ТАРҶУМАИ ҲОЛ
Яҳува роҳҳои маро ҳамвор кард
БОРЕ як бародари ҷавон аз ман пурсид, ки ояти дӯстдоштаам кадом аст. Ман даррав гуфтам, ки Масалҳо боби 3, оятҳои 5 ва 6. Он ҷо гуфта шудааст: «Бо тамоми дили худ ба Худованд таваккал намо, ва ба хиради худ такя накун. Дар ҳамаи тариқҳои худ Ӯро дарк намо, ва Ӯ роҳҳои туро ҳамвор хоҳад кард». Бале, Яҳува дар ҳақиқат роҳҳои маро ҳамвор кард. Биёед нақл кунам, ки чӣ тавр.
ВОЛИДОНАМ МАРО БА РОҲИ РОСТ ҲИДОЯТ КАРДАНД
Волидони ман ҳақиқатро солҳои 1920-ум фаҳмиданд. Он вақт ҳоло онҳо бо ҳам оиладор набуданд. Ман аввали соли 1939 ба дунё омадам. Дар хурдиам, вақте мо дар Англия зиндагӣ мекардем, ман ҳамроҳи волидонам ба вохӯриҳо мерафтам ва баъдтар худро ба Мактаби таълими мавъиза нависондам. То ба имрӯз дар ёд дорам, ки бори аввал чӣ хел аз минбар баромад кардам. Он вақт ман шашсола будам ва бародарон дар таги поям қуттие монданд, то қадам баландтар шаваду ҳама маро бинанд. Дилам сахт метапид, чунки бисёриҳо ба ман нигоҳ мекарданд.
Падарам дар як картон пешниҳоди одие чоп кард, то ман бо ёрии он мавъиза кунам. Вақте ман 8-сола будам, бори аввал ба як хона худам мавъиза кардам. Соҳибхона пешниҳодамро аз картон хонда ҳамон замон бо шавқ китоби «Худо содиқ аст»-ро гирифт. Шодии ман ҳадду канор надошт, ман давида пеши падарам рафта инро нақл кардам. Аз хизмат ва вохӯриҳо ман хурсандӣ мегирифтам ва хоҳиши ба Яҳува пурравақт хизмат кардан торафт дар дилам зиёд мешуд.
Падарам маро ба маҷаллаи «Бурҷи дидбонӣ» обуна кард ва баъди он ҳақиқати Каломи Худо рӯз ба рӯз дар дилам чуқуртар ҷо мешуд. Вақте хаткашон ҳар як шумораи навро меовард, ман онро бо шавқу завқ мехондам. Боварии ман ба Яҳува қавӣ мешуд ва ниҳоят ман ҳаётамро ба Ӯ бахшидам.
Соли 1950 мо оилавӣ ба шаҳри Ню-Йорк ба анҷуман рафтем, ки он «Рушди теократия» ном дошт. Мавзӯи рӯзи панҷшанбе, 3-юми август, «Рӯзи миссионерон» буд. Он рӯз бародар Кэри Барбер, ки баъдтар узви Ҳайати роҳбарикунанда гашт, бо нутқи таъмид баромад кард. Вақте ӯ дар охири нутқаш ба таъмидгирандагон ду савол дод, ман аз ҷоям хестам ва «Ҳа!» гуфта ҷавоб додам.
Ман 11-сола бошам ҳам, дарк мекардам, ки қадами муҳимеро гузоштам. Аммо аз даромадан ба об метарсидам, чунки ҳоло шиновариро ёд нагирифта будам. Амакам аз дастам гирифта маро ба ҳавз даровард ва гуфт, ки «натарс, ҳамааш хуб мешавад». Дар ҳақиқат, маро чунон тез таъмид доданд, ки ҳатто поям ба таги ҳавз нарасид. Маро бародарон даст ба даст дода якеаш таъмид дод, дигараш маро аз ҳавз бардошта баровард. Аз ҳамон рӯзи муҳим эътиборан Яҳува ҳамеша роҳҳои маро ҳамвор мекард.БА ЯҲУВА ТАКЯ МЕКУНАМ
Баъди хатми мактаб ман хостам, ки пешрав шавам, вале муаллимонам маро ба гирифтани маълумоти олӣ ташвиқ мекарданд. Ман ба фишори онҳо дода шуда ба донишгоҳ дохил шудам, аммо чанде пас дарк кардам, ки ба дарсҳо фаъол буда ҳамзамон дар роҳи ҳақиқат устувор монда наметавонам, аз ин рӯ қарор кардам, ки хонданро мепартоям. Дар ин бора ман ба Яҳува дуо гуфтам ва ба маъмурияти донишгоҳ нома навишта эҳтиромона фаҳмондам, ки баъди курси якум аз донишгоҳ меравам. Ман бо тамоми дилам ба Яҳува такя намудам ва дарҳол хизмати пешравиро сар кардам.
Моҳи июли соли 1957 ман бо тавсияи Байт-Или Лондон хизмати пурравақтро дар шаҳри Веллингборо сар кардам. Ман аз филиал хоҳиш кардам, ки бародари пешрави ботаҷрибаеро тавсия диҳанд, то мо ҳамроҳ хизмат кунем. Бародар Берт Вейзи роҳбалади ман шуд ва бисёр чизро дар хизмат ба ман ёд дод. Вай воизи боғайрат буд ва барои тартиб додани реҷаи хуб дар хизмат ба ман кӯмак кард. Ҷамъомади мо аз шаш хоҳари пиронсол ва ману бародар Вейзи иборат буд. Тайёрӣ ба ҳама вохӯриҳо ва иштирок дар онҳо ба ман ёрдам медод, ки бовариамро ба Яҳува мустаҳкам кунам ва бо додани шарҳҳо имонамро нишон диҳам.
Маро аз барои ба хизмати ҳарбӣ нарафтанам муддате ҳабс карданд. Баъди аз он ҷо баромадан ман бо Барбара ном хоҳар, ки пешрави махсус буд, шинос шудам. Мо соли 1959 оиладор шудем ва тайёр будем, ки моро ба куҷое таъйин накунанд, рафта хизмат кунем. Дар аввал моро ба қисми шимолу ғарбии Англия, вилояти Ланкашир таъйин карданд. Баъдтар, моҳи январи соли 1961 маро ба курси якмоҳаи Мактаб барои пирон даъват намуданд, ки он дар Байт-Или шаҳри Лондон гузашт. Баъди тамом шудани он мактаб маро нозири сайёр таъйин карданд, ки ин бароям баракати ногаҳонӣ буд. Дар давоми ду ҳафта ман дар шаҳри Бирмингем аз як нозири ноҳиявии ботаҷриба таълим гирифтам ва Барбара низ ҳамроҳам буд. Сипас мо ба ҷойи таъйиноти худ ба вилояти Ланкашир ва Чешир рафтем.
БА ЯҲУВА ТАКЯ КАРДАН ҲЕҶ ГОҲ МОРО НОУМЕД НАМЕКУНАД
Моҳи августи соли 1962 ҳангоми дар рухсатӣ буданамон, ба мо аз филиал мактуб омад. Дар даруни конверт ғайр аз мактуб боз варақа барои таҳсил дар Мактаби Ҷилъод гузошта шуда буд. Баъди оиди ин мавзӯъ дуо гуфтан, мо варақаро пур кардем ва чи хеле ки филиал хоҳиш карда буд, даррав онро фиристодем. Пас аз панҷ моҳ мо ба Бруклин (Ню-Йорк) рафтем ва дар синфи 38-уми Мактаби Ҷилъод таҳсил карда даҳ моҳ Китоби Муқаддасро чуқур омӯхтем.
Дар Ҷилъод мо на танҳо дар бораи Каломи Худо ва ташкилоти Ӯ, дониш мегирифтем, балки
ҳамчунин дар бораи хизмати бародару хоҳарони тамоми ҷаҳон мефаҳмидем. Он вақт ман 24-сола будам, Барбара бошад, 23-сола. Мо аз ҳамсинфонамон дар Ҷилъод бисёр чизҳоро ёд гирифтем. Ман ҳар рӯз бо бародар Фред Раск — яке аз муаллимонамон дар кори Байт-Ил ҳамкорӣ мекардам, ки ин бароям шараф буд. Як дарси фаромӯшнашавандае, ки ман аз ӯ омӯхтам ин буд, ки маслиҳате, ки мо ба кас медиҳем, бояд ҳамеша дуруст бошад, яъне аниқ бар Навиштаҳо асос ёбад. Ҳамчунин ба мо дар давоми таҳсил чунин бародарони ботаҷриба ба монанди Нейтан Норр, Фредерик Френс ва Карл Клейн дарс медоданд. Ва мо донишҷӯён аз намунаи фурӯтании бародар А. Макмилан бисёр чизро таълим гирифтем. Ӯ дар лексияаш ба мо фаҳмонд, ки чӣ тавр Яҳува дар давраи мушкиле, ки аз с. 1914 то аввали с. 1919 давом ёфт, халқашро роҳнамоӣ кард.ТАЪЙИНОТИ НАВРО ҚАБУЛ МЕКУНЕМ
Пеш аз хатми Мактаб бародар Норр ба ману Барбара гуфт, ки мо ба давлати Бурунди (Африқо) таъйин шудаем. Баъди шунидани ин хабар мо дарҳол давида ба китобхонаи Байт-Ил рафтем, то аз «Солнома» бинем, ки дар Бурунди чанд воиз хизмат мекунад. Вале мо ҳайрон шудем, ки дар бораи он ҷо ягон маълумот набуд. Мо бояд ба маҳалли ношинос ва ҷойе мерафтем, ки кори мавъиза ҳоло ба роҳ монда нашуда буд. Мо бисёр хавотир будем. Вале дуои самимӣ ба мо кӯмак кард, ки диламон ором шавад.
Дар таъйиноти навамон, ҳама чиз барои мо дигар буд — обу ҳаво, маданият ва забон. Акнун мо бояд забони фаронсавиро меомӯхтем. Инчунин мо бояд барои худ ҷойи зист мекофтем. Ду рӯз пас аз омадани мо, як ҳамсинфамон аз Ҷилъод Ҳарри Арнот вақти ба Замбия, ҷойи таъйиноти пештарааш, рафтан дар Бурунди моро хабар гирифт. Ӯ ба мо барои ёфтани хона кӯмак кард, ки он якумин хонаи миссионерии мо гашт. Аммо дере нагузашта мо аз тарафи ҳокимияти маҳаллӣ, ки дар бораи Шоҳидон чизе намедонистанд, ба зиддият дучор шудем. Мо акнун хизматро баҳузур сар карданӣ будем, вале ҳокимиятдорон гуфтанд, ки бе иҷозатнома ба кор мо дар мамлакат истода наметавонем. Афсӯс, мо маҷбур шудем, ки аз Бурунди равем. Баъд моро ба давлати Уганда таъйин карданд.
Мо хавотир будем, ки чӣ хел бе виза ба Уганда меравем. Лекин ба Яҳува таваккал кардему рафтем. Дар Уганда як бародар хизмат мекард, ки аз Канада буд; ӯ вазъияти моро ба хадамоти кор бо
муҳоҷирон фаҳмонд ва ба мо иҷозат дода шуд, ки то гирифтани виза якчанд моҳ истем. Мо аз ин хурсанд шудем. Чунин ранг гирифтани воқеа ба мо нишон медод, ки дасти Яҳува бо мост.Вазъу шароит дар Уганда аз Бурунди хеле фарқ мекард. Дар ин ҷо аллакай кори мавъиза ба роҳ монда шуда буд, вале дар тамоми мамлакат ҳамагӣ 28 воиз буду халос. Дар минтақа мо бисёр одамонеро вомехӯрдем, ки бо забони англисӣ гап мезаданд. Лекин дере нагузашта фаҳмидем, ки барои ба омӯзандагон дар пешравии рӯҳонӣ кӯмак кардан мо бояд ақаллан як забони таҳҷоиро омӯзем. Мо дар атрофи шаҳри Кампала мавъиза мекардем, ки аксари сокинонаш бо забони луганда гап мезаданд, барои ҳамин мо қарор додем, ки аввал ин забонро аз худ мекунем. Албатта, барои бо он равон гап задан солҳои зиёд даркор буд, вале донистани ин забони маҳаллӣ ба мо ёрдам дод, ки боз ҳам беҳтар хизмат кунем ва натиҷаҳои хуб ба даст орем. Мо ниёзҳои рӯҳонии омӯзандагонамонро нағзтар мефаҳмидагӣ шудем ва онҳо низ ба мо бовар карда чун дӯст дилашонро мекушоданд ва нақл мекарданд, ки ҳақиқат ба онҳо чӣ тавр таъсир мерасонад.
САФАРҲОИ ЗИЁД
Дарёфт кардани одамони фурӯтан ва ба ҳақиқат моил ба мо хурсандии калон меовард. Вале боз як баракати ногаҳонӣ ин буд, ки маро дар Уганда нозири сайёр таъйин карданд. Зери роҳбарии филиали Кения мо дар саросари Уганда сафар карда маҳалҳоеро меҷустем, ки ба хизмати пешравони махсус ниёз доштанд. Якчанд маротиба моро одамоне меҳмоннавозӣ карданд, ки аз ин пеш ҳеҷ гоҳ Шоҳидонро вонахӯрда буданд. Онҳо моро хуб пазироӣ намуда ҳатто бароямон хӯрок тайёр мекарданд.
Боре бошад, ман аз Кампала бо поезд ду рӯз сафар карда ба шаҳри Момбасаи Кения рафтам ва аз он ҷо ба воситаи киштӣ ба ҷазираҳои Сейшел (Уқёнуси Ҳинд) равон шудам, то воизони он ҷоро хабар гирам. Баъдтар аз соли 1965 то 1972 дар сафар ба ҷазираҳои Сейшел Барбара ба ман ҳамроҳ шуд. Аввал дар он ҷо ду воиз буд, вале баъдтар дар он ҷо гурӯҳ ташкил шуд ва сипас он ба ҷамъомади фаъоле мубаддал гашт. Инчунин ман ба Эритрея, Ҳабашистон ва Судан сафар карда бародаронро хабар мегирифтам.
Дар Уганда шӯрише ба амал омад, ки аз боиси он вазъияти сиёсӣ зуд тағйир ёфт. Дар солҳои душвори баъди шӯриш ман хубтар дарк кардам, ки гӯш кардан ба амри Китоби Муқаддас оиди итоат ба давлатдорон то чӣ андоза аз рӯйи хирад аст (Марқ. 12:17). Ҳукумат боре аз ҳамаи хориҷиёне, ки дар Уганда мезистанд, талаб кард, ки дар шӯъбаи наздиктарини полис аз қайд гузаранд. Мо даррав ба ин амр итоат карда аз қайд гузаштем. Баъди якчанд рӯз вақте ману як миссионери дигар бо мошин аз Кампала мегузаштем, кормандони полиси махфӣ моро манъ карданд. Мо аз ин талхакаф шудем! Онҳо моро айбдор карданд, ки мо ҷосус ҳастем ва моро ба шӯъбаи асосии полис бурданд. Мо ба онҳо фаҳмондем, ки миссионерони сулҳҷӯ ҳастем ва аллакай дар шӯъбаи полис аз қайд гузаштаем, вале онҳо гӯш кардан намехостанд. Моро зери назорати посбон ба шӯъбаи полис, ки назди хонаи миссионерӣ буд, бурданд. Хайрият, ки корманди полиси он ҷо моро шинохт ва гуфт, ки мо чанде пеш аз қайд гузашта будем ва ба посбон амр дод, ки моро озод кунад.
Он рӯзҳо вақте аскарони силоҳбадаст моро дар роҳ манъ мекарданд, мо сахт метарсидем, хусусан агар аскарони бадмаст моро бозмедоштанд. Лекин ҳар дафъа мо дуо мегуфтем ва баъди он ки соқу саломат мегузаштем, дар дил оромӣ ҳис
мекардем. Мутаассифона, соли 1973 ба ҳама миссионерони хориҷӣ амр дода шуд, ки Угандаро тарк кунанд.Таъйиноти мо дигар шуд ва ин дафъа моро барои хизмат ба Кот-д’Ивуар (Африқои Ғарбӣ) фиристоданд. Ин боз як дигаргунии калон дар ҳаётамон буд: Мо бояд маданияти тамоман навро аз худ мекардем, аз нав бо забони фаронсавӣ гап мезадем ва ба зиндагӣ бо миссионерон аз давлатҳои гуногун одат мекардем. Лекин он ҷо низ мо меҳрубонии Яҳуваро ҳис мекардем, зеро одамони фурӯтан ва самимӣ даррав хушхабарро қабул мекарданд. Ману ҳамсарам медидем, ки чӣ тавр ба Яҳува такя кардан роҳҳои моро ҳамвор мекунад.
Вале сад афсӯс, ки дар Барбара духтурон бемории саратонро муайян намуданд. Мо якчанд бор ба Аврупо барои муолиҷа сафар кардем. Аммо соли 1983 маълум шуд, ки мо хизматамонро дар Африқо дигар давом дода наметавонем. Аз ин ҳардуи мо хеле зиқ шудем.
ВАЗЪИЯТ ДИГАР ШУД
Ҳангоми дар Байт-Или Лондон хизмат карданамон аҳволи Барбара аз сабаби саратон торафт бад шуд ва оқибат ӯ аз олам гузашт. Дар ин мусибатам оилаи Байт-Ил маро хеле дастгирӣ намуданд. Хусусан як ҷуфт ба ман кӯмак карданд, ки ба вазъияти тағйирёфта мутобиқ шуда ба Яҳува такя карданро давом диҳам. Баъдтар, ман Энн ном хоҳареро вохӯрдам, ки чун пешрави махсус хизмат карда буд ва дар Байт-Ил чун дастёр кӯмак мекард. Ӯ Яҳуваро хеле дӯст медошт. Мо соли 1989 оиладор шудем ва аз он вақт инҷониб дар Байт-Ил хизмат мекунем.
Аз соли 1995 то 2018 ман имконият доштам, ки чун намояндаи идораи марказӣ (пештар нозири зонавӣ ном дошт) хизмат кунам. Дар ин муддат ман тақрибан ба 60 давлати гуногун сафар кардам ва дар ҳар яки он давлатҳо медидам, ки Яҳува новобаста аз вазъиятҳои гуногун хизматгоронашро баракат медиҳад.
Соли 2017 бошад, мо ба хабаргирии бародару хоҳарон ба Африқо рафтем. Ман хеле хурсанд будам, ки ҳамсарам Эннро бо мамлакати Бурунди шинос карда метавонам ва дидани он барои ҳардуямон ҳаяҷоновар буд, ки чӣ қадар одамони зиёд ба ҳақиқат омада буданд. Дар ҳамон кӯчае, ки ман соли 1964 хона ба хона мавъиза мекардам, Байт-Или зебое бино шуда буд. Ва ҳоло дар он мамлакат зиёда аз 15 500 воиз хизмат мекунад.
Вақте ба ман рӯйхати давлатҳоеро, ки дар соли 2018 ба онҳо бояд мерафтам, доданд, шодии ман ҳадду канор надошт. Чунки дар он давлати Кот-д’Ивуар низ буд. Вақте мо ба пойтахти он шаҳри Абидҷан расидем, ман худро гӯё дар хона ҳис кардам. Ман ба рӯйхати рақамҳои телефони бародарон дар Байт-Ил назар кардам ва аҳамият додам, ки бародаре бо номи Сосу дар ҳуҷраи бо мо ҳамсоя зиндагӣ мекунад. Ба хотирам омад, ки вақтҳои дар Абидҷан хизмат карданам, ӯ чун нозири шаҳрӣ хизмат мекард. Вале баъд фаҳмам, ки ин вай нею писараш будааст.
Дар давоми ҳаётам ман дидам, ки Яҳува ҳамеша ба гапаш меистад. Ман якчанд нохушиҳоро аз сар гузарондам, вале дарк кардам, ки агар мо ба Яҳува такя кунем, Ӯ дар ҳақиқат роҳҳои моро ҳамвор мекунад. Ҳоло бошад, мо бо роҳе, ки сӯйи ҳаёти хушбахтона, яъне дунёи нав мебарад, роҳ рафтанро давом медиҳем (Мас. 4:18).