ДАРСИ 13
Фоидаи мавзӯъро нишон диҳед
Ишаъё 48:17
МАҚСАДИ ДАРС: Ба шунавандагон нишон диҳед, ки суханонатон ба онҳо чӣ фоида меоранд ва чӣ тавр чизҳои фаҳмидаашонро дар амал истифода баранд.
ИНРО ЧӢ ТАВР КУНЕМ?
-
Дар бораи шунавандагон фикр кунед. Андеша ронед, ки чаро ба одамон шунидани маълумоте, ки ба онҳо расонданиед, муҳим аст ва кадом фикрҳои мавзӯъ ба онҳо бештар кӯмак мекунанд.
-
Дар давоми баромадатон чӣ тавр ба кор бурдани маслиҳатҳоро нишон диҳед. Шахс бояд аз аввал фаҳмад, ки суханонатон ба ӯ чӣ фоида меоранд. Умумӣ гап назанед. Ҳангоми муҳокимаи фикрҳои асосӣ аниқу равшан нишон диҳед, ки чӣ тавр онҳоро дар амал истифода бурдан мумкин аст.