РОҲ БА СӮЙИ ХУШБАХТӢ
Бахшидан
«ДАР КӮДАКИАМ МАН ФАҚАТ ҲАҚОРАТУ ДОДУ ВОЙРО МЕШУНИДАМ»,— мегӯяд зане бо номи Патрисия. «Ман бахшиданро наомӯхта будам. Ҳатто вақте калон шудам, аз дигарон хафа шуда чанд рӯз дар дилам гирифта мегаштам ва ҳатто шабҳо хобам намебурд. Дар ҳақиқат, ранҷидан ва қаҳру ғазаб шахсро на хушбахт мекунаду на солим. Тадқиқотҳо низ исбот мекунанд, ки агар шахс бахшанда набошад, метавонад...
-
ба ғазаб омада ё хафа шуда муносибаташро бо дигарон вайрон созад ва оқибат танҳо монад
-
тез хафа шавад, аз пашша фил созад ё ҳатто аз зиқӣ ба депрессия афтад
-
ба чизҳои бад сахт аҳамият дода, зиндагиашро талх кунад
-
аз фаҳмидани он ки кори нодуруст карда истодааст, азоб кашад
-
бештар асабӣ шавад ва ба саломатиаш зарар расонад, масалан, фишори хунаш баланд шавад, ба касалиҳои дил гирифтор гардад, буғумдарду сардард шавад *.
БАХШИДАН ЧӢ МАЪНО ДОРАД? Ин аз гуноҳи касе гузаштан, аз сари қаҳру ғазаб фаромадан, ба дил кина нагирифтан ва нияти бад надоштан мебошад. Ин маънои онро надорад, ки мо кирдори нодурустро сафед кунем ё тавре рафтор кунем, ки гӯё чизе рӯй надодааст. Бахшидан ин амалест, ки аз рӯйи меҳру муҳаббат карда мешавад ва шахс инро ба хотири нигоҳ доштани сулҳу оромӣ ва муносибатҳои нағз мекунад.
Ғайр аз ин, шахсе, ки мебахшад, мефаҳмад, ки ҳамаи мо нокомилем ва ҳамаамон дар гуфтор ё рафтор хато мекунем (Румиён 3:23). Барои ҳамин дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст: «Ҳатто агар касе барои аз дигаре шикоят кардан сабаб дошта бошад, нисбати якдигар пурсабр бошед ва якдигарро бо омодагӣ бахшед» (Қӯлассиён 3:13).
Бахшидан нишонаи муҳаббате аст, ки «ягонагии пурра меорад» (Қӯлассиён 3:14). Дар ҳақиқат, мувофиқи як сайти тиббӣ бахшидан ба кас ёрдам мекунад, ки...
-
нисбати шахси гунаҳкор ҳамдарду меҳрубон бошад, ҳолати ӯро фаҳмад ва муросо кунад;
-
ҳолати рӯҳиву равониаш беҳтар шавад ва муносибаташ бо Худо наздиктар гардад;
-
аз ҳад зиёд ташвиш накашад, ғам нахӯрад ва ба хашму ғазаб дода нашавад;
-
аломатҳои депрессияро камтар кунад.
НИСБАТИ ХУД БАХШАНДА БОШЕД. Дар маҷаллаи «Маъюбӣ ва барқароршавӣ» омадааст, ки худро бахшидан кори хеле душвор аст, аммо ин барои ҷисман ва рӯҳан солим мондан муҳим аст («Disability & Rehabilitation»). Чӣ ба шумо кӯмак мекунад, то нисбати худ бахшанда бошед?
-
Нисбати худ серталаб набошед, ба гардан гиред, ки шумо низ мисли дигарон хато мекунед (Воиз 7:20).
-
Аз хатоҳои худ дарс гиред, то онҳоро ҳар чӣ камтар такрор кунед.
-
Нисбати худ пуртоқат бошед. Барои дигар шудан вақт лозим аст, чунки аз баъзе одатҳои бад халос шудан осон нест (Эфсӯсиён 4:23, 24).
-
Бо одамоне дӯстӣ кунед, ки рӯҳбаланд мекунанд, таъсири хуб мерасонанд, меҳрубонанд ва ҳамзамон рости гапро мегӯянд (Масалҳо 13:20).
-
Вақте ягон касро хафа мекунед, ба гуноҳатон иқрор шавед ва дарҳол бахшиш пурсед. Агар сулҳҷӯ бошед, дар дил оромӣ пайдо мекунед (Матто 5:23, 24).
МАСЛИҲАТҲОИ КАЛОМ ФОИДАНОКАНД
Патрисия, ки дар борааш дар аввали мақола гуфтем, баъд аз омӯхтани Китоби Муқаддас бахшиданро ёд гирифт. Ӯ мегӯяд: «Ман аз хашм, ки ҳаётамро заҳролуд мекард, халос шудам. Ҳоло ман на худам азоб мекашаму на дигаронро азоб медиҳам. Аз Китоби Муқаддас ман фаҳмидам, ки Худо моро дӯст медорад ва мехоҳад, ки мо хушбахт бошем».
Марде бо номи Рон низ фаҳмид, ки ба кор бурдани маслиҳатҳои Каломи Худо оромӣ мебахшад. Ӯ дар ин бора мегӯяд: «Ман фикру рафтори одамонро дигар карда наметавонам, лекин худамро дигар карда метавонам. Барои ҳамин, агар ман оромию осоиштагиро хоҳам, бояд қаҳру ғазабро аз худ дур кунам. Осоиштагӣ ва қаҳру ғазаб барои ман мисли шимол ва ҷануб ду чизи муқобилу аз ҳам дур мебошад. Чи хеле ки яку якбора дар ҳар дуи ин ҷойҳо будан номумкин аст, ман низ наметавонам ором ва дар айни замон хафаю дарғазаб бошам».
^ сарх. 8 Манбаи ин маълумот вебсайтҳои Марказҳои бонуфузи тиббию тадқиқотии Мейо ва Ҷон Ҳопкинс, маҷаллаи «Равоншиносии иҷтимоӣ ва паҳншавии бемориҳои равонӣ» («Social Psychiatry and Psychiatric Epidemiology») мебошад.