Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МУСОҲИБА | ФАН ЮЙ

Барномасоз дар бораи имони худ нақл мекунад

Барномасоз дар бораи имони худ нақл мекунад

ДОКТОРИ ИЛМ Фан Юй фаъолияти худро чун математик дар институти атомии энергетикӣ, ки дар назди шаҳри Пекин ҷойгир аст, сар кард. Он вақт ӯ атеист буд ва ба назарияи эволютсия бовар мекард. Аммо ҳозир ӯ боварӣ дорад, ки ҳаётро Худо офаридааст. Яке аз нависандагони маҷаллаи «Бедор шавед!» аз ӯ дар бораи имонаш мусоҳиба мегирад.

Каме дар бораи худ нақл кунед.

Ман соли 1959 дар шаҳри Фучжоу ноҳияи тобеи Хитой, Сзянси, таваллуд шудаам. Вақте ман ҳаштсола будам, дар мамлакат инқилоби маданӣ давом дошт. Падарам муҳандис-сохтмончӣ буд ва дар биёбонҳои дурдаст бо ҳамкоронаш роҳи оҳан месохтанд. Барои ҳамин ӯ моро тӯли солҳои зиёд, дар як сол як бор, хабар мегирифт. Ман бо модарам будам, ки ӯ он вақт дар мактаби ибтидоӣ дарс медод. Мо дар он мактаб зиндагӣ мекардем. Соли 1970 мо ба деҳаи Люфан, ки дар ноҳияи Линчуан буд, кӯчидем. Дар он деҳаи қашшоқ мо аз ҷиҳати хӯрду хӯрок танқисӣ мекашидем.

Оилаи шумо ба чӣ бовар мекард?

Падарам ба дин ва сиёсат шавқ надошт. Модарам пайрави дини буддоӣ буд. Ба ман бошад, дар мактаб таълим медоданд, ки ҳаёт худ аз худ, дар натиҷаи раванди табиӣ пайдо шудааст ва ман ба гуфтаҳои муаллимонам бовар мекардам.

Чаро шумо ба математика шавқ пайдо кардед?

Ба ман математика маъқул буд, чунки дар он ба воситаи фикрронии мантиқӣ ҳақиқати ҳолро фаҳмидан мумкин аст. Соли 1976, каме пас аз марги роҳбари инқилоб Мао Сзедун, ман ба донишгоҳ дохил шудам. Ман математикаро фанни асосии худ интихоб кардам. Баъд аз маълумоти олӣ (унвони магистр) гирифтанам, кори аввалинам тадқиқи математикии сохти реакторҳои атомӣ буд.

Пештар шумо дар бораи Китоби Муқаддас чӣ фикр доштед?

Соли 1987 ман ба Иёлоти Муттаҳида ба яке аз донишгоҳҳои Техас рафтам (Texas A&M University). Дар он ҷо барои соҳиби унвони докторӣ гаштан, таҳқиқ мегузарондам. Ман медонистам, ки дар Амрико бисёриҳо ба Худо бовар мекунанд ва Китоби Муқаддасро мехонанд. Ҳамчунин ман шунида будам, ки дар Китоби Муқаддас маслиҳатҳои хирадмандона зиёданд ва ман фикр кардам, ки онро бояд хонам.

Вақте ман хониши Китоби Муқаддасро сар кардам, он ба назарам фоиданок метофт. Аммо каме баъдтар хондани онро бас кардам, чунки баъзе ҷойҳояш душворфаҳм буд.

Чӣ тавр шавқи шумо аз нав ба Китоби Муқаддас бедор шуд?

Фикр дар бораи Офаридгор барои ман нав буд, аз ин рӯ қарор кардам, ки худам тадқиқот мегузаронам

Соли 1990 яке аз Шоҳидони Яҳува ба хонаам омада ба ман нишон дод, ки Китоби Муқаддас дар бораи ояндаи хубе, ки инсониятро интизор аст, чӣ мегӯяд. Ӯ як ҷуфти ҳамсаронро ба пеши ман фиристод, то онҳо ба ман барои фаҳмидани Китоби Муқаддас ёрдам кунанд. Ҳамсарам Ли Пин дар Хитой аз фанни физика дарс медод. Ҳарчанд ӯ низ атеист буд, вале баъдтар омӯзиши Китоби Муқаддасро сар кард. Мо фаҳмидем, ки Китоби Муқаддас дар бораи пайдоиши ҳаёт чӣ мегӯяд. Фикр дар бораи Офаридгор барои ман нав буд, аз ин рӯ қарор кардам, ки худам тадқиқот мегузаронам.

Баъд чӣ шуд?

Чун математик ман ҳисоб кардани тахмини рӯй додани воқеаҳоро омӯхта будам. Ҳамчунин ман фаҳмида будам, ки барои он ки ҳаёт худ аз худ пайдо шавад, сафедаҳо бояд аллакай вуҷуд дошта бошанд. Ман кӯшиш кардам, ки эҳтимолияти дар натиҷаи раванди идоранашаванда пайдо шудани сафедаро ҳисоб кунам. Сафедаҳо яке аз мураккабтарин молекулаҳои ба одамон маълум мебошанд. Ҳуҷайраҳои зинда бошанд, дар дохили худ ҳазорон навъ сафедаҳо дошта метавонанд, ки онҳо ба якдигар ба таври хеле мураккабу аниқ таъсири мутақобила мерасонанд. Ман мисли баъзе одамони дигар фаҳмидам, ки эҳтимолияти он ки сафеда худ аз худ пайдо шудааст, аз ҳақиқат дур аст ва ҳатто онро имконнопазир гуфтан мумкин аст. Бар замми ин ман дар назарияи эволютсия ягон маълумоти қонеъкунандаро нахонда будам, ки чӣ тавр ин молекулаҳои хеле мураккаб худашон худашонро сохта метавонанд ё чӣ тавр аз онҳо организмҳои зинда пайдо шуда метавонистанд. Ман ба хулосае омадам, ки Офаридгор вуҷуд дорад.

Чӣ шуморо боварӣ бахшид, ки Китоби Муқаддас аз тарафи Худо аст?

Бо Шоҳидони Яҳува омӯзиши Китоби Муқаддасро давом дода фаҳмидам, ки дар Китоби Муқаддас бисёр пешгӯйиҳое ҳастанд, ки батафсил иҷро шудаанд. Ман ҳамчунин аз иҷро кардани маслиҳатҳои Китоби Муқаддас манфиат гирифтам. Ва ҳайрон мешудам, ки чӣ хел гуфтаҳои хирадмандонаи Китоби Муқаддасро, ки ҳазорҳо сол пеш навишта шудаанд, то ҳол истифода бурдан мумкин аст. Ҳамин тавр ман оҳиста-оҳиста боварӣ ҳосил кардам, ки Китоби Муқаддас Каломи Худост.

Боз чӣ шуморо боварӣ мебахшад, ки Офаридгор вуҷуд дорад?

Вақте ман дар бораи сохти табиат мулоҳиза меронам, вуҷуд доштани Худоро рад карда наметавонам. Айни ҳол ман барои компютерҳо барнома месозам ва бисёр вақт ба ҳайрат меоям, ки майнаи сарамон аз барномаҳои компютерӣ чандин баробар болотар аст. Майнаи сари инсон қобилияти аҷоиб дорад, масалан, он метавонад фарқ кунад, ки кӣ гап мезанад ва чӣ мегӯяд. Бисёре аз мо ба осонӣ метавонад суханро фаҳмад, ҳатто агар он ҷумлаи нопурра бошад ҳам ва ё мо ҳангоми гап задан хандем, сулфем ва лакнати забон дошта бошем. Майнаи сари одам ба тарзи талаффуз, акси садо, ғалоғулаи беруна ё халали телефонӣ нигоҳ накарда, метавонад ба маънои сухани дигарон сарфаҳм равад. Шояд шумо гӯед, ки ин чизҳои одӣ аст. Вале созандагони барномаҳо медонанд, ки ин дар асл хеле мураккаб аст. Ҳатто барномаи беҳтарине, ки барои пай бурдани нутқ сохта шудааст, дар пеши майнаи сари инсон ҳеҷ аст.

Баръакси компютерҳои мураккаб, майнаи сари мо ҳиссиётҳоро пай мебарад ва аз рӯйи тарзи талаффуз лаҳҷа ва кӣ будани гӯяндаро мефаҳмад. Созандагони барнома кӯшиш карда истодаанд, то компютерҳое созанд, ки ба монанди майнаи сари одам нутқро шиносад. Ман боварӣ дорам, ки чунин карда, онҳо амали дастҳои Худоро омӯхта истодаанд.