Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Агар ту дар иродаи худ устувор бошӣ, ту аз ҳеҷ гуна тӯфон наметарсӣ

БАРОИ ҶАВОНОН

9: Шахсият

9: Шахсият

ИН ЧӢ МАЪНО ДОРАД?

Шахсият на танҳо ном ва намуди зоҳирии инсонро дар бар мегирад. Он инчунин хислатҳо, эътиқод, табиат ва хулқу атвори касро ифода мекунад. Хулоса, шахсияти шумо аз олами ботинӣ ва зоҳирии шумо иборат аст.

ЧАРО ЧӢ ГУНА ШАХС БУДАНИ ХУДРО МУАЙЯН КАРДАН МУҲИМ АСТ?

Агар ту дар эътиқоди худ қавӣ бошӣ, дар иродаат устувор меистӣ ва ба ҳамсолонат намегузорӣ, ки туро идора кунанд.

«Бисёр одамон мисли манекенҳои мағоза мебошанд. Онҳо чӣ гуна либос пӯшиданро худашон интихоб намекунанд, ба ҷояшон инро дигарон мекунанд» (Адриан).

«Ҳатто мушкил бошад ҳам, ман дуруст рафтор мекунам ва дар раъйи худ устувор монданро ёд гирифтам. Дар иҳотаи онҳое, ки ман худро озод ҳис мекунам, ҳамон шахсон дӯстони ҳақиқии мананд. Чунки меъёрҳои ахлоқии маро ҳурмат мекунанд» (Каролина).

ПРИНСИПИ КИТОБИ МУҚАДДАС: «Дигар худро ба одамони ин ҷаҳон ҳамшакл насозед, балки ақли худро нав карда, дигаргун шавед» (Румиён 12:2).

ЧӢ МЕТАВОН КАРД?

Ҷиҳатҳои хуб, камбудиҳоят ва инчунин ба чӣ эътиқод доштанатро муайян карда, ба худ баҳо деҳ, ки ҳоло чӣ гуна инсонӣ ва чӣ гуна шудан мехоҳӣ. Барои ин ба ту саволҳои зерин кӯмак мекунанд.

Ҷиҳатҳои хуб: Ман аз ӯҳдаи кадом корҳо мебароям ва чӣ гуна қобилиятҳо дорам? Чӣ гуна хислатҳои хуб дорам? (Масалан, оё ман ба ҷойи лозима дер накарда меоям ва ҳама корро сари вақт мекунам? Худдорӣ дорам? Оё меҳнатдӯстам? Дасткушодам?) Дар ҳаёт кадом корҳои некро ба ҷо меорам?

МАСЛИҲАТ: Агар ба ту муайян кардани ҷиҳатҳои хубат душвор бошад, аз волидон ё аз дӯсти наздикат метавонӣ пурсӣ, ки онҳо кадом хислатҳои туро қадр мекунанд ва барои чӣ.

ПРИНСИПИ КИТОБИ МУҚАДДАС: «Бигзор ҳар кас ба кори худ диққат диҳад, он гоҳ ӯ метавонад аз корҳои худ хурсандӣ гирад, бе он ки худро бо дигарон муқоиса кунад» (Ғалотиён 6:4).

Камбудиҳо: Кадом хислати нохубамро бояд партоям ва кадом хислатҳои хубро бояд бештар инкишоф диҳам? Хусусан дар кадом ҳолатҳо дар ман васваса пайдо мешавад, ки нодуруст рафтор кунам? Дар кадом чиз ба ман худдорӣ намерасад?

ПРИНСИПИ КИТОБИ МУҚАДДАС: «Агар гӯем, ки бегуноҳ ҳастем, худро фиреб медиҳем ва дар мо ростӣ нест» (1 Юҳанно 1:8).

Эътиқод: Ман аз рӯйи кадом меъёрҳои ахлоқӣ зиндагӣ мекунам? Оё ман ба Худо бовар мекунам? Барои чӣ ман боварӣ дорам, ки Ӯ ҳаст? Кадом амалҳоро ман беинсофӣ меҳисобам ва чаро? Ояндаро ман чӣ гуна тасаввур мекунам?

ПРИНСИПИ КИТОБИ МУҚАДДАС: «Фаросат туро нигаҳбонӣ хоҳад намуд, хирад туро муҳофизат хоҳад кард» (Масалҳо 2:11).