Нагузоред, ки маълумоти нодуруст фикрҳои шуморо заҳролуд кунад
ЭҲТИЁТ ШАВЕД, ба шумо пай дар пай ҳамла меоранд! Душмани асосии шумо, Шайтон, яроқи хеле хатарнокро истифода бурда истодааст. Кадом яроқро? Ин яроқ маълумоти нодуруст аст. Ва ҳадафи ӯ на ҷисм, балки ақлу ҳуши шумо мебошад.
Павлуси ҳавворӣ аз ин яроқи Шайтон огоҳ буд, лекин на ҳама ҳамимононаш мисли ӯ ҳушёру бедор буданд. Масалан, баъзе масеҳиёни шаҳри Қӯринтус, аз афташ, ба қуввати худ такя менамуданд. Онҳо фикр мекарданд, ки дар имон устуворанд ва ҳеҷ чиз онҳоро аз по намеафтонад (1 Қӯр. 10:12). Аз ин рӯ Павлус онҳоро огоҳ карда гуфт: «Тарси он дорам, ки чӣ тавре ки мор бо макри худ Ҳавворо фирефта намуд, ҳамон тавр афкори [фикрҳои] шумо низ фосид шуда, аз самимияте ки дар Масеҳ аст, рӯ хоҳад тофт» (2 Қӯр. 11:3).
Хавотирии Павлус нишон медиҳад, ки мо набояд бепарво бошем. Чи хеле ки гуфтем, Шайтон ақлу фикрамонро ба нишон гирифтааст. Барои дар ин мубориза ғолиб омадан мо бояд маълумоти нодурустро пай бурда худро аз он ҳимоя кунем.
ТО ЧӢ АНДОЗА МАЪЛУМОТИ НОДУРУСТ ХАТАРНОК АСТ?
Маълумоти нодурустро одатан барои фиреб кардани одамон ё идора кардани фикру рафтори онҳо истифода мебаранд. Дар як китоб гуфта шудааст, ки маълумоти нодуруст ин як чизи «нораво, зараровар ва беинсофона» мебошад. Одамон ибораи маълумоти нодурустро бо ибораҳои «гапи дурӯғ, бозичаи дасти касе шудан ва идора кардани фикри касе» шарҳ медиҳанд (Propaganda and Persuasion).
Маълумоти нодуруст то чӣ андоза хатарнок аст? Онро ба гази ба чашм ноаён, бебӯй ва заҳролуд монанд кардан мумкин аст, ки оҳиста-оҳиста ба фикрронии мо таъсир мерасонад. Ванс Пакард, мутахассисе, ки рафтори одамонро меомӯзад, чунин мегӯяд: «Бисёри мо дар зери таъсири маълумоти нодуруст ҳастем ва
ҳатто пай намебарем, ки то чӣ дараҷа он ба фикру рафторамон таъсир мерасонад». Олими дигаре мегӯяд, ки мардону занон зери таъсири маълумоти нодуруст ба осонӣ ба корҳое даст мезананд, ки ба ақл рост намеояд, ва ба дигарон зарари калон мерасонанд. Масалан, онҳо дар ҷанг, куштори одамони ягон миллат ё нажод ва таъқиботи пайравони ягон дин иштирок мекунанд (Easily Led—A History of Propaganda).Агар одамон моро чунин фиреб кунанд, пас, то чӣ андоза Шайтон дар ин кор моҳир аст. Ӯ рафтори одамонро аз замони офарида шуданашон меомӯзад. Ҳоло «тамоми ҷаҳон дар зери ҳукумати» вай мебошад. Барои ҳамин ӯ аз ҷаҳон истифода бурда дурӯғи худро паҳн менамояд (1 Юҳ. 5:19; Юҳ. 8:44). Ӯ зеҳни одамонро кунд мекунад ва дар ин кор чунон усто шудааст, ки «тамоми ҷаҳонро фиреб мекунад» (2 Қӯр. 4:4; Ваҳй 12:9). Барои ба фиребу найранги Шайтон дода нашудан шумо чӣ кор карда метавонед?
ДЕВОРИ МУҲОФИЗАТРО МУСТАҲКАМ КУНЕД
Барои ба фиреби Шайтон дода нашудан Исо ба мо як маслиҳати одӣ дод. Ӯ гуфт, ки ростиро шиносед ва «ростӣ шуморо озод хоҳад кард» (Юҳ. 8:31, 32). Дар ҷанг сарбоз бояд аз куҷо гирифтани маълумоти боваринокро донад, чунки душман барои фиреб додани вай маълумоти дурӯғро паҳн мекунад. Мо, ки дар ҷанги ноаён иштирок карда истодаем, маълумоти дурустро аз куҷо ёфта метавонем? Яҳува ин гуна маълумотро ба мо дар Китоби Муқаддас додааст. Аз он мо мефаҳмем, ки чӣ тавр ба иғвою ташвиқоти бардурӯғи Шайтон муқобилат кунем (2 Тим. 3:16, 17).
Бешубҳа, Шайтон намехоҳад, ки мо аз ҳиллаҳои вай бохабар шавем. Барои ҳамин ӯ ба воситаи ҷаҳоне, ки дар зери дасташ мебошад, моро аз хониши Китоби Муқаддас ва омӯхтани он боздоштанӣ аст. Лекин нагузоред, ки ӯ шуморо ба доми макру ҳиллаи худ афтонад! (Эфс. 6:11). Ба пуррагӣ дарк намоед, ки дониши ростӣ чист (Эфс. 3:18). Барои дониши худро чуқуртар кардан шумо бояд бисёр кӯшиш кунед. Оиди ин олиме бо номи Ноам Хомский чунин қайд кард: «Ҳеҷ кас ҳақиқатро ба майнаи шумо ҷойгир намекунад. Барои ёфтани он худи шумо бояд кӯшиш кунед». Бинобар ин «ҳар рӯз Навиштаҳоро» бодиққат санҷида бароед ва дониши ҳақиқиро пайдо кунед (Аъм. 17:11).
Шайтон мехоҳад, ки шумо нодуруст фикр карда хулосаҳои ғалат бароред. Чаро? Зеро, чуноне ки дар як китоб гуфта шудааст, агар одамон маълумоти фаҳмидаашонро дар тарозуи Мас. 14:15). Ақлу фаросатеро, ки Худо додааст, ба кор бурда дониши ҳақиқиро дар дили худ ҷо кунед (Мас. 2:10–15; Рум. 12:1, 2).
ақл барнакашанд, дар майнаашон ҷо кардани дурӯғ хеле осон мешавад (Media and Society in the Twentieth Century). Аз ин рӯ ба ҳар гап кӯр-кӯрона бовар накунед ва ҳақ будани маълумотро тафтиш намоед (ЭҲТИЁТ ШАВЕД, ТО ДУШМАН ҶУДОӢ НААНДОЗАД
Дар ҷанг душманон инчунин маълумоти дурӯғро ба кор бурда аскарони рақибро рӯҳафтода менамоянд ва дастҳояшонро дар муҳориба суст мекунанд. Онҳо бо роҳи фанду фиреб дар байни ҷанговарон ҷангу ҷидол меандозанд ё тавре мекунанд, ки онҳо қӯшунҳои асосиро тарк кунанд. Як генерали олмонӣ яке аз сабабҳои дар Ҷанги Якуми Ҷаҳон мағлуб шудани давлатҳоро маҳз паҳн кардани маълумоти дурӯғ меҳисобад. Ӯ мегӯяд, ки «халқҳо аз шунидани маълумоти нодурусте, ки душман дар ақлу ҳуши онҳо ҷойгир мекард, мисли заргӯши афсуншудае дар пеши мор буданд». Шайтон низ аз ин тарз истифода бурда дар байни ходимони Худо ҷудоӣ андохтан мехоҳад. Масалан, ӯ кӯшиш мекунад, ки дар байни мо норозигӣ ва баҳсу ҷанҷол бошад ё мо «ташкилоти Яҳува аз рӯйи адолат амал намекунад» гуфта онро тарк кунем.
Лекин фиреб нахӯред! Аз рӯйи гуфтаҳои Каломи Худо амал кунед. Масалан, дар он маслиҳат дода мешавад, ки барои нигоҳ доштани ягонагӣ «якдигарро афв кунед» ва ҳар баҳсу мунозираро дарҳол ҳал намоед (Қӯл. 3:13, 14; Мат. 5:23, 24). Ҳамчунин дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки худро аз ҷамъомад дур нагиред (Мас. 18:1). Боварӣ ҳосил кунед, ки ба ҳамлаҳои маккоронаи Шайтон тайёред. Барои ин аз худ пурсед: «Вақте ки охирон бор бародар (ё хоҳар) маро хафа кард, ман ба ин чӣ тавр муносибат кардам: мисли одамони ин ҷаҳон ё мисли ходими Худо?» (Ғал. 5:16–26; Эфс. 2:2, 3).
НАГУЗОРЕД, КИ БОВАРИАТОН СУСТ ШАВАД
Аскаре, ки ба сарлашкар ва фармондеҳи худ боварӣ надорад, аз таҳти дил ҷанг карда наметавонад. Аз ин рӯ душман кӯшиш мекунад, ки боварии аскаронро нисбати сарвари худ суст кунад. Ӯ чунин гуфта метавонад: «Ба сардоронатон бовар накунед!» ё «Намонед, ки онҳо шуморо сӯйи ҳалокат баранд!» Барои сахттар кардани зарбаҳои худ душман диққати аскаронро ба ягон хатои сардорашон равона месозад.
Шайтон низ ҳамин тавр мекунад. Вай беист кӯшиш менамояд, ки боварии шуморо ба тарзи роҳбарии Яҳува суст кунад.Шумо чӣ тавр худро аз ин ҳамлаҳо муҳофизат карда метавонед? Аз ташкилоти Яҳува дур нашавед. Онҳоеро, ки Ӯ барои роҳбарӣ таъйин кардааст, аз таҳти дил дастгирӣ намоед ва роҳ надиҳед, ки нокомилии онҳо садоқати шуморо ба Яҳува суст гардонад (1 Тас. 5:12, 13). Вақте ки бо ҳуҷуми осиён ё дигар шахсоне, ки шуморо гумроҳ кардан мехоҳанд, рӯ ба рӯ мешавед, «нагузоред, ки фикри шумо зуд ба шубҳа афтад» ва ҳатто даъвою норозигии онҳо ҳақ тобанд ҳам, ба суханонашон бовар накунед (2 Тас. 2:2; Тит. 1:10). Аз рӯйи маслиҳате, ки Павлус ба Тимотиюси ҷавон дода буд, амал кунед. Ӯ гуфт: «Дар он чи таълим гирифтаӣ ва мӯътақид шудаӣ, қоим бош, чун медонӣ, ки туро кӣ таълим додааст» (2 Тим. 3:14, 15). Боварии худро нисбати ғуломи мӯътамад, ки Яҳува ба воситааш моро беш аз сад сол таълим дода истодааст, зиёд кунед (Мат. 24:45–47; Ибр. 13:7, 17).
БА ТАРС ДОДА НАШАВЕД
Шайтон на ҳама вақт ба ақлу ҳуши мо ноаён ҳамла мекунад. Баъзан ӯ тарсро истифода бурда дасту пойи моро суст кардан мехоҳад. Чуноне ки дар як китоб гуфта шудааст, ин усул «яке аз қадимтарин воситаҳои таблиғот (пропаганда) ба ҳисоб меравад» (Easily Led—A History of Propaganda). Профессори бритониёӣ Филип Тейлор мисол оварда мегӯяд, ки дар замонҳои пеш ашшуриён барои душманро зери ҳукми худ даровардан «сиёсати тарсондан ва паҳн кардани маълумоти бардурӯғ»-ро ба кор мебурданд. Ба ин монанд, Шайтон мехоҳад, ки мо аз одамон, таъқибот, марг ё чизи дигар тарсида ба Яҳува хизмат карданро бас кунем (Иш. 8:12; Ирм. 42:11; Ибр. 2:15).
Нагузоред, ки Шайтон шуморо тарсонда дастонатонро суст кунад ва ба кори хато тела диҳад. Исо гуфта буд: «Аз кушандагони ҷисм, ки қодир нестанд баъд аз он ягон кори дигаре бикунанд, натарсед» (Луқ. 12:4). Дилпур бошед, ки Яҳува ба шумо ёрдам мекунад, то ба доми Шайтон наафтед. Ӯ, чуноне ки ваъда додааст, шуморо нигаҳбонӣ мекунад ва «бартарии қувват» мебахшад (2 Қӯр. 4:7–9; 1 Пет. 3:14).
Шояд шумо бо ҳолатҳое дучор шавед, ки шуморо ба тарсу ваҳм оранд. Лекин суханонеро, ки Яҳува ба Еҳушаъ гуфта буд, фаромӯш накунед: «Қавӣ ва далер бош, натарс ва ҳаросон нашав, зеро ба ҳар ҷое ки биравӣ, Худованд Худои ту бо туст» (Еҳ. 1:9). Вақте дар дилатон тарс пайдо мешавад, дарҳол ба Яҳува дуо гӯед. Боварӣ дошта бошед, ки «осоиштагии Худо... дилҳои шумо ва фикрҳои шуморо... нигоҳ хоҳад дошт». Ин ба шумо қувват медиҳад, ки ба ҳамлаҳои Шайтон муқобилат кунед (Флп. 4:6, 7, 13).
Ба ёд оред, ки чӣ тавр намояндаи ашшуриён, рабшоқе, бо фиребу найранг халқи Худоро тарсонданӣ буд. Ӯ гуфт, ки ҳеҷ чиз ва ҳатто Яҳува онҳоро муҳофизат карда наметавонад. Ӯ ҳатто гуфт, ки гӯё онҳо бо амри Яҳува ин сарзаминро валангор карданианд. Оё ин гап рост буд? Не, албатта! Яҳува ба халқаш гуфт: «Аз суханоне ки шунидаӣ, ки бо онҳо навкарони подшоҳи Ашшур Маро ҳақорат додаанд, натарс» (4 Подш. 18:22–25; 19:6). Баъд аз ин Ӯ фариштаеро фиристод, ки он дар як шаб 185 000 нафар ашшуриёнро ба ҳалокат расонд (4 Подш. 19:35).
БОХИРАД БОШЕД — ДОИМО БА ЯҲУВА ГӮШ ДИҲЕД
Оё шумо ягон бор филмеро тамошо карда будед, ки дар он яке аз қаҳрамонон ба доми фиреби душманон афтода худаш бехабар бозичаи дасти онҳо мешавад? Оё худ ба худ мегуфтед: «Ба гапи онҳо бовар накун! Эҳтиёт шав, онҳо туро фиреб доданианд!» Акнун тасаввур кунед, ки чӣ тавр фариштагон ҳоло шуморо огоҳ карда мегӯянд: «Ба фиреби Шайтон дода нашав!»
Пас, гӯши худро аз гапҳои дурӯғи Шайтон бандед (Мас. 26:24, 25). Ба суханони Яҳува гӯш диҳед ва дар ҳар кор ба Ӯ пурра таваккал намоед (Мас. 3:5–7). Насиҳати зеринеро, ки Ӯ бо меҳру муҳаббат додааст, қабул кунед: «Эй писарам! Бохирад бош, ва дили маро шод гардон» (Мас. 27:11). Ин тавр карда шумо ақлу ҳуши худро аз заҳролуд шудан муҳофизат мекунед ва дар ҷанги ноаён ғолиб меоед!