Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БОБИ 40

Бахшидан муҳим аст

Бахшидан муҳим аст

ЛУҚО 7:36–50

  • ЗАНИ ГУНАҲКОР БА ПОЙИ ИСО РАВҒАН МЕРЕЗАД

  • МИСОЛ ДАР БОРАИ ҚАРЗ

Дилу нияти ҳама ҳар хел аст, барои ҳамин одамон ба таълим ва мӯъҷизаҳои Исо ҳар хел муносибат мекунанд. Дилу нияти Шимъӯн ном фарисие ҳангоми ба меҳмонӣ даъват кардани Исо маълум мегардад. Шимъӯн, ки дар Ҷалил зиндагӣ мекунад, мӯъҷизаҳои Исоро дида мехоҳад бо вай беҳтар шинос шавад. Исо таклифи Шимъӯнро қабул мекунад ва ба хонааш меравад, чи тавре ки ба хонаи ҷамъоварони андоз ва гунаҳкорон низ рафта буд. Ин барои Исо имконияти хуб аст, ки ба одамон мавъиза кунад.

Лекин дар хонаи Шимъӯн Исоро ба таври бояду шояд меҳмондорӣ намекунанд. Масалан, дар Фаластин роҳҳо пурчанганд ва дар ҳавои гарм пойҳои одам чиркин мешаванд. Барои ҳамин аз рӯйи урфу одат соҳибони хона пойҳои меҳмонро мешӯянд. Ғайр аз ин, исроилиён меҳмонро бо бӯса пешвоз мегиранд ва ба сари вай равған мерезанд, ки ин нишонаи меҳрубониву меҳмоннавозӣ аст. Лекин дар хонаи Шимъӯн Исоро бо бӯса пешвоз намегиранд, ба сараш равған намерезанд ва пойҳояшро намешӯянд. Пас, магар гуфтан мумкин аст, ки Шимъӯн Исоро меҳмони гиромиқадр меҳисобад?

Ҳангоми хӯрок хӯрдан меҳмонон дар сари дастархон мешинанд. Дар ин вақт ба хона зане медарояд, ки одамон ӯро «чун гунаҳкор мешинохтанд» (Луқо 7:37). Албатта, ҳама одамон гунаҳкоранд, лекин ин зан, аз афташ, фоҳиша, яъне зани бероҳаву сабукпо аст. Шояд, вай таълим ва ҳамчунин даъвати зерини Исоро шунидааст: «Назди ман оед... касоне, ки зери бори вазнин қарор доред, ва ман ба шумо қувват хоҳам бахшид» (Матто 11:28, 29). Эҳтимол, суханон ва корҳои Исо ба дили зан сахт таъсир карданд ва ӯ ба ҷӯстуҷӯяш ба ин ҷо омад.

Зан аз қафо ба назди Исо меояд ва дар назди пойҳои ӯ зону мезанад. Ӯ пойҳои Исоро бо ашки худ шуста, бо мӯйҳояш хушк мекунад. Илова бар ин, ӯ меҳрубонона пойҳои ӯро мебӯсад ва бар онҳо атри хушбӯеро, ки бо худ овардааст, мерезад. Ин воқеа ба Шимъӯн маъқул намешавад ва ӯ дар дили худ мегӯяд: «Агар ин мард дар ҳақиқат пайғамбар мебуд, он гоҳ медонист, ки зане, ки ба пойҳои ӯ даст мерасонад, кист ва чӣ гуна зан аст, зеро ӯ зани пургуноҳ аст» (Луқо 7:39).

Фикрҳои Шимъӯнро фаҳмида Исо мегӯяд: «Эй Шимъӯн, ба ту чизе гуфтаниам». Ӯ ҷавоб медиҳад: «Бигӯ, эй Устод!» Сипас Исо ба ӯ мисоле меорад: «Аз як марде ду кас қарздор буданд: яке панҷсад ва дигаре панҷоҳ динор. Азбаски барои баргардонидани қарз чизе надоштанд, ӯ қарзи ҳар дуро бо омодагӣ бахшид. Пас, кадоме аз онҳо ӯро бисёртар дӯст хоҳад дошт?» Шимъӯн, аз афташ, ба суханони Исо он қадар аҳамият надода чунин ҷавоб медиҳад: «Ба фикри ман, ҳамон касе, ки ба вай бисёртар бахшида шудааст» (Луқо 7:40–43).

Исо ба вай мегӯяд, ки гапаш рост аст, ва баъд ба зан ишора карда, аз Шимъӯн мепурсад: «Оё ин занро мебинӣ? Ман ба хонаи ту омадам ва ту барои шустани пойҳоям об надодӣ, аммо ин зан пойҳои маро бо ашкҳои худ шуст ва бо мӯйҳояш хушк кард. Ту маро бо бӯса пешвоз нагирифтӣ, ин зан бошад, аз омаданам инҷониб бӯсидани пойҳоямро бас намекунад. Ту бар сари ман равған нарехтӣ, аммо ин зан ба пойҳои ман равғани хушбӯй рехт». Исо мебинад, ки ин зан аз таҳти дил тавба мекунад ва аз гуноҳҳои худ пушаймон аст. Бинобар ин ӯ мегӯяд: «Ба ту мегӯям, ки гуноҳҳои ӯ, нигоҳ накарда ба он ки зиёданд, бахшида шудаанд, аз ин рӯ вай муҳаббати зиёд зоҳир мекунад. Аммо касе, ки кам бахшида мешавад, муҳаббати камтар зоҳир мекунад» (Луқо 7:44–47).

Исо ба бадахлоқӣ чашм намепӯшад. Ӯ ба касоне, ки гуноҳҳои ҷиддӣ мекунанду баъд пушаймон шуда барои оромӣ ёфтан назди Масеҳ меоянд, ҳамдардӣ зоҳир мекунад. Исо ба он зан мегӯяд: «Гуноҳҳоят бахшида шуданд... Имонат туро наҷот дод. Рав ва дар амони Худо бош!» (Луқо 7:48, 50). Танҳо тасаввур кунед, ки чӣ қадар ин суханони Исо ба зан оромӣ мебахшанд!