«Дидани чунин меҳру муҳаббат хеле таъсирбахш буд»
РӮЗИ шанбе, 25-уми апрели с. 2015 дар Непал бо шиддати 7,8 дараҷа заминҷунбӣ ба амал омад. Ин мамлакат кӯҳҳои бисёр дорад ва аз тарафи шимоли Ҳиндустон ҷойгир аст. Заминҷунбӣ дар маҳалле рӯй дод, ки 80 км дуртар аз шимолу ғарби пойтахти он — Катманду ҷойгир аст. Дар таърихи Непал ин марговартарин офати табиӣ буд, чунки дар натиҷаи он беш аз 8500 одам ҳаёти худро аз даст дод. Беш аз ним миллион хонаҳо вайрону валангор шуданд. Дар Непал 2200 Шоҳиди Яҳува фаъолият мекунад ва бисёри онҳо дар маҳалли зарардида зиндагӣ мекарданд. Ин воқеаи даҳшатнок ҳаёти як Шоҳиди Яҳува ва ду фарзандашро ҳам бурд.
Як Шоҳиди Яҳува бо номи Мишел чунин мегӯяд: «Вақте заминҷунбӣ рӯй дод, дар бисёре аз ҷойҳои зарардида вохӯриҳои ҷамъомад мегузаштанд. Агар дар вақти заминҷунбӣ бисёриҳо дар хонаашон мебуданд, он гоҳ, бешубҳа, шумораи зарардидагон зиёдтар мешуд». Барои чӣ касоне, ки ба вохӯриҳо рафта буданд, зарар надиданд? Сабаб дар тарзи сохта шудани бинои Толори Салтанат * буд.
«АКНУН МО ФОИДААШРО ДИДА ИСТОДАЕМ!»
Биноҳои Толорҳои Салтанат ба таври замонавӣ сохта шуда буданд, барои ҳамин ба заминҷунбиҳо тобовар буданд. Мэн Баҳадур, ки дар Сохтмони Толори Салтанат иштирок карда буд, мегӯяд: «Мо ҳайрон мешудем, ки барои чӣ барои сохтмони биноҳои хурд мо ин қадар таҳкурсии мустаҳкам сохтем. Акнун мо фоидаашро дида истодаем!» Баъди заминҷунбӣ қарор қабул карда шуд, ки Толорҳои Салтанатро чун паноҳгоҳ истифода баранд. Нигоҳ накарда ба заминҷунбӣ дар ин паноҳгоҳҳо Шоҳидони Яҳува ва ҳамсояҳои онҳо худро дар бехатарӣ ҳис мекарданд.
Баъзе Шоҳидон бедарак шуда буданд. Барои ҳамин пирони ҷамъомад дарҳол аз пайи кофтани онҳо шуданд. Як Шоҳиди Яҳува бо номи Бабита мегӯяд: «Барои пирон беҳбудии ҷамъомад аз беҳбудии худашон муҳимтар буд. Бароямон дидани чунин меҳру муҳаббат хеле таъсирбахш буд». Баъди як рӯзи заминҷунбӣ се аъзои Кумитаи Шоҳидони Яҳува дар Непал бо нозирони ноҳиявӣ ҷамъомадҳоро хабар гирифтанд, то ба пирони маҳаллӣ кӯмаки лозима расонида шавад.
Баъди шаш рӯзи заминҷунбӣ намояндаи идораи марказии Шоҳидони Яҳува аз Иёлоти Муттаҳида — Гэри Бро ҳамроҳи занаш Руби ба Непал омад. Як аъзои Кумитаи Шоҳидони Яҳува дар Непал чунин гуфт: «Аз сабаби бесарусомонӣ дар Катманду ва заминҷунбиҳои такрорӣ мо ба омадани бародар Бро шубҳа доштем. Лекин ӯ сахт мехост, ки биёяд ва омада тавонист!» Хоҳару бародарони непалӣ аз омадани бародар Бро хеле миннатдор буданд.
«МО ХУДРО... АЗ ПЕШТАРА НАЗДИКТАР ҲИС КАРДЕМ»
Силас, ки дар офиси Шоҳидони Яҳува дар Непал кор мекунад, чунин гуфт: «Каме пас алоқаи телефонӣ аз нав барқарор шуд ва занги телефон шабу рӯз садо медод! Шоҳидони Яҳува аз саросари дунё ғами моро мехӯрданд. Ҳарчанд забони баъзеашонро намефаҳмидем, мо меҳру муҳаббат ва ғамхории онҳоро ҳис мекардем».
Баъди якчанд рӯзи заминҷунбӣ Шоҳидони маҳаллӣ барои ёрдам ба мӯҳтоҷон ба Толори Салтанат хӯрок оварданд. Ғайр аз ин Кумита оид ба расондани ёрӣ ташкил дода шуд ва каме пас аз ҳар ҷо кӯмак фиристодан гирифтанд, махсусан аз Бангладеш, Ҳиндустон ва Ҷопон. Ҳамчунин як гурӯҳ Шоҳидони Яҳува аз Аврупо, ки кормандони тиббанд, омаданд ва дар яке аз Толорҳои Салтанат нуқтаи қабули худро ташкил доданд. Онҳо дарҳол ба кор сар карданд. Онҳо на танҳо одамони касалро қабул мекарданд, балки ҳамчунин ба шахсоне, ки зиқу рӯҳафтода шуда буданд, дасти ёрӣ дароз мекарданд.
Зане бо номи Утера чунин мегӯяд: «Заминҷунбӣ даҳшатнок ва тарсовар буд. Лекин баъди он мо худро ба оилаи рӯҳониамон аз пештара наздиктар ҳис кардем. Бале, заминҷунбӣ муҳаббати хизматгорони Яҳуваро ба Ӯ ва ба якдигарашон суст накард. Баръакс, меҳру муҳаббати онҳоро пурзӯртар кард».
^ сарх. 3 Толори Салтанат ҷоест, ки дар он Шоҳидони Яҳува барои ибодати Худо ҷамъ мешаванд