Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Маслиҳатҳо барои омӯзиш

Маслиҳатҳо барои омӯзиш

Дар бораи хислатҳои бебаҳои Яҳува бештар фаҳмед

Ҳангоми хондани Китоби Муқаддас мо аз маводҳои гуногун истифода бурда метавонем, то чизи хондаамонро беҳтар фаҳмем. Лекин мақсади мо танҳо ҷамъ кардани далелҳо нест. Мо мехоҳем Яҳуваро сахттар дӯст дорем. Барои ин бояд ҳар дафъа дар бораи ӯ чизҳои нав ба навро ёбем. Китоби Муқаддасро хонда аз худ пурсед: «Аз ин порча дар бораи Яҳува чиро фаҳмидам?»

Мо метавонем ба он диққат кунем, ки чӣ тавр Яҳува муҳаббат, хирад, адолат ва қувваташро зоҳир мекунад. Лекин Яҳува фақат чор хислат надорад: ӯ сифатҳои дигар низ дорад. Дар бораи дигар сифатҳои олиҷанобаш аз куҷо маълумоти бештар гирем?

Ба «Роҳнамо барои Шоҳидони Яҳува» зери мавзуи «Яҳува Худо», зерсарлавҳаи «Хислатҳои Яҳува» нигаред. Ҳангоми хондани Китоби Муқаддас фикр кунед, ки аз порчаи хондаатон дар бораи кадом хислати Яҳува фаҳмидан мумкин ва онро таҳқиқ кунед.