Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Вақте ба бемории ҷиддӣ гирифтор мешавед

Вақте ба бемории ҷиддӣ гирифтор мешавед

«Вақте духтурон гуфтанд, ки шушҳо ва рӯдаи ғафсам саратон шудааст, фикр кардам, ки тамом, ман мемирам. Лекин хона омада гуфтам: “Хуб, ин хабар бароям ногаҳонӣ буд, лекин ман бояд андеша кунам, ки чӣ тавр ба ин вазъият тоб орам”» (Линда, 71 сола).

«Ман бемории дардоваре дорам, ки ба торҳои асаби тарафи чапи рӯям таъсир мекунад. Баъзан он чунон дард мекунад, ки депрессия мешавам. Бисёр вақт танҳоӣ мекашидам ва ҳатто дар бораи худкушӣ фикр мекардам» (Элиза, 49 сола).

АГАР шумо ё ягон шахси наздикатон ба бемории хатарнок гирифтор шуда бошед, мефаҳмед, ки ин ҳолат асаби касро хароб мекунад. Беморӣ як сӯ истад, шумо бояд инчунин бо ҳиссиёти манфӣ мубориза баред. Тарзҳои даҳшатноки табобат, мушкилӣ вобаста ба гирифтани табобат ё ёфтани пул, аз ҷумла таъсири бади доруворӣ, тарсу ошуфтагии шахсро зиёд мегардонанд. Бале, бемории вазнин асабҳои одамро ниҳоят хароб мекунад.

Шумо аз куҷо қувват гирифта метавонад? Ба бисёр одамон дуо гуфтан ва оятҳои тасаллибахши Китоби Муқаддас қувват мебахшад. Ғайр аз ин, муҳаббати аъзои оила ва дӯстон сарчашмаи тасаллӣ шуда метавонад.

ЧӢ ТАВР БАЪЗЕҲО ИСТОДАГӢ МЕКУНАНД?

«Ба Худо имон дошта бошед ва ӯ кумак мекунад, ки ҳангоми беморӣ истодагӣ намоед. Ба Яҳува дуо гӯед; ба ӯ дарди дил кунед; рӯҳи муқаддас пурсед; хоҳиш кунед ба шумо мадад расонад, то барои аъзои оилаатон қуввати дил бошед ва дар давоми беморӣ мардонавор рафтор кунед»,— маслиҳат дод, Роберт ном марди 58 сола.

Роберт илова мекунад: «Вақте наздиконат туро равонан дастгирӣ мекунанд ва ҳамеша ба мададат ҳозиранд, аз ин хело қувват мегирӣ. Ба ман ҳар рӯз як ё ду кас занг зада аҳволпурсӣ мекунад. Дӯстонам ҳар ҷо ки бошанд, маро дилбардорӣ мекунанд. Аз ин рӯ ман худро беҳтар ҳис мекунам ва таслим намешавам».

Агар шумо ба хабаргирии дӯсти беморатон рафтанӣ бошед, суханони Линдаро дар ёд доред: «Одатан шахси бемор мехоҳад, ки чун одамони солим зиндагӣ кунад ва шояд ҳар дам дар бораи бемориаш гап задан нахоҳад. Барои ҳамин дар бораи дигар чизҳо гап занед».

Бо ёрии Худо, оятҳои тасаллибахш ва кумаки дӯстону аҳли хонавода мо дилпур шуда метавонем, ки ҳатто ҳангоми бемории ҷиддӣ зиндагӣ кардан меарзад.