Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Яҳува — чун раҳокунанда дар замони мо

Яҳува — чун раҳокунанда дар замони мо

Яҳува — чун раҳокунанда дар замони мо

«Худованд ба онҳо мадад хоҳад кард ва онҳоро халосӣ хоҳад дод» (ЗАБ. 36:40).

1, 2. Дарк кардани чӣ моро тасаллӣ ва қувват мебахшад?

СОЯЕ, КИ ашёҳо зери нурҳои офтоб меафкананд, дар як ҷо намеистад. Аз сабаби давр задани Замин, соя ҳаракат карда, тағйир меёбад. Вале Офаридгори Замину Офтоб тағйир намеёбад (Мал. 3:6). Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст: «Ӯ мисли соя тағйир намеёбад» (Яъқ. 1:17, Тарҷумаи Дунёи Нав, англ.). Дарк кардани ин ҳақиқат дар бораи Яҳува моро тасалливу қувват мебахшад, хусусан вақте ки ба озмоишҳои сахт ва душвориҳо дучор мегардем. Чӣ гуна ин фикр манбаи тасаллӣ ва қувват шуда метавонад?

2 Аз мақолаи гузашта мо фаҳмидем, ки Яҳува дар замонҳои пеш Раҳокунандаи ходимонаш буд (Заб. 69:6). Худо тағйир намеёбад ва Ӯ мисли пешина ба суханони худ содиқ аст. Аз ин рӯ, имрӯз низ ходимонаш боварии комил дошта метавонанд, ки Ӯ ба онҳо «мадад хоҳад кард ва онҳоро халосӣ хоҳад дод» (Заб. 36:40). Чӣ гуна Яҳува имрӯз ходимонашро раҳоӣ медиҳад? Чӣ тавр Ӯ шахсан ба ҳар яки мо мадад мерасонад?

Аз дасти душманон халос мекунад

3. Чаро мо итминон дошта метавонем, ки мухолифон кори мавъизаро боздошта наметавонанд?

3 Ба муқовимати Шайтон нигоҳ накарда, Шоҳидони Яҳува ҳамеша садоқаташонро ба Худои худ нигоҳ медоранд. Каломи Яҳува моро итминон мебахшад: «Ҳар олате ки бар зидди ту сохта шавад, муваффақият нахоҳад ёфт; ва ҳар забонеро, ки бар зидди ту ба мурофиа бархезад, айбдор хоҳӣ кард» (Иш. 54:17). Мухолифон на як бору ду бор барои боздоштани кори мавъиза кӯшиш карданд, аммо онҳо ба мақсади худ нарасиданд. Биёед ду мисолро дида бароем.

4, 5. Соли 1918 халқи Яҳува бо кадом озмоишҳо рӯ ба рӯ шуд ва он бо чӣ анҷомид?

4 Соли 1918 халқи Яҳува бо таъқиботи бисёр дучор гашт. Ташаббускорони ин таъқибот рӯҳониёне буданд, ки кори мавъизаро боздоштан мехостанд. Ҳафтуми май ҳокимияти федералии ИМА барои ҳабс кардани бародарони масъул, аз он ҷумла Ҷозеф Рутерфорд, ки он вақт кори умумиҷаҳонии мавъизаро сарварӣ мекард, қарор баровард. Тақрибан баъд аз ду моҳ бародар Рутерфорд ва ҳамкорони ӯ дар сӯиқасди зиддидавлатӣ ноҳақ айбдор карда шуданд ва ҳукм бароварда шуд, ки онҳо ба муддати тӯлонӣ аз озодӣ маҳрум карда шаванд. Оё мухолифон бо ин роҳ кори мавъизаро боздошта тавонистанд? Албатта не!

5 Ваъдаи Яҳуваро ба хотир оред: «Ҳар олате ки бар зидди ту сохта шавад, муваффақият нахоҳад ёфт». Дере нагузашта он воқеа ранги дигар гирифт. Бисту шашуми марти соли 1919, баъди нӯҳ моҳи баровардани ҳукм бародар Рутерфорд ва ҳамкоронаш бо гаравпулӣ озод карда шуданд. Панҷуми майи соли 1920 онҳо бегуноҳ дониста шуданд. Бародарон озод шуда, кори мавъизаро бо ҷидду ҷаҳд давом доданд. Ин кӯшиши онҳо чӣ натиҷа овард? Аз ҳамон вақт кори мавъиза торафт вусъат меёбад! Чунин муваффақият танҳо ба туфайли Раҳокунандаи мо — Яҳува имконпазир гашт! (1 Қӯр. 3:7).

6, 7. a) Шоҳидони Яҳува дар Олмони фашистӣ ба чӣ дучор гаштанд ва он бо чӣ анҷом ёфт? б) Таърихи муосири Шоҳидони Яҳува чиро исбот мекунад?

6 Мисоли дуюмро дида мебароем. Соли 1934 Гитлер қасам хӯрд, ки дар Олмон Шоҳидони Яҳуваро нест мекунад. Ин таҳдиди хушку холӣ набуд. Бисёриҳоро ҳабс карданд ва аксарият ба маҳкама андохта шуданд. Ҳазорҳо Шоҳидон осеб диданд ва садҳо нафар дар конслагерҳо кушта шуданд. Оё Гитлер ҳамаи Шоҳидонро нест карда тавонист? Оё ӯ кори мавъизаи хушхабарро дар Олмон боздошт? Не! Ба таъқибот нигоҳ накарда, бародарони мо кори мавъизаро пинҳонӣ бошад ҳам давом медоданд. Баъди барҳам хӯрдани тартиботи фашистӣ, Шоҳидон озод гашта, кори мавъизаро давом доданд. Ҳоло дар Олмон зиёда аз 165 000 воизони Салтанат фаъолият мекунанд. Боз як бори дигар Раҳокунандаи мо — Яҳува ваъдаи худро иҷро кард: «Ҳар олате ки бар зидди ту сохта шавад, муваффақият нахоҳад ёфт».

7 Таърихи муосири Шоҳидони Яҳува моро эътимод мебахшад: Яҳува ҳеҷ гоҳ намегузорад, ки тамоми халқи Ӯ нест гардад (Заб. 115:6). Вале дар бораи ҳар яки мо дар алоҳидагӣ чӣ гуфтан мумкин аст? Чӣ гуна Яҳува Раҳокунандаи ҳар яки мо гашта метавонад?

Оё Яҳува моро аз осеби ҷисмонӣ ҳифз мекунад?

8, 9. a) Аз куҷо мо медонем, ки Яҳува ҳар ходимашро аз осеби ҷисмонӣ на ҳамеша ҳифз мекунад? б) Чиро набояд фаромӯш кард?

8 Чӣ хеле ки медонем, Яҳува ваъда надодааст, ки ҳамеша ҳар ходимашро аз осеби ҷисмонӣ ҳифз мекунад. Масалан, се ҷавони ибрие, ки ибодати ҳайкали тиллоии шоҳ Набукаднесар сохтаро рад карданд, интизор набуданд, ки Яҳува онҳоро мӯъҷизавор наҷот медиҳад. (Дониёл 3:17, 18-ро бихонед.) Мо низ набояд аз Яҳува чунин интизорӣ дошта бошем. Ҳарчанд Худо он се ҷавонро аз сӯхтан наҷот дод, бояд дар хотир дошт, ки чунин мӯъҷизаҳо ҳатто дар замонҳои навишта шудани Китоби Муқаддас хеле кам буданд (Дон. 3:21–27). Бисёр ходимони содиқи Яҳува аз дасти мухолифон кушта шуданд (Ибр. 11:35–37).

9 Оиди рӯзҳои мо чӣ метавон гуфт? Яҳува чун Раҳокунанда, албатта, қодир аст, одамонро аз ҳолатҳои хатарнок наҷот диҳад. Агар касе аз ин ё он ҳолати хатарнок раҳо ёфта бошад, оё бо боварии комил гуфтан мумкин аст, ки маҳз Худо ин корро кардааст? Не, мо бо боварии комил ин хел гуфта наметавонем. Вале шахсе ки аз чунин ҳолат раҳоӣ ёфт, метавонад ҳамин тавр фикр кунад. Ва чунин шахсонро аз ин фикрашон гардондан нодуруст мебуд. Лекин ҳамзамон набояд фаромӯш кард, ки бисёр масеҳиёни содиқ аз дасти таъқибгарон ҳалок гардиданд, масалан дар давраи фашизм. Дигарон бошанд, дар натиҷаи фалокатҳо, яъне дар «вақти номусоид ва тасодуф» ҳаёташонро аз даст доданд (Воиз 9:11, Тарҷумаи Дунёи Нав, англ.). Саволе ба миён меояд: «Наход Яҳува онҳоеро ки ба Ӯ содиқ буданд, наҷот дода натавонист?» Не, ин тавр нест.

10, 11. Чаро одам дар назди марг нотавон аст, аммо Яҳува чӣ кор карда метавонад?

10 Андеша намоед: одам дар назди марг нотавон аст, зеро ҳеҷ кас «ҷонашро аз дасти қабр» ё марг халос карда наметавонад (Заб. 88:49). Аммо дар бораи Яҳува чӣ гуфтан мумкин аст? Хоҳаре, ки азобҳои давраи фашизмро аз сар гузаронид, ба хотир меорад: вақте ки ӯ аз марги бародарон, ки дар конслагерҳо ҳалок гаштанд, ғамгин буд, модараш — Шоҳиди Яҳува — боре ӯро тасаллӣ дода, гуфт: «Агар марг одамонро то абад дар коми худ нигоҳ медошт, он гоҳ чунин менамуд, ки марг аз Худо тавонотар аст, ҳамин тавр–не?» Яҳува — Худои Абарқудрат, Сарчашмаи ҳаёт, яъне тавонотар аз марг аст! (Заб. 35:10). Ва Яҳува ҳамаи касонеро, ки дар хотираи Ӯ мебошанд аз панҷаи марг раҳо хоҳад кард (Луқ. 20:37, 38; Ваҳй 20:11–14).

11 Имрӯз низ Яҳува нисбати ходимони содиқи худ беаҳамият нест. Биёед бубинем, ки чӣ тавр Ӯ моро ҳифз мекунад.

Яҳува моро рӯҳан ҳифз мекунад

12, 13. Чаро ҳимояи рӯҳонӣ бароямон аз ҳама муҳим аст ва бо кадом роҳҳо Яҳува моро ҳифз мекунад?

12 Яҳува моро рӯҳан ҳифз мекунад, ки ин аз ҳама муҳим аст. Чун масеҳиёни ҳақиқӣ мо дарк мекунем, ки нисбат ба ҳаёти имрӯзаамон чизи пурарзиштаре дорем. Ин муносибати шахсиамон бо Яҳува мебошад (Заб. 62:4; Мас. 3:32). Бе дӯстӣ бо Худо ҳаёти ҳозираамон қариб бемазмун мебуд ва мо ба ҳаёти абадии оянда умеде намедоштем.

13 Хушбахтона Яҳува барои нигоҳ доштани муносибати наздик бо Ӯ ҳама чизи лозимаро медиҳад. Ба мо Каломи Ӯ, рӯҳулқудс ва ҷамъомади масеҳӣ кӯмак мерасонанд. Чӣ тавр мо аз ҳамаи ин ба пуррагӣ манфиат гирифта метавонем? Мунтазам ва боғайрат Каломи Ӯро омӯхта, мо имонамонро мустаҳкам мегардонем ва умеди худро зинда нигоҳ медорем (Рум. 15:4). Аз таҳти дил дар дуо аз Яҳува рӯҳулқудс пурсида, мо қувват мегирем, то ки ба васвасаҳо муқобилат кунем (Луқ. 11:13). Аз рӯи ҳидояте, ки ғуломи мӯътамад тавассути адабиёти бар Китоби Муқаддас асосёфта, вохӯриҳои ҷамъомад ва анҷуманҳо медиҳад, амал карда, мо «сари вақт хӯрок»-и рӯҳонӣ мегирем (Мат. 24:45). Ҳамаи ин инъомҳои Яҳува моро рӯҳан ҳифз карда, барои нигоҳ доштани муносибати наздик бо Ӯ кӯмак мерасонанд (Яъқ. 4:8).

14. Мисоле оред, ки Яҳува ходимонашро аз ҷиҳати рӯҳонӣ ҳифз мекунад.

14 Мисоли волидоне, ки дар бораашон дар аввали мақолаи гузашта хонда будем, нишон медиҳад, ки Яҳува моро рӯҳан муҳофизат мекунад. Пас аз чанд рӯзи гум шудани духтарашон — Тере́за ба онҳо хабари нохуш расид, ки ӯро куштаанд *. Падари Тереза ба хотир меорад: «Ман дуо гуфта будам, ки Яҳува духтарамро муҳофизат кунад. Вақте ки мурдаи ӯро ёфтанд, росташро гӯям, дар аввал намефаҳмидам, ки чаро дуоҳои ман беҷавоб монданд. Ман медонам, ки Яҳува ба таври мӯъҷиза ҳифз кардани ҳар як ходимашро ваъда надодааст. Ман дуо карданро давом медодам ва аз Яҳува мепурсидам, то барои ба ин вазъият бо чашми Ӯ нигаристан ба ман кӯмак намояд. Донистани он маро тасаллӣ медод, ки Яҳува халқашро рӯҳан ҳифз мекунад, яъне қувваи зарурӣ медиҳад, то муносибати ходимонаш бо Ӯ осеб набинад. Чунин муҳофизат хело муҳим аст, чунки аз он ояндаи абадии мо вобаста аст. Ба ҳамин маъно Яҳува Терезаро муҳофизат кард. Вай то дами маргаш ходими вафодори Яҳува буд. Аз фаҳмидани он ки ояндаи ӯ дар дасти пурмуҳаббати Яҳува аст, ман хеле осуда гаштам».

Дастгирӣ ҳангоми беморӣ

15. Яҳува ба шахсоне ки сахт беморанд, чӣ тавр кӯмак мекунад?

15 Яҳува моро «бар бистари беморӣ ёварӣ» карда метавонад, ҳамон тавре ки ба Довуд ёварӣ карда буд (Заб. 40:4). Гарчанде ки имрӯз Яҳува ба таври мӯъҷиза моро шифо намебахшад, Ӯ ба мо кӯмак мекунад. Бо кадом роҳҳо? Принсипҳои Каломи Ӯ кӯмак мерасонанд, ки мо оиди масъалаҳои гуногун, аз он ҷумла оиди муолиҷаи беморӣ қарорҳои оқилона қабул кунем (Мас. 2:6). Ғайр аз ин, мо маълумоти муфид ва маслиҳатҳои амалиро дар мақолаҳои «Бурҷи дидбонӣ» ва «Бедор шавед!» (рус.) ёфта метавонем, ки дар онҳо бемории мо муҳокима карда мешавад. Бо рӯҳи муқаддасаш Яҳува ба мо барои мубориза бурдан бо беморӣ «бартарии қувват» мебахшад, то мо қатъи назар аз ҳама гуна мушкилиҳо ба Ӯ содиқ бимонем (2 Қӯр. 4:7). Ҳамаи ин кӯмак мекунад, ки мо андармони бемориамон нагардем ва мақсадҳои рӯҳониамонро пеши назар нигоҳ дорем.

16. Ба бародаре барои мубориза бо бемориаш чӣ кӯмак мекард?

16 Биёед бародари ҷавонро, ки дар борааш дар сархати аввали мақолаи гузашта сухан рафта буд, ба хотир орем. Соли 1998 дар ӯ бемории склерози амиотрофии паҳлӯиро (рус. амиотрофический боковой склероз) ташхис карданд, ки оқибат аз он вай пурра фалаҷ гашт *. Барои мубориза бо беморӣ ба ӯ чӣ кӯмак мекард? Бародар мегӯяд: «Гоҳо аз яъсу ноумедӣ ва шиддати дард ман мурдан мехостам ва маргро ягона роҳи халосӣ меҳисобидам. Вақте ки ман худро хеле бад ҳис менамудам, аз Яҳува илтиҷо мекардам, ки ба ман се чиз диҳад: дили ором, сабру тоқат ва истодагарӣ. Ман эҳсос мекунам, ки Яҳува ба ин дуоҳоям ҷавоб медиҳад. Дили ором ба ман кӯмак мерасонад, ки дар бораи чизҳои хуб мулоҳиза кунам. Масалан, ман худро дар дунёи нав тасаввур мекунам, ки ман дар он ҷо аз нав роҳ мегардам, аз хӯрокҳои болаззат ва муошират бо аҳли оилаам ҳаловат мебарам. Сабру тоқат барои тоб овардан ба сахтиҳои бо фалаҷ алоқаманд кӯмак мекунад. Истодагарӣ ёрӣ медиҳад, ки ман ба Яҳува содиқ бимонам ва рӯҳан ҳушёр бошам. Дар ҳақиқат ман ҳам мисли Довуди забурнавис эҳсос мекунам, ки Яҳува маро “бар бистари беморӣ ёварӣ” менамояд» (Иш. 35:5, 6).

Худованд ризқу рӯзӣ медиҳад

17. Яҳува ба мо чӣ ваъда медиҳад ва маънои ин ваъда чист?

17 Яҳува ваъда медиҳад, ки Ӯ аз ҷиҳати моддӣ ба мо ғамхорӣ хоҳад кард. (Матто 6:33, 34 ва Ибриён 13:5, 6-ро бихонед.) Вале ин маънои онро надорад, ки Ӯ эҳтиёҷоти моддиамонро ба таври мӯъҷиза қонеъ мегардонад ва ба мо кор кардан шарт нест (2 Тас. 3:10). Маънои он ваъда чунин аст: агар мо аввал Салтанати Худоро биҷӯем ва барои ёфтани ризқу рӯзӣ ба меҳнат кардан тайёр бошем, мо боварии комил дошта метавонем, ки Яҳува ҳама чизи барои ҳаётамон заруриро медиҳад (1 Тас. 4:11, 12; 1 Тим. 5:8). Баъзан Ӯ ба мо бо роҳе ризқу рӯзӣ медиҳад, ки он шояд дар гӯшаи хаёламон ҳам набуд. Масалан, ҳамимоне метавонад ба мо кӯмаки моддӣ расонад ё коре пешниҳод намояд.

18. Бо мисоле нишон диҳед, ки Яҳува ходимонашро бе ризқу рӯзӣ намегузорад.

18 Акнун биёед модари танҳоеро, ки оиди ӯ дар сархати аввали мақолаи гузашта сухан рафта буд, ба хотир орем. Вақте ки вай бо духтараш ба шаҳри дигар кӯчид, барояш ёфтани ҷои кор душвор буд. Ӯ нақл мекунад: «Саҳариҳо ман ба хидмати мавъиза мерафтам, рӯзона бошад, ҷои кор мекофтам. Дар ёд дорам, ки рӯзе барои харидани шир ба мағоза даромадам. Он ҷо ба сабзавот нигоҳ мекардаму барои харидани онҳо пул надоштам. Ман ҳеҷ гоҳ худро ин қадар рӯҳафтода эҳсос накарда будам. Ҳамон рӯз аз мағоза баргашта, дидам, ки дар даромадгоҳи хонаам якчанд халтаи пур аз сабзавоти гуногун истодааст. Ин сабзавот барои хӯрдан дар тӯли якчанд моҳ ба мо мерасид. Ман аз хурсандӣ гириста, ба Яҳува ташаккур мегуфтам». Чанде пас маълум гашт, ки халтаи сабзавотро бародаре аз ҷамъомадашон овардааст. Ин сабзавот аз полизи бародар буд. Баъдтар хоҳар ба ӯ чунин навишт: «Он рӯз ман ба ту хеле миннатдор будам, лекин бештар Яҳуваро сипосгузорӣ мекардам, ки Ӯ ба воситаи меҳрубонии ту ба ман муҳаббат зоҳир намуд» (Мас. 19:17).

19. Дар мусибати бузург ходимони Яҳува ба кӣ такя хоҳанд кард ва ҳоло мо ба чӣ бояд бо қатъият тайёр бошем?

19 Чӣ тавре ки дидем, Яҳува ҳам дар замонҳои пеш ба ходимонаш ғамхорӣ мекард ва ҳам имрӯз Ӯ ба ходимони худ ғамхорӣ менамояд. Аз ин рӯ, мо ба кӯмаки Худо пурра такя карда метавонем. Ба наздикӣ ба сари ҷаҳони Шайтон мусибати бузург меояд ва мо ба кӯмаки Яҳува аз ҳарвақта бештар ниёз хоҳем дошт. Он гоҳ ходимони Яҳува ба Худои худ ба пуррагӣ такя хоҳанд намуд. Онҳо сарҳои худро баланд карда, хурсандӣ мекунанд, зеро халосии онҳо наздик аст (Луқ. 21:28). Ҳоло бошад, биёед бо кадом душворие, ки дучор нагардем, бо қатъият ба Яҳува такя кунем. Боварии комил дошта бошед: Худои мо, ки тағйир намеёбад, дар ҳақиқат Раҳокунандаи мост.

[Эзоҳҳо]

^ сарх. 14 Ба «Бедор шавед!» (рус.) аз 22–юми июли с. 2001, саҳифаҳои 19–23, мақолаи «Фоҷиае, ки аз сар гузаронидани он хеле душвор аст», нигаред.

^ сарх. 16 Ба «Бедор шавед!» (рус.) аз январи с. 2006, саҳифаҳои 25–29, мақолаи «Чӣ тавр имон ба ман барои мубориза бо склерози амиотрофӣ ёрӣ медиҳад» нигаред.

Оё шумо дар хотир доред?

• Чӣ тавр Яҳува онҳоеро, ки ҳаёташонро аз даст доданд, раҳо мекунад?

• Чаро муҳофизати рӯҳонӣ аз ҳама муҳим аст?

• Ваъдаи Яҳува оиди он ки Ӯ ба мо аз ҷиҳати моддӣ ғамхорӣ мекунад, чӣ маъно дорад?

[Саволҳо барои омӯзиш]