Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 27

СУРУДИ 33 Аз онҳо натарсед!

Мисли Содӯқ далер бошед!

Мисли Содӯқ далер бошед!

«Содӯқ ҷавони пурзӯру далер... буд» (1 ВОҚ. 12:28).

МАҚСАД

Мо аз мисоли Содӯқ мефаҳмем, ки чӣ тавр далер бошем.

1, 2. Содӯқ кӣ буд? (1 Воқеанома 12:22, 26–28).

 САҲНАЕРО пеши назар оред: зиёда аз 340 000 мард дар кӯҳи Ҳебрӯн ҷамъ омадаанд, то ки Довудро бар тамоми Исроил подшоҳ таъйин кунанд. Дар давоми се рӯз овози суҳбати зинда, суруди ҳамду сано ва хандаи беғамашон шунида мешавад (1 Воқ. 12:39). Дар байни ин қадар мардон Содӯқ ном ҷавоне ҳаст. Ҳарчанд ӯ аз дигарон бештар назаррас нест, Яҳува маҳз аз ӯ ёдовар мешавад. (1 Воқеанома 12:22, 26–28-ро хонед.) Содӯқ кӣ буд?

2 Содӯқ коҳин буд ва бо саркоҳин Абётор паҳлу ба паҳлу хизмат мекард. Ӯ ҳамчунин ғайбдоне буд, ки нияти Худо ба ӯ ошкор мешуд ва соҳиби хиради худодод буд (2 Подш. 15:27). Барои ҳамин одамон аз Содӯқ маслиҳат мепурсиданд. Ғайр аз ин, ӯ бо далерияш аз дигарон фарқ мекард. Дар ин мақола гап дар бораи далерии ӯ меравад.

3. а) Чаро ба парастандагони Яҳува далерӣ даркор аст? б) Мо дар ин мақола чиро дида мебароем?

3 Дар ин рӯзҳои охир Шайтон бар халқи Худо ҳамлаҳои сахттару сахттар мекунад (1 Пет. 5:8). Азбаски мо нестшавии ин ҷаҳони бади Шайтонро интизорем, ба мо далерӣ даркор аст (Заб. 31:24). Биёед бинем, ки бо кадом се роҳ мо ба далерии Содӯқ пайравӣ карда метавонем.

ПОДШОҲИИ ХУДОРО ДАСТГИРӢ КУНЕД

4. Чаро барои дастгирӣ кардани Подшоҳии Худо ба мо далерӣ даркор аст? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)

4 Мо, ки халқи Яҳува ҳастем, аз таҳти дил Подшоҳии Худоро дастгирӣ мекунем (Мат. 6:33). Лекин барои ин ба мо далерӣ даркор аст. Масалан, дар дунёи бади Шайтон бе далерӣ расондани хушхабар ва аз рӯйи меъёрҳои Яҳува зиндагӣ кардан хеле душвор аст (1 Тас. 2:2). Боз дар ин дунёи ҷудоизадаву нотифоқ барои ба сиёсат дахолат накардан ба мо ҷасурӣ лозим аст (Юҳ. 18:36). Бисёре аз халқи Яҳува аз сабаби дахолат накардан ба сиёсат ё ба хизмати ҳарбӣ нарафтан аз ҷиҳати моддӣ зарар диданд, бо зӯроварӣ дучор гаштанд ё зиндонӣ шудаанд.

Вақте дигарон дар сиёсат ягон ҷонибро тарафдорӣ мекунанд, шумо чӣ кор мекунед? (Ба сархати 4 нигаред.)


5. Чаро ба Содӯқ барои дастгирӣ кардани Довуд далерӣ зарур буд?

5 Содӯқ ба Ҳебрӯн танҳо барои ҷашн гирифтани подшоҳии Довуд нарафта буд. Ӯ ҳамчунин барои ҷанг дасту остин барзада буд (1 Воқ. 12:38). Ӯ тайёр буд, ки Довудро дар ҷанг ҳамроҳӣ карда, Исроилро аз душманонаш ҳимоя кунад. Ҳарчанд Содӯқ ҷанговари ботаҷриба набуд, ӯ бо далерӣ барои муҳориба миён баста буд.

6. Чӣ тавр Довуд ба Содӯқ намунаи далерӣ гузошт? (Забур 138:3).

6 Содӯқи коҳин далериро аз куҷо ёд гирифт? Дар гирду атрофи ӯ шахсони далеру боқувват буданд, ва, бешубҳа, онҳо ба ӯ таъсири хуб мерасонданд. Масалан, азбаски Довуд дар ҷангҳо далерона халқи Исроилро сарварӣ мекард, тамоми мардум якдилона ӯро дастгирӣ карданд (1 Воқ. 11:1, 2). Довуд ҳангоми бо душманонаш ҷангидан ҳамеша ба Яҳува таваккал мекард. (Заб. 28:7; Забур 138:3-ро хонед.) Дар бари Содӯқ боз дигар мардони намунавӣ буданд: Еҳуёдоъ ва писари далераш Баноё ва боз 22 сардори қавм (1 Воқ. 11:22–25; 12:26–28). Ҳамаи ин мардон аз таҳти дил Довудро дастгирӣ карда, тайёр буданд, ки подшоҳии ӯро ҳимоя кунанд.

7. а) Аз намунаҳои ҳозиразамони далерӣ кӣ сазовори пайравӣ аст? б) Шумо аз бародар Нсилу чӣ меомӯзед? (Видеонаворро тамошо кунед.)

7 Мо чӣ тавр қуввату далерӣ пайдо карда метавонем? Агар дар бораи тарафдорони далери Яҳува мулоҳиза кунем. Масалан, вақте Шайтон ба Шоҳамон Исои Масеҳ таклиф кард, ки шарики ҷаҳони ӯ шавад, ӯ боқатъият ин таклифи Шайтонро рад кард (Мат. 4:8–11; Юҳ. 6:14, 15). Исо ҳамеша аз Яҳува қувват мепурсид. Имрӯз дар байни мо ҷавонони беҳисобе ҳастанд, ки бароямон намуна мебошанд. Онҳо дар асоси виҷдонашон аз хизмати ҳарбӣ даст кашиданд ё ба сиёсат дахолат намекунанд. Шумо саргузашти баъзеи онҳоро аз сомонаи jw.org ёфта метавонед a.

БА БАРОДАРУ ХОҲАРОН КУМАК КУНЕД

8. Дар кадом ҳолатҳо ба пирон далерӣ лозим аст, ки ҳамимононро дастгирӣ кунанд?

8 Халқи Яҳува бо ҷону дил дасти якдигарро мегиранд (2 Қӯр. 8:4). Баъзан барои ин далерӣ даркор мешавад. Масалан, вақте ки ҷанг сар мезанад, пирони маҳаллӣ мефаҳманд, ки бародару хоҳарон ба рӯҳбаландӣ, дастгирӣ ва озуқаи ҷисмониву рӯҳонӣ муҳтоҷ мешаванд. Ин чӯпонони ғамхор ҷонашонро дар хатар монда ба ёрии гӯсфандон мешитобанд (Юҳ. 15:12, 13). Пирон аз ин ҷиҳат ба намунаи Содӯқ пайравӣ мекунанд.

9. Мувофиқи 2 Подшоҳон 15:27–29 Довуд ба Содӯқ чӣ супориш дод? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)

9 Ҳаёти Довуд дар хатар буд, зеро писараш Абшолӯм тахти ӯро аз худ кардан мехост (2 Подш. 15:12, 13). Довуд маҷбур шуд, ки дарҳол аз Ерусалим баромада равад. Ӯ ба хизматгоронаш гуфт: «Биёед тезтар гурезем, ки аз дасти Абшолӯм ягонтои мо халос намешавад!» (2 Подш. 15:14). Вақте Довуду дӯстонаш аз шаҳр баромаданд, ӯ фикр кард, ки ақаллан ягон кас бояд дар Ерусалим монда, аз нақшаҳои Абшолӯм ӯро хабардор кунад. Барои ҳамин ӯ Содӯқ ва дигар коҳинонро ба Ерусалим барои ҷосусӣ фиристод. (2 Подшоҳон 15:27–29-ро хонед.) Онҳо бояд сахт эҳтиёт мешуданд. Онҳо ҳатто ҷонашонро аз даст дода метавонистанд. Агар Абшолӯми хиёнаткор, худпараст ва қасосгир аз ин кори онҳо хабардор мешуд, ба сари Содӯқ ва дигар коҳинон чӣ балоҳо меовард.

Довуд ба Содӯқ супориши хатарнок медиҳад (Ба сархати 9 нигаред.)


10. Чӣ тавр Содӯқу ҳамроҳонаш Довудро дастгирӣ карданд?

10 Довуд нақша кашида, Содӯқ ва дигар дӯсти содиқаш Ҳушойро барои ҷосусӣ фиристод (2 Подш. 15:32–37). Мувофиқи нақша амал карда Ҳушой боварии Абшолӯмро ба даст овард ва ба ӯ маслиҳати ҳарбие дод, ки ба фоидаи Довуд буд. Ин ба Довуд фурсат дод, ки ба ҳуҷуми Абшолӯм тайёр шавад. Сипас Ҳушой Содӯқу Абёторро аз ин хабардор кард (2 Подш. 17:8–16). Онҳо бошанд, ин хабарро ба Довуд расонданд (2 Подш. 17:17). Бо дастгирии Яҳува Содӯқ ва дигар коҳинон ҳаёти Довудро наҷот доданд (2 Подш. 17:21, 22).

11. Ҳангоми дастгирии ҳамимонон чӣ тавр мисли Содӯқ далер буда метавонем?

11 Агар аз шумо хоҳиш кунанд, ки дар замони хатарнок ба ҳамдинонатон кумак кунед, чӣ тавр ба далерии Содӯқ пайравӣ карда метавонед? 1) Аз рӯйи дастурот амал кунед. Дар чунин вазъиятҳо ягонагиро нигоҳ доштан муҳим аст, барои ҳамин аз рӯйи дастуроти филиал амал кунед (Ибр. 13:17). Пирон бояд мунтазам дастуроти чораҳои бехатариро дида бароянд, то аҳли ҷамоат вақти сар задани ягон офат чӣ кор карданашонро донанд (1 Қӯр. 14:33, 40). 2) Далер, вале эҳтиёткор бошед (Пнм. 22:3). Аз рӯйи хирад амал кунед. Ҳаёти худро беҳуда дар хатар намонед. 3) Ба Яҳува такя кунед. Дар ёд доред, ки барои ӯ ҳам бехатарии шумо ва ҳам бехатарии ҳамимононатон зарур аст. Ӯ ба шумо кумак мекунад, ки бародару хоҳаронро бо роҳи бехатар дастгирӣ кунед.

12, 13. Шумо аз Виктор ва Виталий чӣ меомӯзед? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)

12 Мисоли Виктор ва Виталийро мегирем. Ин ду пири рӯҳан баркамол дар минтақаи Украина ба ҳамимонон хӯрокворию об мекашонданд. Виктор мегӯяд: «Мо аз ҳама ҷо хӯрданӣ мекофтем. Ҳангоми иҷрои ин кор бисёр вақт дар гирдамон тирборон буд. Боре як бародар бисёр хӯрокворӣ хайрия кард. Ин саховатмандии ӯ муддате воизонро бо чизҳои зарурӣ таъмин кард. Вақте ки мо хӯроквориро ба мошин бор мекардем, тақрибан 20 метр дуртар мушаки ҳарбие афтод. Тамоми он рӯз ман Яҳуваро зора мезадам, ки ба ман далерӣ диҳад, то минбаъд низ ба бародару хоҳарон кумак карда тавонам».

13 Виталий мегӯяд: «Ба мо далерии бисёр даркор буд. Сафари якумам 12 соат давом кард. Ман тамоми роҳ ба Яҳува дуо мегуфтам». Виталий далер ва ҳамзамон эҳтиёткор буд. Ӯ илова мекунад: «Ман аз Яҳува хирад ва хоксорӣ мепурсидам. Ман танҳо бо роҳҳое мерафтам, ки ҳокимиятдорон иҷозат дода буданд. Вақте медидам, ки чӣ тавр бародару хоҳарон якҷоя ҳамкорӣ мекунанд, имонам қавӣ мегашт. Баъзеҳо монеаҳоро аз роҳ тоза мекарданд, дигарон ёрии башардӯстонаро ҷамъ карда, ба мошин бор мекарданд, баъзеи дигар моро мехӯронданд ва бароямон ҷойи хоб тайёр мекарданд, то дам гирифта тавонем».

Ҳангоми дастгирии ҳамимонон далер ва ҳамзамон эҳтиёткор бошед (Ба сархатҳои 12 ва 13 нигаред.)


БА ЯҲУВА СОДИҚ МОНЕД

14. Вақте шахси наздикамон аз Яҳува рӯй мегардонад, ин ба мо чӣ хел таъсир мекунад?

14 Албатта, душвориҳо моро рӯҳафтода мекунанд. Лекин аз Яҳува рӯй гардондани аъзои оила ё дӯсти наздик моро бештар дилшикаста месозад (Заб. 78:40; Пнм. 24:10). Ҳар қадаре бо чунин шахс наздиктар бошем, ҳамон қадар ба ин вазъият тан додан душвортар аст. Агар шумо дар ин ҳолат бошед, намунаи вафодории Содӯқ шуморо қувват мебахшад.

15. Чаро барои ба Яҳува вафодор мондан ба Содӯқ далерӣ даркор буд? (3 Подшоҳон 1:5–8).

15 Вақте дӯсти наздики Содӯқ, Абётор, хиёнаткор шуд, Содӯқ ба Яҳува вафодор монд. Ин дар охирҳои подшоҳии Довуд рӯй дод. Довуд хеле пиронсол гашта буд ва писараш Адӯниё хост, ки тахти падарашро соҳиб шавад, ҳарчанд Яҳува онро ба Сулаймон ваъда дода буд (1 Воқ. 22:9, 10). Абётори коҳин бошад, Адӯниёро дастгирӣ кард. (3 Подшоҳон 1:5–8-ро хонед.) Бо ин кораш ӯ на танҳо ба Довуд, балки ба Яҳува низ хиёнат кард. Ин барои Содӯқ як зарбаи сахт буд! Охир, ӯ бо Абётор зиёда аз 40 сол бар ба бар хизмат карда буд (2 Подш. 8:17). Онҳо якҷоя коҳин буданд ва «сандуқи Худоро» нигоҳубин мекарданд (2 Подш. 15:29). То ин дам онҳо подшоҳии Довудро дастгирӣ мекарданд ва боз дигару дигар корҳоро якҷоя мекарданд (2 Подш. 19:11–14).

16. Чаро Содӯқ тавонист ба Яҳува вафодор монад?

16 Ба интихоби Абётор нигоҳ накарда Содӯқ ба Яҳува вафодор монд. Довуд ҳам ба вафодории Содӯқ ягон зарра шубҳа надошт. Вақте тири Адӯниё хок хӯрд, Довуд аз Содӯқ, Нотон ва Баноё хоҳиш кард, ки Сулаймонро шоҳ тадҳин кунанд (3 Подш. 1:32–34). Содӯқ аз хизматгорони бовафои Яҳува, ба монанди Нотон ва дигар ёрони шоҳ Довуд, дурӣ намеҷуст ва дӯстӣ бо онҳо ӯро қувват бахшида, далер мекард (3 Подш. 1:38, 39). Вақте Сулаймон бар тахти шоҳӣ нишаст, ӯ Содӯқро ба ҷойи Абётор коҳин таъйин намуд (3 Подш. 2:35).

17. Агар шахси наздикатон аз Яҳува рӯй гардонад, аз Содӯқ чӣ ибрат гирифта метавонед?

17 Шумо чӣ тавр ба Содӯқ пайравӣ карда метавонед? Агар ягон шахси наздикатон аз роҳи ростӣ дур шавад, қатъиян қарор кунед, ки Яҳуваро тарафдорӣ мекунед (Юшаъ 24:15). Яҳува ба шумо қуввату далерӣ мебахшад. Ба ӯ такя кунед, аз бародару хоҳарони содиқ худро дур нагиред. Яҳува вафодории шуморо қадр мекунад ва, албатта, шуморо бе мукофот намемонад (2 Подш. 22:26).

18. Шумо аз саргузашти Марко ва Сидсе чӣ меомӯзед?

18 Биёед мисоли Марко ва занаш Сидсеро, ки ду духтарашон аз роҳи ростӣ рафтанд, дида бароем. Марко мегӯяд: «Вақте ту тифлаки навзодатро ба даст мегирӣ, муҳаббатат ҷӯш мезанад. Ту медонӣ, ки, то ҷое аз дастат меояд, ӯро аз ҳар хатар ҳимоя мекунӣ. Барои ҳамин, вақте духтаронамон аз Яҳува рӯй гардонданд, дилам реш-реш шуд». Ӯ давом медиҳад: «Лекин Яҳува ҳамеша дар бари мо буд. Вақте ман суст будам, ҳамсарам бақувват буд, ва, вақте ӯ суст буд, ман бақувват будам». Занаш Сидсе мегӯяд: «Агар Яҳува моро қувват намебахшид, мо ҳеҷ гоҳ ин бори ғамро бардошта наметавонистем. Ман барои ҳамааш худро айбдор мекардам, аз ин рӯ ба Яҳува диламро холӣ кардам. Якчанд рӯз пас як хоҳаре, ки чандин сол боз надида будам, ба наздам омад. Ӯ маро ба оғӯш гирифту ба чашмам нигоҳ карда гуфт: “Сидсе, дар ёд дор: ин айби ту нест”. Бо дастгирии Яҳува ман хизматамро хурсандона давом додам».

19. Шумо ба чӣ азм доред?

19 Яҳува мехоҳад, ки ҳамаи парастандагонаш мисли Содӯқ далер бошанд (2 Тим. 1:7). Лекин ӯ намехоҳад, ки мо ба қуввати худамон такя кунем, балки аз ӯ ёрдам пурсем. Барои ҳамин, ҳар вақте ба шумо далерӣ даркор шавад, ба ӯ рӯ оред. Дилпур бошед, ки ӯ шуморо мисли Содӯқ далер карда метавонад (1 Пет. 5:10).

СУРУДИ 43 Устувор, бедор ва қавӣ бошед!