Вақте ҳамсар хиёнат мекунад
ХИЁНАТИ ҳамсар дарди ҷонгудоз меорад. Албатта, баъзеҳо қарор мекунанд, ки ҳамсари тавбакардаи худро мебахшанд ва оилаашонро барқарор мекунанд a. Лекин вазъият чӣ хеле ранг нагирад, шахсе, ки бо хиёнати ҳамсараш рӯ ба рӯ шудааст, сахт азоб мекашад. Ба чунин дарди ҷонкоҳ чӣ хел тоб овардан мумкин?
ОЯТҲОЕ, КИ КУМАК КАРДА МЕТАВОНАНД
Новобаста ба дарди дил, бисёр ҳамсароне, ки нисбаташон хиёнат карданд, аз Китоби Муқаддас тасаллӣ ёфтанд. Онҳо фаҳмиданд, ки Худо ашкҳояшонро мебинад ва ба онҳо ҳамдард аст (Малокӣ 2:13–16).
«Вақте ғаму ташвиш дарунамро фаро мегирифт, ту маро тасаллӣ медодӣ ва ором мекардӣ» (Забур 94:19).
«Ин оятро хонда, тасаввур кардам, ки чӣ хел Яҳува мисли падари меҳрубону дилсӯз дардамро ором мекунад»,— ба ёд меорад Билл.
«Ба вафодор ту вафо мекунӣ» (Забур 18:25).
Кармен, ки шавҳараш ба ӯ тӯли моҳҳо хиёнат мекард, мегӯяд: «Шавҳарам нисбатам бевафоӣ кард, лекин ман ба вафодории Яҳува ҳеҷ гоҳ шубҳа намекардам. Ӯ доим дар барам буд».
«Ғами чизеро нахӯред, балки ҳама вақт бо дуову илтиҷо... хоҳишҳои худро ба Худо баён кунед, он гоҳ осоиштагии Худо, ки аз ҳар фикр болотар аст, ақлу дили шуморо... нигаҳбонӣ мекунад» (Филиппиён 4:6, 7).
Саша мегӯяд: «Ман ин оятро гаштаву баргашта мехондам. Чи қадаре дуо мегуфтам, ҳамон қадар Худо ба дилам оромиву осудагӣ мебахшид».
Касоне, ки дар боло суханонашон иқтибос оварда шуд, замоне ҳис карданд, ки дигар бардошт карда наметавонанд. Лекин онҳо ба Яҳува таваккал намуда, аз Каломаш қувват гирифтанд. Билл дар ин бора мегӯяд: «Вақте ба назар менамуд, ки ҳама чиз барбод рафтааст, имон ҳаётамро пурмаъно мегардонд. Ҳарчанд баъзан дар “водии зулмот” мерафтам, Яҳува доим дар барам буд» (Забур 23:4).
a Масъалаи бахшидан ё набахшидани хиёнат дар маҷаллаи «Бедор шавед» аз 22-юми апрели соли 1999, силсиламақолаи «Супружеская измена» муҳокима мешавад.