Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ОЁ ИН ХУД АЗ ХУД ПАЙДО ШУД?

Сохти аҷоиби бадани мӯрчаи нуқраранг

Сохти аҷоиби бадани мӯрчаи нуқраранг

МӮРЧАҲОИ нуқраранге, ки дар биёбони Саҳрои Кабир зиндагӣ мекунанд (Cataglyphis bombycina), аз бисёр ҷонварон бо он фарқ мекунанд, ки ба гармиҳои сахттарин тоб меоранд. Вақте ҳайвонҳое, ки мӯрчаҳоро хӯрда метавонанд, аз офтоби тафсони нисфирӯзӣ соя меҷӯянд, ин мӯрчаҳо ба муддати кӯтоҳе аз мӯрчахона барои ҷустуҷӯйи хӯрок мебароянд. Хӯроки онҳо аз ҳашаротҳое иборат аст, ки ба гармии биёбон тоб наоварда мемуранд.

[50] мкм

Фикр кунед. Чӣ мӯрчаи нуқрарангро аз гармо ҳимоя мекунад? Якчанд чиз, аз ҷумла сохти аҷоиби мӯйҳои пушту паҳлӯяш ва шиками бемӯяш. Маҳз мӯйҳояш ба ин мӯрча ҷилои нуқрагин медиҳад. Буриши кӯндалангии мӯйҳои вай шакли секунҷаро дорад. Гуфтан мумкин аст, ки мӯйҳои ин мӯрча се рӯя доранд. Ду рӯяи ин мӯйҳо ба тарафи офтоб нигаронида шудааст ва нурҳои инфрасурхро инъикос карда, ҳамин тавр мӯрчаро аз гармӣ ҳимоя мекунанд. Ғайр аз ин сохти мӯйҳояш ба мӯрча имконият медиҳад, ки гармиеро, ки дар баданаш ҷамъ шудааст, ба берун хориҷ кунад. Сохти шиками бемӯйи мӯрча бошад, ба гармии офтоб, ки аз реги тафсон бармехезад, муқобилият мекунад. Ин ҳам мӯрчаро аз гармӣ ҳимоя мекунад *.

[10] мкм

Хосиятҳои аҷоиби бадани мӯрчаи нуқраранг ба вай имкон медиҳанд, ки ҳарорати баданаш аз 53,6 °C нагузарад, чунки ба ҳарорати аз ин зиёд тоб оварда наметавонад. Олимон аз сохти ин ҳашарот илҳом гирифта, мехоҳанд маводҳои махсусе созанд, ки онҳо бе истифода аз вентилятор ва дигар асбобҳо ба гармӣ тоб оранд.

Шумо чӣ фикр доред? Оё бадани аҷоиби ин мӯрча худ аз худ пайдо шуд? Ё онро Худо офаридааст?

^ сарх. 4 Ин ҷонвар боз дигар хосиятҳои аҷоиб дорад. Масалан, сафедаҳои махсусе, ки баданаш ҳосил мекунад, ба осонӣ дар гармӣ аз ҳам ҷудо намешаванд, яъне ба гармӣ тобоваранд. Пойҳои дарози мӯрча баданашро аз сатҳи реги тафсон баландтар нигоҳ медоранд ва ба вай имкон медиҳанд, ки тез-тез ҳаракат кунад. Ҳамин тавр вай худро аз таъсири дурударози гармӣ халос мекунад. Ғайр аз ин вай қобилияти аҷоиб дорад, ки барои ба мӯрчахона баргаштан роҳи кӯтоҳтаринро ёбад.