Фидия «бахшоиши комил» аз тарафи Падар аст
«Ҳар як инъоми нек ва ҳар як бахшоиши комил... аз ҷониби Падар... нозил мешавад» (ЯЪҚ. 1:17).
1. Фидия чиро имконпазир сохт?
БИСЁРИ баракатҳо ба воситаи фидияи Исои Масеҳ имконпазир гаштанд. Фидия ба одамони самимӣ имконият дод, ки дар оянда аъзои оилаи Худо шаванд. Он ҳамчунин ҳаёти хушбахтонаву абадиро имконпазир месозад. Ғайр аз ин Исо бо тайёрӣ ҷонашро қурбон карда ҳокимияти Яҳуваро дастгирӣ кард (Ибр. 1:9).
2. а) Дар дуои Исо кадом се чизи муҳим қайд шудааст? (Ба расми аввали мақола нигаред.) б) Мо дар ин мақола чиро дида мебароем?
2 Қариб ду сол пеш аз маргаш Исо ба шогирдонаш тарзи дуогӯиро ёд дод ва чунин гуфт: «Эй Падари мо, ки дар осмонӣ! исми Ту муқаддас бод; Малакути Ту биёяд; иродаи Ту, чунон ки дар осмон аст, дар замин ҳам ба амал ояд» (Мат. 6:9, 10). Барои зиёд гардонидани миннатдориамон ба фидия, биёед ҳоло дида мебароем, ки чӣ тавр он бо муқаддас гаштани исми Худо, ҳукмронии Салтанати Худо ва иҷрошавии нияти Худо алоқаманд аст.
«ИСМИ ТУ МУҚАДДАС БОД»
3. Исми Худо чиро ошкор мекунад ва чӣ тавр Шайтон онро доғдор намуд?
3 Исо ба шогирдонаш гуфт, ки якум дар бораи муқаддас гаштани номи Худо дуо гӯянд. Исми Худо шахсияти Ӯро ошкор мекунад. Ӯ дар олам аз ҳама Шахсияти пурзӯр ва боадолат мебошад. Дар дигар дуояш Исо Яҳуваро «Падари Муқаддас» номид (Юҳ. 17:11). Азбаски Яҳува муқаддас аст, ҳама принсипҳову қонунҳояш низ муқаддас мебошанд. Нигоҳ накарда ба ин Шайтон дар боғи Адан бо маккорӣ ҳокимияти Худоро оиди муқаррар намудани меъёрҳо барои одамизод зери шубҳа гузошт. Шайтон Яҳуваро тӯҳмат карда номи муқаддаси Ӯро доғдор намуд (Ҳас. 3:1–5).
4. Чӣ тавр Исо дар муқаддас гаштани номи Худо саҳми худро гузошт?
4 Исо бошад, дар ҳақиқат ҳам номи Худоро дӯст медошт (Юҳ. 17:25, 26). Ӯ дар муқаддас гаштани номи Худо саҳми худро гузошт. (Забур 39:9–11-ро хонед.) Исо бо рафтору таълим доданаш ба дигарон фаҳмонд, ки меъёрҳои Яҳува то чӣ андоза дурустанд ва чизе ки Ӯ аз мо хоҳиш накунад бар фоидаи мост. Нигоҳ накарда ба марги пуразоб Исо ба Падари осмониаш пурра содиқ монд. Бо ин рафтораш Исо исбот кард, ки одами комил ба меъёрҳои одилонаи Худо пурра итоат карда метавонад.
5. Чӣ тавр мо номи Худоро муқаддас гардонда метавонем?
5 Чӣ тавр мо нишон дода метавонем, ки номи Худоро дӯст медорем? Бо рафтори худ. Яҳува аз ходимонаш талаб мекунад, ки муқаддас бошанд. (1 Петрус 1:15, 16-ро хонед.) Ин маънои онро дорад, ки мо танҳо Яҳуваро ибодат карда бо тамоми дил ба Ӯ итоат мекунем. Ҳатто вақте ки моро таъқиб менамоянд, мо ҳаракат мекунем, ки мувофиқи принсипу қонунҳои одилонаи Худо зиндагӣ кунем. Бо рафтору корҳои хуб мо мегузорем, ки нури мо ба мардум бидурахшад, то ки номи Яҳува ҷалол ёбад (Мат. 5:14–16). Чун халқи муқаддас мо бо тарзи ҳаётамон исбот мекунем, ки қонунҳои Яҳува одилонаанд ва гапи Шайтон дурӯғ аст. Мо ҳам мисли дигар одамон хато мекунем, лекин аз таҳти дил тавба карда аз корҳое, ки номи Яҳуваро доғдор мекунанд, даст мекашем (Заб. 78:9).
6. Чаро ба нокомилиамон нигоҳ накарда Яҳува моро одил меҳисобад?
6 Яҳува дар асоси фидия гуноҳи онҳоеро ки ба Исо имон меоранд, мебахшад. Худо касонеро ки ҳаёти худро ба Ӯ мебахшанд, чун ходимони худ қабул мекунад. Яҳува масеҳиёни тадҳиншударо чун фарзандони худ ва «гӯсфандони дигар»-ро ҳамчун дӯстони худ мешуморад (Юҳ. 10:16; Рум. 5:1, 2; Яъқ. 2:21–25). Лекин ҳоло бошад, мо дар асоси фидия одил хонда мешавем ва дар муқаддас гардонидани номи Худо иштирок карда метавонем.
«МАЛАКУТИ ТУ БИЁЯД»
7. Кадом баракатҳоро фидия имконпазир мегардонад?
7 Дар дуои намунавӣ Исо чунин гуфт: «Малакути Ту биёяд». Фидия бо Малакути Худо чӣ алоқамандие дорад? Айнан ба воситаи фидия 144 000 нафар, ки дар осмон бо Масеҳ чун подшоҳон ва коҳинон хизмат мекунанд, ҷамъ оварда мешаванд (Ваҳй 5:9, 10; 14:1). Онҳо ҳазор сол бар замин ҳамроҳи Исо ҳукмронӣ хоҳанд кард. Дар ин муддат Яҳува ба воситаи Салтанаташ заминро биҳишт мекунад ва ба одамон ёрдам мерасонад, ки комил гарданд. Дар натиҷа ходимони Яҳува ҳам дар осмон ва ҳам дар замин як оиларо ташкил медиҳанд (Ваҳй 5:13; 20:6). Исо сари морро хоҳад кӯфт ва аз тамоми олам таъсири исёни Шайтонро бартараф хоҳад кард (Ҳас. 3:15).
8. а) Чӣ тавр Исо ба шогирдонаш нишон дод, ки Салтанати Худо муҳим аст? б) Чӣ тавр мо имрӯз Салтанатро дастгирӣ карда метавонем?
8 Ҳангоми дар замин буданаш Исо ба шогирдони худ фаҳмонд, ки то кадом дараҷа Салтанати Худо муҳим аст. Масалан, Исо баъд аз таъмид гирифтанаш дарҳол дар бораи «Малакути Худо» дар ҳама ҷо башорат дод (Луқ. 4:43). Пеш аз ба осмон рафтан Исо ба шогирдонаш супориш дод, ки хушхабарро «то ақсои дунё» мавъиза кунанд (Аъм. 1:6–8). Ба воситаи мавъиза одамони тамоми дунё имконият пайдо мекунанд, ки дар бораи фидия фаҳманд ва тобеони Салтанат гарданд. Имрӯз бошад, мо хушхабари Салтанатро дар тамоми дунё паҳн карда бо ин нишон медиҳем, ки бародарони Масеҳро дар замин дастгирӣ менамоем (Мат. 24:14; 25:40).
«ИРОДАИ ТУ... БА АМАЛ ОЯД»
9. Чаро боварӣ дошта метавонем, ки Яҳува нияти Худро нисбати одамизод иҷро мекунад?
9 «Иродаи Ту... ба амал ояд» гуфта Исо чиро дар назар дошт? Яҳува Офаридгор аст ва ваъдаҳояш ҳатман иҷро мешаванд (Иш. 55:11). Исёни Шайтон пеши роҳи нияти Яҳуваро гирифта наметавонад. Аз аввали офариниш Яҳува мехост, ки замин бо фарзандони комили Одаму Ҳавво пур шавад (Ҳас. 1:28). Агар Одаму Ҳавво бефарзанд мемурданд, нияти Худо оиди пур гардидани замин бо насли онҳо иҷро намешуд. Ҳамин тавр, баъд аз гуноҳ карданашон Яҳува гузошт, ки онҳо фарзанддор шаванд. Ба воситаи фидия Худо ба онҳое ки имон меоваранд имконият медиҳад, то комил гардида то абад зиндагӣ кунанд. Яҳува одамонро дӯст медорад ва мехоҳад, ки мо хушбахтона, айнан чи хеле ки Ӯ ният дошт, зиндагӣ кунем.
10. Фидия барои мурдагон чӣ манфиат меорад?
10 Дар бораи миллиардҳо одамоне ки имконияти дар бораи Яҳува фаҳмидан ва ба Ӯ хизмат карданро надоштанду мурданд, чӣ гуфтан мумкин аст? Фидия эҳёшавии мурдагонро имконпазир кард. Падари осмонии мо ин гуна одамонро ба ҳаёт баргардонда имконият медиҳад, ки дар бораи нияти Ӯ фаҳманд ва ҳаёти ҷовидониро ба даст оранд (Аъм. 24:15). Яҳува намехоҳад, ки одамон муранд. Ӯ сарчашмаи ҳаёт аст. Вақте ки Яҳува одамонро эҳё мекунад, Ӯ Падари онҳо мешавад (Заб. 35:10). Аз ин рӯ суханоне зерине ки Исо дар дуояш гуфт, хеле мувофиқанд: «Эй Падари мо, ки дар осмонӣ!» Яҳува дар эҳёи мурдагон ба Исо нақши муҳим додааст (Юҳ. 6:40, 44). Дар биҳишт Исо нақши худро чун «қиёмат ва ҳаёт» иҷро мекунад (Юҳ. 11:25).
11. Худо нисбати «анбӯҳи бузург» чӣ ният дорад?
11 Саховатмандии Яҳува ҳадду канор надорад, чунки Исо гуфт: «Ҳар кӣ хости Худоро ба ҷо оварад, ҳамон кас бародару хоҳару модари Ман аст» (Марқ. 3:35). Худо мехоҳад, ки «анбӯҳи бузург» аз ҳар халқу миллат ва забон ходимони Ӯ шаванд. Одамоне ки ба фидияи Масеҳ имон зоҳир мекунанд ва иродаи Худоро иҷро менамоянд дар байни онҳое хоҳанд буд, ки бо овози баланд суханони зеринро мегӯянд: «Наҷот аз они Худои мо, ки бар тахт нишастааст ва аз они Барра аст!» (Ваҳй 7:9, 10).
12. Исо дар дуояш оиди нияти Яҳува нисбати одамизод чӣ гуфт?
12 Мо аз дуои намунавии Исо бисёр чизҳоро дар бораи нияти Яҳува нисбати одамизод фаҳмидем. Мувофиқи ин дуо мо бояд ҳар кори аз дастамон меомадаро кунем, то номи Худо муқаддас гардад (Иш. 8:13). Маънои номи Исо «Яҳува наҷот аст» мебошад ва ба воситаи фидия наҷот ёфтани мо номи Худоро ҷалол медиҳад. Салтанати Худо итоаткоронро соҳиби баракатҳое мегардонад, ки бо ёрии фидия имконпазир гашт. Ғайр аз ин дуои намунавӣ моро боварӣ мебахшад, ки ба иҷрошавии нияти Худо ҳеҷ чиз халал расонида наметавонад (Заб. 134:6; Иш. 46:9, 10).
БАРОИ ФИДИЯ МИННАТДОР БОШЕД
13. Бо таъмиди худ мо чиро нишон медиҳем?
13 Агар мо ба фидия имон оварда ҳаётамонро ба Яҳува бахшем ва таъмид гирем, бо ин нишон медиҳем, ки барои фидия миннатдорем. Таъмиди мо аз он шаҳодат медиҳад, ки «ба Худованд тааллуқ дорем» (Рум. 14:8). Бо таъмид гирифтанамон мо аз Яҳува виҷдони пок хоҳиш мекунем (1 Пет. 3:21). Ва баъд аз таъмид Яҳува моро чун дӯстонаш қабул мекунад. Барои ҳамин мо пурра боварӣ дорем, ки Ӯ ҳамеша ба ваъдааш вафо мекунад (Рум. 8:32).
14. Чаро мо бояд дигаронро дӯст дорем?
1 Юҳ. 4:8–11). Вақте ки мо дигаронро дӯст медорем бо ин исбот мекунем, ки «фарзандони Падари худ, ки дар осмон аст», будан мехоҳем (Мат. 5:43–48). Дигаронро дӯст доштан чунон аҳкоми бузург аст, ки он баъд аз аҳкоми Яҳуваро дӯст доштан меистад (Мат. 22:37–40). Яке аз роҳҳои муҳаббати худро ба одамон нишон додан, ин ба онҳо дар бораи Салтанати Худо мавъиза кардан аст. Мо бо ин ҷалоли Худоро инъикос мекунем. Вақте мо дигаронро дӯст медорем, он гоҳ муҳаббат ба Худо «дар мо комил» мегардад (1 Юҳ. 4:12, 20).
14 Боз чӣ тавр барои фидия миннатдориамонро нишон дода метавонем? Азбаски Яҳува ҳама чизро бо муҳаббат мекунад, Ӯ мехоҳад, ки ходимонаш ба Ӯ пайравӣ кунанд (ЯҲУВА БА ВОСИТАИ ФИДИЯ БАРАКАТ МЕДИҲАД
15. а) Яҳува ба мо кадом баракатҳоро ато мекунад? б) Боз кадом баракатҳо моро интизоранд?
15 Азбаски ба фидия имон дорем Яҳува моро боварӣ мебахшад, ки гуноҳҳоямонро нест мекунад. Ӯ моро пурра бахшида метавонад. (Аъмол 3:19–21-ро хонед.) Ба туфайли фидия Яҳува тадҳиншудагонро чун писарони осмонии Худ қабул мекунад (Рум. 8:15–17). Яҳува ҳамчунин онҳоеро ки умеди заминӣ доранд, даъват мекунад, ки ба қисми оилаи Ӯ дар замин ҳамроҳ шаванд. Баъд аз комил гардидан онҳо озмоиши охиринро бояд паси сар кунанд. Агар ба Яҳува содиқ монанд, Ӯ онҳоро низ чун фарзандони Худ қабул мекунад (Рум. 8:20, 21; Ваҳй 20:7–9). Яҳува ҳамеша фарзандонашро дӯст медорад, барои ҳамин мо то абад аз баракатҳое баҳра бурда метавонем, ки ба туфайли фидия имконпазир мегардад (Ибр. 9:12). Ин атои беҳамторо ба мо Яҳува додааст ва ҳеҷ кас моро аз он маҳрум карда наметавонад.
16. Қурбонии Исо моро аз чӣ пурра озод мекунад?
16 Агар мо аз гунноҳоямон тавба кунем, Шайтон барои аъзои оилаи Яҳува шудан ба мо халал расонида наметавонад. Исо як бор барои мо ҷонашро дод. Ҳамин тавр фидия барои ҳамешагӣ пардохта шуд (Ибр. 9:24–26). Ин фидия таъсири гуноҳи Одамро пурра бартараф мекунад. Ба шарофати қурбонии Исо мо аз ғуломии дунёи Шайтон озод шуда дигар аз марг наметарсем (Ибр. 2:14, 15).
17. Чӣ тавр шумо шахсан аз муҳаббати Яҳува манфиат мегиред?
17 Мо ба ваъдаи Яҳува сад фоиз боварӣ дорем. Чи хеле ки қонунҳои табиат ҳеҷ гоҳ тағйир намеёбанд, Офарандаи он низ ҳеҷ гоҳ тағйир намеёбад. Яҳува ҳеҷ вақт моро ноумед намекунад (Мал. 3:6). Ӯ ба мо на танҳо ҳаёт медиҳад, балки муҳаббаташро низ зоҳир мекунад. «Мо фаҳмидем ва боварӣ дорем, ки Худо моро дӯст медорад. Худо муҳаббат аст» (1 Юҳ. 4:16). Ба қарибӣ тамоми замин ба биҳишти зебо мубаддал мегардад. Ҳамаи одамон ба Яҳува пайравӣ намуда ба ҳамдигар муҳаббат зоҳир мекунанд. Он вақт ҳамаи ходимони Худо чӣ дар осмон ва чӣ дар замин бо як овоз нидо хоҳанд кард: «Худои моро то абад ҳамду сано, ҷалол, хирад, шукргузорӣ, эҳтиром, қудрат ва қувват бод! Омин» (Ваҳй 7:12).