Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

КУМАК БА МОТАМЗАДАГОН

Беҳтарин кумак барои мотамзадагон

Беҳтарин кумак барои мотамзадагон

СОЛҲОИ ОХИР ДАРДУ СӮЗИ МАРГИ ШАХСИ НАЗДИК МАВЗУИ ТАҲҚИҚУ ОМӮЗИШҲО ШУДААСТ. Лекин, чи хеле ки аллакай қайд кардем, беҳтарин маслиҳатҳои равоншиносон бо маслиҳатҳои хирадмандонаи Китоби Муқаддас ҳамоҳанганд. Ин нишон медиҳад, ки роҳнамоиҳои ин китоби қадима куҳна намешаванд. Китоби Муқаддас на фақат манбаи маслиҳатҳои боваринок аст, он маълумотеро дар бар мегирад, ки шахсони мотамзадаро дар ҳақиқат тасаллӣ дода метавонад.

  • Шахсоне, ки аз даст додем, азоб намекашанд

    Дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад, ки «мурдаҳо ҳеҷ чизро намедонанд» ва дар рӯзи марг «фикрҳояш[он] нест мешаванд» (Пандгӯ 9:5; Забур 146:4). Барои ҳамин Китоби Муқаддас маргро ба хоб монанд мекунад (Юҳанно 11:11).

  • Боварӣ ба Худои пурмеҳр тасаллӣ мебахшад

    Дар Китоби Муқаддас, дар Забур 34:15, гуфта шудааст: «Чашмони Яҳува a сӯйи росткорон аст ва гӯшҳояш сӯйи нолаву зории онҳо». Ба Худо дар дуо дилро холӣ кардан ин ба ягон одам дарди дил кардан ё як роҳи ҷилави фикрҳоро гирифтан нест. Дуо кумак мекунад, ки бо Офаридгорамон, ки қудраташро барои дилбардорӣ кардани мо истифода бурда метавонад, муносибати наздик инкишоф диҳем.

  • Ояндаи беҳтар дар пеш аст

    Танҳо тасаввур кунед: ба қарибӣ мурдагон зинда шуда боз дар рӯйи замин зиндагӣ мекунанд! Дар Китоби Муқаддас дар бораи ин замон бисёр маълумот дода шудааст. Масалан, дар он гуфта шудааст, ки Худо он вақт барои одамон чунин мекунад: «Ӯ ҳар ашкро аз чашмони онҳо пок мекунад ва марг дигар намешавад, гиря, фиғон ва дард дигар намешавад» (Ошкорсозӣ 21:3, 4).

Бисёри касоне, ки ба Яҳува Худо имон доранд, дилпуранд, ки боз наздикони гумкардаашонро мебинанд ва ба туфайли ин умед онҳо ба дарди ҷудоӣ тоб оварда истодаанд. Энн, ки баъди 65 соли оиладорӣ шавҳарашро аз даст дод, мегӯяд: «Аз Китоби Муқаддас медонам, ки мурдаҳо азоб намекашанд ва Худо ҳамаи онҳоеро, ки дар хотираш ҳастанд, зинда мекунад. Ҳар боре ки дарди ҷудоӣ мекашам, ин фикрҳо ба ёдам меоянд. Онҳо ба ман қувват мебахшанд, то ба сахттарин озмоиши ҳаётам тоб орам».

Тина, ки дар борааш дар мақолаҳои гузашта гуфтем, нақл мекунад: «Аз рӯзи марги Тимо то ба имрӯз ман дастгирии Худоро ҳис мекунам. Яҳува дар рӯзҳои сахти ҳаётам ба ман дасти ёрӣ дароз кард. Ваъдаи Китоби Муқаддас дар бораи зиндашавии мурдаҳо бароям умеди воқеӣ аст. Ин умед ба ман қувват мебахшад ва ман бо фикри он ки боз бо Тимо вомехӯрам, зиндагӣ мекунам».

Миллионҳо нафароне, ки ба боваринок будани ваъдаҳои Китоби Муқаддас дилпуранд, бо суханони ин ду зани ғамдида розиянд. Шояд, ин ваъдаҳо ба назаратон мисли афсонаи зебое тобанд. Лекин, хуб мебуд фаҳмед, ки то чӣ андоза ваъдаҳои Китоби Муқаддас сазовори бовариянд. Шояд, он гоҳ худатон дилпур шавед, ки Китоби Муқаддас барои онҳое, ки шахси наздикашонро аз даст доданд, беҳтарин кумак аст.

ФАҲМЕД, КИ МУРДАГОНРО ЧӢ ДАР ПЕШ АСТ

Дар ин мавзуъ аз сомонаи jw.org видеонаворҳоро тамошо кунед.

Китоби Муқаддас ваъда медиҳад, ки дар оянда мо шахсони гумкардаамонро пешвоз мегирем

МУРДАҲО ДАР ЧӢ ҲОЛАТАНД?

Баъди мурдан бо одам чӣ рӯй медиҳад? Ҷавоби Китоби Муқаддас тасаллидиҳандаю умедбахш аст.

Ба бахши КИТОБХОНА >ВИДЕОНАВОРҲО дароед. (Сипас ба КИТОБИ МУҚАДДАС > ТАЪЛИМОТИ КАЛОМИ ХУДО дароед.)

ХАБАРҲОИ ХУШРО ФАҲМИДАН МЕХОҲЕД?

Имрӯз, ки ҳаёт пур аз хабарҳои бад аст, хабарҳои хушро аз куҷо фаҳмем?

Ба бахши ТАЪЛИМОТИ КИТОБИ МУҚАДДАС >ОРОМӢ ВА ХУШБАХТӢ дароед.

a Мувофиқи Китоби Муқаддас, Яҳува номи Худо аст.