БАРОИ ВОЛИДОН
5: Муошират
ИН ЧӢ МАЪНО ДОРАД?
Муоширати самимӣ байни волидон ва фарзандон ҳамон вақт баргузор мегардад, агар ҳар ду тараф фикру ҳиссиёти худро озодона баён кунанд.
ЧАРО МУОШИРАТ МУҲИМ АСТ?
Ба волидон хусусан бо наврасон муошират кардан душвор аст. Вақте онҳо хурд буданд, зуд дари дилашонро кушода ба шумо ҳама гапро мегуфтанд. Вале баъди наврас шудан бо шумо кам гап мезананд. Шумо гӯё дар беруни «дар» интизор шуда меистед, ки кай онро мекушоянд. Баъзан, шумо онро якчанд бор тақ-тақ кунед ҳам, он ҳеҷ кушода намешавад. Вақте чунин рӯй медиҳад, мумкин шумо фикр кунед, ки фарзандатон бо шумо гап задан намехоҳад. Лекин маҳз дар ин вақт ӯ бештар ба муошират мӯҳтоҷ аст.
ЧӢ МЕТАВОН КАРД?
Ҳар вақте ки фарзанди наврасатон ба гап задан моил бошад, ба гӯш кардани вай тайёр бошед. Гоҳ вақт барои ин аз баҳри хоб баромадан лозим меояд.
«Баъзан мехоҳӣ, ки чунин гӯйӣ: “Ҳозир вақти гап заданатро ёфтӣ? Охир, ман рӯзи дароз дар пешат будам, барвақттар гап зада намешуд?!” Вале вақте фарзанд дилашро кушоданӣ мешавад, магар волидон шикоят мекунанд? Албатта, не! Ҳар як падару модар инро мехоҳад» (Лиза).
«Ба ман маъқул аст, ки шаб барвақттар хоб равам, вале бисёр вақт сӯҳбати ман бо фарзандони наврасам маҳз дар бевақтии шаб метасфид» (Шӯҳрат).
ПРИНСИПИ КИТОБИ МУҚАДДАС: «Бигзор ҳар кас фоидаи худро неву фоидаи каси дигарро ҷӯё бошад» (1 Қӯринтиён 10:24).
Вақте фарзандон гап мезананд, бодиққат бошед. Як падар иқрор мешавад: «Баъзан ман пай мебарам, ки ҳангоми сӯҳбат бо фарзандонам ҳушам ба корҳои худам меравад. Онҳо бошанд, инро ҳис мекунанд. Бачаҳоро фиреб карда намешавад!»
Агар шумо ҳам дар худ инро пай бурда бошед, пас минбаъд дар вақти сӯҳбат телевизорро хомӯш кунед ва таҷҳизоти электрониро як сӯ гузоред. Диққатро ба чизе ки фарзандатон мегӯяд, равона кунед. Гуфтаҳои ӯ ба назаратон начандон муҳим тобанд ҳам, ба он пурра таваҷҷӯҳ кунед.
«Мо бояд фарзандонамонро боварӣ бахшем, ки ҳиссиёти онҳо бароямон муҳим аст. Дар акси ҳол онҳо дилашонро ба мо намекушоянд ва барои кӯмак ба дигар кас муроҷиат мекунанд» (Мария).
«Ҳатто фарзандатон сафсата хонад ҳам, худро ба даст гирифта ӯро гӯш кунед» (Энтони).
ПРИНСИПИ КИТОБИ МУҚАДДАС: «Ба он аҳамият диҳед, ки чӣ тавр гӯш медиҳед» (Луқо 8:18).
Барои сӯҳбат имконият ҷӯед. Назар ба рӯ ба рӯ нишаста онҳоро саволу ҷавоб кардан, фарзандон бештар ҳангоми якҷоя кардани корҳои хона худро бо волидон озодтар ҳис мекунанд ва ба сӯҳбат моиланд.
«Мо ҳангоми бо мошин рафтан сӯҳбат мекунем. Вақте ту рӯ ба рӯ нею, дар паҳлуи кас мешинӣ, худро озодтар ҳис мекунӣ ва сӯҳбат хуш мегузарад» (Надя).
Дар сари дастархон сӯҳбат кардан низ ба кӯдак имконият медиҳад, ки баҳузур гапҳояшро гӯяд.
«Мо як одати хуб дорем. Дар сари хӯроки шом мо доимо ба якдигар нақл мекунем, ки дар давоми рӯз бо мо кадом чизҳои хуб ва бад рӯй доданд. Ин моро бо ҳам тифоқ месозад ва боварӣ мебахшад, ки дар вақти душвориҳо мо танҳо нестем» (Фаридун).
ПРИНСИПИ КИТОБИ МУҚАДДАС: «Ҳар кас бояд дар шунидан бошитоб, вале дар гуфтан... оҳиста бошад» (Яъқуб 1:19).