Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БОБИ 139

Исо Биҳиштро барқарор месозад

Исо Биҳиштро барқарор месозад

1 ҚӮРИНТИЁН 15:24–28

  • ОҚИБАТИ БУЗҲО ВА ГӮСФАНДОН

  • БИСЁРИҲО ДАР БИҲИШТИ РӮЙИ ЗАМИН ЗИНДАГӢ ХОҲАНД КАРД

  • РОҲ, РОСТӢ ВА ҲАЁТ

Чанде пас аз таъмиди худ Исо бо душмане рӯ ба рӯ шуд, ки ба ӯ ҳатто пеш аз сар кардани хизматаш халал расонданӣ буд. Бале, Иблис гаштаву баргашта Исоро меозмуд. Баъдтар бошад, Исо дар бораи ӯ чунин гуфт: «Ҳокими ин ҷаҳон омада истодааст, вале ӯ бар ман ҳукмрон нест» (Юҳанно 14:30).

Юҳаннои расул дар рӯъё дида буд, ки он аждаҳои бузургу мори қадимиро, ки номаш Иблис ва Шайтон аст, чӣ ояндае интизор аст. Ин душмани хунхори инсоният аз осмон сарнагун шудааст ва «сахт дарғазаб аст, чун медонад, ки вақташ кам мондааст» (Ваҳй 12:9, 12). Барои масеҳиён равшан аст, ки онҳо дар ин замони кӯтоҳ зиндагӣ доранд. Ин аждаҳои бузург ва мори қадимӣ ба наздикӣ ба чоҳи бетаг партофта мешавад ва дар муддати 1000 сол, яъне ҳангоми ҳукмронии Исо дар Подшоҳии Худо, ҳеҷ кор карда наметавонад (Ваҳй 20:1, 2).

Дар он вақт дар хонаи умумии мо, дар замин, чӣ рӯй медиҳад? Кӣ дар он зиндагӣ мекунад? Шароит дар он вақт чӣ гуна мешавад? Исо ба ин саволҳо ҷавоб додааст. Дар масали худ дар бораи бузҳо ва гӯсфандон ӯ дар бораи ду гурӯҳи одамон гап зада буд. Як гурӯҳи одамонро ӯ гӯсфандон номид. Онҳо касони росткоре мебошанд, ки бародарони Исоро дастгирӣ мекунанд. Гурӯҳи дигарро ӯ «бузҳо» номид. Онҳо бадкоронанд ва баръакси «гӯсфандон» рафтор мекунанд. Исо дар бораи ояндаи ин ду гурӯҳ чунин гуфт: «Ин одамон [яъне бузҳо] абадан несту нобуд хоҳанд шуд, вале росткорон [яъне гӯсфандон] ҳаёти ҷовидонӣ хоҳанд ёфт» (Матто 25:46).

Ин маълумот ба мо ёрдам мекунад, ки суханони ба ҷинояткор гуфтаи Исоро фаҳмем. Исо ба он марди дар сутуни азобу шиканҷа овезон мукофотеро, ки расулони содиқаш бояд соҳиб мешуданд, ваъда надод. Ӯ дар назар надошт, ки ин мард дар оянда ҳамроҳаш дар Подшоҳии осмон ҳукмронӣ мекунад. Исо ба ӯ чунин гуфт: «Ба ростӣ имрӯз ба ту мегӯям, ки бо ман дар Биҳишт хоҳӣ буд» (Луқо 23:43). Ин мард имконияти дар биҳишти рӯйи замин зиндагӣ карданро пайдо намуд, дар биҳиште, ки мисли боғи зебову дилкаш аст. Имрӯз ҳам касоне, ки мисли «гӯсфандон» рафтор мекунанд, дар он биҳишт ҷовидона зиндагӣ хоҳанд кард.

Юҳаннои расул ҳам дар бораи биҳишти рӯйи замин навишта буд. Ӯ онро чунин тасвир кард: «Инак, хаймаи Худо бо одамон аст. Ӯ бо онҳо сокин хоҳад шуд ва онҳо халқи Ӯ хоҳанд буд. Ва худи Худо бо онҳо хоҳад буд. Ӯ ҳар ашкро аз чашмони онҳо пок хоҳад кард ва марг дигар нахоҳад буд, гиря, фиғон ва дард дигар нахоҳад буд. Он чӣ пештар буд, гузашт» (Ваҳй 21:3, 4).

Барои он ки он ҷинояткор аз зиндагӣ дар биҳишти рӯйи замин баҳра барад, ӯ аввал бояд зинда карда шавад. Ғайр аз вай дигар одамон ҳам ба ҳаёт баргардонда мешаванд. Исо дар ин бора чунин гуфт: «Соате мерасад, ки ҳамаи онҳое, ки дар қабр мебошанд, овози ӯро хоҳанд шунид ва берун хоҳанд омад: ҳар кӣ корҳои нек мекард, барои ҳаёт зинда хоҳад шуд, вале ҳар кӣ корҳои бад мекард — барои маҳкумият» (Юҳанно 5:28, 29).

Аммо шумораи маҳдуди одамон, аз қабили расулони содиқи Исо, дар осмон ҳамроҳи ӯ ҳукмронӣ мекунанд. Китоби Муқаддас дар бораи онҳо мегӯяд: «онҳо коҳинони Худо ва Масеҳ хоҳанд буд ва бо ӯ ҳазор сол подшоҳӣ хоҳанд кард» (Ваҳй 20:6). Азбаски ин ҳокимони оянда аз қатори одамон, аз қатори мардону занон интихоб мешаванд, ғаму дард ва сустиҳои одамонро мефаҳманд (Ваҳй 5:10).

Исо қурбонии фидияи худро ба манфиати инсонҳо ба кор бурда, онҳоро аз лаънати гуноҳе, ки аз Одам мерос гирифтаанд, халос мекунад. Ӯ ва дигар касоне, ки ҳамроҳаш подшоҳӣ мекунанд, одамони содиқро ба комилият мерасонанд. Вақте Худо ба Одаму Ҳавво амр фармуд, ки борвар ва афзун шаванд, Ӯ барояшон ҳаёти ширину ҳаловатбахшеро тайёр карда буд. Одаму Ҳавво аз он ҳаёт баҳравар нашуданд, лекин ба шарофати ҳукмронии Исо одамизод метавонад он ҳаётро соҳиб шавад ва аз он лаззат барад. Ҳатто марге, ки бо гуноҳи Одам ба ҷаҳон дохил шуд, нест мешавад!

Ҳамин тавр, Исо ҳар он чиро ки Яҳува ба ӯ супурдааст, иҷро мекунад. Дар охири ҳукмронии ҳазорсолааш Исо инсонияти комилу бегуноҳро ба Падараш месупорад. Ин амал аз фурӯтании ҳақиқии Исо шаҳодат хоҳад дод. Павлуси расул дар ин бора чунин гуфтааст: «Пас аз он ки ҳама чиз ба ӯ тобеъ карда мешавад, худи Писар низ ба Оне, ки ҳама чизро ба ӯ тобеъ кардааст, тобеъ хоҳад шуд, то танҳо Худо бар ҳама ҳоким бошад» (1 Қӯринтиён 15:28).

Исо, бешак, дар иҷрои ниятҳои олиҷаноби Худо нақши хеле муҳимро мебозад. Ва дар тӯли абадият, бо ошкор шудани ниятҳои дигари Худо, Исо ҳамеша мувофиқи нақши худ амал хоҳад кард, он нақше, ки дар борааш чунин гуфта буд: «Ман роҳ, ростӣ ва ҳаёт ҳастам» (Юҳанно 14:6).