Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Дар тарафи Яҳува бошед!

Дар тарафи Яҳува бошед!

«Аз Худованд Худои худ битарс, Ӯро ибодат намо ва ба Ӯ бичасп» (ТАКР. Ш. 10:20).

СУРУДҲО: 106, 27

1, 2. а) Чаро ба Яҳува часпидан аз рӯйи хирад аст? б) Мо дар ин мақола чиро дида мебароем?

ЯҲУВА Худои қудратманд, бохирад, пурмуҳаббат аст ва ҳеҷ кас ба Ӯ баробар шуда наметавонад. Барои ҳамин аз рӯйи хирад аст, ки мо ба Ӯ бичаспем. Албатта, ҳар яки мо мехоҳем, ки ба Яҳува содиқ монем ва дар тарафи Ӯ бошем (Заб. 95:4–6). Лекин вазъиятҳое ба миён омада метавонанд, ки ба Худо содиқ будани мо санҷида мешавад. Ва афсӯс, ки баъзе ходимони Худо дар чунин ҳолатҳо дар тарафи Яҳува намонданд.

2 Дар ин мақола мо мисоли баъзеи онҳоро муҳокима мекунем. Онҳо боварӣ доштанд, ки тарафдори Яҳува ҳастанд, лекин ҳамзамон бо рафторашон Ӯро хафа мекарданд. Аз мисоли онҳо мо барои худ дарсҳои муҳиме мегирем, ки барои ба Яҳува пурра содиқ монданамон кӯмак мекунанд.

ЯҲУВА ДИЛРО ТАФТИШ МЕКУНАД

3. Чаро Яҳува ба Қобил муроҷиат кард ва Ӯ чӣ гуфт?

3 Биёед мисоли Қобилро дида бароем. Ӯ ғайр аз Яҳува ягон худои дигарро парастиш намекард. Лекин ибодати ӯ ба Худо маъқул набуд. Чунки дар дили ӯ бадӣ чуқур реша давонда буд (1 Юҳ. 3:12). Яҳува ба Қобил муроҷиат карда, гуфт: «Агар некӣ мекардӣ, оё мақбул намешудӣ? Ва чун некӣ накардӣ, гуноҳ дар сари остона аст, ва иштиёқманди туст, вале ту бар вай ҳукмфармо шав» (Ҳас. 4:6, 7). Дар асл Яҳува ба Қобил гӯё чунин гуфт: «Агар ту тавба кунӣ ва дар тарафи Ман бошӣ, Ман тарафдори ту мешавам».

4. Ҳарчанд Қобил имконият дошт, ки дар тарафи Яҳува бошад, лекин ӯ чӣ кор кард?

4 Агар Қобил тарзи фикррониашро ислоҳ мекард, ӯ аз нав розигии Яҳуваро ба даст оварда метавонист. Вале ӯ маслиҳати Яҳуваро гӯш накард. Фикру хоҳишҳои нодурусту худбинона Қобилро ба амали бад тела доданд (Яъқ. 1:14, 15). Дар хурдсолӣ ӯ шояд ҳеҷ гоҳ тасаввур намекард, ки ба муқобили Худо мебарояд. Вале калон шуда, вай кореро кард, ки дар ақли одам намеғунҷад — ӯ бар зидди Яҳува амал карда бародарашро кушт.

5. Кадом намуди фикрронӣ моро аз розигии Яҳува маҳрум карда метавонад?

5 Имрӯз монанди Қобил масеҳие шояд фикр кунад, ки Яҳуваро ибодат мекунад, лекин дар асл мумкин дар роҳи нодуруст бошад (Яҳд. 11). Эҳтимол ӯ дар хизмат фаъол аст ва ба вохӯриҳои ҷамъомад доимо ташриф меорад. Вале ҳамзамон ӯ ба фикрҳои бадахлоқона ва чашмгуруснагӣ дода шудааст ё аз ҳамимоне нафрат мекунад (1 Юҳ. 2:15–17; 3:15). Чунин тарзи фикрронӣ ӯро ба кардани гуноҳ тела дода метавонад. Ҳатто агар дигарон фикру рафтори нодурусти ӯро пай набаранд ҳам, Яҳува ҳатман онҳоро мебинад. Ӯ медонад, ки оё мо пурра дар тарафи Ӯ ҳастем ё не. (Ирмиё 17:9, 10-ро хонед.)

6. Чӣ тавр Яҳува ба мо кӯмак мекунад, ки бар майлу хоҳишҳои гунаҳкоронаи худ ҳукмфармо шавем?

6 Бо вуҷуди ин, Яҳува даррав умедашро аз мо намеканад. Вақте Яҳува мебинад, ки мо ба роҳи нодуруст қадам монда истодаем, Ӯ ба мо мегӯяд: «Сӯи Ман баргардед, ва Ман сӯи шумо хоҳам баргашт» (Мал. 3:7). Яҳува мефаҳмад, ки мо сустиҳо дорем ва бо онҳо мубориза мебарем. Ӯ мехоҳад, ки мо аз бадӣ дур шавем (Иш. 55:7). Агар мо ин муборизаро давом диҳем, Яҳува дар тарафи мо мешавад. Ӯ ба мо қувваи ҷисмонӣ, эмотсионалӣ ва рӯҳонӣ мебахшад, то ки бар майлу хоҳишҳои гунаҳкоронаи худ ҳукмфармо шавем (Ҳас. 4:7).

«ГУМРОҲ НАШАВЕД»

7. Чӣ тавр Сулаймон дӯстии худро бо Яҳува аз даст дод?

7 Мо аз намунаи шоҳ Сулаймон низ дарсҳои бисёр гирифта метавонем. Сулаймон дар айёми ҷавониаш роҳбарии Яҳуваро меҷуст. Яҳува ба ӯ хиради бузург ато кард ва ба вай боварӣ карда, супориш дод, ки дар Ерусалим маъбади боҳашамат созад. Лекин Сулаймон дӯстиашро бо Яҳува аз даст дод (3 Подш. 3:12; 11:1, 2). Қонуни Худо подшоҳи Исроилро аниқ огоҳ мекард, ки «занонро барои худ афзун нанамояд, то ки дилаш фосид нашавад» (Такр. Ш. 17:17). Сулаймон ба ин қонун беитоатӣ карда, 700 зан ва 300 суррия гирифт (3 Подш. 11:3). Бисёри занҳояш ғайрияҳудӣ буданд ва худоёни бардурӯғро ибодат мекарданд. Аз ин рӯ, Сулаймон боз як қонуни Худоро, ки бо халқҳои бегона оиладор шуданро манъ мекард, вайрон намуд (Такр. Ш. 7:3, 4).

8. То чӣ андоза Сулаймон Яҳуваро хафа кард?

8 Сулаймон оҳиста-оҳиста аз аҳкоми Яҳува дур шуд ва оқибат ба корҳои бениҳоят зишт даст зад. Ӯ барои бути Аштора ва барои худои Камуш қурбонгоҳ сохт ва ҳамроҳи занҳояш бутҳоро ибодат мекардагӣ шуд. Танҳо тасаввур кунед: ӯ ин қурбонгоҳҳоро дар кӯҳе, ки рӯ ба рӯйи маъбади Ерусалим буд, бино кард! (3 Подш. 11:5–8; 4 Подш. 23:13). Шояд Сулаймон фикр мекард, ки то даме, ки ӯ дар маъбади Яҳува овардани қурбониро давом медиҳад, Яҳува ба беитоатии ӯ чашм мепӯшад. Лекин Сулаймон сахт гумроҳ шуда буд.

9. Ба огоҳиҳои Худо беитоатӣ кардани Сулаймон ба чӣ оварда расонд?

9 Вале Яҳува ба корҳои бад ҳеҷ гоҳ чашм намепӯшад. Китоби Муқаддас мегӯяд: «Худованд ба Сулаймон ғазаб кард, аз он сабаб ки дилаш аз Худованд Худои Исроил гаштааст, ки Ӯ ду карат бар вай зоҳир гардида, ба вай дар ин хусус амр фармуда буд, ки худоёни дигарро пайравӣ нанамоянд; валекин ӯ фармудаи Худовандро риоя накард». Дар натиҷа, Худо Сулаймонро аз илтифоти худ маҳрум сохт ва дигар ӯро дастгирӣ намекард. Насли минбаъдаи Сулаймон имконияти бар тамоми Исроил ҳукмронӣ карданро гум карданд ва дар давоми садсолаҳо аз мусибатҳои зиёд азоб мекашиданд (3 Подш. 11:9–13).

10. Ба муносибати бо Яҳува доштаамон чӣ зарар расонда метавонад?

10 Чуноне ки аз мисоли Сулаймон дидем, дӯстӣ бо шахсоне, ки меъёрҳои Яҳуваро намефаҳманд ва ҳурмат намекунанд, хатарнок аст. Ин гуна шахсон ба фикрронии мо таъсир карда метавонанд ва дар натиҷа муносибати мо бо Яҳува зарар мебинад. Масалан, дӯстии наздик бо шахсе ки ба ҷамъомад меояду лекин аз ҷиҳати рӯҳонӣ суст аст, оқибати хуб надорад. Инчунин муоширати зиёд бо хешу табор, ҳамкорон, ҳамсояҳо ва ҳамсинфонамон, ки ҳамимони мо нестанд, хатарнок буда метавонад. Хулоса, дӯстӣ бо шахсоне, ки меъёрҳои Яҳуваро риоя намекунанд, чунон таъсир мекунад, ки оқибат мо муносибати хуби бо Яҳува доштаамонро аз даст дода метавонем.

Одамоне, ки шумо бо онҳо вақт мегузаронед, ба муносибати шумо бо Яҳува чӣ гуна таъсир мерасонанд? (Ба сархати 11 нигаред.)

11. Дар интихоб кардани дӯстон чӣ ба мо кӯмак мекунад?

11 1 Қӯринтиён 15:33-ро хонед. Аксари одамон хислатҳои хуб доранд ва бисёр шахсоне, ки хизматгори Худо нестанд, корҳои зишт намекунанд. Агар шиносони шумо аз ҷумлаи чунин шахсон бошанд, оё гуфтан мумкин аст, ки онҳо барои шумо ёрони хубанд? Аз худ пурсед, ки бо онҳо бисёр ҳамнишин шудан ба муносибатҳои шумо бо Яҳува чӣ гуна таъсир мекунад. Оё онҳо таъсири хуб мерасонанд ё баръакс, таъсири бад? Дар дилашон чӣ ҳаст? Масалан, оё онҳо фақат дар бораи фасонӣ, пул, таҷҳизоти электронӣ, вақтхушиҳо ё ба даст овардани чизҳои моддӣ гап мезананд? Оё бисёр вақт онҳо бо суханони худ дигаронро паст мезананд ва шӯхиҳои бемаънӣ мекунанд? Исо огоҳ карда гуфт: «Дар дили одам чизе, ки бошад, ба забон ҳамон меояд» (Мат. 12:34). Агар пай баред, ки ягон шиноси шумо ба муносибати бо Яҳува доштаатон зарар расонда истодааст, дарҳол амал карда, муоширатро кам кунед ва агар зарур ояд, бо вай тамоман алоқаатонро канед (Мас. 13:20).

ЯҲУВА САДОҚАТМАНДИИ ПУРРА МЕТАЛАБАД

12. а) Баъди аз Миср озод шудани исроилиён, Яҳува ба онҳо чӣ гуфт? б) Исроилиён ба Худое, ки садоқатмандии пурра металабад, чӣ ҷавоб доданд?

12 Боз мо аз воқеае, ки бо исроилиён баъди аз Миср баромаданашон рӯй дод, дарсҳои муҳим гирифта метавонем. Вақте ки халқ дар назди кӯҳи Сино ҷамъ омад, Яҳува ба таври ҳайратангез зоҳир шуд, ки онҳо инро баръало ҳис карданд. Дар он ҷо абри ғафси сиёҳе пайдо шуд, раъду барқ ба амал омад, кӯҳро дуд фаро гирифт ва гӯё садои баланди навохтани шох ба гӯш мерасид (Хур. 19:16–19). Дар ин вақт Яҳува ба исроилиён гуфт, ки Ӯ «Худои ғаюр» аст, яъне Худое, ки садоқатмандии пурра талаб мекунад. Худо онҳоро боварӣ бахшид, ки ба касоне ки Ӯро дӯст медоранду аҳкомашро риоя мекунанд, содиқ хоҳад буд. (Хуруҷ 20:1–6-ро хонед.) Дар асл, Яҳува гӯё ба халқаш гуфт, ки «агар шумо дар тарафи Ман бошед, Ман дар тарафи шумо хоҳам буд». Агар шумо он вақт дар байни халқи Исроил мебудед, баъди шунидани суханони Яҳува чӣ кор мекардед? Эҳтимол шумо низ монанди онҳо рафтор мекардед. Халқ «бо як овоз ҷавоб гардонида, гуфтанд: “Ҳамаи суханонеро, ки Худованд гуфтааст, ба ҷо хоҳем овард”» (Хур. 24:3). Лекин дере нагузашта воқеае рӯй дод, ки дар он садоқатмандии исроилиён санҷида шуд.

13. Кадом ҳолат содиқии исроилиёнро зери озмоиш қарор дод?

13 Исроилиён абри сиёҳ, раъду барқ ва дигар аломати ҳайратангези ҳузури Худоро дида, ба тарс омаданд. Барои ҳамин, Мӯсо розӣ шуд, ки чун намояндаи онҳо худаш ба кӯҳи Сино баромада, бо Яҳува гап занад (Хур. 20:18–21). Мӯсо ба кӯҳ баромад ва муддати дурудароз дар он ҷо монд. Ба назари исроилиён чунин метофт, ки гӯё онҳо дар биёбон бе роҳбар монданд. Шояд онҳо аз ҳад зиёд ба пешвои одамӣ — Мӯсо такя мекарданд. Барои ҳамин, аз набудани ӯ ба ҳарос афтода, ба Ҳорун гуфтанд: «Бархоста, барои мо худоёне бисоз, ки пешопеши мо равона бошанд, зеро ин шахс, яъне Мӯсо, ки моро аз замини Миср берун овард, намедонем, ки ба вай чӣ ҳодиса рӯй додааст» (Хур. 32:1, 2).

14. Исроилиён ба кадом фикри хато дода шуданд ва Яҳува ба рафтори онҳо чӣ гуна муносибат кард?

14 Исроилиён нағз медонистанд, ки бутпарастӣ гуноҳи ҷиддӣ аст (Хур. 20:3–5). Вале чӣ хел тез онҳо ба парастиши гӯсолаи тиллоӣ дода шуданд! Нигоҳ накарда ба он ки исроилиён рӯирост ба Яҳува беитоатӣ намуданд, онҳо фикр мекарданд, ки ҳанӯз дар тарафи Яҳува мебошанд. Ҳорун бошад, ҳатто дар бораи ибодат кардани гӯсолаи тиллоӣ гуфт, ки ин «ид аст барои Худованд». Лекин дар асл, онҳо ба Яҳува хиёнат карда буданд. Ба ин Яҳува чӣ гуна муносибат кард? Ӯ ба Мӯсо гуфт, ки халқ «фосид шудаанд» ва «аз роҳе ки ба онҳо амр» фармудааст, зуд дур шудаанд. Аз ин сабаб, ғазаби Яҳува бар онҳо аланга зад ва Ӯ ҳатто хост, ки тамоми халқро несту нобуд кунад (Хур. 32:5–10).

15, 16. Чӣ тавр Мӯсо ва Ҳорун нишон доданд, ки пурра дар тарафи Яҳува мебошанд? (Ба расми аввали мақола нигаред.)

15 Яҳува қарор дод, ки исроилиёнро маҳв намекунад. Ӯ аз меҳрубонии худ ба шахсони содиқ имконият дод, ки дар тарафи Ӯ буданашонро нишон диҳанд (Хур. 32:14). Вақте Мӯсо дид, ки халқ дар назди бут дод мезанад, месарояд ва рақс мекунад, гӯсолаи тиллоиро гирифта пора-пора кард ва онро сӯзонда ба хокистар табдил дод. Сипас ӯ хитоб кард: «Ҳар кӣ ба тарафи Худованд бошад, назди ман ояд!» Дар натиҷа «ҳамаи писарони Левӣ назди ӯ ҷамъ шуданд» (Хур. 32:17–20, 26).

16 Ҳарчанд Ҳорун гӯсолаи тиллоиро сохта бошад ҳам, баъд ӯ аз ин пушаймон шуд ва ҳамроҳи дигар левизодагон дар тарафи Яҳува буданро интихоб кард. Ин шахсони содиқ равшан нишон доданд, ки дар тарафи Яҳуваанд ва ба гунаҳкорон ҳамроҳ нестанд. Ин амали онҳо хирадмандона буд, зеро он рӯз ҳазорон исроилиён аз боиси бутпарастиашон ҳаёти худро аз даст доданд. Аммо онҳое, ки дар тарафи Яҳува буданд, наҷот ёфтанд ва Худо ваъда дод, ки онҳоро баракат медиҳад (Хур. 32:27–29).

17. Аз суханоне, ки Павлус оиди бутпарастии исроилиён гуфт, мо чӣ дарс мегирем?

17 Аз ин воқеа мо барои худ чӣ дарс мегирем? Павлуси расул мегӯяд: «Ҳамаи ин барои огоҳии мост, то... монанди баъзеи онҳо бутпараст нашавем... Ҳамаи ин чизҳо барои он... навишта шуд, то барои мо, ки дар охири ин замона зиндагӣ мекунем, огоҳӣ бошад. Пас, ҳар кӣ гумон мекунад, ки рост истодааст, эҳтиёт шавад, ки наафтад» (1 Қӯр. 10:6, 7, 11, 12). Чуноне ки Павлус қайд кард, ҳатто хизматгорони ҳақиқии Худо ба корҳои бад дода шуда метавонанд. Ва онҳое ки ба васваса дода мешаванд, шояд фикр кунанд, ки Яҳува ҳанӯз аз онҳо розӣ аст. Лекин танҳо хоҳиши дӯсти Яҳува будан ё худро ба Яҳува содиқ ҳисобидан, маънои онро надорад, ки Яҳува дар ҳақиқат аз чунин шахс розӣ аст (1 Қӯр. 10:1–5).

18. Чӣ тавр мо аз Яҳува дур шуда метавонем ва ин чӣ гуна оқибат меорад?

18 Исроилиён назди кӯҳи Сино аз дер кардани Мӯсо ба ҳарос афтода буданд. Шояд имрӯз низ баъзе масеҳиён гумон кунанд, ки рӯзи доварии Худо ва омадани дунёи нав дер карда истодааст ва аз ин ба ташвиш оянд. Дар назари онҳо чунин тофта метавонад, ки ин ваъдаҳо дар ояндаи хеле дур иҷро мешаванд ё умуман ғайривоқеӣ ҳастанд. Агар ин фикрҳоро аз сарамон дур накунем, онҳо метавонанд моро ба иҷрои хоҳишҳои шахсӣ водор карда, аз хизмати Яҳува боздоранд. Бо гузашти вақт, мо метавонем аз Яҳува чунон дур шуда, ба корҳое даст занем, ки пеш ҳеҷ гоҳ ба сарамон наомада буданд.

19. Кадом ҳақиқати муҳимро мо бояд ҳеҷ гоҳ фаромӯш накунем ва чаро?

19 Ҳеҷ гоҳ фаромӯш накунед, ки Яҳува итоаткории самимӣ ва садоқатмандии пурраро талаб мекунад (Хур. 20:5). Ҳамин ки аз ибодати Яҳува дур шудем, мо хости Шайтонро иҷро мекардагӣ мешавем ва ин ба оқибати талх оварда мерасонад. Барои ҳамин, Павлус ба мо хотиррасон мекунад: «Шумо наметавонед ҳам аз пиёлаи Яҳува нӯшед ва ҳам аз пиёлаи девҳо, наметавонед ҳам аз “дастархони Яҳува” хӯред ва ҳам аз дастархони девҳо» (1 Қӯр. 10:21).

БА ЯҲУВА БИЧАСПЕД!

20. Вақте мо ба роҳи нодуруст қадам мемонем, чӣ тавр Яҳува ба мо кӯмак мерасонад?

20 Мо се мисолро оиди Қобил, Сулаймон ва исроилиён дида баромадем. Дар ҳамаи ин воқеаҳо чизи умумие ҳаст, ки шоёни диққат мебошад. Ин шахсон имконият доштанд, ки тавба кунанд ва сӯйи Худо баргарданд (Аъм. 3:19). Равшан аст, ки Яҳува аз онҳое, ки ба роҳи нодуруст қадам мемонанд, даррав умедашро намеканад. Масалан, аз мисоли Ҳорун дида метавонем, ки Яҳува ӯро бахшид. Имрӯз Яҳува моро ба воситаи воқеаҳои Китоби Муқаддас, адабиёти бар Навиштаҳо асосёфта, маслиҳати меҳрубононаи ҳамимоне огоҳ мекунад. Вақте ки мо ба огоҳиҳои Яҳува гӯш медиҳем, дилпур буда метавонем, ки Ӯ нисбати мо раҳмдилӣ зоҳир мекунад.

21. Вақте ки садоқатмандии мо ба Яҳува санҷида мешавад, мо бояд боқатъият чӣ кор кунем?

21 Яҳува лутфу марҳаматашро бо мақсади муайян зоҳир мекунад (2 Қӯр. 6:1). Ӯ ба мо имконият медиҳад, ки «чизҳои ба хости Худо муқобил ва хоҳишҳои дунёро» рад кунем. (Титус 2:11–14-ро хонед.) То даме ки мо «дар ин замона» зиндагӣ мекунем, бо вазъиятҳое дучор мешавем, ки дар онҳо садоқатмандии пурраи мо ба Яҳува санҷида мешавад. Биёед, ҳамеша боқатъият дар тарафи Яҳува монем, зеро Худи Ӯ мегӯяд: «Аз Худованд Худои худ битарс, Ӯро ибодат намо ва ба Ӯ бичасп» (Такр. Ш. 10:20).