир меорем, ки чӣ тавр Яҳува пеш аз нобуд кардани Садӯм ҷияни Иброҳим Лут ва оилаи ӯро, ки он ҷо мезистанд, наҷот дод. Вақте ки соати нобудшавӣ наздик мешуд, фариштаҳои назди Лут омада ба ӯ амр доданд, ки ҳамроҳи оилааш зуд шаҳрро тарк кунад. «Ва чун [ӯ] дер мекард,— мегӯяд Китоби Муқаддас,— [фариштагон] дасти ӯ, ва дасти занаш, ва дасти ду духтарашро гирифтанд,— чунки Худованд бар ӯ шафқат кард,— ва ӯро бароварда, дар беруни шаҳр гузоштанд». Оё мулоҳиза оиди он ки чӣ тавр Яҳува ходими содиқашро наҷот дод, ба дили мо таъсир намекунад ва моро барнамеангезад, ки чунин рафтори Худоро зуҳуроти меҳрубонии муҳаббатомези Ӯ шуморем? (Ҳас. 19:16, 19).
8 Ҳамчунин намунаи Довуд, шоҳи Исроили қадимро, дида мебароем. Ӯ месуруд: «Ӯ [Худованд] ҳамаи гуноҳҳоятро меомурзад; ҳамаи касалиҳоятро шифо мебахшад». Эҳтимол чӣ қадар миннатдор буд Довуд аз он ки Худо гуноҳи ҳамроҳи Батшобаъ кардаашро бахшид! Вай Яҳуваро ситоиш намуда, месуруд: «Ба андозае ки осмон аз замин баланд аст, эҳсони Ӯ бар тарсгоронаш ба ҳамон андоза бузург аст» (Заб. 102:3, 11). Мулоҳиза оиди ин ва дигар воқеаҳои Китоби Муқаддас дилҳои моро аз миннатдорӣ ба Яҳува барои «эҳсон», яъне меҳрубонии муҳаббатомезаш, лабрез мегардонад ва моро ба сипосгузорӣ ва ҳамду санои Ӯ бармеангезад. Чӣ қадаре ки миннатдориамон зиёд гардад, мо ҳамон қадар бештар кӯшиш хоҳем кард, ки мисли Худои ҳақиқӣ рафтор кунем (Эфс. 5:1).
9. Чӣ ходимони Яҳуваро бармеангезад, ки дар ҳаёти ҳаррӯзаашон меҳрубонии муҳаббатомез зоҳир намоянд?
9 Навиштаҳо нишон медиҳанд, ки Яҳува меҳрубонии муҳаббатомез — муҳаббати садоқатмандонаашро ба онҳое, ки аллакай илтифоти Ӯро ба даст овардаанд, зоҳир менамояд. Лекин дар бораи онҳое, ки бо Худои зинда чунин муносибатҳои наздик пайдо накардаанд, чӣ гуфтан мумкин аст? Оё Яҳува нисбати онҳо сахтгиру номеҳрубон аст? Албатта не. «[Худо] ба носипосон ва бадон меҳрубон аст»,— гуфта мешавад дар Луқо 6:35. «Ӯ офтоби Худро бар бадону некон тулӯъ мекунонад ва борон бар одилону золимон меборонад» (Мат. 5:45). Замоне, ки мо ҳақиқатро намедонистему мувофиқи он зиндагӣ намекардем, Худо ба мо низ чун ба ҳамаи одамон меҳрубонӣ зоҳир менамуд. Лекин аз он вақте ки мо хидматгори Ӯ гаштем, мо дар худ муҳаббати содиқона — меҳрубонии муҳаббатомезашро, ки ба таври ҳамешагӣ зоҳир менамояд, эҳсос мекунем. (Ишаъё 54:10−ро бихонед.) То чӣ андоза миннатдор буда метавонем мо барои ин! Ва чӣ сабаби асоснокест ин барои он ки мо ҳам дар гуфтор ва ҳам дар ҷонибҳои дигари ҳаёти ҳаррӯзаамон меҳрубонии муҳаббатомез зоҳир намоем!
10. Чаро нақши дуо дар инкишоф додани меҳрубонии муҳаббатомез хеле калон аст?
10 Барои инкишоф додани меҳрубонии муҳаббатомез дуо ба мо хеле кӯмак мекунад, зеро муҳаббат ва меҳрубонӣ, хусусиятҳои самари рӯҳулқудси Яҳува мебошанд (Ғал. 5:22). Мо меҳрубонии муҳаббатомезро дар диламон парвариш карда метавонем, агар худро зери таъсири рӯҳулқудси Яҳува қарор диҳем. Чӣ кор кунем, ки Худо ба мо рӯҳулқудс диҳад? Яке аз роҳҳои асосӣ — онро дар дуо пурсидан аст (Луқ. 11:13). Мо бояд пайваста дар бораи рӯҳулқудси Худо дуо гӯем ва мувофиқи ҳидояти он амал намоем. Бале, барои он ки ҳамеша бо меҳрубонии муҳаббатомез сухан гӯем, мо бояд мулоҳиза кунем ва пайваста дуо гӯем.
Меҳрубонии муҳаббатомез дар нутқи зану шавҳар
11. а) Аз куҷо маълум аст, ки Яҳува аз шавҳарон нисбати занонашон зоҳир намудани меҳрубонии муҳаббатомезро интизор аст? б) Чӣ тавр меҳрубонии муҳаббатомез ба шавҳарон кӯмак мекунад, ки забони худро нигоҳ доранд?
11 Павлуси расул шавҳаронро ташвиқ мекунад, ки ҳамеша занони худро дӯст доранд, чунон ки Масеҳ низ ба ҷамъомад «муҳаббат дошт ва Худро аз барои он таслим намуд» (Эфс. 5:25). Павлус ба онҳо ҳамчунин суханони ба Одаму Ҳавво гуфтаи Яҳуваро хотиррасон мекунад: «Мард падару модари худро тарк карда, бо зани худ хоҳад пайваст, ва ҳар ду як тан хоҳанд буд» (Эфс. 5:31). Равшан аст, ки Яҳува мехоҳад, ки мардон содиқона бо занони худ бипайванданд ва ҳамеша ба онҳо меҳрубонии муҳаббатомез зоҳир намоянд. Шавҳаре, ки дар гуфтор меҳрубонии муҳаббатомез зоҳир мекунад, камбудиҳои ҳамсарашро дар назди дигарон намегӯяд ва шаъни ӯро паст намезанад. Ба ӯ занашро таҳсин гуфтан маъқул аст (Мас. 31:28). Агар аз сабабе байни онҳо нофаҳмӣ ба миён ояд ҳам, меҳрубонии муҳаббатомез шавҳарро намегузорад, ки бо суханонаш занашро паст занад.
12. Чӣ тавр зан дар гуфтораш меҳрубонии муҳаббатомез зоҳир карда метавонад?
12 Зан низ дар гуфтор бояд меҳрубонии муҳаббатомез зоҳир намояд. Ба нутқи ӯ набояд рӯҳияи ин ҷаҳон таъсир кунад. Ба шавҳари худ «эҳтироми амиқ» зоҳир намуда, вай дар назди дигарон дар ҳаққи ӯ суханони нек мегӯяд ва эҳтироми онҳоро нисбати шавҳараш зиёд мегардонад (Эфс. 5:33, ТДН). Ӯ намехоҳад, ки эҳтироми фарзандон нисбати падарашон коста гардад, аз ин рӯ вай дар ҳузури онҳо ба шавҳараш норозигӣ баён намекунад ё нуктаи назари ӯро зери шубҳа намегузорад. Чунин масъалаҳоро ӯ дар танҳоӣ бо шавҳараш муҳокима мекунад. «Ҳикмати зан хонаи варо бино мекунад»,— мегӯяд Китоби Муқаддас (Мас. 14:1). Дар хонадони ӯ ҳама аъзоёни оила худро хушнуду бароҳат эҳсос мекунанд.
13. Ҳамсарон хусусан дар куҷо бояд меҳрубонии муҳаббатомез зоҳир кунанд ва чӣ тавр?
13 Ҳамсарон ҳатто ҳангоми дар хона танҳо муошират карданашон бояд ба якдигар эҳтиром зоҳир намоянд. Павлус навишт: «Ҳамаи инҳоро: хашм, ғазаб, Қӯл. 3:8, 12–14). Вақте ки фарзандон дар хона ба шунидани суханони неку муҳаббатомез одат мекунанд, ин ба онҳо на танҳо таъсири мусбат мерасонад, балки ҳамчунин онҳоро бармеангезад, ки ба тарзи гуфтори волидонашон пайравӣ намоянд.
кина, бадгӯӣ ва алфози қабеҳи забонатонро тарк намоед». Сипас ӯ илова кард: «Марҳамат, меҳрубонӣ, хоксорӣ, фурӯтанӣ ва пурсабриро дар бар кунед ... Муҳаббатро дар бар кунед, ки он маҷмӯи камолот аст» (14. Чӣ тавр сарварони оила бо гуфторашон аъзоёни хонаводаашонро дастгирӣ карда метавонанд?
14 Забурнавис дар бораи Яҳува навиштааст: «Эҳсони Ту, эй Худованд, маро дастгирӣ мекард» (Заб. 93:18). Яҳува бо кадом роҳ халқашро дастгирӣ мекунад? — Бо он ки насиҳату роҳнамоӣ медиҳад (Заб. 118:105). Сарварони оила низ метавонанд мисли Падари осмониамон бо гуфтори худ аъзоёни хонаводаашонро дастгирӣ кунанд, ба онҳо ҳидояту роҳнамоии лозима диҳанд ва онҳоро рӯҳбаланд гардонанд. Чӣ имконияти олиҷанобест шоми ибодати оилавӣ барои ҷустуҷӯ намудани ганҷҳои рӯҳонӣ! (Мас. 24:4).
Ба ҳамимонон муҳаббати садоқатмандона зоҳир кунед
15. Чӣ тавр пирон ва дигар масеҳиёни рӯҳан баркамол забони худро барои «нигаҳбонӣ» кардани дигар аъзоёни ҷамъомад истифода бурда метавонанд?
15 «Бигзор эҳсон ва ростии Ту ҳамеша маро нигаҳбонӣ кунад»,— дуо мегуфт шоҳ Довуд (Заб. 39:12). Чӣ тавр пирон ва дигар масеҳиёни рӯҳан баркамоли ҷамъомад метавонанд ба Яҳува пайравӣ намуда, «эҳсон» ё меҳрубонии муҳаббатомез зоҳир кунанд? — Агар забони худро барои ба Навиштаҳо равона кардани диққати шахс истифода баранд (Мас. 17:17).
16, 17. Бо кадом роҳҳо мо метавонем бо гуфтори худ меҳрубонии муҳаббатомез зоҳир намоем?
16 Чӣ бояд кард, агар бинем, ки касе аз ҳамимонон бархилофи принсипҳои Китоби Муқаддас рафтор менамояд? Оё меҳрубонии муҳаббатомез моро барнамеангезад, ки ӯро ислоҳ кунем? (Заб. 140:5). Агар мо аз гуноҳи ҷиддии ҳамимонамон бохабар шавем, мо аз муҳаббати садоқатмандона ӯро ташвиқ менамоем, ки ба пирон муроҷиат кунад, то «онҳо ӯро ба исми Худованд равған молида, дар ҳаққи ӯ дуо гӯянд» (Яъқ. 5:14). Агар шахси гуноҳкарда ба пирон муроҷиат накунад ва мо инро дониста, хомӯш монем, ин рафтори мо на аз муҳаббат шаҳодат хоҳад дод ва на аз меҳрубонӣ. Эҳтимол касе аз мо худро зиқу рӯҳафтода, танҳо, беқадру нодаркор ё маъюс эҳсос кунад. Тасаллӣ бахшидани рӯҳафтодагон — тарзи беҳтарини зоҳир кардани меҳрубонии муҳаббатомез аст (1 Тас. 5:14).
17 Ба тӯҳмату ғайбате, ки душманони Худо дар бораи ҳамимононамон паҳн мекунанд, мо бояд чӣ гуна муносибат кунем? Ба ҷои зери шубҳа гузоштани садоқатмандии бародарон мо бояд дар ҷавоби чунин суханон хомӯш монем ё агар бамаврид бошад, аз айбдоркунанда пурсем, ки оё ӯ ба асоснок будани ин суханонаш эътимод дорад. Агар душманони халқи Худо бо мақсади зарар расонидан дар бораи бародарони масеҳиамон ягон маълумотро фаҳмидан хоҳанд, муҳаббати садоқатмандона моро намегузорад, ки ба душманон чунин маълумотро пешкаш намоем (Мас. 18:24).
«Касе ки адолат ва марҳаматро риоят кунад», ҳаёт меёбад
18, 19. Чаро мо бояд дар муносибат бо ҳамимонон дар гуфторамон меҳрубонии муҳаббатомез зоҳир намоем?
18 Муҳаббати садоқатмандонаи мо ба ҳамимонон бояд дар тамоми ҷонибҳои муносибатҳоямон аён бошад. Ҳатто дар вазъиятҳои душвор дар гуфторамон бояд меҳрубонии муҳаббатомез зоҳир гардад. Вақте ки «тақво», яъне меҳрубонии муҳаббатомези исроилиён, мисли шабнам «бо зудӣ ғоиб» гашт, Яҳува аз онҳо норозӣ шуд (Ҳуш. 6:4, 6). Аз тарафи дигар, вақте ки ходимони Ӯ меҳрубонии муҳаббатомезро пайваста зоҳир мекунанд, ин ба Яҳува писанд аст. Касоне, ки ба зоҳир кардани ин хусусият мекӯшанд, чӣ баракатҳо мегиранд?
19 Дар Масалҳо 21:21 гуфта мешавад: «Касе ки адолат ва марҳаматро риоят кунад, ҳаёт, адолат ва ҷалол меёбад». Яке аз баракатҳое, ки чунин шахс соҳиб мешавад, ҳаёт аст. Он на зиндагии кӯтоҳмуддат, балки ҳаёти беохир мебошад. Яҳува ба чунин шахсон кӯмак мекунад, ки «ҳаёти ҷовидониро аз они худ» созанд (1 Тим. 6:12, 19). Аз ин рӯ, биёед ба якдигар меҳрубонии муҳаббатомез зоҳир намоем (Зак. 7:9).
[Эзоҳҳо]
^ сарх. 1 Ибораи «меҳрубонии муҳаббатомез» — ин тарҷумаи калимаи ибрии «хесед» мебошад. Азбаски ин маънои васеъ дорад, онро бо як калима тарҷума кардан душвор аст ва дар тарҷумаи тоҷикии Китоби Муқаддас он чун «эҳсон», «марҳамат», «хайрхоҳӣ», «ҳалимӣ», «лутф», «илтифот», «некӣ», «тақво» ва ғайра тарҷума шудааст. Аз ин рӯ, ба инобат гиред, ки дар ҳамаи оятҳои дар ин мақола овардашуда зери калимаҳои мазкур «меҳрубонии муҳаббатомез» дар назар дошта шудааст.
^ сарх. 4 Барои гирифтани маълумоти иловагӣ дар бораи фарқи меҳрубонии муҳаббатомез аз садоқатмандӣ, муҳаббат ва меҳрубонӣ ба «Бурҷи дидбонӣ» (рус.) аз 15 маи с. 2002, саҳифаҳои 12, 13, 18, 19 ва аз 1 марти с. 2004, саҳифаҳои 30, 31 нигаред.
Оё шумо фаҳмонда метавонед?
• Меҳрубонии муҳаббатомез чиро дар бар мегирад?
• Чӣ ба мо кӯмак мекунад, ки дар гуфтори худ меҳрубонии муҳаббатомез зоҳир кунем?
• Чӣ тавр ҳамсарон дар гуфтори худ муҳаббати садоқатмандона зоҳир карда метавонанд?
• Чӣ нишон медиҳад, ки мо дар муносибат бо ҳамимонон дар гуфтори худ меҳрубонии муҳаббатомез зоҳир менамоем?
[Саволҳо барои омӯзиш]