Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Ҷавонон, барои наҷоти худ саъю кӯшиш кунед

Ҷавонон, барои наҷоти худ саъю кӯшиш кунед

«Чи тавре ки ҳамеша итоаткор будед... саъю кӯшиш кунед, ки бо тарсу ларз наҷоти худро ба анҷом расонед» (ФЛП. 2:12, ТДН).

СУРУДҲО: 41, 11

1. Барои чӣ таъмид қадами муҳим аст? (Ба расми аввали мақола нигаред.)

ҲАР СОЛ ҳазорҳо омӯзандагони Китоби Муқаддас таъмид мегиранд. Бисёри онҳо ҷавонон, наврасон ва кӯдакон мебошанд. Шояд онҳо аз хурдӣ дар роҳи ҳақиқат тарбия ёфтаанд. Оё шумо яке аз онҳоед? Пас, шумо сазовори таърифед. Барои масеҳиён таъмид ин талабот аст ва барои ба даст овардани наҷот қадами муҳим мебошад (Мат. 28:19, 20; 1 Пет. 3:21).

2. Агар шумо ҳаётатонро ба Яҳува бахшиданӣ бошед, чаро бояд аз ин қадам натарсед?

2 Таъмид ба баракатҳои зиёд роҳ мекушояд. Лекин он ҳамчунин масъулиятро талаб мекунад. Ба кадом маъно? Рӯзе, ки шумо таъмид гирифтед, нотиқ ба шумо чунин савол дода буд: «Оё аз гуноҳҳои худ дар асоси фидияи Исои Масеҳ тавба карда, ҳаёти худро ба Яҳува барои иҷроиши иродаи Ӯ бахшидед?» Шумо ба он «ҳа» гуфта ҷавоб додед. Таъмидатон рамзи он буд, ки шумо ҳаётатонро ба Худо бахшидед. Шумо аз таҳти дил ваъда додед, ки Яҳуваро дӯст медоред ва хоҳиши Ӯро дар зиндагии худ дар ҷойи аввал мегузоред. Ин ваъдаи ҷиддӣ аст. Вақте шумо мегузоред, ки ҳаётатонро Яҳува роҳбарӣ кунад, аз ин ҳеҷ гоҳ пушаймон намешавед. Агар шумо роҳи дигарро интихоб кунед, хоҳу нохоҳ зери идораи Шайтон қарор мегиред. Иблис намехоҳад, ки шумо наҷот ёбед. Вақте ки шумо тарафдори вай шуда зидди ҳокимияти Яҳува мебароед, ҳаёти ҷовидонаро аз даст медиҳед ва Иблисро хурсанд мекунед.

3. Ба Яҳува бахшидани ҳаёти худ чӣ гуна баракатҳо меорад?

3 Фикр кунед, ки баъди ҳаёти худро ба Худо бахшидан ва таъмид гирифтан, чӣ гуна баракатҳоро ба даст овардед. Азбаски шумо ҳаётатонро ба Яҳува бахшидед, шумо бо дилпурӣ гуфта метавонед: «Худованд бо ман аст, нахоҳам тарсид: одамизод ба ман чӣ метавонад бикунад?» (Заб. 117:6). Яҳуваро тарафдорӣ кардан ва розигии Ӯро соҳиб шудан шарафи бузург аст.

МАСЪУЛИЯТИ ШАХСӢ

4, 5. а) Ба кадом маъно ба Худо бахшидани ҳаёт масъулияти шахсӣ аст? б) Бо кадом мушкилиҳо ҳамаи масеҳиён рӯ ба рӯ мешаванд?

4 Одатан, вақте ки фарзанди наврас бо падару модар дар як хона зиндагӣ мекунад, волидон ҳама масъулиятро ба ӯҳдаи худ мегиранд. Масалан, онҳо барои ҳама хӯроку пӯшок мехаранд ва барои хизматрасониҳои коммуналӣ пул месупоранд. Лекин, агар шумо масеҳии таъмидёфта бошед ва бо волидонатон якҷоя зиндагӣ кунед, он гоҳ муносибати шумо бо Яҳува на масъулияти онҳо, балки масъулияти худи шумост. Чаро инро дар хотир бояд дошт? Чунки шумо намедонед, ки дар оянда бо кадом душвориҳо рӯ ба рӯ мешавед. Масалан, агар шумо дар синни хурдсолӣ таъмид гирифта бошед, эҳтимол, ҳангоми ба синни наврасӣ қадам монданатон шумо бо ҳиссиёт ва душвориҳои нав дучор мешавед. Як духтари наврас дар ин бора чунин мегӯяд: «Кӯдак одатан аз сабаби он ки Шоҳиди Яҳува асту дар рӯзи таваллуди ҳамсинфаш дар қатори ҳама торт намехӯрад, зиқ намешавад. Лекин бо гузашти вақт, ҳангоме ки майлу хоҳиши ӯ ба алоқаи ҷинсӣ пурзӯртар мегардад, ба вай боварии сахт доштан лозим аст, ки аз рӯйи қонунҳои Яҳува зиндагӣ кардан роҳи беҳтарин аст».

5 Албатта, бо душвориҳои нав на танҳо ҷавонон рӯ ба рӯ мешаванд. Ҳатто онҳое, ки дар калонсолӣ таъмид гирифтаанд, бо бисёр озмоишҳои ногаҳонӣ дучор мегарданд. Чунин озмоишҳо метавонанд бо издивоҷ, саломатӣ ё масъалаи кор алоқаманд бошанд. Дар ҳақиқат, ҳама новобаста аз синну сол бо ҳолатҳое дучор мешаванд, ки содиқиашон ба Яҳува санҷида мешавад (Яъқ. 1:12–14).

6. а) Ба кадом маъно иҷрои ваъдае, ки шумо ба Худо додед, аз вазъият вобаста нест? б) Аз оятҳои Филиппиён 4:11, 12 ва Ишаъё 12:2 мо чӣ меомӯзем?

6 Барои дар ҳар гуна вазъият ба Яҳува содиқ мондан ҳеҷ гоҳ фаромӯш накунед, ки ваъдаи шумо ба Яҳува аз вазъият вобаста нест. Ин маънои онро дорад, ки шумо ба Офаридгори замину осмон ваъда додед, ки ба ҳеҷ чиз нигоҳ накарда ба Ӯ хизмат карданро давом медиҳед. Масалан, агар дӯстонатон ё падару модаратон ба Ӯ хизмат карданро бас кунанд ҳам, шумо бас намекунед (Заб. 26:10). Дар ҳар вазъият шумо метавонед аз Яҳува қувват пурсед, то Ӯ ба шумо кӯмак кунад, ки мувофиқи ваъдаи ба Ӯ додаатон зиндагӣ кунед. (Филиппиён 4:11, 12 ва Ишаъё 12:2-ро хонед.)

7. «Бо тарсу ларз наҷоти худро ба амал» овардан чӣ маъно дорад?

7 Яҳува мехоҳад, ки шумо дӯсти Ӯ бошед. Лекин барои нигоҳ доштани дӯстӣ бо Ӯ ва наҷот ёфтан саъю кӯшиши бисёр лозим аст. Дар Филиппиён 2:12 гуфта шудааст: «Бо тарсу ларз наҷоти худро ба амал оваред». Яъне шумо бояд пешакӣ фикр кунед, ки чӣ тавр дӯстиатонро бо Яҳува нигоҳ медоред ва новобаста аз ҳар гуна мушкилиҳо ба Ӯ содиқ мемонед. Шумо набояд худбовар шавед. Ҳатто онҳое, ки муддати зиёд ба Яҳува хизмат мекарданд, худбовар гашта, дар натиҷа содиқиашонро гум карданд. Пас, барои наҷоти худро ба даст овардан шумо чӣ кор карда метавонед?

ОМӮЗИШИ КИТОБИ МУҚАДДАС МУҲИМ АСТ

8. Омӯзиши шахсӣ чиро дар бар мегирад ва чаро он муҳим аст?

8 Дӯстӣ бо Яҳува муоширати дуҷонибаро дар бар мегирад — гӯш кардан ва гап задан. Омӯзиши Китоби Муқаддас ин роҳи асосии Яҳуваро гӯш кардан аст. Ин маънои онро дорад, ки мо бояд Каломи Худо ва адабиёти бар он асосёфтаро хонда, оиди дониши гирифтаамон мулоҳиза ронем. Ин монанди дарси мактабӣ нест, ки мо онро хонда аз ёд кунему баъд имтиҳон супорем. Омӯзиши Китоби Муқаддасро ба тадқиқоте монанд кардан мумкин аст, ки дар натиҷаи он мо дар бораи Яҳува чизҳои навро мефаҳмем. Ин ёрдам мекунад, ки муносибати шумо бо Худо боз ҳам наздиктар шавад (Яъқ. 4:8).

Муоширати шумо бо Яҳува то чӣ андоза хуб аст? (Ба сархатҳои 8–11 нигаред.)

9. Дар омӯзиши шахсӣ кадом маводҳо ба шумо ёрдам медиҳанд?

9 Ташкилоти Яҳува маводҳои гуногунро пешкаш мекунад, ки барои самаранок гузаронидани омӯзиши шахсӣ ёрдам мекунанд. Масалан, дар сайтамон (jw.org/ru) аз қисми «ПОДРОСТКИ > БИБЛЕЙСКИЕ ЗАДАНИЯ» шумо метавонед аз воқеаҳои дар Китоби Муқаддас навишташуда барои худ дарсҳои фоиданок гиред. Ҳамчунин дар ин сайт (дар «БИБЛЕЙСКИЕ УЧЕНИЯ > ПОСОБИЯ ДЛЯ ИЗУЧЕНИЯ БИБЛИИ > МОИ УБЕЖДЕНИЯ») мавод барои омӯзиши китоби «Таълимот» тайёр шудааст, ки ба шумо барои мустаҳкам кардани имонатон ёрдам мекунад. Инчунин бо кӯмаки ин бахш шумо ба дигарон чӣ тавр дар бораи имонатон гап заданро ёд мегиред. Дигар маслиҳатҳоро дар мақолаи «Чӣ тавр хониши Китоби Муқаддасро шавқовар гардонам?», ки дар «Бедор шавед!» аз моҳи апрели с. 2009 (рус.) омадааст, ёфта метавонед. Омӯзиш ва мулоҳиза дар наҷот ёфтани шумо нақши муҳим мебозад. (Забур 118:105-ро хонед.)

ДУО ГУФТАН МУҲИМ АСТ

10. Чаро барои масеҳиёни таъмидёфта дуо гуфтан муҳим аст?

10 Чи хеле ки дар боло гуфтем, ба воситаи омӯзиши шахсӣ мо Яҳуваро гӯш мекунем. Бо воситаи дуо бошад, мо ба Ӯ гап зада метавонем. Масеҳӣ ба дуо набояд чун ба як одати одӣ ё ба тӯморе, ки омади кор меорад, муносибат кунад. Дуо ин сӯҳбат бо худи Офаридгор аст. Яҳува мехоҳад, ки шумо бо Ӯ гап занед. (Филиппиён 4:6-ро хонед.) Ҳар вақте мо аз чизе ба ташвиш оем, метавонем ба Яҳува дуо гӯем. Китоби Муқаддас маслиҳат медиҳад: «Бори дилатро ба Худованд парто» (Заб. 54:23). Оё боварӣ доред, ки ин маслиҳат ба шумо кӯмак мекунад? Ба ин шубҳа накунед, зеро он аллакай ба миллионҳо бародару хоҳарон ёрдам кардааст.

11. Чаро мо бояд ҳамеша ба Яҳува миннатдорӣ баён кунем?

11 Мо набояд фақат ҳангоми ба ёрдам мӯҳтоҷ будан дуо гӯем. Китоби Муқаддас мегӯяд: «Шукргузор бошед» (Қӯл. 3:15). Баъзан мо чунон ба проблемаҳо дода мешавем, ки баракатҳоямонро намебинем. Пас, кӯшиш кунед, ки ҳар рӯз ақаллан барои се чиз ба Яҳува раҳмат гӯед. Духтари наврасе бо номи Абиҷайл, ки дар 12-солагиаш таъмид гирифтааст, мегӯяд: «Ба фикрам, Яҳува аз ҳама бештар сазовори миннатдории мост. Мо бояд барои ҳар як атояш ба Ӯ шукр гӯем». Абиҷайл баъзан фикреро, ки боре шунида буд, ба хотир меорад: «Тасаввур кунед, ки шумо имрӯз барои баъзе чизҳо ба Яҳува миннатдорӣ баён кардеду пагоҳ аз хоб хеста дидед, ки танҳо ҳамон чизҳоро доред, яъне дигар чизҳое, ки барояшон раҳмат нагуфтед, нестанд. Оё пас аз ин кӯшиш намекардед, ки барои ҳама чиз ба Яҳува раҳмат гӯед?»

АҲАМИЯТИ ТАҶРИБАИ ШАХСӢ

12, 13. Чаро оиди некӯие, ки Яҳува шахсан ба шумо кардааст, мулоҳиза рондан муҳим аст?

12 Шоҳ Довуд, ки бисёр озмоишҳои сахтро аз сар гузаронда буд, гуфт: «Бичашед ва хоҳед дид, ки Худованд некӯст! Хушо марде, ки ба Ӯ паноҳ мебарад!» (Заб. 33:9). Ин оят нишон медиҳад, ки мо бояд шахсан дар худ некӯкории Яҳуваро ҳис кунем. Вақте шумо аз Китоби Муқаддас, адабиётамон ё вохӯриҳо саргузашти шахсонеро мефаҳмед, ки Худо ба онҳо барои содиқ мондан кӯмак карда буд, рӯҳбаланд мешавед. Лекин кӯшиш кунед, ки ғамхории Ӯро дар ҳаёти худатон низ ҳис кунед. Ин дӯстии шуморо бо Яҳува мустаҳкам мекунад. Оё шумо ягон бор некӯии Яҳуваро ҳис кардаед?

13 Бешубҳа, ҳар яки мо дар ҳаётамон некӯии Яҳуваро ҳис кардаем. Масалан, яке аз роҳҳое, ки Яҳува ба мо некӯиашро зоҳир кард, ин имконияти ба Ӯ ва Писараш наздик шудан аст. Исо гуфт: «Ҳеҷ кас наметавонад назди Ман ояд, магар ин ки Падаре ки Маро фиристод, вайро ҷалб кунад» (Юҳ. 6:44). Ҷавонон, ба фикратон, оё Яҳува шуморо низ ба Худ ҷалб кардааст? Ё шумо фикр мекунед, ки Яҳува волидонатонро ба худ ҷалб кардаасту шумо аз рӯйи одат аз қафои онҳо рафтед? Аммо дар ёд доред: вақте шумо ҳаёти худро ба Худо бахшида таъмид гирифтед, нишон додед, ки бо Худо муносибати махсус пайдо кардед. Акнун Яҳува шуморо дӯсти Худ ҳисоб мекунад, зеро дар Китоби Муқаддас чунин гуфта шудааст: «Касе, ки ба Худо муҳаббат дорад, вай ба воситаи Худо шинохта шудааст» (1 Қӯр. 8:3). Ҳамеша ҷойи худро дар ташкилоти Яҳува қадр кунед.

14, 15. Чӣ тавр мавъиза барои қавӣ гаштани имонатон ёрдам мекунад?

14 Роҳи дигаре, ки шумо ба воситаи он некӯии Яҳуваро ҳис карда метавонед, кори мавъиза мебошад. Баъзеҳо аз мавъиза кардан ба ҳамсолони худ метарсанд. Шояд шумо низ фикр мекунед, ки агар ба ҳамсинфатон дар бораи имони худ гап занед, ӯ шуморо масхара мекунад ё ҳар хел гапҳо мегӯяд. Дар пеши одами бисёр гап задан бошад, боз ҳам душвортар аст. Чӣ ба шумо кӯмак мекунад, ки ба ин хел мавридҳо тайёр шавед?

15 Пеш аз ҳама фикр кунед, ки чӣ шуморо ба дуруст будани эътиқодатон боварӣ мебахшад. Чи хеле ки дар боло қайд кардем, дар сайти jw.org/ru бахши «МОИ УБЕЖДЕНИЯ» тайёр карда шудааст. Вақт ҷудо карда, бо ин бахш шинос шавед. Он ба шумо ёрдам мекунад, то дар бораи эътиқодатон мулоҳиза ронед ва худро санҷед, ки барои чӣ шумо ба ин ё он чиз боварӣ доред. Ҳамчунин бо ёрдами ин бахш шумо ба дигарон дуруст фаҳмонидани эътиқодатонро ёд мегиред. Вақте ки боварии шумо ба дурустии эътиқодатон қавӣ мегардад ва барои мавъиза нағз тайёрӣ мебинед, шумо нотарсона мавъиза карда метавонед (Ирм. 20:8, 9).

16. Чӣ ба шумо дар мавъиза далерӣ бахшида метавонад?

16 Мумкин ҳатто баъди тайёрӣ ба шумо мавъиза кардан осон набошад. Хоҳаре, ки ҳоло 18-сола асту дар синни 13-солагиаш таъмид гирифта буд, чунин мегӯяд: «Ман ба эътиқодам сад фоиз боварӣ дорам, вале баъзан фикрамро баён карда наметавонам». Чӣ ба ӯ барои ҳалли ин душворӣ кӯмак мерасонад? Ӯ мегӯяд: «Ман кӯшиш мекунам, ки худро озод ҳис кунам. Ҳамсинфонам дар бораи корҳояшон бемалол гап мезананд-ку. Пас, барои чӣ ман аз мавъиза кардан шарм кунам? Барои ҳамин ман гапамро чунин сар мекунам: “Дирӯз, вақте ки ман омӯзиши Китоби Муқаддас мегузарондам...”. Баъд нақламро давом медиҳам. Ҳарчанд гап айнан дар бораи Китоби Муқаддас наравад ҳам, одатан ҳамсинфонам кунҷкобӣ карда фаҳмидан мехоҳанд, ки ман чӣ тавр омӯзиши Китоби Муқаддас мегузаронам. Чи қадаре ки бисёртар ин тарзро истифода барам, ҳамон қадар бароям мавъиза кардан осонтар мешавад ва ман ҳамеша қаноатмандӣ ҳис мекунам».

17. Боз чӣ ба шумо кӯмак мекунад, ки ба дигарон дар бораи имонатон гап занед?

17 Вақте шумо ба дигарон эҳтиром ва таваҷҷӯҳ зоҳир мекунед, эҳтимол, онҳо низ бо шумо чунин рафтор мекунанд. Масалан, Оливия ном хоҳари 17-сола, ки дар синни хурдсолӣ таъмид гирифта буд, мегӯяд: «Ман ҳамеша метарсидам, ки дар вақти муошират дар бораи Китоби Муқаддас гап занам, то дигарон фикр накунанд, ки ман фанатик ҳастам». Баъдтар вай тарзи фикррониашро дигар кард. Ба ҷойи аз ҳад зиёд ба тарс дода шудан Оливия чунин мегӯяд: «Бисёр ҷавонон дар бораи Шоҳидони Яҳува чизе намедонанд. Мо дар мактаб ягона Шоҳидоне ҳастем, ки онҳо мешиносанд. Барои ҳамин аз тарзи рафтори мо вобаста аст, ки онҳо ба мо чӣ гуна муносибат мекунанд. Агар дар бораи имонамон гап задан барои мо мушкил бошад, ё мо шарм кунему тарсем, онҳо метавонанд фикр кунанд, ки мо аз Шоҳиди Яҳува буданамон шарм медорем. Аз боиси ба худ боварӣ надоштанамон онҳо ҳатто метавонанд бо мо дағалона муносибат кунанд. Лекин, агар мо озодона ва бо боварӣ дар бораи имонамон гап занем, эҳтимол, онҳо моро ҳурмат кунанд».

БАРОИ НАҶОТИ ХУД САЪЮ КӮШИШРО ДАВОМ ДИҲЕД

18. Барои наҷот ёфтан кадом корҳоро карданатон лозим аст?

18 Чи тавре ки дидем, барои ба даст овардани наҷот саъю кӯшиш лозим аст. Масалан, мо бояд Каломи Худоро хонем, оиди он чуқур фикр кунем, ба Яҳува дуо гӯем ва оиди баракатҳое, ки Ӯ шахсан ба мо додааст, мулоҳиза ронем. Агар шумо ҳамаи ин корҳоро кунед, пас боварии комил дошта метавонед, ки Яҳува Дӯсти шумо аст. Донистани ин чиз шуморо бармеангезад, ки дар бораи имонатон гап занед. (Забур 72:28-ро хонед.)

19. Чаро барои наҷоти худ саъю кӯшиш кардан лозим аст?

19 Исо гуфт: «Агар касе хоҳад аз ақиби Ман биёяд, бояд хештанро инкор карда ва салиби худро бардошта, Маро пайравӣ намояд» (Мат. 16:24). Бале, барои пайравӣ кардан ба Исо шахс бояд ҳаёташро ба Худо бахшида таъмид гирад. Ин барои баракатҳои бешумор роҳ мекушояд ва имконият медиҳад, ки дар оянда дар дунёи нави Худо ҷовидона зиндагӣ кунед. Аз ин рӯ барои наҷоти худ саъю кӯшиш карданро давом диҳед.