«Шумо дӯстони ман ҳастед»
«Шумо дӯстони ман ҳастед»
«Шумо дӯстони Ман ҳастед, агар аҳкоми Маро ба ҷо оваред» (ЮҲ. 15:14).
1, 2. а) Дӯстони Исо то чӣ андоза одамони гуногун буданд? б) Чаро дӯсти Исо будан муҳим аст?
МАРДОНЕ, КИ ҳамроҳи Исо дар болохона менишастанд, одамони гуногун буданд. Бародарон Петрус ва Андриёс моҳигирӣ мекарданд. Матто пеш боҷгир буд (боҷгиронро яҳудиён бад медиданд). Баъзеҳо, масалан, Яъқубу Юҳанно Исоро эҳтимол аз кӯдакӣ мешинохтанд. Дигарон, масалан, Натанъил ӯро шояд якчанд сол медонистанду халос (Юҳ. 1:43–50). Ба ҳар ҳол, ҳамаи онҳо, ки дар он шоми муҳими Фисҳ дар Ерусалим ҳамроҳи Исо буданд, боварии комил ҳосил карданд, ки Исо Масеҳи ваъдашуда, Писари Худои зинда аст (Юҳ. 6:68, 69). Бешубҳа, шунидани суханони зерини Исо дили онҳоро гарм мекард: «Шуморо дӯст хондаам, чунки ҳар чи аз Падар шунидаам, ба шумо баён кардам» (Юҳ. 15:15).
2 Он суханоне, ки Исо ба расулони содиқаш гуфт, ҳамчунин ба тамоми масеҳиёни тадҳиншудаи имрӯза ва ба маънои васеътар ба ҳамроҳони онҳо — «гӯсфандони дигар» дахл доранд (Юҳ. 10:16). Новобаста аз аслу насаб, мо дӯстони Исо буда метавонем, ки ин имтиёз аст. Дӯстӣ бо ӯ хеле муҳим аст, зеро дӯсти вай будан моро ҳамчунин дӯсти Яҳува мегардонад. Дар асл, мо наметавонем бо Яҳува муносибатҳои наздик инкишоф диҳем, бе он ки аввал ба Масеҳ наздик шавем. (Юҳанно 14:6, 21–ро бихонед.) Пас, мо бояд чӣ кор кунем, ки дӯсти Исо гардем ва чӣ тавр ин дӯстиамонро нигоҳ дорем? Пеш аз муҳокимаи ин мавзӯи муҳим, биёед дида бароем, ки Исо чун дӯсти хуб чӣ намунае гузоштааст ва мо аз он ки дӯстии ӯ ба шогирдонаш чӣ гуна таъсир кард, чӣ омӯхта метавонем.
Исо дӯсти хуб буд
3. Исоро чун чӣ гуна шахс мешинохтанд?
3 «Сарватдор дӯстони бисёре дорад»,— гуфтааст шоҳи хирадманд Сулаймон (Мас. 14:20). Ин суханон нишон медиҳанд, ки одамони нокомил бештар бо мақсади чизе гирифтан бо дигарон дӯстӣ мекунанд, на бо мақсади чизе додан. Аммо Исо ин хел шахс набуд. Ба ӯ мақому мартаба ва сарвати одамон аҳамият надоштанд. Рост аст, ки Исоро ҳангоми сӯҳбат бо ҳокими ҷавони сарватманд эҳсоси муҳаббат фаро гирифт ва ӯ ҷавонро даъват кард, ки вайро пайравӣ кунад. Лекин ҳамзамон Исо ба ӯ гуфт: «Ҳар он чи дорӣ, бифурӯш ва ба мискинон бидеҳ» (Марқ. 10:17–22; Луқ. 18:18, 23). Одамон Исоро на чун дӯсти шахсони сарватманду машҳур, балки чун дӯсти камбағалону нафратзадагон мешинохтанд (Мат. 11:19).
4. Чаро гуфтан мумкин аст, ки дӯстони Исо камбудиҳо доштанд?
4 Албатта, дӯстони Исо камбудиҳо доштанд. Петрус боре чун шахсе, ки назари рӯҳонӣ надорад, амал кард (Мат. 16:21–23). Яъқубу Юҳанно аз шӯҳратпарастӣ Исоро хоҳиш карданд, ки ба онҳо дар Салтанаташ ҷойҳои беҳтаринро диҳад. Аз ин амали онҳо дигар расулон норозӣ гашта, аз он вақт бисёр баҳс мекарданд, ки кадомашон бузургтаранд. Бо вуҷуди ин, Исо пурсаброна тарзи фикрронии дӯстонашро ислоҳ мекард ва аз онҳо зуд дилаш намемонд (Мат. 20:20–28).
5, 6. а) Чаро Исо дӯстиашро бо аксари расулонаш давом дод? б) Барои чӣ Исо дӯстиашро бо Яҳудо қатъ кард?
5 Исо на аз он ки шахси бепарво буд ё ба камбудиҳои дӯстонаш чашм мепӯшид, дӯсти онҳо мемонд, балки барои он ки ӯ пеш аз ҳама ба ниятҳои нек ва хусусиятҳои хуби онҳо аҳамият медод. Масалан, Петрус, Яъқуб ва Юҳанно дар лаҳзаи душвортарини ҳаёти Исо бедор монда натавонистанд, то ӯро дастгирӣ кунанд. Фаҳмост, ки ин Исоро ғамгин кард. Бо вуҷуди ин, ӯ медонист, ки ниятҳои онҳо нек буданд. Вай гуфт: «Рӯҳ бардам аст, лекин ҷисм нотавон» (Мат. 26:41).
6 Аммо бо Яҳудои Исқарют Исо дӯстиашро қатъ кард. Ҳарчанд Яҳудо муддате рӯякӣ дӯсти Исо мемонд, Исо пай бурд, ки шахсе, ки пештар рафиқи наздики ӯ буд, гузошт, ки дилаш фосид гардад. Яҳудо дӯсти дунё гашт ва бо ин худро душмани Худо сохт (Яъқ. 4:4). Аз ин рӯ, Исо танҳо баъд аз рафтани Яҳудо, 11 расули содиқашро дӯстони худ номид (Юҳ. 13:21–35).
7, 8. Муҳаббати худро Исо ба дӯстонаш чӣ тавр зоҳир кард?
7 Исо ба хатогиҳои дӯстони содиқаш сахт аҳамият намедод ва баҳри беҳбудии онҳо амал мекард. Масалан, ӯ аз Падараш дар дуо хоҳиш намуд, ки онҳоро дар озмоишҳо муҳофизат кунад. (Юҳанно 17:11–ро бихонед.) Исо маҳдудиятҳои ҷисмонии шогирдонашро ба инобат мегирифт (Марқ. 6:30–32). Ҳамчунин, ӯ ба онҳо на танҳо фикри худро баён кардан мехост, балки фикру эҳсосоти онҳоро низ фаҳмидан мехост (Мат. 16:13–16; 17:24–26).
8 Исо барои дӯстонаш зиндагӣ мекарду баҳри онҳо мурд. Албатта, ӯ медонист, ки вай бояд ҷонашро қурбон кунад, то ки мувофиқи Қонун меъёрҳои адолати Падараш муқарраркарда қонеъ гарданд (Мат. 26:27, 28; Ибр. 9:22, 28). Вале Исо аз муҳаббат ҳаёташро фидо кард. Ӯ гуфт: «Касе муҳаббати бузургтар аз ин надорад, ки ҷони худро барои дӯстони худ фидо кунад» (Юҳ. 15:13).
Дӯстии Исо ба шогирдонаш чӣ гуна таъсир кард
9, 10. Саховатмандии Исо ба одамон чӣ гуна таъсир мекард?
9 Исо саховатманд буд; ӯ вақт, дороӣ ва муҳаббаташро аз одамон дареғ намедошт. Аз ин рӯ, одамон бо ӯ будан мехостанд ва хурсандона дороияшонро барои вай сарф мекарданд (Луқ. 8:1–3). Исо аз таҷрибаи худ гуфта метавонист: «Бидиҳед ва ба шумо дода хоҳад шуд: ба андозаи хуби ҷунбонидаю фишурдашуда ва лабрез ба домани шумо хоҳанд рехт; зеро ба кадом андоза, ки чен кунед, ба ҳамон андоза ба шумо чен карда хоҳад шуд» (Луқ. 6:38).
10 Албатта баъзеҳо танҳо бо мақсади чизе гирифтан бо Исо муошират мекарданд. Ин дӯстони бардурӯғ, вақте ки баъзе гуфтаҳои Исоро нафаҳмиданд, ӯро тарк карданд. Ба ҷои ба Исо бовар кардан онҳо зуд хулосаҳои нодуруст бароварда, аз ӯ рӯй гардонданд. (Юҳанно 6:26, 56, 60, 66–ро бихонед.) Расулон бошанд, ба вай содиқ монданд. Исо аз онҳо пурсид: «Оё шумо ҳам мехоҳед Маро тарк кунед?» Шимъӯни Петрус дар ҷавоб гуфт: «Назди кӣ биравем? Суханони ҳаёти ҷовидонӣ назди Туст» (Юҳ. 6:67, 68). Ҳарчанд дӯстии байни онҳову Масеҳ аксар вақт зери озмоишҳо қарор мегирифт, расулон ҳам дар вақти шодӣ ва ҳам дар замонҳои душвор ҳамроҳи вай буданд ва ҳар кори аз дасташон меомадаро карда, ӯро дастгирӣ менамуданд. Дар шаби охирини ҳаёти заминиаш Исо ба дӯстонаш миннатдории худро баён намуд: «Шумо касоне ҳастед, ки дар озмоишҳои Ман бо Ман будед» (Луқ. 22:28).
11, 12. Исо шогирдонашро ба чӣ эътимод бахшид ва онҳо дар навбати худ чӣ гуна рафтор карданд?
11 Чанде пас аз он ки Исо шогирдонашро барои садоқатмандиашон таҳсин гуфт, онҳо ӯро тарк карданд. Шогирдон гузоштанд, ки тарс аз одамон ба муддати кӯтоҳ бар муҳаббати нисбати Масеҳ доштаашон ғолиб ояд. Ин дафъа ҳам Исо онҳоро бахшид. Баъди марг ва эҳёшавиаш Исо ба расулонаш зоҳир шуд ва онҳоро ба дӯстии худ эътимод бахшид. Беш аз ин, ӯ ба онҳо вазифаи муқаддас супорид ва гуфт, ки аз «ҳамаи халқҳо» шогирд созанд ва «то ақсои дунё шоҳидони» ӯ бошанд (Мат. 28:19; Аъм. 1:8). Шогирдон ин амри ӯро чӣ гуна қабул карданд?
Аъм. 5:27–29). Ҳатто хатари марг онҳоро аз итоат ба амри Исо, яъне аз шогирдсозӣ боздошта наметавонист. Ҳамагӣ чанд даҳсола пас аз гирифтани ин супориш Павлуси расул навишт, ки хушхабар «ба тамоми махлуқоти зери осмон мавъиза карда шудааст» (Қӯл. 1:23). Бешубҳа, шогирдон исбот намуданд, ки дӯстиашонро бо Исо қадр мекунанд.
12 Шогирдон аз дилу ҷон дар паҳн кардани хабари Салтанат иштирок намуданд. Бо кӯмаки рӯҳулқудси Яҳува онҳо дар муддати кӯтоҳ Ерусалимро аз таълимоти худ пур карданд (13. Таълимоти Исо ба шогирдонаш чӣ гуна таъсир кард?
13 Онҳое, ки шогирдони Исо гаштанд, ҳамчунин гузоштанд, ки таълимоти ӯ ба ҳаёти шахсии онҳо таъсир кунад. Барои бисёриҳо ин бо тағйиротҳои калон алоқаманд буд — онҳо бояд ҳам рафтор ва ҳам хусусиятҳои шахсияти худро дигар мекарданд. Баъзе шогирдони нав пештар ҳомосексуалист, зинокор, майпараст ва дузд буданд (1 Қӯр. 6:9–11). Дигарон бояд нисбати миллатҳои дигар муносибаташонро тағйир медоданд (Аъм. 10:25–28). Бо вуҷуди ин, онҳо ба Исо итоат карданд. Он шогирдон шахсияти кӯҳнаро аз худ дур намуда, шахсияти навро дар бар карданд (Эфс. 4:20–24). Онҳо «фикр», яъне тарзи фикрронии Масеҳро аз худ карда, онро дар рафтору кирдори худ инъикос намуданд (1 Қӯр. 2:16).
Дӯстӣ бо Масеҳ имрӯз
14. Исо дар алоқамандӣ бо «охирзамон» чӣ ваъда дод?
14 Бисёре аз масеҳиёни асри як Исоро шахсан мешинохтанд ё ӯро баъди эҳё шуданаш дида буданд. Мо бошем, ин гуна имконият надорем. Пас, чӣ тавр мо дӯстони Масеҳ буда метавонем? Яке аз роҳҳо — итоат ба роҳнамоие, ки синфи ғуломи мӯътамад медиҳад. Ин синф аз бақияи бародарони тадҳиншудаи Исо, ки ҳоло дар замин зиндагӣ мекунанд, иборат аст. Исо ваъда дода буд, ки ин ғуломро дар «охирзамон» «бар тамоми дороии худ таъин хоҳад кард» (Мат. 24:3, 45–47). Аксарияти онҳое, ки имрӯз дӯстони Исо будан мехоҳанд, аъзоёни ин синф нестанд. Муносибати онҳо ба дастуру роҳнамоии синфи ғуломи мӯътамад чӣ гуна ба дӯстии онҳову Масеҳ таъсир мекунад?
15. Чӣ муайян хоҳад кард, ки шахс ба «гӯсфандон» тааллуқ дорад ё ба «бузҳо»?
15 (Матто 25:31–36, 40-ро бихонед.) Исо онҳоеро, ки синфи ғуломи мӯътамадро ташкил медиҳанд, бародарони худ номид. Ӯ дар масал оиди бузҳо ва гӯсфандон ба таври равшан нишон дод, ки он чи ки мо ба бародарони вай мекунем, мо гӯё ба худи ӯ мекунем. Мувофиқи суханони Исо омили асосии ба гӯсфандон ё бузҳо тааллуқ доштани шахс он хоҳад буд, ки ӯ ба бародарони Исо ва ҳатто ба «хурдтарини» онҳо, чӣ гуна муносибат мекард. Аз ин рӯ, касоне, ки умеди заминӣ доранд, хоҳиши дӯсти Масеҳ буданашонро асосан бо дастгирӣ кардани синфи ғуломи мӯътамад нишон медиҳанд.
16, 17. Чӣ тавр мо нисбати бародарони Масеҳ муносибати дӯстонаамонро нишон дода метавонем?
16 Агар шумо умеди зери Салтанати Худо дар рӯи замин зистан дошта бошед, муносибати дӯстонаатонро ба бародарони Масеҳ чӣ тавр нишон дода метавонед? Биёед фақат се роҳи онро дида бароем. Роҳи аввал — бо ҷону дил дар кори мавъиза иштирок кардан аст. Масеҳ ба бародаронаш амр дод, ки хушхабарро дар тамоми олам мавъиза намоянд (Мат. 24:14). Лекин ба бақияи бародарони Масеҳ, ки имрӯз дар замин зиндагӣ мекунанд, иҷрои ин супориш бе кӯмаки ҳамроҳони онҳо — гӯсфандони дигар бисёр душвор мебуд. Дар ҳақиқат, ҳар боре ки аъзоёни синфи гӯсфандони дигар дар кори мавъиза иштирок мекунанд, онҳо ба бародарони Масеҳ дар иҷрои вазифаи муқаддасашон кӯмак менамоянд. Ин амали онҳоро, ки аз дӯстӣ шаҳодат медиҳад, синфи ғуломи мӯътамад ва доно ва ҳамчунин худи Масеҳ хеле қадр мекунанд.
17 Роҳи дуюме, ки аъзоёни синфи гӯсфандони дигар бо он ба бародарони Масеҳ кӯмак карда метавонанд — ин ба таври моддӣ дастгирӣ кардани кори мавъиза аст. Исо пайравонашро ташвиқ намуд, ки «бо сарвати ноинсофона барои худ дӯстон пайдо» кунанд (Луқ. 16:9). Ин маънои онро надорад, ки мо дӯстии Исо ва Яҳуваро харида метавонем. Аниқтараш, бо он ки мо дороии худро барои пешрафти кори Салтанат сарф мекунем, мо дӯстӣ ва муҳаббати худро на фақат «бо сухан ва забон, балки бо амал ва ростӣ» нишон медиҳем (1 Юҳ. 3:16–18). Ин чиро дар бар мегирад? Масалан, мо барои иштирок дар кори мавъиза пулу моли худро сарф мекунем, ҳамчунин сохтмон ва нигоҳубини ҷойҳои ибодат ва кори умумиҷаҳонии мавъизаро бо хайрияҳои пулӣ дастгирӣ мекунем. Новобаста аз калон ё хурд будани маблағи хайрияҳоямон, агар онҳо аз саховатмандӣ карда шуда бошанд, Яҳува ва Исо, бешубҳа, онҳоро қадр мекунанд (2 Қӯр. 9:7).
18. Чаро мо бояд ба дастуроте, ки пирони ҷамъомад дар асоси Китоби Муқаддас медиҳанд, итоат кунем?
18 Роҳи сеюме, ки бо он ҳамаи мо дӯстони Масеҳ буданамонро нишон медиҳем — ин ҳамкорӣ бо пирони ҷамъомад ва итоат ба дастуроти онҳо мебошад. Ин мардон тавассути рӯҳулқудс зери роҳбарии Масеҳ таъин шудаанд (Эфс. 5:23). Павлуси расул навиштааст: «Ба сардорони худ фармонбардор ва мутеъ бошед» (Ибр. 13:17). Шояд баъзан итоат кардан ба дастуроте, ки пирони ҷамъомад дар асоси Китоби Муқаддас медиҳанд, душвор бошад. Эҳтимол мо камбудиҳои онҳоро медонем ва ин шояд ба мо халал расонад, ки ба маслиҳати онҳо дуруст муносибат кунем. Ба ҳар ҳол, Исо, Сарвари ҷамъомад ин мардони нокомилро бо камоли майл истифода мебарад. Аз ин рӯ, муносибати мо ба ҳокимияти онҳо бевосита ба дӯстии мову Масеҳ таъсир мерасонад. Вақте ки мо ба камбудиҳои пирон нигоҳ накарда, ба роҳнамоии онҳо бо омодагӣ итоат мекунем, мо муҳаббатамонро ба Масеҳ нишон медиҳем.
Аз куҷо дӯстони хуб ёфта метавонем
19, 20. Дар ҷамъомад мо киҳоро ёфта метавонем ва дар мақолаи навбатӣ чиро муҳокима хоҳем кард?
19 Исо ба мо на фақат тавассути назорати пирони пурмуҳаббат ғамхорӣ мекунад, балки бо он ки ба мо дар ҷамъомад модарон, бародарон ва хоҳарони рӯҳонӣ медиҳад. (Марқӯс 10:29, 30–ро бихонед.) Вақте ки шумо ба созмони Яҳува ҳамроҳ шудед, хешовандонатон ба ин чӣ гуна муносибат карданд? Хуб аст, агар онҳо кӯшиши ба Худо ва Масеҳ наздик шудани шуморо дастгирӣ карда бошанд. Аммо Исо огоҳ намуда буд, ки баъзан «душмани одам аҳли хонаи ӯ хоҳанд буд» (Мат. 10:36). Донистани он ки мо дар ҷамъомад касонеро ёфта метавонем, ки ба мо назар ба наздиконамон бештар меҳр мебанданд, тасаллибахш аст (Мас. 18:24).
20 Дар охири номаи ба румиён навиштааш Павлус ба масеҳиёни бисёр саломи шахсӣ мефиристад. Ин нишон медиҳад, ки ӯ дӯстони наздики бисёре дошт (Рум. 16:8–16). Юҳаннои расул номаи сеюмашро бо чунин суханон анҷом дод: «Ба дӯстон ном ба ном салом бирасон» (3 Юҳ. 15). Маълум аст, ки ӯ ҳам бисёр дӯстони вафодор дошт. Чӣ тавр мо дар пайравӣ ба намунаи Исо ва шогирдони нахустини вай бо бародарону хоҳарони рӯҳонӣ дӯстии мустаҳкам инкишоф дода, онро нигоҳ дошта метавонем? Ба ин савол мақолаи навбатӣ ҷавоб хоҳад дод.
Шумо чӣ гуна ҷавоб медиҳед?
• Исо чун дӯсти хуб чӣ намунае гузоштааст?
• Дӯстии Исо ба шогирдонаш чӣ гуна таъсир кард?
• Чӣ тавр дӯстони Масеҳ буданамонро нишон дода метавонем?
[Саволҳо барои омӯзиш]